Тағйирот дар нашри омӯзишӣ ҷолиби диққат аст!
Мо намуди нашри омӯзиширо тағйир додем, то он барои шумо дар омӯзиши Каломи бебаҳои Яҳува бештар диққатҷалбкунанда ва ёридиҳанда бошад (Заб. 1:2; 118:98).
Аллакай чор сол мешавад, ки мо ду нашри «Бурҷи дидбонӣ»-ро чоп мекунем, ки якеаш барои омма ва дигараш барои ҳамаи мо — Шоҳидони Яҳува ва омӯзандагони фаъоли Китоби Муқаддас мебошад.
Як ходими Яҳува, ки солҳои зиёд хизмат мекунад, оиди нашри омӯзишӣ чунин навишт: «Вақте ки ман аввалин нашри омӯзишии “Бурҷи дидбонӣ”-ро хондам, ман дидам, ки он аҷибу таъсиркунанда аст. Забони чуқури рӯҳонӣ ва маълумоти дақиқ гӯё шахсан ба ман равона шуда буд. Раҳмати калон барои ин тӯҳфаи нав». Бародари дигаре навишт: «Ман он лаҳзаҳоеро, ки нашри омӯзишӣ ва Китоби Муқаддасро меомӯзам, сахт интизор ҳастам». Мо боварӣ дорем, ки шумо низ чунин ҳиссиёт доред.
Чӣ хеле ки шумо медонед, «Бурҷи дидбонӣ» аз соли 1879 то инҷониб нашр карда мешавад ва ин комёбӣ танҳо бо дастгирии Яҳува ва кӯмаки рӯҳулқудси Ӯ имконпазир гашт (Зак. 4:6). Дар тӯли 133 сол дар муқоваи маҷалла якчанд тағйиротҳо дароварда шуд. Соли 2012, дар муқоваи ҳар як нашри омӯзишӣ кори мавъиза бо тасвири ранга акс меёбад, ки ин ба мо супоришеро, ки Худо додааст, хотиррасон мекунад, то дар бораи Салтанати Яҳува ба таври пурра шаҳодат диҳем (Аъм. 28:23). Дар саҳифаи 2 шумо расмеро хоҳед дид, ки аз рӯи он тасвири муқова кашида шуда аст. Дар он ҳамчунин дар бораи расми саҳифаи 2 маълумоти мухтасар дода шудааст, ки чӣ рӯй дода истодааст ва дар куҷо. Дар давоми сол ин ба ҳамаи мо хотиррасон мекунад, ки халқи Яҳува хушхабарро «дар тамоми олам» мавъиза карда истодаанд (Мат. 24:14).
Дар ин маҷалла боз кадом тағйиротҳои дигар дароварда шудаанд? Минбаъд чорчӯба барои такрор дар саршавии хар як мақолаи омӯзишӣ меояд. Ин ба шумо фикрҳои асосиро нишон медиҳад, то шумо дар давоми хондан ва омӯхтани мақола ба онҳо диққат диҳед. Албатта барандаи омӯзиши «Бурҷи дидбонӣ» дар охири омӯзиш барои такрор кардани маълумот аз ин саволҳо истифода мебарад. Ҳамчунин шумо мебинед, ки ҳошияҳо васеътар, рақами саҳифа ва сархат намоёнтар шудаанд.
Чӣ тавре ки дар ин маҷалла фаҳмонда шудааст, дар нашри омӯзишӣ рубрикаи нав бо номи «Аз хазинаи мо» илова карда шудааст, ки дар он рӯйдодҳои муҳими таърихи имрӯзаи Шоҳидони Яҳува нишон дода мешавад. Ҳамчунин, баъзан зери сарлавҳаи «Онҳо бо омодагӣ худро пешкаш карданд» воқеаҳо аз ҳаёти хизматгорони Худо оварда мешаванд. Ин мақолаҳо равшан нишон медиҳанд, ки бародарону хоҳарон дар ҷое ки ба воизони Салтанат ниёзи калон вуҷуд дорад хизмат карда ҳисси қаноатмандӣ, хурсандӣ ва хушбахтӣ мегиранд.
Аз самими қалб хоҳонем, ки шумо аз омӯхтани Каломи Худо бо воситаи маҷалла хурсандии зиёд хоҳед гирифт.
Ноширон
[Тасвир дар саҳифаи 3]
1879
[Тасвир дар саҳифаи 3]
1895
[Тасвир дар саҳифаи 3]
1931
[Тасвир дар саҳифаи 3]
1950
[Тасвир дар саҳифаи 3]
1974
[Тасвир дар саҳифаи 3]
2008