ДАСТУРОТ БАРОИ ВОХӮРИИ «ҲАЁТ ВА ХИЗМАТИ МО»
Мундариҷа
1. Дастуроти дар ин ҷо додашуда ба ҳамаи онҳое, ки дар вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» супорише доранд, кумак хоҳад кард. Пеш аз тайёрӣ ба баромади худ онҳо бояд дастуротеро, ки оиди иҷрои он супориш дар Дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» ва дар ин дастурамал омадааст, хонанд. Ҳамаи воизон даъват карда мешаванд, ки бо супоришҳои барои хонандагон муқарраршуда баромад кунанд. Он шахсоне, ки мунтазам ба вохӯриҳо меоянд, метавонанд бо ин супоришҳо баромад кунанд, ба шарте ки бо таълимоти Китоби Муқаддас розӣ бошанду тарзи ҳаёташон ба меъёрҳову талаботи он мувофиқат кунад. Бо ҳар касе, ки ҳоло воиз несту лекин дар иҷрои супоришҳо иштирок кардан мехоҳанд, нозири вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат» бояд суҳбат карда талабот нисбати иштирокчиёнро фаҳмонад ва сипас ӯро хабардор кунад, ки вай ба талабот мувофиқат мекунад ё не. Ин ҷо ҳамон талаботе ба назар гирифта мешавад, ки ба касоне, ки воизи таъмиднаёфта шудан мехоҳанд, дахл доранд (od-U боби 8, сарх. 8). Ин гуна суҳбат бояд дар ҳузури воизе, ки бо довталаб омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронад (ё дар ҳузури яке аз волидоне, ки Шоҳиди Яҳува аст), гузарад.
ПЕШГУФТОР
2. Як дақиқа. Ҳар ҳафта баъд аз суруди аввал ва дуо барандаи вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» дар сарсуханаш шавқу завқи ҳозиронро ба гӯш кардани барномаи вохӯрӣ бедор мекунад. Ӯ бояд фикрҳоеро қайд намояд, ки барои аъзоёни ҷамоат бештар судманд хоҳанд буд.
ГАНҶҲОИ КАЛОМИ ХУДО
3. Нутқ. Даҳ дақиқа. Мавзӯъ ва ду-се фикри асосии нутқ дар дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» оварда шудааст. Бо ин нутқ пири ҷамоат ё хизматгузори ботаҷрибаи ҷамоат баромад мекунад. Агар аз рӯйи ҷадвали мутолиаи ҳарҳафтаинаи Китоби Муқаддас омӯзиши китоби нав сар шавад, барои шиносоӣ бо ин китоб видеонавор нишон дода мешавад. Нотиқ метавонад фикрҳои видеонаворро бо мавзуи нутқ пайваст созад. Лекин ҳатман бояд фикрҳои асосии нутқро, ки дар дафтари вохӯрӣ оварда шудаанд, кушода диҳад. Ҳамчунин, агар вақт имкон диҳад, нотиқ бояд расмҳоро, ки бо мақсади васеъ фаҳмондани мавзӯъ оварда шудаанд, шарҳ диҳад. Ӯ метавонад аз дигар маводҳои нашршудаи ташкилотамон низ истифода барад ба шарте ки ин мавод ба чуқуртар кушода додани мавзӯъ мусоидат кунад.
4. Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом. Даҳ дақиқа. Ин қисми барнома бо саволу ҷавоб ва бе сарсухану хулоса гузаронида мешавад. Онро пири ҷамоат ё хизматгузори ботаҷрибаи ҷамоат мегузаронад. Бародар бояд ба шунавандагон ду саволи овардашударо диҳад. Ҳамчунин ӯ муайян карда метавонад, ки оятҳои овардашударо хондан лозим аст ё не. Онҳое, ки ба шарҳдиҳӣ таклиф карда мешаванд, бояд дар давоми 30 сония ё аз ин камтар шарҳ диҳанд.
