ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w12 15.8. саҳ. 25-29
  • Ба домҳои Шайтон наафтед!

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Ба домҳои Шайтон наафтед!
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЧИЗПАРАСТӢ — ДОМЕ, КИ ПАХШ МЕКУНАД
  • ХИЁНАТИ ҲАМСАРӢ — ЧОҲИ ХУБ ПИНҲОНШУДА
  • Шумо бар Шайтон ғолиб омада метавонед!
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • Аз домҳои Иблис эҳтиёт шавед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
w12 15.8. саҳ. 25-29

Ба домҳои Шайтон наафтед!

«Ба дасисаҳои иблис муқобилат намоед» (ЭФС. 6:11).

[Тасвир дар саҳифаи 25]

ШУМО ЧӢ ТАВР ҶАВОБ МЕДОДЕД?

Чӣ тавр хизматгорони Яҳува аз доми чизпарастӣ дурӣ ҷуста метавонанд?

Чӣ ба масеҳиёни оиладор кӯмак мекунад, ки ба «чоҳи» хиёнат наафтанд?

Чаро шумо фикр мекунед, ки ҳеҷ гоҳ ба чизпарастӣ ва бадахлоқии ҷинсӣ дода нашудан манфиатбахш аст?

1, 2. а) Чаро Шайтон ба тадҳиншудагон ва «гӯсфандони дигар» раҳм надорад? б) Кадом домҳои Шайтонро мо дар ин мақола дида мебароем?

ШАЙТОН ИБЛИС ба одамон, хусусан ба хизматгорони Яҳува, раҳм надорад. Вай ҳатто бо бақияи тадҳиншудагон ҷанг бурда истодааст (Ваҳй 12:17). Ин масеҳиёни содиқ кори мавъизаи Салтанатро сарварӣ мекунанд ва мири ин ҷаҳон будани Шайтонро ошкор месозанд. Иблис ҳамчунин аз «гӯсфандони дигар», ки тадҳиншудагонро дастгирӣ мекунанд ва ба ҳаёти ҷовидона умед доранд, нафрат дорад (Юҳ. 10:16). Охир худи вай чунин имкониятро аз даст додааст. Пас, тааҷҷубовар нест, ки чаро вай дар ғазаб аст! Ба Шайтон фарқ надорад, ки мо умеди осмонӣ дорем ё заминӣ, вай аз мо нафрат дорад. Мақсади вай — ба доми худ кашидани мо аст (1 Пет. 5:8).

2 Барои ба ин мақсад расидан, Шайтон ҳар гуна домҳоро истифода мебарад. Азбаски вай ақли аксарияти одамонро кунд кардааст, онҳо хушхабарро қабул намекунанд ва домҳои вайро намебинанд. Лекин, ҳатто баъзе касоне, ки хабари Салтанатро қабул карданд, ба домҳои Шайтон афтода метавонанд (2 Қӯр. 4:3, 4). Дар мақолаи гузашта мо дида баромадем, ки чӣ тавр ба се доми зерини Шайтон наафтем: 1) забони боздоштанашаванда, 2) тарс ва фишор, ва 3) бори аз ҳад гарони ҳисси гунаҳкорӣ. Биёед ҳоло ду доми дигари Шайтон — чизпарастӣ ва васвасаи содир кардани хиёнати ҳамсариро муҳокима намоем.

ЧИЗПАРАСТӢ — ДОМЕ, КИ ПАХШ МЕКУНАД

3, 4. Чӣ тавр «ташвишҳои зиндагӣ» метавонанд моро ба чизпарастӣ барангезанд?

3 Дар як масалаш Исо дар бораи тухми дар миёни хорҳо кошташуда сухан ронд. Ӯ ишора намуд, ки шахс метавонад каломро шунавад, «лекин андешаҳои дунёӣ [«ташвишҳои зиндагӣ», ТДН] ва ҳирси сарват каломро пахш мекунад ва он бесамар мегардад» (Мат. 13:22). Бале, чизпарастӣ яке аз домҳоест, ки душмани мо, Шайтон истифода мебарад.

