Аз домҳои Иблис эҳтиёт шавед
«Аз доми иблис раҳоӣ ёбанд» (2 ТИМ. 2:26).
ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?
Агар танқид кардани дигарон ба шумо одат шуда бошад, шумо бояд чӣ кор кунед?
Дар мавриди ба тарсу фишор дода нашудан шумо аз мисоли Пилотус ва Петрус чӣ гуна дарс гирифта метавонед?
Чӣ тавр шумо аз бори аз ҳад гарони ҳисси гунаҳкорӣ раҳо шуда метавонед?
1, 2. Кадом домҳои Иблисро мо дар ин мақола муҳокима мекунем?
ШАЙТОН мекӯшад, ки хизматгорони Яҳуваро ба доми худ кашад. Аммо вай на ҳамеша мисли шикорчие, ки ҳайвони сайдшударо куштан мехоҳад, амал мекунад. Мақсади асосии Иблис ин аст, ки шахси ба домаш афтодаро, «асири иродаи худ» гардонад, яъне ба иҷро кардани хоҳишҳои худ водор созад. (2 Тимотиюс 2:24–26-ро бихонед.)
2 Барои зинда ба зинда сайд кардани ҳайвон шикорчӣ метавонад аз намудҳои гуногуни дом истифода барад. Ӯ тавре мекунад, то сайдаш ба ҷое равад, ки дастгир кардани вай осон мегардад. Ва ё шикорчӣ домро тарзе пинҳон мекунад, ки сайдаш онро пай бурда натавонад. Мисли ин, Иблис домҳои гуногунеро истифода мебарад, то хизматгорони Худоро зинда ба зинда шикор кунад. Агар ба доми Иблис афтодан нахоҳем, мо бояд нисбати нишонаҳои огоҳкунандае, ки дар куҷо будани домҳои Шайтонро маълум месозанд, бодиққат бошем. Дар ин мақола мо се доми Иблисро, ки барои сайд кардани одамон истифода мебарад, дида мебароем. Ин домҳо 1) забони боздоштанашаванда, 2) тарс ва фишор, ва 3) бори аз ҳад гарони ҳисси гунаҳкорӣ мебошанд. Дар мақолаи навбатӣ мо ду доми дигари Шайтонро муҳокима мекунем.
ХОМӮШ КАРДАНИ ОТАШИ ЗАБОНИ БОЗДОШТАНАШАВАНДА
3, 4. Забони боздоштанашаванда ба чӣ оварда расонида метавонад? Мисол оред.
3 Вақте ки ҳайвонҳо дар ҷангаланд, онҳо дар бехатарӣ мебошанд. Шикорчӣ метавонад як қисми ҷангалро сӯзонад, то ки ҳайвонҳо паноҳгоҳашонро тарк кунанд. Он гоҳ ӯ онҳоро сайд карда метавонад. Дар ҷамъомади масеҳӣ бародарону хоҳарон аз хатар эминанд. Ба маънои рамзӣ Шайтон мехоҳад, ки дар ҷамъомад оташ даргиронад, то аъзоёнаш онро тарк кунанд. Он гоҳ Иблис онҳоро сайди худ мегардонад. Чӣ тавр чунин шуда метавонад, ки мо худамон нафаҳмида ба корҳои Иблис шарик мешавем, яъне ба доми вай меафтем?
4 Яке аз шогирдони Исо, Яъқуб, забонро ба оташ монанд кард. (Яъқуб 3:6–8-бихонед.) Агар мо забони худро идора накунем, мо метавонем, ба маъное дар ҷамъомад оташ даргиронем. Чӣ тавр чунин рӯй дода метавонад? Мисоли зеринро дида мебароем. Дар вохӯрии ҷамъомад эълон мешавад, ки як хоҳар пешрави доимӣ шудааст. Баъди вохӯрӣ ду хоҳарон он эълонро байни худ муҳокима мекунанд. Яке хурсандӣ мекунад ва ба пешрави нав муваффақият мехоҳад. Дигарӣ бошад, ниятҳои неки пешрави навро зери шубҳа мегузорад ва мегӯяд, ки хоҳар танҳо худнамоӣ кардан мехоҳад. Кадоме аз ин воизонро шумо чун дӯсти худ дидан мехоҳед? Фаҳмидани он душвор нест, ки кадоме аз онҳо ба воситаи забони худ дар ҷамъомад оташ даргиронда истодааст.
