Мубориза барои хушхабар дар таслӯникӣ
Шаҳри Таслӯникӣ имрӯз чун Салоникӣ шинос аст ва он дар соҳили баҳр, дар тарафи шимолу шарқии Юнон воқеъ аст. Даромади асосии ин шаҳри бандарӣ асосан бо киштиҳо алоқаманд аст. Ин шаҳр дар таърихи масеҳиёни асри як, хусусан дар хизмати Павлус, ки ҳаввории халқҳо буд, нақши муҳим мебозид (АЪМОЛ 9:15; РУМИЁН 11:13).
ТАҚРИБАН солҳои 50–уми эраи мо Павлус ва ҳамсафараш Сило ба Таслӯникӣ омаданд. Барои Павлус ин сафари дуюми миссионерӣ буд ва он вақт хушхабар дар бораи Масеҳ бори аввал ба ҷое расид, ки имрӯз чун Аврупо маълум аст.
Пеш аз ба Таслӯникӣ рафтанашон Павлус ва Сило дар Филиппӣ, шаҳри асосии Мақдуния хизмат мекарданд. Он ҷо онҳоро лату кӯб карда ба зиндон партофта буданд. Ва ҳоло шояд ба хотир овардани ин воқеаҳо барои онҳо дардовар буд. Аз афташ барои ҳамин, дертар Павлус ба муборизаҳои даруниаш ишора намуда ба таслӯникиён гуфт, ки дар шаҳри онҳо ӯ «дар миёни мухолифатҳои бузурге башорати Худоро» мавъиза мекард (1 Таслӯникиён 2:1, 2). Оё вазъият дар Таслӯникӣ нисбат ба Филиппӣ беҳтар мешавад? Оё кори мавъиза дар ин шаҳр ба пеш меравад? Оё ин ҷо онҳо самаранок хизмат карда метавонанд? Пеш аз ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан биёед аввал дар бораи ин шаҳри қадима маълумот гирем.
Шаҳре, ки гузаштаи ноором дошт
Номи шаҳри Таслӯникӣ аз ду калимаи юнонӣ, ки чун «таслӯникиён» ва «ғалаба» тарҷума мешаванд, иборат буд ва ин ба ҷангу муборизаҳо ишора мекунад. Дар байни таърихчиён чунин ақида вуҷуд дорад, ки соли 352–и то эраи мо шоҳи Мақдуния Файлақуси II (Филиппи II), падари Искандари Мақдунӣ, як қабиларо аз Юнони марказӣ дар мавзеи Таслӯнӣ мағлуб кард. Мегӯянд, ки ба хотири ин ғалаба Файлақуси II номи як духтарашро Таслӯника гузошт. Баъдтар, Таслӯника зани Кассандр шуд, ки ӯ яке аз меросхӯрони бародараш Искандар буд. Тақрибан соли 315–и то эраи мо Кассандр дар ғарби нимҷазираи Халкидики шаҳре бино кард ва онро ба шарофати занаш Таслӯникӣ ном гузошт. Дар давоми таърихи нооромаш ин шаҳр гаштаву баргашта бо мухолифатҳо рӯ ба рӯ мешуд.
Таслӯникӣ шаҳри тараққиёфта буд. Дар он яке аз беҳтарин бандарҳои табиии баҳри Эгей қарор дошт. Дар замони румиён он ҳамчунин дар роҳи машҳури Виа Эгнатия ҷойгир буд. Аз сабаби он ки Таслӯникӣ ҳам дар канори баҳр ва ҳам дар канори роҳи калон ҷойгир буд, он яке аз дарвозаҳои тиҷоратии империяи Рум ба ҳисоб мерафт. Бинобар шаҳри тараққикарда буданаш онро дар давоми таърих халқҳои гуногун соҳиб шудан мехостанд, масалан, готҳо, славянҳо, франкҳо, венетсиягиҳо ва туркҳо. Баъзеи онҳо ин шаҳрро бо роҳи ҷангу хунрезӣ забт карданд. Лекин бо омадани Павлус дар он шаҳр муборизаи дигаре сар шуд, яъне мубориза барои хушхабар. Ҳоло биёед бо мавъизаи Павлус дар он шаҳр беҳтар шинос шавем.
Сафари Павлус ба Таслӯникӣ
Вақте ки Павлус ба шаҳри наве меомад, вай одатан аввал назди яҳудиён мерафт, чунки онҳо бо Навиштаҳо шинос буданд ва ин имконият медод, ки ӯ бо онҳо сӯҳбатро сар кунад ва барои фаҳмидани хушхабар кӯмак кунад. Олиме фикр мекунад, ки шояд Павлус чунин одат дошт, зеро ӯ дар бораи ҳамватанонаш ғамхорӣ мекард ё ин ки ӯ кӯшиш мекард, то аз яҳудиён ва шахсони худотарс сар карда ба ғайрияҳудиён хушхабарро мавъиза кунад (Аъмол 17:2–4).