4 Мувофиқи суханони Исо ду чизе ҳаст, ки дар якҷоягӣ «каломро пахш» мекунанд. Омили якум ин — «ташвишҳои зиндагӣ» мебошад. Дар ин «замонҳои сахт» чизҳое, ки шахсро ба ташвиш оварда метавонанд, хеле зиёданд (2 Тим. 3:1). Аз сабаби баландшавии нархҳо ё норасоии ҷои кор шояд шумо рӯзғори худро базӯр нӯг ба нӯг мерасонед. Эҳтимол шумо ҳамчунин дар бораи оянда ғам мехӯред ва фикр мекунед: «Оё ман баъди ба нафақа баромадан зиндагиамро пеш бурда метавонам?» Баъзеҳо дар бораи ин чизҳо бисёр ташвиш кашида аз паи ба даст овардани боигарӣ шуданд, зеро ба гумонашон пул он душвориҳоро ҳал карда метавонад.

5. Чӣ тавр «ҳирси сарват» моро гумроҳ карда метавонад?

5 Исо баъд ба омили дуввум — «ҳирси сарват» ишора намуд. Он дар якҷоягӣ бо ташвишҳои зиндагӣ каломро пахш карда метавонад. Рост аст, ки Китоби Муқаддас мегӯяд, ки кас метавонад «дар сояи нуқра» бошад, яъне пул ӯро муҳофизат карда метавонад (Воиз 7:12). Лекин, аз паи сарвату боигарӣ шудан аз рӯи хирад нест. Бисёриҳо дарк карданд, ки чӣ қадаре ки онҳо аз паи ба даст овардани сарват шаванд, ҳамон қадар бештар чизпарастӣ онҳоро ба доми худ мекашад. Баъзеҳо ҳатто ғуломи сарват гаштанд (Мат. 6:24).

6, 7. а) Кадом ҳолат дар ҷои коратон дар шумо хоҳиши бой шуданро пайдо карда метавонад? б) Вақте ки аз масеҳӣ берун аз соатҳои корӣ кор карданро хоҳиш мекунанд, ӯ бояд дар бораи чӣ фикр кунад?

6 Шояд кас худаш нафаҳмида аз паи сарвату боигарӣ шавад. Масалан, фарз кунед, ки бо шумо чунин ҳолат рӯй медиҳад. Сарвари корхона ба шумо мегӯяд: «Ман як хабари хуш дорам! Ба корхонаи мо як лоиҳаи калон супорида шуд. Аз ин рӯ, дар тӯли якчанд моҳ берун аз соатҳои корӣ кор кардан лозим меояд. Лекин ман ваъда медиҳам, ки ту аз музди он розӣ хоҳӣ шуд». Шумо дар бораи ин пешниҳод чӣ фикр мекардед? Албатта, аз ҷиҳати моддӣ таъмин кардани оила ин вазифаи ҷиддӣ аст, вале ин ягона масъулияти шумо нест (1 Тим. 5:8). Масалан, саволҳои зеринро ба назар гирифтан муҳим аст. Ба шумо дар тӯли чанд вақт берун аз соатҳои корӣ кор кардан лозим меояд? Оё чунин реҷа ба корҳои рӯҳонии шумо, аз он ҷумла ташрифорӣ ба ҷамъомад ва гузаронидани Шоми ибодати оилавӣ халал мерасонад?

7 Қарори худро баркашида дар бораи он фикр кунед, ки чӣ барои шумо аз ҳама муҳим аст — даромади иловагӣ ё муносибатҳои бо Яҳува доштаатон? Оё хоҳиши ба даст овардани пули зиёд ба шумо барои дар ҷои аввали ҳаёти худ гузоштани манфиатҳои Салтанат монеа намешавад? Оё шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр чизпарастӣ ба шумо таъсир карда метавонад, агар шумо ба саломатии рӯҳонии худатону оилаатон беэътиноӣ кунед? Агар шумо ҳис кунед, ки чунин хатар ба шумо таҳдид карда истодааст, чӣ тавр шумо аз доми чизпарастӣ, ки каломро дар дил пахш мекунад, дурӣ ҷуста метавонед? (1 Тимотиюс 6:9, 10–ро бихонед.)

