Мактаби таълими мавъиза соли 2015 ба мо кӯмак мекунад, ки тарзи таълимдиҳии худро беҳтар гардонем
1 Довуд навишта буд: «Бигзор суханони даҳонам ва андешаи дилам писандидаи Ту бошад, эй Худованд, ки кӯҳпораи ман ва раҳокунандаи ман ҳастӣ!» (Заб. 18:15). Мо низ мехоҳем, ки суханонамон ба Яҳува маъқул бошанд, зеро мо дар ҷамъомад ва хизмат имконияти дар бораи ҳақиқат гап заданро хеле қадр мекунем. Мактаби таълими мавъиза яке аз роҳҳое мебошад, ки Яҳува бо воситаи он моро барои хизмат тайёр мекунад. Ин намуди таълимдиҳӣ ҳар ҳафта дар беш аз 111 000 ҷамъомадҳои тамоми дунё гузаронида мешавад. Ин мактаб ба тамоми бародару хоҳарон дар саросари дунё, новобаста аз аслу насабашон барои болаёқатона расондани хушхабар, бо боварӣ таълим додан, боодобона ва далерона гап задан, кӯмак кард (Аъм. 19:8; Қӯл. 4:6).
2 Мавзӯҳои барномаи соли 2015 аз «Шиносоӣ бо Китоби Муқаддас» ва «Кӣ имрӯз иродаи Яҳуваро иҷро мекунад?», «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» гирифта шудааст. Илова бар ин, вақт барои гузаронидани фикрҳои муфид аз Китоби Муқаддас ва Супориши №1 тағйир ёфтааст. Ин тағйиротҳои дар дастурот овардашуда, оиди чӣ тавр гузаронидани мактаб дар сархатҳои навбатӣ муҳокима шудаанд.
3 Фикрҳои муфид аз Китоби Муқаддас: Ба бародароне, ки бо ин қисми барнома баромад мекунанд, ду дақиқа вақт дода мешавад, то яке аз фикрҳои амалӣ ва муфидро аз хониши ҳарҳафтаинаи Китоби Муқаддас муҳокима намоянд. Агар бародар тайёрии хуб бинад, ӯ метавонад дар вақти таъиншуда ба шунавандагон фикри муҳимро расонад. Баъд аз ин ҷамъомад дар муддати 6 дақиқа фикрҳои муфидро, ки аз хондани Китоби Муқаддас ёфта буданд, дар давоми 30 сония ё камтар хоҳанд гуфт. Барои дар давоми 30 сония шарҳи пурмазмун гуфтан, бонизом будан ва тайёрии хуб дидан лозим аст. Лекин чунин амал барои мо тарбияи хуб аст. Он ҳамчунин ба дигарон имконият медиҳад, ки ҳангоми тадқиқоти шахсии худ чӣ дарс гирифтанашонро шарҳ диҳанд.
4 Супориши №1: Вақти муқарраршуда барои хониши Китоби Муқаддас ба 3 дақиқа ё камтар иваз шуд ва миқдори оятҳо низ камтар шуданд. Ба онҳое ки супориши хондан дода мешавад, бояд онро якчанд бор бо овози баланд бихонанд ва диққати асосиро ба мақсади аломати китобатӣ равона намуда, матнро табииву равон ва бо фаҳмиш хонанд. Халқи Яҳува бояд барои хондани хуб кӯшиш кунад, зеро хониш дар ибодати мо нақши муҳимро мебозад. То чӣ андоза мо хурсандем, ки фарзандонамон хуб мехонанд! Волидон сазовори таҳсинанд, зеро онҳо ба фарзандони худ кӯмак карданд, ки хонишашон хуб гардад.
5 Супориши № 2: Ин намоиши панҷ дақиқа буда, ба хоҳар супорида мешавад. Мавзӯи таъиншударо бояд истифода бурд. Вақте ки супориш дар асоси маводи аз «Шиносоӣ бо Китоби Муқаддас» бошад, онро бояд тавре ба кор бурд, ки яке аз намудҳои хизматро дар бар гирифта, воқеӣ ва ба шароити маҳаллӣ мувофиқ бошад. Оятҳои иловагиеро, ки бо мавзӯъ меоянд, истифода бурдан мумкин аст. Нозири Мактаб барои кӯмак ба хоҳар ҳамроҳе таъин мекунад.