Пас, вақте ки Павлус ба Таслӯникӣ омад, ӯ аввал ба куништ даромад. Вай бо яҳудиён «аз Навиштаҳо гуфтугӯ мекард ва ошкор карда ва исбот намуда» мегуфт: «Лозим буд Масеҳ азобу уқубат кашад ва аз мурдагон эҳё шавад, ва Ҳамин Исо, ки ман Ӯро ба шумо мавъиза мекунам, Масеҳ аст» (Аъмол 17:2, 3, 10).
Павлус дар бораи чизҳои баҳснок сӯҳбат мекард, ӯ дар бораи кӣ будани Исо ва нақши Масеҳ сухан меронд. Фикри он ки Масеҳ бояд азоб мекашид, ба муқобили тасаввуроти яҳудиён буд, зеро онҳо гумон мекарданд, ки Масеҳ чун пешвои сиёсӣ меояд. Барои бовар кунондани яҳудиён Павлус оиди кӣ будани Масеҳ далелҳоро «ошкор кард» ва ба воситаи Навиштаҳо инро «исбот намуд»a. Ин нишон медиҳад, ки Павлус муаллими хуб буд. Лекин шунавандагони Павлус ба ин маълумоти пурарзиш чӣ гуна муносибат карданд?
Хизмати самаранок, лекин пурҷӯшу хурӯш
Дар байни шахсоне, ки хабари Павлусро қабул карданд, баъзе яҳудиён, бисёре аз юнониёни дини яҳудиро қабулкарда ва «шумораи зиёде аз занони ашроф» буданд. Ибораи «занони ашроф» хеле бамаврид аст, зеро дар Мақдуния нисбат ба ҷойҳои дигар занон мавқеу мартабаи баланд доштанд. Онҳо метавонистанд дар сиёсат иштирок кунанд, соҳиби молу мулк бошанд, ҳаққу ҳуқуқи худро дошта бошанд ва бо тиҷорат машғул шаванд. Ба шарофати занҳо ҳатто ҳайкалҳо сохта мешуданд. Монанди Лидия, зани обрӯманд аз шаҳри Филиппӣ, занони бисёри шаҳри Таслӯникӣ, ки дар ҷамъият мавқеи баланд доштанд, хушхабарро қабул карданд. Ин занон шояд аз оилаҳои обрӯманд буданд ё шавҳарони онҳо мансабҳои баландро ишғол мекарданд (Аъмол 16:14, 15; 17:4).
«Аммо яҳудиёне ки имон наоварда буданд, ҳасад бурданд ва чанд нафар нобакоронро аз бозор гирифта, издиҳоме ҷамъ карданд ва шаҳрро ба шӯр оварданд» (Аъмол 17:5). Он нобакорон чӣ гуна инсон буданд? Як олими Китоби Муқаддас онҳоро чун шахсони «фосиқ ва паст» тасвир менамояд. Ӯ илова мекунад: «Аз афташ онҳо аз худи хушхабар ягон нафрат надоштанд, балки онҳоро мисли ҳамаи дигар издиҳоми авбошон ба ҳар гуна зӯроварӣ барангехтан осон буд».
Сипас, барои дастгир кардани Павлусу Сило он издиҳом «ба хонаи Ёсӯн [соҳибхонаи онҳо] тохта, хостанд онҳоро назди ҷамоат берун оваранд». Чун Павлусро наёфтанд, ба ҳокимияти шаҳр муроҷиат карданд. Мо мехонем: «Ёсӯн ва чанд нафар бародаронро назди сардорони шаҳр кашиданд ва дод зада мегуфтанд, ки онҳое ки тамоми оламро зеру забар карданд, ба ин ҷо низ омадаанд» (Аъмол 17:5, 6).
Чун пойтахти Мақдуния, Таслӯникӣ ба дараҷае мустақил буд. Қисми ҳокимияти шаҳрро намояндагони халқ ташкил медоданд, ки онҳо барои нигоҳ доштани тартибу низом дар шаҳр ҷавобгар буданд. «Сардорони шаҳр»b — шахсони олимартабае буданд, ки бояд бетартибиҳои ба амаломадаро ҳал мекарданд. Дар сурате ки онҳо аз ӯҳдаи ин кор намебаромаданд, ҳокимияти Рум ба корҳои шаҳр дахолат мекард ва онро аз имтиёзҳои доштааш маҳрум месохт. Пас, шояд онҳо аз шунидани он ки аз сабаби «вайронкунандагони тартибот» оромии шаҳр зери хатар аст, ба ташвиш омаданд.
Баъдтар, айбдоркунии хеле ҷиддие садо дод: «Онҳо бар хилофи фармоишоти қайсар амал мекунанд ва шахси дигарро, ки Исо ном дорад, подшоҳ медонанд» (Аъмол 17:7). Як маълумотнома ин оятро шарҳ дода мегӯяд, ки суханони одамон ба он ишора мекарданд, ки гӯё Павлус ва ҳамроҳонаш зидди император исён бардоштан мехоҳанд. Сипас он маълумотнома илова мекунад: «Императорҳо дар ҳар гуна вилояту ноҳияҳои забтшуда бе иҷозаташон ба забон овардани номи подшоҳ[–и дигарро] манъ карда буданд». Ҳамчунин он ки румиён Исоро, шахсеро, ки Павлус чун подшоҳ эълон мекард, маҳз чун исёнгар айбдор карда ба қатл расонданд, айбдоркуниҳои бар зидди Павлус равонашударо боз ҳам асосноктар мегардонд (Луқо 23:2).
Ҳокимиятдорони шаҳр ба ташвиш омаданд. Лекин азбаски ягон далели асоснок вуҷуд надошт ва худи айбдоршавандагонро наёфтанд, онҳо «аз Ёсӯн ва дигарон замонат гирифта, онҳоро ҷавоб доданд» (Аъмол 17:8, 9). Замонат шояд ба гаравгон ишора мекунад, ки ба воситаи он Ёсӯн ва дигар масеҳиён кафолат доданд, ки Павлус шаҳрро тарк мекунад ва ба он барнамегардад, то дигар сабабгори чунин бетартибиҳо нашавад. Эҳтимол маҳз бо назардошти ҳамин ҳодиса Павлус гуфт, ки «шайтон ба [ӯ] монеъ шуд», то ба он шаҳр баргардад (1 Таслӯникиён 2:18).
Вазъиятро ба назар гирифта бародарон Павлус ва Силоро шабона ба Бирия равона карданд. Хизмати Павлус дар Бирия низ самаранок буд ва аз ин мухолифони яҳудиаш аз Таслӯникӣ бохабар шуда чунон ба ғазаб омаданд, ки 80 км роҳро тай карда ба Бирия омаданд, то мардумро ба муқобили Павлус шӯр андозанд. Аз омаданаш дере нагузашта Павлус боз маҷбур шуд, ки кӯчад ва ин дафъа ӯ ба Атино (Афина) рафт, лекин бо рафтани ӯ мубориза барои хушхабар хотима наёфт (Аъмол 17:10–14).
Муборизаи ҷамъомади навташкил
Хушбахтона дар Таслӯникӣ ҷамъомад ташкил шуд, лекин ғайр аз муқобилиятҳо он масеҳиён бо озмоишҳои дигар низ рӯ ба рӯ мешуданд. Онҳо дар муҳите, ки одамон ба бутпарастӣ ва бадахлоқӣ дода шуда буданд, зиндагӣ мекарданд ва ин Павлусро ба ташвиш меовард. Чӣ тавр бародаронаш ҳамаи инро паси сар мекарданд? (1 Таслӯникиён 2:17; 3:1, 2, 5).
Масеҳиёни таслӯникӣ медонистанд, ки агар онҳо дигар дар чорабиниҳои ҷамъиятиву динии шаҳр иштирок накунанд, онҳо бо норозигиву муқобилати дӯстони пештараашон рӯ ба рӯ хоҳанд шуд (Юҳанно 17:14). Беш аз ин, Таслӯникӣ аз ибодатгоҳҳои худоёни Юнон ба монанди Зевс, Артамис ва Аполлон ва ҳамчунин аз баъзе худоёни мисрӣ пур буд. Парастиши императорҳо низ хеле инкишоф ёфта буд ва аз ҳамаи шаҳрвандон талаб карда мешуд, ки дар маросимҳои ба он алоқаманд иштирок кунанд. Агар шахс аз иштирок дар он маросимҳо даст мекашид, ин чун исён бар зидди Рум ҳисоб мешуд.