8. Мулоҳиза оиди кадом намунаҳои Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунанд, ки тарзи ҳаётамонро тафтиш кунем?

8 Агар шумо хоҳед, ки ба доми чизпарастӣ наафтед, шумо бояд вақт аз вақт тарзи ҳаёти худро тафтиш кунед. Шумо албатта ҳеҷ гоҳ ба Эсов, ки нисбати чизҳои рӯҳонӣ беэътиноӣ нишон дод, монанд шудан намехоҳед (Ҳас. 25:34; Ибр. 12:16). Ҳамчунин шумо бешубҳа намехоҳед, то ба он марди сарватманд, ки Исо пешниҳод кард, ки дороиашро фурӯхта ба камбағалон тақсим кунад ва ӯро пайравӣ намояд, монанд бошед. Лекин ба ҷои даъвати Исоро қабул кардан, он мард «ғамгин шуда, рафт, чунки молу мулки бисёр дошт» (Мат. 19:21, 22). Ба доми сарвату боигарӣ афтода он мард имконияти бузург, яъне имконияти пайрави бузургтарин инсони ҳар давру замон шуданро, аз даст дод! Эҳтиёт бошед, ки имтиёзи пайрави Исои Масеҳ буданро аз даст надиҳед.

9, 10. Фаҳмонед, ки нуқтаи назари Китоби Муқаддас ба чизҳои моддӣ чӣ гуна аст.

9 Барои дар бораи чизҳои моддӣ ташвиш нахӯрдан, лозим аст, ки ба насиҳати зерини Исо гӯш диҳед: «Ғамхорӣ накунед ва нагӯед: “Чӣ бихӯрем?” ё: “Чӣ бинӯшем?” ё: “Чӣ бипӯшем?” Чунки халқҳо дар ҷустуҷӯи ҳамаи ин чизҳо мебошанд, лекин Падари шумо, ки дар осмон аст, медонад, ки шумо ба ҳамаи ин чизҳо эҳтиёҷ доред» (Мат. 6:31, 32; Луқ. 21:34, 35).

10 Агар мо ба доми фиребандаи чизпарастӣ афтодан нахоҳем, мо бояд мисли яке аз нависандагони Китоби Муқаддас, Огур, мулоҳиза ронем. Ӯ аз Худо хоҳиш кард: «Бенавоӣ ва сарватро ба ман надеҳ, ризқу рӯзӣ ба ман бирасон» (Мас. 30:8). Бешубҳа, Огур мефаҳмид, ки пул муҳофизат карда метавонад, лекин ҳамзамон ӯ дарк менамуд, ки сарват қувваи фиребанда дорад. Мо низ бояд дарк кунем, ки ташвишҳои зиндагӣ ва қувваи фиребандаи сарват метавонанд ба шикасти рӯҳонӣ оварда расонанд. Дар бораи чизҳои моддӣ аз ҳад ташвиш хӯрдан, метавонад вақту қуввати шуморо бидуздад ва хоҳиши дар ҷои аввали ҳаёти худ гузоштани манфиатҳои Салтанатро дар шумо пахш кунад. Аз ин рӯ, бо қатъият кӯшиш кунед, ки Шайтон шуморо ба доми чизпарастӣ накашад! (Ибриён 13:5–ро бихонед.)

ХИЁНАТИ ҲАМСАРӢ — ЧОҲИ ХУБ ПИНҲОНШУДА

11, 12. Чӣ тавр масеҳӣ дар ҷои кор ба доми хиёнати ҳамсарӣ афтода метавонад?

11 Шикорчиёне, ки ягон ҳайвони калонро сайд кардан мехоҳанд, барои ин метавонанд дар сари роҳи ҳайвон чоҳ кобанд. Онҳо одатан он чоҳро бо қабати тунуки хасу хок рӯпӯш мекунанд. Яке аз васвасаҳоро, ки Шайтон дар истифодаи он хеле муваффақ аст, ба чоҳи хуб пинҳоншуда монанд кардан мумкин аст. Ин дом — бадахлоқии ҷинсӣ мебошад (Мас. 22:14; 23:27). Баъзе масеҳиён ба он дом афтоданд, зеро ба ҳолатҳое роҳ доданд, ки дар онҳо ба васвасаи бадахлоқии ҷинсӣ дода шудан осон буд. Баъзе ҳамсарони масеҳӣ баъд аз инкишоф додани муносибатҳои ошиқонаи нораво ба хиёнат даст заданд.

12 Муносибатҳои ошиқонаи нораво метавонанд дар ҷои кори шумо сар зананд. Мувофиқи тадқиқоте беш аз нисфи занҳои ба хиёнати ҳамсарӣ дастзада ва аз 4 мардони хиёнаткарда 3 нафарашон бо ҳамкорони худ муносибатҳои нораво инкишоф доданд. Оё кори шумо талаб мекунад, ки бо шахсони ҷинси муқобил ҳамкорӣ кунед? Агар ҳа, муносибати шумо бо онҳо чӣ гуна аст? Оё шумо дар муносибатҳоятон маҳдудият мегузоред, то ки онҳо аз доираи муносибатҳои корӣ берун набароянд? Масалан, баъди он ки хоҳар бо марди ҳамкораш зуд–зуд сӯҳбатҳои дӯстона мекунад, ӯ метавонад ба он мард дилашро холӣ кунад ва ҳатто дар бораи душвориҳои оилавиаш ба ӯ нақл кунад. Дар ҳолати дигар, вақте ки бародаре бо зане, ки ҳамкори ӯст, муносибатҳои дӯстона пайдо мекунад, шояд дар ӯ чунин фикрҳо пайдо шаванд: «Ин зан нуқтаи назари маро ба инобат мегирад ва вақте ки ман бо ӯ гап мезанам, ӯ дар ҳақиқат маро гӯш мекунад. Ҳамчунин ӯ маро қадр мекунад. Кошки занам бо ман чунин муносибат мекард!» Оё шумо мебинед, ки чӣ тавр дар чунин ҳолатҳо ба масеҳиён содир кардани хиёнати ҳамсарӣ осон буда метавонад?

13. Чӣ тавр муносибатҳои ошиқонаи нораво метавонанд дар ҷамъомад сар зананд?

13 Муносибатҳои ошиқонаи нораво ҳатто дар ҷамъомад сар зада метавонанд. Биёед мисоли як ҷуфти масеҳиро дида бароем. Дониёл ва ҳамсараш, Сороa чун пешравони доимӣ хизмат мекарданд. Дониёл ҳамчунин пири ҷамъомад буд ва ӯ ҳамеша тайёр буд, ки вазифаҳои зиёдеро ба ӯҳда гирад. Вай ҳатто гуфт: «Чун пири ҷамъомад хизмат карда ман ҳеҷ гоҳ не намегуфтам». Чун пешрав Дониёл бо панҷ мард Китоби Муқаддас меомӯхт. Баъдтар се нафари онҳо таъмид гирифтанд. Ин се бародарони навтаъмидёфта ба кӯмаки зиёд эҳтиёҷ доштанд ва вақте ки Дониёл бо корҳои ҷамъомад банд буд, ин кӯмакро ба онҳо Соро мерасонд. Дере нагузашта дар онҳо чунин одат пайдо шуд, ки Соро ба он бародарон кӯмаки эмотсионалӣ мерасонд, бародарон бошанд, ба Соро таваҷҷӯҳеро, ки ба вай намерасид, зоҳир мекарданд. Дар роҳи онҳо гӯё «чоҳи» хатарноке кофта шуда буд. Дониёл мегӯяд: «Дар давоми моҳҳо Соро худро ба дигарон сарф мекард, лекин худаш аз ҷиҳати рӯҳонӣ ва эмотсионалӣ бемадор мешуд, бар замми ин, ман нисбати ӯ беэътиноӣ мекардам. Ҳамаи ин ба оқибати даҳшатнок оварда расонд. Зани ман бо яке аз омӯзандагони пештараам хиёнат содир кард. Соро дар таги биниам аз ҷиҳати рӯҳонӣ суст мешуду ман бошам, бо вазифаҳои худ чунон банд будам, ки ҳатто инро пай намебурдам». Чӣ тавр шумо метавонед ба чунин хатогӣ роҳ надиҳед?