5. Хониши Китоби Муқаддас. Чор дақиқа. Ин супоришро бародар иҷро мекунад. Порчаи таъйиншуда бояд бе сарсухан ё хулоса хонда шавад. Барандаи барнома ба хонандагон ёрдам мекунад, ки қироаташонро беҳтар гардонанд, яъне бурро, табиӣ, равон, фаҳмо, бо оҳанги дуруст, бо задаи дурусти мантиқӣ ва бо фосилаҳои бамавқеъ хонанд. Азбаски баъзе порчаҳои Китоби Муқаддас дарозтару баъзеашон кӯтоҳтаранд, ҳангоми таъйин кардани ин супориш нозири вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» бояд қобилиятҳои хонандаро ба назар гирад.
ДАР ХИЗМАТ БОҒАЙРАТ БОШЕД
6. Понздаҳ дақиқа. Дар ин қисми барнома ба ҳама имкон дода мешавад, ки машқ карда маҳорати суҳбат намуданро сайқал диҳанду дар мавъиза ва таълимдиҳӣ беҳтар шаванд. Супоришҳои хонандагонро аз рӯйи зарурат ба пирони ҷамоат додан мумкин аст. Ҳар як хонанда бояд аз болои дарсе, ки баъди номи супориш дар даруни қавс оварда шудааст ва ба брошураи «Хониш ва таълим» ё «Одамонро дӯст доред» асос меёбад, кор кунад. Баъзан дар ин қисм супоришҳое ба нақша гирифта мешаванд, ки бо воситаи муҳокима бояд дида баромада шаванд. Ин гуна супоришро бояд пири ҷамоат ё хизматгузори ботаҷриба гузаронад. (Нигаред ба сархати 15-и ин дастурамал, ки он ҷо оиди чӣ тавр гузаронидани муҳокимаҳо маслиҳат дода шудааст)
7. Суҳбатро сар кунед. Ин супоришро мард ё зан иҷро карда метавонад. Агар иҷрокунанда мард бошад, ёрдамчиаш низ бояд мард бошад ё узви оилааш ва агар зан бошад, ёрдамчиаш бояд зан ё узви оилааш бошад. Иҷрокунанда ва ёрдамчиаш дар вақти баромад метавонанд шинанд ё рост истанд. Барои маълумоти бештар оиди сохту таркиби ин супориш ва ҳолати шартӣ ба сархатҳои 12 ва 13 назар кунед.
8. Шавқмандонро хабар гиред. Ин супоришро мард ё зан иҷро карда метавонад. Агар иҷрокунанда мард бошад, ёрдамчиаш низ бояд мард бошад, агар зан бошад, ёрдамчиаш низ бояд зан бошад (km-U 97.5 саҳ. 2). Иҷрокунанда ва ёрдамчиаш дар вақти баромад метавонанд шинанд ё рост истанд. Иҷрокунандаи супориш бояд нишон диҳад, ки барои давом додани суҳбат чӣ гуфтан лозим аст. Барои маълумоти бештар оиди сохту таркиби ин супориш ва ҳолати шартӣ ба сархатҳои 12 ва 13 назар кунед.
9. Шогирд тайёр кунед. Ин супоришро мард ё зан иҷро карда метавонад. Агар иҷрокунанда мард бошад, ёрдамчиаш низ бояд мард бошад, агар зан бошад, ёрдамчиаш низ бояд зан бошад. (km-U 97.5 саҳ. 2). Иҷрокунанда ва ёрдамчиаш дар вақти баромад метавонанд шинанд ё рост истанд. Дар ин супориш лаҳзаеро аз омӯзише, ки давом ёфта истодааст, нишон додан лозим аст. Сарсухан ва хулоса кардан зарур нест, ғайр аз он мавридҳое, ки хонанда яке аз ин ҷиҳатҳои таълимдиҳиро бояд иҷро намояд. Ҳарчанд бо овоз хондани тамоми матни ба супориш вобастаро мумкин аст, аммо хондани он шарт нест.
10. Эътиқоди худро фаҳмонед. Агар қайд шуда бошад, ки ин супориш ба воситаи суханронӣ иҷро карда шавад, онро бояд мард иҷро намояд. Агар ин супориш бояд ба воситаи намоиш иҷро карда шавад, пас онро ё мард ва ё зан иҷро карда метавонад. Агар иҷрокунанда мард бошад, ёрдамчиаш низ бояд мард бошад ё узви оилааш ва агар зан бошад, ёрдамчиаш бояд зан ё узви оилааш бошад. Иҷрокунандаи ин супориш бояд маълумоти ба мавзӯъ ҳамроҳшударо истифода бурда, ба саволи мавзӯъ равшан ва боадабона ҷавоб диҳад. Ӯ худаш метавонад қарор кунад, ки дар вақти баромадаш ба манбаи маълумоти овардашуда ишора кунад ё не.