5. Барои хомӯш кардани оташи забони боздоштанашаванда мо бояд чӣ кор кунем?
5 Чӣ тавр мо оташи забони боздоштанашавандаамонро хомӯш карда метавонем? Исо гуфт: «Забон аз пурии дил сухан мегӯяд» (Мат. 12:34). Пас, қадами аввал — ин тафтиш кардани дили худ мебошад. Оё мо ҳиссиёти бадеро, ки сабаби суханони танқидомез мешаванд, дар худ пахш мекунем? Масалан, вақте мо мефаҳмем, ки бародаре дар ҷамъомад ба ягон намуди махсуси хизмат ё таъинот кӯшиш мекунад, оё мо ниятҳои поки ӯро зери шубҳа мегузорем? Агар ин ба мо одат шуда бошад, мо бояд дар хотир дорем, ки Иблис ниятҳои хизматгори содиқи Худо, Айюбро, зери шубҳа гузошта буд (Айюб 1:9–11). Ба ҷои нисбати бародар бадгумонӣ ё нобоварӣ доштан, хуб мебуд, то бифаҳмем, ки чаро мо ба ӯ чунин муносибат мекунем. Оё мо барои ин сабаби асоснок дорем? Ва ё дили мо аз рӯҳияи номеҳрубонӣ, ки дар ин рӯзҳои охирзамон паҳн гаштааст, заҳролуд шудааст? (2 Тим. 3:1–4).
6, 7. а) Баъзе сабабҳое, ки чаро мо ба дигарон танқидомез муносибат карда метавонем, кадоманд? б) Мо бояд ба бадгӯиҳо чӣ тавр ҷавоб диҳем?
6 Биёед баъзе сабабҳои дигарро, ки чаро мо ба дигарон танқидомез муносибат карда метавонем, дида бароем. Яке аз ин сабабҳо он аст, ки мо муваффақиятҳои худро ба дигарон бештар маълум сохтан мехоҳем. Дар асл, мо гӯё кӯшиш мекунем, ки дигаронро паст зада худро баландтар гирем. Ё шояд мо дар хизмат кори аз дастамон меомадаро намекунем ва аз ин сабаб худро сафед карданӣ мешавем. Новобаста аз он ки ғурур, ҳасад ё ҳиссӣ нобоварӣ ба қобилиятҳои худ моро ба танқидкунӣ водор месозад, оқибатҳои он зарароваранд.
7 Шояд мо фикр мекунем, ки барои танқид кардани касе асос дорем. Эҳтимол як вақтҳо мо аз забони боздоштанашавандаи он шахс зарар дида будем. Агар чунин шуда бошад ҳам, дар ҷавоб ин гуна рафтор кардан, нодуруст мебуд. Бо ин корамон мо ба оташ равған мерезем ва аз рӯи иродаи Иблис рафтор мекунем, на мувофиқи иродаи Худо (2 Тим. 2:26). Дар ин маврид ба Исо пайравӣ намудан дуруст мебуд. Вақте ки нисбати Исо бадгӯӣ мекарданд, ӯ «ҷавобан бадгӯӣ намекард». Баръакс, ӯ худро «ба Довари Одил месупурд» (1 Пет. 2:21–23). Исо боварӣ дошт, ки Яҳува дар ин бора дар вақти мувофиқ ва тавре ки лозим медонад, ғамхорӣ хоҳад кард. Мо низ бояд мисли Исо ба Худо чунин боварӣ дошта бошем. Агар қобилияти суханрониамонро барои шифо додани дигарон истифода барем, ҳамин тавр мо ба нигоҳ доштани сулҳу ягонагӣ дар ҷамъомад мусоидат мекунем. (Эфсӯсиён 4:1–3-ро бихонед.)
БА ДОМИ ТАРСУ ФИШОР НААФТЕД
8, 9. Чаро Пилотус Исоро маҳкум кард?
8 Ҳайвони ба дом афтода дигар мисли пештара ҳаракат карда наметавонад. Мисли ин, агар шахс роҳ диҳад, ки тарсу фишор ба ӯ таъсир расонад, он гоҳ ҳаёташ пурра дар ихтиёри ӯ нест. (Масалҳо 29:25–ро бихонед.) Биёед мисоли ду марди гуногунро, ки гузоштанд, то фишор ва тарс ба онҳо таъсир расонанд, дида бароем ва бифаҳмем, ки мо аз воқеаҳои бо онҳо рӯйдода чӣ дарсе гирифта метавонем.
9 Ҳокими румӣ, Понтиюс Пилотус, медонист, ки Исо шахси бегуноҳ аст ва аз ин рӯ ба ӯ зарар расондан намехост. Пилотус ҳатто гуфт, ки дар Исо ягон кори «сазовори марг ёфт нашудааст». Лекин ба ин нигоҳ накарда ӯ Исоро ба марг маҳкум кард. Чаро? Зеро ӯ роҳ дод, ки фишори издиҳоми мардум бар ӯ ғолиб ояд (Луқ. 23:15, 21–25). Мухолифон бо мақсади ба қатл расонидани Исо ба Пилотус фишор оварда гуфтанд: «Агар Ӯро озод кунӣ, дӯсти қайсар нестӣ» (Юҳ. 19:12). Шояд Пилотус тарсид, ки агар Исоро озод кунад, ӯ метавонад мавқеи доштааш ё ҳатто ҳаёташро аз даст диҳад. Аз ин сабаб, вай ба фишор дода шуда иродаи Иблисро иҷро кард.
10. Чаро Петрус гуфт, ки Масеҳро намешиносад?
10 Петруси ҳавворӣ яке аз дӯстони наздиктарини Исо буд. Ӯ дар назди ҳама Исоро чун Масеҳ эътироф кард (Мат. 16:16). Ҳатто вақте ки дигар шогирдон маънои суханони Исоро нафаҳмида ӯро тарк карданд, Петрус ба ӯ содиқ монд (Юҳ. 6:66–69). Ғайр аз ин, вақте ки душманон барои дастгир кардани Исо омаданд, Петрус шамшер кашид, то Устодашро муҳофизат кунад (Юҳ. 18:10, 11). Аммо, дертар Петрус ба тарс дода шуд ва ҳатто гуфт, ки ӯ Исои Масеҳро намешиносад. Дар як муддати кӯтоҳ ҳавворӣ ба доми одамтарсӣ афтод ва гузошт, ки ин тарс ӯро аз рафтори дурусте, ки далерӣ талаб мекард, боздорад (Мат. 26:74, 75).
11. Чӣ тавр мо ба таъсироти манфӣ муқобилат карда метавонем?
11 Чун масеҳиён ба мо лозим аст, ки ба фишори кардани корҳои ба Худо номақбул муқобилат кунем. Сарвари корхона ё дигарон метавонанд моро маҷбур созанд, ки ноинсофӣ кунем ё барангезанд, ки бадахлоқии ҷинсӣ содир кунем. Ба масеҳиёне, ки дар мактаб мехонанд, шояд ҳамсинфонашон фишор оранд, то онҳо дар вақти имтиҳонҳо ба ҳиллаву найранг роҳ диҳанд, порнография тамошо кунанд, носу сигор кашанд, нашъа истеъмол кунанд, аз машруботи спиртӣ суиистифода баранд ё ба бадахлоқии ҷинсӣ даст зананд. Пас, чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба доми одамтарсӣ наафтем ва ба фишори кардани кори ба Яҳува номақбул дода нашавем?
12. Мо аз мисоли Пилотус ва Петрус чӣ меомӯзем?
12 Биёед дида бароем, ки мо аз мисолҳои Пилотус ва Петрус чӣ омӯхта метавонем. Пилотус дар бораи Масеҳ дониши кам дошт. Ӯ медонист, ки Исо бегуноҳ аст ва шахси оддӣ нест. Лекин ба Пилотус фурӯтанӣ ва муҳаббат ба Худои ҳақиқӣ намерасид. Аз ин рӯ, Иблис ба осонӣ ӯро ба доми худ кашид. Петрус ҳам дониши дақиқ дошт ва ҳам муҳаббат ба Худо. Нигоҳ накарда ба ин ҳолатҳое буданд, ки ба ӯ хоксорӣ намерасид ва ӯ ба одамтарсӣ ва фишор дода шуда буд. Пеш аз дастгир кардани Исо Петрус худбоварона гуфт: «Агар ҳама ба васваса афтанд ҳам, ман намеафтам» (Марқ. 14:29). Петрус ба озмоишҳои дар пешбуда хубтар тайёр мебуд, агар рӯҳияи ӯ ба рӯҳияи забурнависе, ки ба Худо такя карданашро бо суханони зерин изҳор кард, монанд мебуд: «Худованд бо ман аст, нахоҳам тарсид: одамизод ба ман чӣ метавонад бикунад?» (Заб. 117:6). Шаби охирини ҳаёти заминиаш Исо Петрус ва ду ҳаввории дигарашро ҳамроҳи худ ба боғи Ҷатсамонӣ бурд ва аз онҳо хоҳиш кард, ки ҳушёру бедор бошанд, лекин онҳо ҳушёр монда натавонистанд. Онҳоро хуфта дида Исо гуфт: «Бедор бошед ва дуо гӯед, то ба озмоиш дучор нашавед; рӯҳ бардам аст, лекин ҷисм нотавон» (Марқ. 14:38). Вале ин дафъа ҳам Петрус ҳушёр намонд ва баъдтар ба тарсу фишор дода шуд.
13. Чӣ тавр мо метавонем ба фишор муқобилат кунем, то ба корҳои бад даст назанем?
13 Мо аз мисоли Пилотус ва Петрус боз як дарси муҳиме гирифта метавонем. Муваффақият дар муқобилат кардан ба фишор аз якчанд омилҳо вобаста аст: дониши дақиқ, фурӯтанӣ, хоксорӣ, муҳаббат ба Худо ва худотарсӣ, на одамтарсӣ. Агар имони мо дар дониши дақиқ асос ёбад, мо дар бораи он бо далерӣ ва эътимоди қавӣ гап мезанем. Ин ба мо кӯмак мекунад, ки ба фишор муқобилат кунем ва бар одамтарсӣ ғолиб оем. Албатта мо набояд ҳеҷ гоҳ худбовар бошем. Ба ҷои ин, мо бояд фурӯтанона дарк кунем, ки барои тоб овардан ба фишор мо ба қувваи Яҳува мӯҳтоҷем. Ба мо лозим аст, ки дар дуо аз Яҳува рӯҳулқудс пурсем. Ҳамчунин муҳаббат ба Ӯ бояд моро барангезад, ки аз рӯи меъёрҳои Ӯ зиндагӣ кунем ва ба корҳое, ки номи Ӯро доғдор карда метавонанд, даст назанем. Беш аз ин, хуб мебуд, ки пеш аз дучоршавӣ ба озмоишҳо ба онҳо тайёрӣ бинем. Масалан, мо бояд бо фарзандонамон дуо гӯем ва якҷоя тайёрӣ бинем, то ки агар ҳамсолонашон онҳоро ба кардани кори нодуруст водор кунанд, онҳо чӣ гуна рафтор карданашонро донанд (2 Қӯр. 13:7)a.
АЗ БОРИ АЗ ҲАД ГАРОНИ ҲИССИ ГУНАҲКОРӢ РАҲО ШАВЕД
14. Дар алоқамандӣ бо гуноҳҳои содиркардаамон Иблис моро ба кадом фикр тела додан мехоҳад?
