ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • lffi дарси 2 қисмҳои 1-5
  • Китоби Муқаддас умед мебахшад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Китоби Муқаддас умед мебахшад
  • То абад зинда бошед! — Омӯзиши Китоби Муқаддас (дарсҳои аввал)
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • БЕШТАР ФАҲМЕД
  • ФИКРҲОИ АСОСӢ
  • ДИДА БАРОЕД
  • Китоби Муқаддас умед мебахшад
    То абад зинда бошед! — Омӯзиши Китоби Муқаддас (дарсҳои аввал)
  • Соли 2023 бароятон умедбахш буда метавонад. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
    Мавзуъҳои гуногун
  • Соли 2024 ба чӣ умед бандем? Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?
    Мавзуъҳои гуногун
  • Умеди ҳақиқиро аз куҷо ёфтан мумкин аст?
    Бедор шавед!—2004
Маълумоти бештар
То абад зинда бошед! — Омӯзиши Китоби Муқаддас (дарсҳои аввал)
lffi дарси 2 қисмҳои 1-5
Дарси 2. Офтоб бар ғаллазор нур мепошад.

ДАРСИ 2

Китоби Муқаддас умед мебахшад

Нашри чопӣ
Нашри чопӣ
Нашри чопӣ

Дар саросари ҷаҳон одамон ба бисёр мушкилиҳо дучор шуда зиқу рӯҳафтода мешаванд ва дарду азоб мекашанд. Оё ин гуна ҳиссиёт ба шумо шинос аст? Шояд, шумо аз ягон беморӣ азоб кашед ё шахси наздикатонро аз даст дода бошед. Эҳтимол, шумо фикр кунед: «Оё ягон вақт ҳаёт беҳтар мешавад?» Китоби Муқаддас ба ин савол ҷавоби тасаллибахш медиҳад.

1. Чӣ тавр Китоби Муқаддас ба мо умед мебахшад?

Дар Китоби Муқаддас на танҳо дар бораи сабаби сар задани душвориҳо гуфта шудааст, дар он инчунин қайд мешавад, ки онҳо дер давом намекунанд ва ба наздикӣ пурра бартараф мегарданд. Ваъдаҳои Китоби Муқаддас дар бораи оянда ба мо умед мебахшад. (Ирмиё 29:11, 12-ро хонед.) Ин ваъдаҳо кумак мекунанд, ки аллакай имрӯз ба душвориҳо тоб орем, рӯҳафтода нагардем ва хушбахтии бардавом дошта бошем.

2. Китоби Муқаддас дар бораи оянда чӣ мегӯяд?

Мувофиқи Каломи Худо дар оянда «марг... гиря, фиғон ва дард дигар намешавад». (Ошкорсозӣ 21:4-ро хонед.) Камбағалӣ, беинсофию ноҳаққӣ, беморӣ ва марг, ки бисёриҳоро имрӯз аз зиндагӣ дилхунук кардаанд, нест мешаванд. Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки одамон дар биҳишти рӯйи замин то абад хушбахтона зиндагӣ мекунанд.

3. Чӣ тавр бовариамонро ба ваъдаҳои Китоби Муқаддас қавӣ гардонем?

Бисёр одамон ба ояндаи нек умед банданд ҳам, дилпур нестанд, ки ин умеду орзуяшон ягон вақт ҷомаи амал мепӯшад. Лекин ваъдаҳои Китоби Муқаддас ба бовар кардан меарзанд, чунки онҳо ҳатман иҷро мешаванд. Агар мо Навиштаҳои Муқаддасро бодиққат омӯзем, бовариамон ба ваъдаҳои Худо қавитар мегардад (Корнома 17:11). Вақте шумо Каломи Худоро меомӯзед, худатон қарор карда метавонед, ки ба ваъдаҳои он бовар кунед ё не.

БЕШТАР ФАҲМЕД

Бо баъзе ваъдаҳои Китоби Муқаддас шинос шавед. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр умед ба оянда имрӯз ба одамон кумак мерасонад.

Расмҳо: Муқоисаи шароити имрӯза бо ваъдаҳое, ки Китоби Муқаддас дар бораи оянда медиҳад. Тасвирҳо такрор мешаванд.

4. Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, ки мо дар шароити беҳтарин ҷовидона зиндагӣ мекунем

Ба ваъдаҳои Китоби Муқаддас, ки дар поён омадааст, назар кунед. Кадом ваъда ба шумо бештар маъқул аст ва чаро?

Оятҳои поёнро хонед ва дар бораи саволҳои зерин андеша кунед:

  • Оё ин оятҳо ба шумо умед мебахшанд? Ба аҳли оила ва дӯстонатон-чӣ?

Худро дар дунёе тасаввур кунед, ки

ҲЕҶ КАС...

ҲАМА...

  • дарду ғамро намебинад, пир намешавад ва намемирад (Ишаъё 25:8).

  • бо чашмони худ мебинанд, ки чӣ тавр наздиконашон дар рӯйи замин зинда мешаванд (Юҳанно 5:28, 29).

  • касал ва маъюб намешавад (Ишаъё 33:24; 35:5, 6).

  • соқу саломат ва бардаму бақувват мегарданд (Айюб 33:25).

  • бо беадолатӣ рӯ ба рӯ намешавад (Ишаъё 32:16, 17).

  • аз хӯроки фаровон, хонаи бароҳат ва кори қаноатбахш баҳра мебаранд (Забур 72:16; Ишаъё 65:21, 22).

  • аз ҷангу муноқиша азоб намекашад (Забур 46:9).

  • ҳаёти тинҷу ором ба сар мебаранд (Забур 37:11).

  • аз хотираҳои бад ғамгин намешавад (Ишаъё 65:17).

  • дар шароити беҳтарин то абад зиндагӣ мекунанд (Забур 37:29).

Писараке, ки бемор буд, сиҳат шудааст ва модарашро ба оғӯш мегирад. Марде, ки пиронсол буд, ҷавон шудааст ва аробаи пур аз сабзавотро мебарад. Кӯдаконе, ки қашшоқ зиндагӣ мекарданд, ҳоло бо кишту кор машғуланд ва футболбозӣ мекунанд. Зане, ки ғамзадаву афсурдаҳол буд, ҳоло хурсанд аст ва табассум мекунад.

5. Ваъдаҳои Калом аллакай имрӯз ба мо кумак мекунанд

Бисёр одамон душвориҳои гирду атрофро дида зиқ мешаванд ва ҳатто ба хашму ғазаб меоянд. Баъзеҳо барои беҳтар кардани ҳаёт мубориза мебаранд. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр ваъдаҳои Каломи Худо аллакай имрӯз ба одамон кумак мекунанд. ВИДЕОРО тамошо кунед, сипас ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:

ВИДЕО: «Ман бо беадолатӣ мубориза мебурдам» (4:07)

Саҳнае аз видеонавори «Ман бо беадолатӣ мубориза мебурдам». 1. Рафика бо ҳамнажодонаш пахта ҷамъ мекунад. 2. Рафика аввалин бор ба анҷумани Шоҳидони Яҳува омада одамони гуногуннажодро мебинад ва ба ҳаяҷон меояд
  • Рафикаро чӣ гуна беадолатӣ ба ташвиш меовард?

  • Ҳарчанд ин беадолатӣ бартараф нашуд, чӣ тавр Китоби Муқаддас ба ӯ кумак кард?

Ваъдаҳое, ки Китоби Муқаддас дар бораи оянда медиҳад, кумак мекунанд, ки рӯҳафтода нашавем ва новобаста ба мушкилиҳо хурсандиро нигоҳ дорем. Панднома 17:22 ва Румиён 12:12-ро хонда, якҷоя саволҳои зеринро дида бароед:

  • Оё ваъдаҳои Китоби Муқаддас дар бораи оянда аллакай имрӯз ҳаёти шуморо беҳтар гардонда метавонанд? Фаҳмонед.

БАЪЗЕҲО МЕГӮЯНД: «Ваъдаҳои Китоби Муқаддас дар бораи оянда афсонаанду халос».

  • Ба фикри шумо, ваъдаҳои Китоби Муқаддас боварибахшанд? Фаҳмонед.

ФИКРҲОИ АСОСӢ

Китоби Муқаддас дар бораи оянда ваъдаҳои тасаллибахш медиҳад. Ба туфайли ин ваъдаҳо мо умед пайдо мекунем ва ҳаётамон аллакай имрӯз беҳтар мегардад.

Такрор

  • Чаро одамон ба хабари умедбахш ниёз доранд?

  • Китоби Муқаддас дар бораи оянда чӣ мегӯяд?

  • Чӣ тавр умед ба оянда ба шумо аллакай имрӯз кумак мекунад?

Мақсад

ДИДА БАРОЕД

Фаҳмед, ки чӣ тавр дар лаҳзаҳои душвор умед ба шумо кумак карда метавонад.

«Умедро аз куҷо ёфтан мумкин аст?» («Бедор шавед!», 22 апрели с. 2004)

Фаҳмед, ки чӣ тавр умед ба шахсони бемор кумак карда метавонад.

«Оё Китоби Муқаддас ба касоне, ки касалии куҳна доранд, кумак карда метавонад?» (Мақола аз сомона)

Ҳангоми тамошои ин видеонавор худро бо аҳли оилаатон дар биҳишти ваъдашуда тасаввур кунед.

«Пеши назар ор» (3:37)

Бо саргузашти марде шинос шавед, ки дар шӯришҳо иштирок мекард. Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр умед ҳаёти ӯро дигар кард.

«Ҳоло фикри дунёро тағйир додан ҳатто ба гӯшаи хаёлам намеояд» («Бурҷи дидбонӣ», 1 июли с. 2013)

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан