«Аз хамиртуруши фарисиён... ҳазар кунед»
Исо шогирдонашро огоҳ намуд: «Аз хамиртуруши фарисиён, ки риёкорист, ҳазар кунед» (Луқ. 12:1). Дар бораи ин огоҳии Исо Матто низ навишта буд ва аз он мо мефаҳмем, ки Исо «хамиртуруши фарисиён» гуфта «таълими» онҳоро дар назар дошт (Мат. 16:12).
Китоби Муқаддас баъзан калимаи «хамиртуруш»–ро чун рамзи фасодшавӣ ё вайроншавӣ истифода мебарад. Бешубҳа, ҳам таълимот ва ҳам рӯҳияи фарисиён ба шунавандагони онҳо таъсири фасодкунанда мерасонд. Чаро таълимоти фарисиён хатарнок буд?
1 Фарисиён аз одил будани худ фахр мекарданд ва аз одамони оддӣ худро баланд мегирифтанд.
Он ки фарисиён худро одил ҳисоб мекарданд, аз як масали Исо аён аст. Ӯ гуфт: «Фарисӣ рост истода, дар дили худ чунин дуо мегуфт: “Худоё! Туро шукр мегӯям, ки монанди касони дигар: тороҷгарон, золимон, зинокорон, ё монанди ин боҷгир нестам: Ҳафтае ду карат рӯза медорам ва аз ҳар чизе ки ба даст меоварам, ушр медиҳам”. Аммо боҷгир, дуртар истода, ҳатто ҷуръат надошт, ки чашмонашро сӯи осмон баланд кунад; балки синаи худро мезаду мегуфт: “Худоё! Ба мани гуноҳкор раҳм кун”» (Луқ. 18:11–13).
Исо рӯҳияи фурӯтанонаи боҷгирро таъриф карда гуфт: «Ба шумо мегӯям, ки ин шахс назар ба [фарисӣ] бештар сафед шуда ба хонаи худ рафт: зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст мешавад ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз мешавад» (Луқ. 18:14). Ҳарчанд боҷгиронро шахсони беинсофу қаллоб меҳисобиданд, Исо ба он боҷгироне, ки вайро гӯш мекарданд, ёрдам додан мехост. Камаш ду боҷгир — Матто ва Заккай пайрави ӯ шуданд.
Шояд мо бо қобилиятҳое таваллуд шудаем, ки дигарон надоранд ё шояд дар ташкилоти Яҳува ба мо баъзе масъулиятҳо дода шудаанд. Ё эҳтимол мо хатогиву камбудиҳои дигар одамонро мебинем. Ин чизҳо сабаби он шуда метавонанд, ки шахс худро аз дигарон боло мегирад. Агар бо мо чунин рӯй диҳад, мо бояд чӣ кор кунем? Мо бояд дарҳол чунин фикрҳоро аз сар дур кунем, зеро Навиштаҳо мегӯянд: «Муҳаббат пуртоқат ва бошафқат аст, муҳаббат ҳасад намебарад, муҳаббат бо худ намеболад, мағрур намешавад, бадкирдорӣ намекунад, нафъи худро толиб нест, ба хашм намеояд, ба дил кина намегирад, аз зулм шод намешавад, балки аз ростӣ хурсанд мешавад» (1 Қӯр. 13:4–6).
Павлуси ҳавворӣ гуфт: «Исои Масеҳ ба дунё омад, то гуноҳкоронро наҷот диҳад». Сипас ӯ илова кард: «Ман бадтарини онҳо ҳастам» (1 Тим. 1:15). Рӯҳияи мо бояд мисли рӯҳияи Павлус бошад.
Саволҳо барои мулоҳиза:
Оё ман дарк мекунам, ки гунаҳкорам ва наҷоти ман аз меҳрубонии носазовори Яҳува вобаста аст? Ё фикр мекунам, ки аз сабаби солҳои зиёд содиқона ба Яҳува хизмат карданам, дар ташкилоти Ӯ соҳиби таъинотҳо буданам ё қобилиятҳо доштанам, ман аз дигарон беҳтарам?
2 Фарисиён мекӯшиданд, ки дар назди мардум одилии худро намоиш диҳанд. Онҳо мехостанд, ки дигарон онҳоро болобардор кунанд ва бо унвонҳои дабдабанок ном баранд.