6 Супориши № 3: Ин намоиши панҷ дақиқа буда, ба бародар ё хоҳар супорида мешавад. Агар супориш ба хоҳар дода шуда бошад, он чун Супориши № 2 бояд пешниҳод гардад. Агар супориш ба бародар дода шавад, маводе ки аз китоби «Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» асос ёфтааст, бояд чун нутқ пешкаш гардад ва ба шунавандагон мувофиқ карда шавад. Таҳсилкунанда мавзӯи додашударо бояд кушода диҳад, ояти мувофиқеро, ки истифода мешавад, интихоб кунад ва нишон диҳад, ки аз намунаи Китоби Муқаддас чӣ омӯхтан мумкин аст.
7 Навигарӣ дар Супориши № 3 барои бародарон: Вақте ки супориш дар асоси маводи «Шиносоӣ бо Китоби Муқаддас» бошад, он бояд чун намоише аз ибодати оилавӣ ё хизмат нишон дода шавад. Одатан нозири мактаб ҳамроҳ ва ҳолати шартиро таъин мекунад. Ҳамроҳ метавонад аъзои оилаи шахси таҳсилкунанда ё ягон бародаре аз ҷамъомад бошад. Оятҳои иловагӣ, ки принсипҳои Китоби Муқаддасро нишон медиҳанду бо мавзӯъ омадаанд, метавонанд дар намоиш истифода шаванд. Вақт аз вақт пирон метавонанд барои намоиш додани ин қисм таъин шаванд. Пирон худашон метавонанд, ки ҳамроҳ ва ҳолати шартиро интихоб намоянд. Бешубҳа, дидани он ки пир маҳорати таълимдиҳиашро ба аъзои оилааш ё ба ягон бародаре нишон медиҳад, барои ҷамъомад рӯҳбаландкунанда хоҳад буд.
Бо истифода бурдани маслиҳатҳо пешравӣ кунед
8 Маслиҳат: Баъд аз баромади таҳсилкунанда ба нозири мактаб ду дақиқа вақт дода мешавад, ки ӯро таъриф кунад ва дар асоси китоби «Мактаби таълими мавъиза» маслиҳатҳои даркориро диҳад. Вақте ки нозири мактаб бо супориш баромад кардани бародар ё хоҳарро эълон мекунад, вай аз болои кадом дарс кор кардани ӯро намегӯяд. Пас аз ҳар як баромад, нозир бояд таҳсилкунандаро сидқан таъриф кунад, қайд кунад, ки ӯ аз болои кадом дарс кор карда истодааст ва аниқ гӯяд, ки чаро ӯ супоришро хуб иҷро кард. Ё меҳрубонона фаҳмонад, ки чаро ба таҳсилкунанда лозим аст, ки аз болои ин дарс бештар кор кунад.
9 Таҳсилкунанда дарсҳоеро, ки ба ӯ медиҳанд аз китоби «Мактаби таълими мавъиза»-аш аз саҳифаҳои 79 то 81 ёфта метавонад. Пас аз он ки таҳсилкунанда бо супориши худ баромад мекунад, нозири мактаб дар китоби таҳсилкунанда қайдҳои мувофиқро мегузорад ва дар алоҳидагӣ аз ӯ мепурсад, ки оё ӯ он машқеро, ки дар поёни дарси таъиншуда оварда шудааст, иҷро кард ё не. Маслиҳатҳои фоиданоки иловагиро ба таҳсилкунанда дар танҳоӣ баъди ҷамъомад ё дар вақти дигар додан мумкин аст. Таваҷҷӯҳи шахсӣ зоҳир кунед, то ҳар як таҳсилкунанда дар мактаб бояд чун ба имконияти рӯҳан рушд кардан нигарад (1 Тим. 4:15).
10 Агар таҳсилкунанда аз ҳудуди вақти муайяншуда барояд, нозири мактаб ва ё ёрдамчии ӯ, бояд боадобона барои хабардор кардани ӯ, садое ба мисли зангӯла диҳад. Бо шунидани садо таҳсилкунанда бояд фаҳмад, ки сӯҳбаташро хотима бахшида саҳнаро тарк кунад. (Ниг. ба китоби «Мактаби таълими мавъиза» (рус.) саҳ. 282, сарх. 4.)
11 Ҳамаи онҳое, ки ба талабот ҷавобгӯ ҳастанд, дар «Мактаби таълими мавъиза» таҳсил карда метавонанд. (Ниг. ба китоби «Мактаби таълими мавъиза» (рус.) саҳ. 282, сарх. 6.) Таълимоте, ки ин мактаб пешкаш мекунад, ба халқи Худо кӯмак мекунад, то хабари Салтанатро бо як боварӣ, фахр, меҳрубонӣ мавъиза кунанд ва таълим диҳанд. Ба Яҳува бешубҳа ҳамду санои ҳамаи онҳое ки таълими теократиро мегиранд, маъқул аст! (Заб. 148:12, 13; Иш. 50:4).