14, 15. Чӣ ба масеҳиёни оиладор кӯмак мекунад, ки аз «чоҳи» содир кардани хиёнати ҳамсарӣ канорагирӣ кунанд?

14 Мулоҳиза оиди муҳимияти нақши садоқатмандӣ дар оила метавонад ба шумо ёрӣ расонад, ки аз «чоҳи» содир кардани хиёнати ҳамсарӣ дурӣ ҷӯед. Исо гуфт: «Он чиро, ки Худо бо ҳам пайвастааст, одам набояд ҷудо кунад» (Мат. 19:6). Ҳеҷ гоҳ фикр накунед, ки гӯё вазифаҳои дар ҷамъомад доштаатон аз муносибатҳои шумову ҳамсаратон муҳимтаранд. Беш аз ин, эҳтиёт бошед, ки бе зарурият вақти бисёрро аз ҳамсаратон ҷудо нагузаронед, чунки ин метавонад издивоҷи шуморо зери хатар гузорад ва сабаби содир кардани гуноҳи ҷиддӣ шавад.

15 Агар шумо пири ҷамъомад бошед, шояд чунин фикр кунед: «Он гоҳ бо аъзоёни ҷамъомад чӣ мешавад?» Петруси ҳавворӣ навишт: «Рамаи Худоро, ки назди шумост, бичаронед ва ба он назорат кунед, на ба таври маҷбурӣ, балки ба таври ихтиёрӣ, чунон ки мақбули Худост, ва на аз барои тамаи нангин, балки аз сидқи дил» (1 Пет. 5:2). Албатта шумо набояд ба аъзоёни ҷамъомад, ки ба ғамхориатон ниёз доранд, бепарвоӣ кунед. Лекин, ин маънои онро надорад, ки шумо аз ҳисоби оилаатон дар бораи ҷамъомад ғамхорӣ кунед. Оё дуруст мебуд, ки шумо тамоми таваҷҷӯҳатонро ба ҷамъомад сарф карда барои гул–гулшукуфии он заҳмат кашед, лекин ҳамзамон занатон аз норасоии таваҷҷӯҳ пажмурда шавад? Чунин рафтори шумо хатарнок мебуд. Дониёл мегӯяд: «Кас набояд бо корҳои ҷамъомад чунон банд бошад, ки барои иҷро кардани масъулиятҳои дар оила доштааш вақту қувват нарасад».

16, 17. а) Ҷуфтони масеҳӣ чӣ кор карда метавонанд, то ҳамкоронашон фаҳманд, ки онҳо бо шахси ҳамсарашон набуда муносибатҳои ошиқона доштан намехоҳанд? б) Кадом мақолаҳо аз адабиётҳои мо ба ҳамсарони масеҳӣ кӯмак мекунанд, ки ба хиёнат даст назананд?

16 Бисёр маслиҳатҳои хуб барои ба доми хиёнати ҳамсарӣ наафтодан дар саҳифаҳои «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед» навишта шудаанд. Масалан, дар «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15–уми сентябри соли 2006 чунин маслиҳат пешниҳод шуда буд: «Дар ҷои кор ва ҳамчунин дар ҷойҳои дигар, аз ҳолатҳое, ки ба пайдо шудани муносибатҳо наздик мусоидат мекунанд, дурӣ ҷӯед. Масалан, агар кас баъд аз кор бо шахси ҷинсаш муқобил соатҳои зиёд зич ҳамкорӣ кунад, ин метавонад ба содир кардани хиёнат тела диҳад. Шумо бояд бо гуфтору рафторатон равшан нишон диҳед, ки шумо, чун шахси оиладор, ба ягон муносибатҳои ошиқона розӣ нестед. Чун шахси худотарс, шумо албатта намехоҳед, ки бо мақсади ҷалб кардани диққати дигарон либоси шаҳватангез пӯшед ё бо эҳсосоти каси дигар бозӣ кунед... Агар суратҳои ҳамсар ва фарзандонатонро дар ҷои кор монед, онҳо ҳам ба шумо ва ҳам ба дигарон хотиррасон хоҳанд кард, ки шумо барои пайдо кардани муносибатҳои ошиқона берун аз оила ҳақ надоред. Аз ин рӯ, ҳеҷ гоҳ ба диққати нораво асос надиҳед ва онро тоқат ҳам накунед».