14 Баъзан шикорчӣ барои сайди ҳайвон аз бори вазнин, масалан аз шохи дарахт ё санг дом месозад. Ӯ борро бо банде ба шохи дарахт овезон мекунад. Вақте ки ҳайвони бехабар ба банди дар замин мондашуда бармехӯрад, ин сабаби он мешавад, ки бори гарон афтода ҳайвонро аз пой меафтонад. Бори аз ҳад гарони ҳиссӣ гунаҳкориро ба ҳамон бори вазнин монанд кардан мумкин аст. Вақте ки мо дар бораи хатогиҳои пештараамон фикр мекунем, шояд худро «бағоят бемадор ва шалпар» ҳис кунем. (Забур 37:4–6, 9-ро бихонед.) Иблис мехоҳад, то мо фикр кунем, ки гӯё мо чунон гунаҳкорем, ки ба раҳмдилии Яҳува сазовор нестем ва ба талаботҳои Ӯ мувофиқат карда наметавонем.
15, 16. Барои раҳо шудан аз бори аз ҳад гарони ҳисси гунаҳкорӣ шумо чӣ кор карда метавонед?
15 Чӣ тавр шумо аз доме, ки аз по меафтонад, раҳо шуда метавонед? Агар гуноҳи ҷиддие содир карда бошед, шумо бояд чора андешед, то ки дӯстиатонро бо Яҳува барқарор кунед. Аз пирон кӯмак пурсед (Яъқ. 5:14–16). Барои ислоҳ кардани хатогиатон ҳар кори аз дастатон меомадаро кунед (2 Қӯр. 7:11). Агар нисбати шумо чораҳои ислоҳкунанда андешида шаванд, рӯҳафтода нашавед, зеро ин нишонаи он аст, ки Яҳува шуморо дӯст медорад (Ибр. 12:6). Бо иродаи қавӣ бикӯшед, ки дигар корҳоеро, ки сабаби содир кардани гуноҳ гаштанд, такрор накунед. Агар шумо тавба карда ислоҳ шавед, шумо боварӣ дошта метавонед, ки дар асоси қурбонии фидияи Исои Масеҳ гуноҳҳоятон бахшида мешаванд (1 Юҳ. 4:9, 14).
16 Баъзе шахсон ҳатто баъди омурзида шудани гуноҳҳояшон худро гунаҳкор ҳис мекунанд. Агар шумо дар чунин ҳолат бошед, дар хотир доред, ки Яҳува Петрус ва дигар ҳаввориёнро нигоҳ накарда ба он ки онҳо Писари маҳбубашро дар лаҳзаҳои душвортарини ҳаёташ партофта рафтанд, бахшида буд. Яҳува шахсеро, ки аз ҷамъомади шаҳри Қӯринт барои бадахлоқии даҳшатангезаш хориҷ шуда буду лекин баъдтар пушаймон шуд, бахшид (1 Қӯр. 5:1–5; 2 Қӯр. 2:6–8). Аз Каломи Худо мо дар бораи шахсоне мехонем, ки онҳо гуноҳи хеле ҷиддӣ содир карданд, лекин аз сабаби тавба карданашон Худо онҳоро бахшида буд (2 Вақ. 33:2, 10–13; 1 Қӯр. 6:9–11).
17. Ба туфайли фидия ба мо чӣ имконпазир мешавад?
17 Агар шумо аз таҳти дил тавба карда бовар кунед, ки Яҳува ба шумо раҳмдилӣ зоҳир мекунад, Ӯ гуноҳҳои дар гузашта содиркардаатонро мебахшад ва фаромӯш мекунад. Ҳеҷ гоҳ фикр накунед, ки қурбонии фидияи Исо гуноҳҳои шуморо рӯпӯш карда наметавонад. Агар шумо чунин фикр кунед, ин маънои онро дошта метавонад, ки шумо ба яке аз домҳои Шайтон афтодаед. Вай мехоҳад, то шумо бовар кунед, ки фидия барои аз тарафи Яҳува бахшида шудани ҳамаи гуноҳҳо кофӣ нест. Лекин дар асл гуноҳи касоне, ки тавба мекунанд, омурзида хоҳанд шуд (Мас. 24:16). Имон ба фидия метавонад он санги вазнинеро, яъне бори аз ҳад гарони гунаҳкориро, ки бар дӯши шумо афтодааст, бардорад ва ба шумо қувват бахшад, ки бо тамоми дил, ҳуш ва ҷони худ ба Худо хизмат кунед (Мат. 22:37).
