Ба Худо наздик шавед
«Ҷони Ту... бар ман хам мешавад»
ФУРӮТАНӢ хислати ҷалбкунанда аст. Мо одатан ба шахсоне наздик шудан мехоҳем, ки ин хислатро зоҳир мекунанд. Мутаассифона дар ҷаҳони имрӯза фурӯтании ҳақиқӣ камёб аст, хусусан дар онҳое, ки бар дигарон ҳокимият доранд. Лекин дар бораи Яҳува — Шахсияти пурқудраттарини олам чӣ гуфтан мумкин аст? Оё Ӯ фурӯтан аст? Суханони Ирмиё–пайғамбар барои фаҳмидани ин ёрӣ мерасонанд. Ӯ гуфт: «Ҷони Ту ҳатман ба ёд меорад ва бар ман хам мешавад. Инро дар дили худ нигоҳ хоҳам дошт. Ана барои ҳамин ман интизорӣ мекашам» (Навҳаҳои Ирмиё 3:20, 21, ТДН). Биёед ин суханони пайғамбарро дида бароем.
Ирмиё Навҳаҳояшро дар давраи хеле душвори таърихи Исроил навишта буд. Каме пеш, ӯ шоҳиди воқеае гашт, ки барояш бениҳоят дарднок буд — аз тарафи бобилиён ба харобазор табдил ёфтани Ерусалим, ҷои барояш хеле азиз. Пайғамбари ғамзада медонист, ки ин мусибат ҳукми одилонаи Худо буд, зеро исроилиён ба роҳҳои гунаҳкорона дода шуда буданд. Оё Ирмиё аз ин ноумед шуд? Ва ё Ирмиё фикр мекард, ки Яҳува ба шахсони тавбакарда аҳамият намедиҳад ва онҳоро аз ҳолати рӯҳафтодагӣ раҳо намекунад? Магар Ӯ аз ҳад дастнорас ё бепарво аст? Ба суханоне, ки Ирмиё чун намояндаи халқаш гуфт, аҳамият диҳед.
Дар ғаму андӯҳ Ирмиё умед пайдо намуд. Ӯ ба Яҳува муроҷиат кард: «Ҷони Туa [худи Яҳува] ҳатман ба ёд меорад ва бар ман хам мешавад» (ояти 20). Аз ин суханон бармеояд, ки Ирмиё аз Яҳува дилпур буд. Вай медонист, ки Яҳува ӯро ё ягон хизматгори тавбакардаашро фаромӯш нахоҳад кард. Пас, Худои Қодири Мутлақ барои халқаш чӣ кор мекунад? (Ваҳй 15:3).
Ирмиё боварӣ дошт, ки Яҳува бар онҳое, ки самимона тавба мекунанд, «хам мешавад». Ин суханон ба мо кӯмак мекунанд, ки Яҳуваро чун шахси меҳрубон тасаввур кунем. Яҳува, «Ҳаққи Таоло», бар тамоми замин гӯё хам мешавад, то хизматгоронашро аз ҳолати пасташон бардошта аз нав ба онҳо илтифот зоҳир кунад (Заб. 82:19). Ин умед ба Ирмиё устуворӣ мебахшид ва дили ғамзадаи ӯро тасаллӣ медод. Пайғамбари содиқ бо иродаи қатъӣ тайёр буд, ки аз Яҳува интизорӣ кашад (ояти 21). Ӯ босаброна мунтазир буд, ки Яҳува дар вақти муайянкардааш халқи тавбакардаи худро наҷот хоҳад дод.
Суханони навиштаи Ирмиё ба мо дар бораи Яҳува ду чизро таълим медиҳанд. Якум, Ӯ ҳалиму фурӯтан аст (Заб. 17:36). Ҳарчанд Яҳува «дар қувват... бузург аст», Ӯ тайёр аст, ки гӯё барои ба дараҷаи мо баробар шудан хам шавад, то дар вақтҳои душвор кӯмак расонад (Айюб 37:23; Заб. 112:5–7). Магар ин фикри тасаллибахш нест? Дуюм, Яҳува раҳмдил аст; Ӯ гунаҳкорони тавбакардаро бо омодагӣ мебахшад ва аз нав ба онҳо илтифот зоҳир мекунад (Заб. 85:5). Ин ду хислат — фурӯтанӣ ва раҳмдилӣ — дар якҷоягӣ амал мекунанд.
Ҳокимиятдорони одамӣ аз сабаби мағруриашон якрав ва бепарвоянд. То чӣ андоза миннатдорем мо, ки Яҳува ба онҳо монанд нест! Оё шумо мехоҳед дар бораи чунин Худои фурӯтан, ки бо омодагӣ «хам мешавад», то хизматгорони рӯҳафтодаашро умед бахшад, бештар дониш гиред?
[Эзоҳ]
a Дар замони қадим китобдонон ҳангоми дастнавис кардани китоби Ирмиё дар ин оят ибораи «ҷони Ту»–ро бо «ҷони ман» иваз намуданд, гӯё он ба худи Ирмиё ишора мекарда бошад. Аз афташ онҳо фикр мекарданд, ки нисбати Худо истифода бурдани калимаи «ҷон» беҳурматӣ мебошад, зеро ин калима дар Китоби Муқаддас нисбати махлуқоти заминӣ истифода мешуд. Лекин, Китоби Муқаддас бисёр вақт Худоро ба таври ба одамон фаҳмо тасвир мекунад. Азбаски калимаи «ҷон» метавонад ба «ҳаёт»–и шахс ишора кунад, ибораи «ҷони ту» маънои «ту»–ро дорад.
[Замима дар саҳифаи 13]
Яҳува тайёр аст, ки гӯё барои ба дараҷаи мо баробар шудан хам шавад, то дар вақтҳои душвор кӯмак расонад