17 Дар маҷаллаи «Бедор шавед» (рус.) аз моҳи апрели с. 2009, дар мақолаи «Бовафоӣ ба ҳамсар — ин дар асл чӣ маъно дорад?» оиди фикрҳо дар бораи алоқаи ҷинсӣ бо шахси ҳамсарнабуда огоҳӣ дода шуда буд. Дар он мақола қайд карда мешавад, ки агар шахс дар бораи алоқаи ҷинсӣ фикру хаёл кардан гирад, ин метавонад сабаби ба хиёнати ҳамсарӣ даст задани ӯ шавад (Яъқ. 1:14, 15). Агар шумо оиладор бошед, ҳамроҳи ҳамсаратон вақт аз вақт дида баромадани чунин маълумот оқилона мебуд. Издивоҷ аз тарафи Яҳува муқаррар шудааст ва он муқаддас мебошад. Бо он ки шумову ҳамсаратон вақт ҷудо карда дар бораи издивоҷатон сӯҳбат мекунед, шумо нишон медиҳед, ки чизҳои муқаддасро қадр менамоед (Ҳас. 2:21–24).

18, 19. а) Хиёнати ҳамсарӣ ба чӣ оварда мерасонад? б) Бовафоӣ ба ҳамсар чӣ гуна баракатҳо меорад?

18 Агар ҳис кунед, ки дар шумо васвасаи бо шахси ҳамсаратон набуда муносибатҳои ошиқона инкишоф додан пайдо шудааст, дар бораи оқибатҳои зараровари зино ва хиёнати ҳамсарӣ фикр кунед (Мас. 7:22, 23; Ғал. 6:7). Касоне, ки ба бадахлоқии ҷинсӣ даст мезананд, ба Яҳува мақбул нестанд ва ба худашону ҳамсарашон дарди сахт меоранд. (Малокӣ 2:13, 14–ро бихонед.) Баръакси ин, онҳое, ки покии ахлоқро нигоҳ медоранд, аз ин баракатҳои зиёд мегиранд. Чунин шахсон на танҳо ба ҳаёти ҷовидонӣ умед доранд, балки ҳамчунин онҳо ҳоло аз ҳаёти хушбахтона баҳра мебаранд ва виҷдони пок доранд. (Масалҳо 3:1, 2–ро бихонед.)

19 Забурнавис месуруд: «Дӯстдорони шариати Ту осоиштагии зиёде доранд, ва чизе ба онҳо монеъ намешавад» (Заб. 118:165). Аз ин рӯ, ба ҳақиқат муҳаббат дошта бошед ва ба маслиҳати зерин гӯш диҳед: «Бодиққат назар кунед, ки чӣ гуна рафтор менамоед, на чун бехирадон, балки чун хирадмандон... чунки рӯзҳо шарир аст» (Эфс. 5:15, 16). Роҳи ҳаёти мо аз домҳои Шайтон, ки барои сайд кардани ибодаткунандагони ҳақиқии Худо гузоштааст, пур мебошад. Лекин Яҳува ба мо ҳама чизи лозимаро фароҳам меорад, то ки мо худро муҳофизат кунем ва ҳеҷ гоҳ ба домҳои Шайтон наафтем (Эфс. 6:11, 16).

[Эзоҳ]

a Номҳо иваз шудаанд.

[Тасвир дар саҳифаи 26]

Чизпарастӣ «каломро пахш мекунад ва он бесамар мегардад». Ҳеҷ гоҳ нагузоред, ки бо шумо чунин рӯй диҳад

[Тасвир дар саҳифаи 29]

Агар шумо бо эҳсосоти дигарон бозӣ кунед ё гузоред, ки дигарон бо шумо чунин кунанд, ин шуморо тӯъмаи хиёнати ҳамсарӣ мегардонад

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан