Барои наврасон
Мусо супориши махсусе мегирад
Супориш. Ин супоришро дар вазъияти ором иҷро кун. Дар вақти хондани оятҳои Китоби Муқаддас фарз кун, ки ту ҳам он ҷо ҳастӣ. Манзараро ба таври зинда тасаввур кун. Ба овозҳо гӯш деҳ. Худро дар ҷои иштирокчиёни асосӣ гузор. Тасаввур кун, ки ҳамаи ин худи ҳозир рӯй дода истодааст.
Иштирокчиёни асосӣ: Яҳува Худо ва Мусо
Нақли кӯтоҳ: Яҳува ба Мусо супориш медиҳад, ки ба исроилиён барои озод шудан аз Миср роҳбарӣ кунад.
1 ДАР БОРАИ ВОҚЕА ФИКР КУН. ХУРУҶ 3:1–14; 4:1–17-РО БИХОН.
Тасвир кун, ки ба назарат буттаи бо оташ фурӯзон чӣ хел намуд дошт.
․․․․․
Дар Хуруҷ 3:4, ба фикрат вақте ки Худо Мусоро ҷеғ мезанад, қиёфаи рӯй ва овози Мусо чӣ хел шуд?
․․․․․
Дар Хуруҷ 3:11, 13 ва 4:1, 10, вақте ки Мусо ба Яҳува якчанд савол медиҳад, ту дар овози Мусо чиро ҳис мекунӣ?
․․․․․
2 БОЗ ЧУҚУРТАР ФИКР КУН.
Бо ёрии адабиётҳои ба ту дастрас таҳқиқ гузарон ва дар бораи ибораи «Ман ҳамоне хоҳам шуд, ки шуданашро мехоҳам» маълумоти бештарро пайдо кун (Хуруҷ 3:14, ТДН). Барои чӣ Яҳува дар ҷавоби саволи Мусо дар бораи номи худаш гап задa?
․․․․․
Ба фикрат, чаро Мусо барои ба пеши фиръавн рафтан ҷуръат надошт? (Калид барои ёфтани ҷавоб: Ададҳо 12:3–ро хон) _______
․․․․․
Ба фикрат, чаро Мусо барои пеши исроилиён рафта гап задан эҳтимол худашро маҷбур кард?
․․․․․
3 ЧИЗИ ФАҲМИДАГИАТРО БА КОР БАР. НАВИС, КИ ТУ ЧӢ ФАҲМИДӢ...
Дар бораи он ки одамон бисёр вақт нисбати худ нобоварӣ ҳис мекунанд. _
․․․․․
Дар бораи он ки Яҳува ба ту ва қобилиятҳои ту боварӣ дорад.
․․․․․
БОЗ ЧӢ ТАВР ТУ ИНРО БА КОР БУРДА МЕТАВОНӢ?
Дар кадом ҷонибҳои ҳаётат ту нисбати худ нобоварӣ ҳис мекунӣ?
․․․․․
Новобаста аз он ки ту ҳама корро наметавонӣ, аз кадом ҷиҳатҳо ту барои Яҳува Худо фоиданок буда метавонистӣ?
․․․․․_
4 ДАР ИН НАҚЛ ЧӢ БА ТУ БИСЁРТАР МАЪҚУЛ ШУД ВА ЧАРО?
․․․․․
Барои ба даст овардани нусхаи электронии ин мақола ё чоп кардани он ба сайти www.jw.org даро
Агар ту Китоби Муқаддас надошта бошӣ метавонӣ ба Шоҳидони Яҳува муроҷиат кунӣ ё аз сайти зерин маълумоти бештар пайдо кунӣ www.watchtower.org
[Эзоҳ]
a Масалан ба Замимаи китоби «Таълимот» ва маҷаллаи «Оилаҳои масеҳӣ, “бедор ва ҳушёр” бошед» (bw510) саҳ. 22 нигоҳ кун.