Оқибати бутпарастӣ бадахлоқии ҷинсии даҳшатовар буд. Ибодати худоёни шаҳри Таслӯникӣ аз он ҷумла Кабирес (худои асосии онҳо), Исида (яке аз худоёни Миср), Дионис ва Афродита як чизи умумӣ дошт. Дар ҳамаи онҳо бадахлоқии ҷинсӣ нақши хеле муҳим мебозид. Масалан, дар маросимҳои динии ин худоён ибодаткунандагон бадмастӣ мекарданд ва бо алоқаи ҷинсӣ байни якчанд нафар машғул мешуданд. Ҳамзистии бе ақди никоҳ бо якчанд зан ва фоҳишагӣ авҷ ёфта буд. Барои он одамон бадахлоқии ҷинсӣ гуноҳ ҳисоб намеёфт. Он вақт ҷамъият зери таъсири маданияти Рум қарор дошт ва мувофиқи як маълумотнома дар он «мардону занони зиёде буданд, ки вазифаи онҳо қонеъ кардани ҳар гуна хоҳишҳои шаҳвонии мардуми шаҳр буд. Ва духтурон тавсия медоданд, ки набояд чунин хоҳишҳояшонро дар худ пахш кунанд». Фаҳмост, ки чаро Павлус масеҳиёни он шаҳрро ташвиқ кард, ки аз «зино», «оташи шаҳват» ва «нопокӣ» парҳез кунанд (1 Таслӯникиён 4:3–8).
Дар мубориза ғолибият ба даст оварданд
Ба масеҳиёни таслӯникӣ лозим меомад, ки барои имонашон сахт мубориза баранд. Лекин нигоҳ накарда ба он ки онҳо бо муқобилиятҳою душвориҳо рӯ ба рӯ мешуданду дар муҳити пур аз бутпарастӣ ва бадахлоқии ҷинсӣ зиндагӣ мекарданд, онҳо дар муборизаашон муваффақ шуда тавонистанд. Аз ин рӯ, Павлус онҳоро барои «кори имон», «меҳнати муҳаббат», «сабр» ва барои дар ҳама ҷо хушхабарро фидокорона паҳн карданашон, таърифу таҳсин кард (1 Таслӯникиён 1:3, 8).
Соли 303–и эраи мо дар империяи Рум бар зидди масеҳиён таъқиботҳои бераҳмонае сар заданд. Яке аз ташаббускорони асосии он қайсар Галерий буд, ки дар Таслӯникӣ зиндагӣ мекард. Ӯ он шаҳрро бо биноҳои боҳашамате оро дода буд ва қисмҳои боқимондаи баъзеи онҳоро ҳатто имрӯз дидан мумкин аст.
Имрӯз дар Салоникӣ Шоҳидони Яҳува чун пештара бо кори мавъиза машғуланд. Баъзан онҳо ҳатто дар пеши биноҳои харобшудае, ки он душмани сангдили масеҳиён бино карда буд, мавъиза мекунанд. Ҳарчанд дар давоми асри 20 масеҳиёни он шаҳр бо таъқиботҳои сахт рӯ ба рӯ мешуданд, онҳо мавъизаро давом медоданд. Ҳоло бошад, дар он ҷо тақрибан 60 ҷамъомади фаъоли Шоҳидони Яҳува амал мекунад. Кӯшишҳои ходимони Яҳува нишон медиҳанд, ки мубориза барои паҳн кардани хушхабар, ки якчанд асрҳо пеш сар шуда буд, то ҳол давом дорад ва он бесамар нест.
[Эзоҳҳо]
a Эҳтимол Павлус ба порчаҳои зерин, ки ҳозир чун Забур 21:8; 68:22, Ишаъё 50:6; 53:2–7 ва Дониёл 9:26 шиносанд, ишора намуд.
b Ин ибора дар адабиёти юнонӣ вонамехӯрад. Лекин, дар мавзеи Таслӯникӣ навиштаҷотҳое бо ин ибора ёфт шуданд, ки баъзеи онҳо ба асри яки то эраи мо тааллуқ доранд. Онҳо дуруст будани нақли китоби Аъмолро нишон медиҳанд.
[Харита дар саҳифаи 14]
(Тамоми матнро дар нашрия ҳоҳад ёфт)
Виа Эгнатия
МАҚДУНИЯ
Филиппӣ
Таслӯникӣ
Амфиполис
Бирия
ТАСЛӮНӢ
Баҳри Эгей
АТИНО
[Тасвир дар саҳифаи 16]
Дар боло: таслӯникии имрӯза
Дар поён: манзараи агора (бозори қадима) ва ҳаммоми румӣ дар агора
[Тасвир дар саҳифаи 17]
Ротунда дар назди аркаи галерий; расми қайсар галерий; мавъиза дар назди аркаи галерий
[Тасвир дар саҳифаи 14]
Head medallion: © Bibliothèque nationale de France; stone inscription: Thessalonica Archaeological Museum, copyright Hellenic Ministry of Culture and Tourism
[Тасвир дар саҳифаи 16]
Ду расми дар тарафи чап тасвир шуда (поён): 16th Ephorate of Prehistoric and Classical Antiquities, copyright Hellenic Ministry of Culture and Tourism
[Тасвир дар саҳифаи 17]
Расми дар миёна тасвир шуда: Thessalonica Archaeological Museum, copyright Hellenic Ministry of Culture and Tourism