Барои наврасон
Худое, ки аз беадолатӣ нафрат дорад
Супориш. Ин супоришро дар вазъияти ором иҷро кун. Дар вақти хондани оятҳои Китоби Муқаддас фарз кун, ки ту ҳам дар он ҷо ҳастӣ. Манзараро ба таври зинда тасаввур кун. Ба овозҳо гӯш деҳ. Худро дар ҷои иштирокчиёни асосӣ гузор. Тасаввур кун, ки ҳамаи ин худи ҳозир рӯй дода истодааст.
Иштирокчиёни асосӣ: Аҳъоб, Изобал, Нобӯт ва Илёс.
Нақли кӯтоҳ: Шоҳ Аҳъоб ба фишори Изобал дода шуда бо мақсади ба даст овардани токзори Нобӯт ба одамкушӣ даст зад.
➊ ДАР БОРАИ ВОҚЕАҲО ФИКР КУН. 3 ПОДШОҲОН 21:1–26-РО БИХОН.
Ба фикри ту, ин чор нафар чӣ гуна одамонанд?
Аҳъоб _______
Изобал _______
Нобӯт _______
Илёс _______
Ба фикри ту, дар оятҳои 5–7 Аҳъоб ва Изобал бо кадом оҳанг гап мезананд?
_______
Ояти 13–ро хонда нақл кун, ки ту он вазъиятро чӣ гуна тасаввур мекунӣ?
_______
Ба фикри ту, суханони дар оятҳои 20–26 овардашудаи Илёс ва Аҳъоб бо кадом ҳиссиёт гуфта шудаанд?
_______
2 БОЗ ЧУҚУРТАР ФИКР КУН.
Оятҳои 7 ва 25 кадом хислат(ҳо)и Изобалро маълум месозанд?
Аз ояти 4 мо дар бораи кадом хислат(ҳо)и Аҳъоб мефаҳмем?
_______
Барои ба даст овардани токзор Аҳъоб ба ғайр аз Нобӯт боз киро бояд мекушт? (4 Подшоҳон 9:24–26-ро бихон.)
_______
Аҳъоб дар назари Яҳува чӣ гуна шахс буд? (Боз як бори дигар оятҳои 25 ва 26–ро бихон. Ҳамчунин ба 3 Подшоҳон 16:30–33 нигоҳ кун.)
_______
3 ЧИЗИ ФАҲМИДАГИАТРО БА КОР БАР. НАВИС, КИ ТУ ЧӢ ФАҲМИДӢ...
Дар бораи он ки рафтори беадолатона аз чашми Яҳува пӯшида нест.
_______
Дар бораи он ки Яҳува ба шахсоне, ки бо беадолатӣ рӯ ба рӯ мешаванд, ғамхорӣ мекунад.
_______
Дар бораи он ки чӣ тавр Яҳува Худои адолат буданашро нишон медиҳад. (Такрори Шариат 32:4-ро бихон.) _______
_______
4 БОЗ ЧӢ ТАВР ТУ ИНРО БА КОР БУРДА МЕТАВОНӢ?
Чӣ тавр чунин шуда метавонад, ки имрӯз баъзеҳо рӯҳияеро, ки Изобал нишон медод, зоҳир мекунанд? (Ваҳй 2:18–21-ро бихон.)
_______
Дар кадом ҳолатҳо шояд ба ту лозим ояд, ки мисли Илёс далерӣ нишон диҳӣ?
_______
Вақте ки беадолатиро мушоҳида мекунӣ ё ин ки худат бо он рӯ ба рӯ мешавӣ, ту ба чӣ боварӣ дошта метавонӣ?
_______
5 ДАР ИН НАҚЛ ЧӢ БА ТУ БИСЁРТАР МАЪҚУЛ ШУД ВА ЧАРО?
_______
Инро истифода бар. Тасаввур кун, ки ту дар барномаи телевизионӣ баромад карда воқеаи бо Нобӯт рӯйдодаро ба одамон нақл мекунӣ ва бо иштирокчиёни асосиву шоҳидони ин воқеа саволу ҷавоб мекунӣ. Аъзоёни оила ва дӯстони ту метавонанд нақши иштирокчиёни воқеаро бозанд.
Ба сайти www.jw.org даро
Ин мақоларо фаровир (скачатЬ) ё чоп кун