Лекин Исо огоҳ намуд: «[Онҳо] ҳамаи корҳои худро барои он мекунанд, ки ба мардум нишон диҳанд: дуо-қуттичаҳои худро васеътар мекунанд ва пӯпакҳои ридоҳои худро калонтар месозанд; ва дӯст медоранд, ки дар зиёфатҳо болонишин бошанд ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷойгир шаванд, ва дар кӯчаю бозорҳо мардум ба онҳо таъзим кунанд ва онҳоро “Устод! Устод!” гӯянд» (Мат. 23:5–7). Рӯҳияи онҳоро бо рӯҳияи Исо муқоиса кунед. Ҳарчанд вай Писари комили Худо буд, ӯ фурӯтан буд. Вақте ки марде ӯро «некӯ» номид, вай гуфт: «Чаро Маро некӯ мегӯӣ? Ҳеҷ кас некӯ нест, ҷуз Худои ягона» (Марқ. 10:18). Дар мавриди дигар Исо пойҳои шогирдонашро шуст ва ҳамин тавр дар фурӯтанӣ ба пайравонаш намунаи ибрат гузошт (Юҳ. 13:1–15).
Масеҳии ҳақиқӣ бояд ба ҳамимононаш хизмат кунад (Ғал. 5:13). Ин рӯҳия хусусан барои онҳое, ки дар ҷамъомад чун нозир хизмат кардан мехоҳанд, зарур аст. Хуб аст, агар касе таъиноти нозириро «орзу кунад», вале ӯ бояд бо нияти ба дигарон хизмат кардан инро хоҳад. Нозир аз дигарон муҳимтар нест ва ба дигарон ҳукмронӣ намекунад. Ба онҳое, ки чун нозир хизмат мекунанд, лозим аст, ки чун Исо «фурӯтан» бошанд (1 Тим. 3:1, 6; Мат. 11:29).
Саволҳо барои мулоҳиза:
Оё ман бо умеди ба даст овардани обрӯ ё ягон масъулияти иловагӣ мекӯшам, ки назар ба дигарон бо бародарони масъул хубтар муносибат кунам? Оё ман бештар ба он корҳое, ки ба дигарон намоён асту барои он маро таъриф мекунанд, майл дорам? Оё ман мекӯшам, ки ҳамеша дар маркази диққати дигарон бошам?
3 Қоидаҳо ва урфу одатҳои фарисиён иҷрои Қонунро барои халқи оддӣ бори гарон мекарданд.
Қонуни Мусо ба исроилиён мефаҳмонд, ки онҳо чӣ тавр бояд ба Яҳува ибодат кунанд. Лекин, ҳама чизҳои майда–чуйда дар он қайд нашуда буд. Масалан, Қонун дар рӯзи Шанбе кор карданро манъ мекард, вале дар он рӯйхати ҳамаи корҳои равою нораво оварда нашуда буд (Хур. 20:10). Фарисиён мекӯшиданд, ки ҷойҳои ба ном холии Қонунро бо урфу одатҳо ва қоидаҳои худ пур кунанд. Исо ба Қонуни Худо итоат мекард, вале қоидаҳои сахтгиронаеро, ки фарисиён бофта баромада буданд, рад мекард (Мат. 5:17, 18; 23:23). Ӯ танҳо ба ҳарфи Қонун аҳамият намедод, балки рӯҳияеро, ки дар паси он меистод, медид ва муҳим будани марҳамату дилсӯзиро дарк мекард. Ӯ ҳатто вақте ки пайравонаш ӯро ғамгин карданд, бо онҳо бомулоҳиза буд. Масалан, ҳарчанд шаби дастгиршавиаш ӯ се ҳаввории худро ба бедору ҳушёр мондан барангехт, онҳоро якчанд маротиба хоб бурд. Бо вуҷуди ин, вай дилсӯзона ба онҳо гуфт: «Рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон» (Марқ. 14:34–42).
Саволҳо барои мулоҳиза:
Оё ман қоидаҳои сахтгирона бароварда аз дигарон риоя кардани онҳоро талаб мекунам? Оё ман ақидаҳои шахсии худро ба қонун табдил медиҳам? Оё ман аз дигарон кори аз қуввати онҳо берунро талаб мекунам?
Дар бораи он фикр кунед, ки байни таълимоти Исо ва таълимоти фарисиён чӣ фарқи калоне буд. Оё шумо мефаҳмед, ки аз кадом ҷиҳатҳо бояд беҳтар шавед? Агар ҳа, пас барои ин ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед.
[Тасвир дар саҳифаи 28]
Фарисиён бар пешонӣ ва дасти худ дуо–қуттичаҳо мебастанд (Мат. 23:2, 5).
[Тасвир дар саҳифаи 29]
Баръакси фарисиёни ҳавобаланд, пирони масеҳӣ бо фурӯтанӣ ба дигарон хизмат мекунанд
[Тасвир дар саҳифаи 30]
Оё шумо мисли Исо меҳрубонед ё ин ки аз дигарон кори аз қуввати онҳо берунро талаб мекунед?