МО АЗ ДОМҲОИ ШАЙТОН БЕХАБАР НЕСТЕМ
18. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ба домҳои Иблис наафтем?
18 Барои Шайтон фарқ надорад, ки чӣ тавр мо ба доми вай меафтем. Чизе, ки вай мехоҳад, ин аст, ки моро сайд кунад ва ба иҷро кардани иродааш маҷбур созад. Мо аз нақшаҳои Шайтон бехабар нестем, аз ин рӯ, мо аз домҳои вай дурӣ ҷуста метавонем (2 Қӯр. 2:10, 11). Мо ба домҳои вай намеафтем, агар барои дар озмоишҳо истодагарӣ кардан дар дуо аз Яҳува хирад пурсем. Яъқуби шогирд чунин навишта буд: «Агар касе аз шумо аз ҳикмат камӣ дошта бошад, бигзор талаб кунад аз Худое ки ба ҳама бо саховат ва бе сарзаниш ато менамояд,— ва ба вай ато хоҳад шуд» (Яъқ. 1:5). Агар мо хоҳем, ки Яҳува барои дар озмоишҳо истодагарӣ кардан ба мо хирад диҳад, мо бояд мунтазам омӯзиши шахсӣ гузаронем ва принсипҳои Каломи Худоро дар ҳаёт истифода барем. Адабиётҳои синфи ғуломи мӯътамад ва доно моро аз домҳои Иблис огоҳ месозанд ва барои ба онҳо наафтодан кӯмак мекунанд.
19, 20. Чаро мо бояд аз чизҳои бад нафрат кунем?
19 Дуо ва омӯзиши Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунад, ки чизҳои хубро дӯст дорем. Ба мо ҳамчунин зарур аст, ки нисбати чизҳои бад нафрат инкишоф диҳем (Заб. 96:10). Мо хоҳишҳои худхоҳонаро дар худ пахш карда метавонем, агар дар бораи оқибатҳои бади он мулоҳиза ронем (Яъқ. 1:14, 15). Вақте ки мо нафрат кардан аз чизҳои бад ва дӯст доштани чизҳои хубро ёд мегирем, чизе, ки Шайтон дар домҳояш мегузорад, бароямон нафратовар хоҳад буд; он дигар моро сӯи худ ҷалб намекунад.
20 То чӣ андоза миннатдорем мо, ки Худо кӯмак мекунад, то Шайтон моро ба домҳои худ кашида натавонад! Тавассути рӯҳулқудс, Калом ва ташкилоташ Яҳува моро «аз иблис раҳоӣ» медиҳад (Мат. 6:13). Дар мақолаи навбатӣ мо мефаҳмем, ки чӣ тавр ба ду доми дигаре, ки Иблис барои сайд кардани ходимони Худо моҳирона истифода мебарад, наафтем.
[Эзоҳ]
a Ба волидон лозим аст, ки бо фарзандонашон нақшаи «Рафтори ман ҳангоми дучоршавӣ бо фишор»–ро аз китоби «Саволҳои ҷавонон. Маслиҳатҳои амалӣ» (рус.) ҷилди 2, саҳ. 132, 133 дида бароянд. Ин маълумотро дар Шоми ибодати оилавӣ истифода бурдан мумкин аст.
[Тасвир дар саҳифаи 21]
Забони боздоштанашаванда метавонад дар ҷамъомад оташ даргиронад
[Тасвир дар саҳифаи 24]
Шумо аз бори аз ҳад гарони ҳисси гунаҳкорӣ раҳо шуда метавонед