11. Нутқ. Ин супориш бояд аз тарафи мард иҷро карда шавад ва чун нутқ барои аҳли ҷамоат гуфта шавад. Агар нутқ бар яке аз қисмҳои Замимаи А-и брошураи «Одамонро дӯст доред» асос ёфта бошад, иҷрокунанда бояд қайд кунад, ки ин оятро (оятҳоро) дар хизмат чӣ тавр ба кор бурдан мумкин аст. Масалан, вай фаҳмонда метавонад, ки кай ин ё он оятро истифода бурдан мумкин, мазмуни он чист ва чӣ тавр дар асоси он бо шахс мулоҳиза рондан мумкин аст. Агар нутқ ба яке аз маслиҳатҳои ягон дарси брошураи «Одамонро дӯст доред» асос ёфта бошад, нотиқ диққаташро бояд ба он, ки ин маслиҳатро дар хизмат чӣ тавр ба кор бурдан мумкин, равона кунад. Ӯ метавонад мисоли дар 1-ум қисми дарс овардашударо қайд кунад ё агар муфид бошад, оятҳои иловагии ба дарс ҳамроҳшударо истифода барад.
12. Сохту таркиби супориш: Маълумоте, ки дар ин сархат ва сархати навбатӣ оварда шудааст, ба супоришҳои «Суҳбатро сар кунед» ва «Шавқмандонро хабар гиред» дахл дорад. Агар дигар хел қайд нашуда бошад, мақсади иҷрокунанда он аст, ки ҳақиқати одии Китоби Муқаддасро, ки ба вазъияти ҳамсуҳбаташ дахл дорад, расонаду барои суҳбати оянда асос гузорад. Иҷрокунандаи супориш бояд мавзуеро интихоб кунад, ки дар маҳалла қобили диққат ва натиҷабахш аст. Ӯ метавонад қарор кунад, ки аз маводҳо барои хизмат ягон адабиёт ё видеонаворе нишон диҳад ё не. Иҷрокунандагони супоришҳо ба ҷойи намоиш додани пешниҳоди азёдкардашуда бояд ба сайқал додани маҳорати суҳбат кардан саъю кӯшиш кунанд, аз ҷумла зоҳир кардани таваҷҷӯҳи шахсӣ ва гуфтори табиӣ.
13. Ҳолати шартӣ: Баромадкунанда бояд ҳолати шартиеро, ки барои супоришаш муқаррар шудааст, ба вазъияти маҳалла мувофиқ гардонад. Масалан:
(1) Хизмати хона ба хона. Ин ҳолати шартӣ ду тарзи зеринро дар бар мегирад: мавъизаи хона ба хона, ки ба воситаи суҳбати рӯ ба рӯ дар назди дар, тавассути телефон ё номанависӣ иҷро метавон кард ва давом додани суҳбат бо шахсе, ки қаблан ҳангоми хизмати хона ба хона бо ӯ суҳбат карда будем.
(2) Хизмати ғайрирасмӣ. Дар ин ҳолати шартӣ нишон дода мешавад, ки чӣ тавр аз фурсати муносиб истифода бурда суҳбати муқаррариро ба шаҳодат додан табдил додан мумкин аст. Дар он нишон дода мешавад, ки чӣ тавр мо ҳангоми вохӯрдан бо одамон дар ҷойи кор, мактаб, дар маҳалли зистамон, дар нақлиёти ҷамъиятӣ ё дар ягон ҷойи дигари бо кору бори ҳаррӯзаамон алоқаманд, ҳақиқатҳои Китоби Муқаддасро расонда метавонем.
(3) Мавъиза дар ҷойҳои ҷамъиятӣ. Ба ин ҳолати шартӣ роҳҳои зерини мавъиза дохил мешаванд: хизмат бо аробачаи адабиётдор, мавъиза дар маҳалли корӣ, хизмат дар кӯча, боғу хиёбонҳо ва дигар ҷойҳое, ки дар он ҷо одамон мебошанд.
14. Истифодабарии видеонаворҳо ва адабиёт. Вобаста ба вазъият иҷрокунандаи супориш метавонад ягон видеонавор ё адабиётеро ба кор барад. Агар дастур дода бошад, ки дар супориш видеонаворе ба кор бурда шавад ё иҷрокунанда ягон видеонаворро истифода бурдан хоҳад, онро бояд муаррифӣ намуда муҳокима намояд, балки видеонаворро набояд монад.
БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
15. Ин бахши барнома баъди суруд сар мешавад. Сипас як ё ду қисми ин бахш, ки ҳамагӣ 15 дақиқа давом меёбанд, сар мешаванд. Дар онҳо оиди чӣ тавр ба кор бурдани принсипҳои Каломи Худо маслиҳатҳои муфид дода мешаванд. Агар ягон дастур набошад, барои иҷрои ин қисмҳои бахш пирони ҷамоат ва ё хизматгузорони ботаҷрибаи ҷамоатро таъйин кардан мумкин аст. Лекин бо «Ниёзҳои маҳаллӣ» бояд танҳо пири ҷамоат баромад кунад. Агар дар ягон қисм муҳокима пешбинӣ шуда бошад, бародаре, ки муҳокимаро мебарад, ғайр аз саволҳои овардашуда метавонад саволҳои иловагӣ диҳад. Сарсухан бояд кӯтоҳ бошад, то барои кушода додани фикрҳои асосӣ ва иштироки шунавандагон вақт расад. Агар ин қисм мусоҳибаро дар бар гирад, хуб мебуд, ки мусоҳибадиҳанда, на аз ҷойи худ, балки аз саҳна ба саволҳо ҷавоб диҳад.
16. Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад Сӣ дақиқа. Бо ин қисми барнома пири ботаҷриба баромад мекунад. (Дар ҷамоате, ки пирон каманд, омӯзишро хизматгузори ботаҷрибаи ҷамоат гузаронида метавонад.) Ҳайати пирон бояд қарор кунад, ки ба кадоме аз бародарон гузаронидани «Омӯзиши Китоби Муқаддас»-ро супоридан мумкин аст. Бародарони интихобшуда ҷараёни омӯзишро бояд хуб роҳнамоӣ кунанд, то ки омӯзиш аз доираи вақти муқарраршуда набарояд, диққати иштирокчиёни омӯзиш ба оятҳои асосӣ равона карда шавад ва ҳар кас дарк кунад, ки аз рӯйи маълумоти муҳокимашуда амал намудан чӣ арзиши баланд дораду самарабахш аст. Бародарони интихобшуда аз дастурот доир ба гузаронидани омӯзиш ба воситаи саволу ҷавоб, маслиҳатҳои муфид ёфта метавонанд (w23.04 саҳ. 24, чорчӯба). Вақте маводи овардашуда аллакай хуб муҳокима карда шуду лекин вақт боқӣ монд, кашол додани омӯзиш лозим нест. Агар имкон бошад, ҳар ҳафта барои гузаронидани омӯзиш ва хондани сархатҳо бояд бародарони гуногун таъйин карда шаванд. Агар барандаи вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» хоҳиш кунад, ки омӯзиш кӯтоҳ карда шавад, бародаре, ки омӯзиш мегузаронад, бояд барои кӯтоҳ кардани омӯзиш чорае андешад. Масалан, ӯ қарор карда метавонад, ки баъзе сархатҳо бе хондан муҳокима карда шаванд.
СУХАНОНИ ХОТИМАВӢ
17. Се дақиқа. Барандаи вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» бояд фикрҳои аз ҳама муҳиму манфиатбахшро такрор кунад. Ғайр аз ин, ӯ бояд шунавандагонро бо фикрҳои асосии барномаи ҳафтаи оянда мухтасар шинос кунад. Агар вақт имкон диҳад, ӯ метавонад номи касонеро, ки ҳафтаи оянда супориш доранд, эълон кунад. Агар дастури дигаре набошад, барандаи вохӯрӣ дар ин қисм бояд эълонҳо ё номаҳои лозимаро хонад. Маълумот оиди дар куҷо ва кай гузаштани вохӯрӣ барои мавъиза ё рӯбучини ибодатгоҳ набояд аз саҳна гуфта шавад. Ин гуна маълумотро дар тахтаи эълонҳо гузоштан лозим аст. Агар эълонҳо ва номаҳое, ки бояд хонда шаванд, хеле бисёр бошанд, барандаи вохӯрӣ бояд аз бародароне, ки дар бахши «Ба Масеҳ пайравӣ кунед» баромад мекунанд, хоҳиш кунад, ки вақти баромадашонро кӯтоҳтар кунанд (ба сархатҳои 16 ва 19 нигаред). Вохӯрӣ бо суруд ва дуо тамом мешавад.
ТАЪРИФ ВА МАСЛИҲАТ
18. Баъди иҷрои ҳар як супориш ба барандаи вохӯрӣ тақрибан як дақиқа дода мешавад, то ки хонандаро таъриф кунад ва дар асоси дарси таъйиншуда ба ӯ маслиҳат диҳад. Вақте ки баранда баромади хонандагонро эълон мекунад, ӯ намегӯяд, ки хонанда аз болои кадом дарс кор кардааст. Аммо пас аз баромад баранда метавонад иҷрокунандаро сидқан таъриф карда, қайд кунад, ки ӯ аз рӯйи кадом дарс кор кард ва чӣ тавр маслиҳати ин дарсро хуб иҷро намуд ва ё меҳрубонона фаҳмонад, ки чаро ба ӯ минбаъд низ ба маслиҳати он дарс аҳамият додан лозим аст ва барои ин чӣ метавон кард. Барандаи вохӯрӣ инчунин дигар ҷиҳатҳои баромадро қайд карда метавонад, агар ӯ дарк кунад, ки ин барои иҷрокунанда ва шунавандагон манфиатовар бошад. Баранда метавонад маслиҳатҳои иловагиро (аз рӯйи дарси таъйиншуда ё дарси дигар), ки ба китобчаи «Хониш ва таълим», брошураи «Одамонро дӯст доред» ё китоби «Мактаби таълими мавъиза» (рус.) асос меёбанд, дар танҳоӣ баъди вохӯрӣ ё дар вақти дигар диҳад. (Барои гирифтани маълумоти бештар оид ба вазифаҳои барандаи вохӯрӣ ва мушовири бародарон, ба сархатҳои19, 24 ва 25 нигаред.)
ДАВОМНОКИИ БАРНОМА ВА ҚИСМҲОИ ОН
19. Ягон қисми барнома ва инчунин шарҳҳои барандаи вохӯрии «Ҳаёт ва хизмат»набояд аз вақти муқарраршуда тӯл кашанд. Дар дафтари вохӯрӣ вақти барои ҳар як қисм муқаррар карда шудааст. Лекин агар иҷрокунанда тавонист, ки дар вақти камтар мавзӯъро ба андозаи кофӣ дида барояд, супоришро танҳо бо мақсади пурра сарф кардани вақти муқарраршуда, кашол додан лозим нест. Агар баромади касе тӯл кашад, барандаи вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» ё мушовири бародарон бояд дар танҳоӣ ба иҷрокунанда маслиҳат диҳад. (Ба сархати 24 ва 25 нигаред.) Тамоми барномаи вохӯрӣ дар якҷоягӣ бо сурудҳо ва дуоҳо бояд 1 соату 45 дақиқа давом кунад.
ВАҚТЕ НОЗИРИ НОҲИЯВӢ БА ХАБАРГИРИИ ҶАМОАТ МЕОЯД
20. Агар нозири ноҳиявӣ ҷамоатро хабар гирад, барномаро мувофиқи дафтари вохӯрӣ гузаронидан лозим аст, лекин бо баъзе дигаргунӣ. Ба ҷойи «Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад», ки дар қисми «Ба Масеҳ пайравӣ кунед» аст, нозири ноҳиявӣ дар муддати 30 дақиқа нутқи хизматӣ мегӯяд. Пеш аз нутқи нозири ноҳиявӣ барандаи вохӯрӣ бо суханони хулосавӣ барномаро ҷамъбаст карда, ҳозиронро бо барномаи ҳафтаи оянда мухтасар шинос мекунад, эълонҳою номаҳои даркориро мехонад ва сипас нозири ноҳиявиро муаррифӣ менамояд. Баъд аз нутқи хизматиаш нозири ноҳиявӣ вохӯриро бо суруди интихобкардааш ба анҷом мерасонад. Дар охири вохӯрӣ ӯ метавонад худаш дуо гӯяд ё кардани инро аз дигар бародар хоҳиш кунад. Дар ҳафтаи хабаргирии нозири ноҳиявӣ воизон дар синфҳои иловагӣ (ба забони асосии ҷамоат) бо супоришҳо баромад намекунанд. Лекин агар гурӯҳи забони дигаре ба ҷамоат тааллуқ дошта бошад, он бояд дар давоми ин ҳафта вохӯриҳоро ба забони худаш гузаронад, вале нутқи хизматии нозири ноҳиявиро бародару хоҳарон аз ин гурӯҳ ҳамроҳи тамоми ҷамоат бояд гӯш кунанд.
ҲАФТАЕ, КИ АНҶУМАНИ НОҲИЯВӢ Ё МИНТАҚАВӢ МЕГУЗАРАД
21. Дар ҳафтае, ки анҷумани ноҳиявӣ ё минтақавӣ мегузарад, вохӯриҳои ҷамоат гузаронида намешаванд. Ҷамоатро хотиррасон кардан лозим аст, ки дар ин ҳафтаҳо барномаи барои вохӯриҳо пешбинишударо бояд мустақилона ё ҳамроҳи оила омӯхт.
ҲАФТАЕ, КИ ШОМИ ЁДБУД МЕГУЗАРАД
22. Агар Шоми ёдбуд ба рӯзи байни ҳафта афтад, вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» дар ин ҳафта гузаронида намешавад.
НОЗИРИ ВОХӮРИИ «ҲАЁТ ВА ХИЗМАТИ МО»
23. Ҳайати пирон аз байни худ бародареро интихоб мекунад, ки вазифаи нозири вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»-ро ба уҳда мегирад. Ин нозир уҳдадор аст, то вохӯрӣ хуб ташкил карда шавад ва аз рӯйи ин дастурамал гузарад. Вай бояд бо бародаре, ки маслиҳат медиҳад, ҳамкорӣ кунад. Ҳамин ки дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» дастрас гардад, нозири ин вохӯрӣ ҳамаи супоришҳоро барои ду моҳи оянда тақсим мекунад. Масалан, барандаи вохӯриро ӯ аз байни бародароне, ки розигии ҳайати пиронро доранд, таъйин мекунад ва инчунин супориши хонандагону таълимдиҳандагонро тақсим мекунад. (Ба сархатҳои 3–16 ва 24 нигаред.) Ӯ пеш аз додани супориш синну сол ва таҷрибаи хонандагонро ба назар мегирад, инчунин мебинад, ки оё метавонад ин хонанда барои муҳокимаи ин мавзӯъ озодии сухан дошта бошад. Ҳар як супориш бояд камаш се ҳафта пеш аз санаи баромад ба воизон дода шавад. Барои тақсим кардани супоришҳои хонандагон варақаи «Супориш дар вохӯрии “Ҳаёт ва хизмати мо”» (S-89)-ро истифода бурдан лозим аст. Нозири вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» ҷадвали супоришҳоро ба тахтаи эълонҳо гузошта онро дастраси тамоми аҳли ҷамоат мегардонад. Ҳайати пирон метавонад пири дигар ё хизматгузори ҷамоатро таъйин намояд, то ба нозири вохӯрӣ ёрдам диҳад. Аммо супориши таълимдиҳандагонро танҳо пирон тақсим карда метавонанд.
БАРАНДАИ ВОХӮРИИ «ҲАЁТ ВА ХИЗМАТИ МО»
24. Ҳар ҳафта як пири ҷамоат нақши барандаи вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо»-ро иҷро хоҳад кард. (Дар ҷамоате, ки пирон каманд, вазифаи барандаро хизматгузори ботаҷрибаи ҷамоат иҷро карда метавонад.) Вай барои тайёр кардани пешгуфтор ва суханони хотимавӣ вазифадор аст. Вай ҳамчунин ҳар як қисми барномаро эълон мекунад ва вобаста ба шумораи пирон метавонад бо ягон қисми барнома баромад кунад, хусусан бо қисмҳое, ки бе гузарондани муҳокима нишон додани видеонавор лозим аст. Шарҳҳо байни қисмҳои барнома бояд хеле кӯтоҳ бошанд. Ҳайати пирон муайян мекунад, ки кадом пирони ҷамоат барои иҷрои ин вазифа муносибанд. Пирони интихобшуда аз рӯйи навбат барандаи вохӯрӣ таъйин карда мешаванд. Вобаста ба вазъиятҳои маҳаллӣ нақши барандаи вохӯриро ба нозири вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» зуд-зуд таъйин намудан мумкин аст. Агар пири ҷамоат ба талабот барои гузаронидани «Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад» ҷавобгӯ бошад, ӯ барандаи вохӯрӣ шуда метавонад. Лутфан, фаромӯш насозед, ки барандаи вохӯрӣ онҳоеро, ки бо супоришҳои хонандагон баромад мекунанд, бояд меҳрубонона таъриф кунад ва агар лозим шавад бо мулоимӣ ба онҳо маслиҳатҳои муфид диҳад. Барандаи вохӯрӣ ҳамчунин барои сари вақт тамом шудани вохӯрӣ уҳдадор аст. (Ба сархатҳои 17 ва 19 нигаред.) Агар баранда хоҳад ва дар саҳна ҷойи кофӣ бошад, дар он ҷо микрофони иловагиро мондан мумкин аст, то ки ӯ ҳар як қисми барномаро эълон карда тавонад ва ҳамзамон бародаре, ки баромад мекунад, ҷойи худро дар назди микрофони дигар ишғол намояд. Ғайр аз ин, агар баранда хоҳад, метавонад дар вақти супориши «Хониши Китоби Муқаддас» ва супоришҳо аз бахши «Дар хизмат боғайрат бошед» дар саҳна сари миз шинад. Ин барои сарфа намудани вақт ёрӣ медиҳад.
МУШОВИРИ БАРОДАРОН
25. Хуб мебуд, агар ин вазифа ба пире, ки нотиқи бомаҳорат аст, дода шавад. Ин бародар, агар лозим ояд, ба пирон ва хизматгузорони ҷамоат, ки бо ягон супориш дар вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» ё бо нутқҳои оммавӣ баромад мекунанд ва ҳамчунин ба бародароне, ки «Бурҷи дидбонӣ» ва «Омӯзиши Китоби Муқаддас дар ҷамъомад»-ро мегузаронанд ё мехонанд, дар танҳоӣ маслиҳат медиҳад. (Ба сархати 19 нигаред.) Агар дар ҷамоат якчанд пирон нотиқи хуб ва омӯзгори моҳир бошанд, ҳар сол ин вазифаро ба онҳо банавбат додан мумкин аст. Шарт нест, ки ин пир баъди ҳар як баромади бародарон ба онҳо маслиҳат диҳад.
СИНФҲОИ ИЛОВАГӢ
26. Вобаста ба шумораи хонандагон дар ҷамоатҳо барои супоришҳои хонандагон синфҳои иловагӣ ташкил кардан мумкин аст. Дар ҳар як синфи иловагӣ бояд бародари муносибе (хуб мешуд, ки пири ҷамоат бошад) таъйин карда шавад, то маслиҳат дода тавонад. Агар лозим ояд, ин вазифаро ба хизматгузори ботаҷрибаи ҷамоат супоридан мумкин аст. Ҳайати пирон бояд қарор кунад, ки як бародар ин вазифаро ба уҳда гирад ё якчанд бародар онро банавбат иҷро кунад. Бародаре, ки барои дар синф маслиҳат додан таъйин шудааст, бояд аз рӯйи дастуроте, ки дар сархати 18 навишта шудааст, амал намояд. Аз хонандагоне, ки дар синфи иловагӣ баромад мекунанд, хоҳиш карда мешавад, ки баъди тамом шудани қисми «Ҷустуҷӯйи ганҷҳои Калом» ба синфхона раванд. Вале пас аз тамом шудани супориши охирин онҳо ба толори асосӣ бармегарданд.
ВИДЕОНАВОРҲО
27. Барои ин вохӯрӣ видеонаворҳо тайёр карда мешаванд. Ин видеонаворҳо дар JW Library® дастраси ҳамагон мешаванд ва онҳоро дар таҷҳизотҳои гуногуни электронӣ тамошо кардан мумкин аст.
© 2023 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
S-38-TJ 11/23