Бахшанда будани Яҳува барои шумо чӣ маъно дорад?
«[Яҳува] Худои раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо, ки... гуноҳ ва маъсият ва хаторо меомурзад» (ХУР. 34:6, 7).
БА ИН САВОЛҲО ҶАВОБ ЁБЕД
Яҳува ба гуноҳҳои Довуд ва Менашше чӣ тавр муносибат кард ва чаро?
Яҳува нисбати халқи Исроил чӣ гуна амал кард ва барои чӣ?
Барои он ки Яҳува моро бахшад, чӣ кор кардан лозим аст?
1, 2. а) Яҳува нисбати халқи Исроил чӣ гуна хислатҳоро зоҳир кард? б) Ба воситаи ин мақола ба кадом савол ҷавоб ёфтан мумкин аст?
ДАР замони Наҳемё гурӯҳи левизодагон дар дуои оммавӣ эътироф карданд, ки падаронашон «аз гӯш додан» ба аҳкомҳои Яҳува гаштаю баргашта сар метофтанд. Вале Яҳува маротибаҳо исбот мекард, ки Ӯ «Худои ғаффор [бахшанда], карим ва раҳим, собир ва пур аз эҳсон» аст. Яҳува ба исроилиёни замони Наҳемё, ки аз асирӣ ба ватан баргашта буданд, меҳрубонӣ зоҳир мекард (Наҳ. 9:16, 17).
2 Ҳар яки мо аз худ чунин пурсида метавонем: «Бахшанда будани Яҳува барои ман чӣ маъно дорад?» Барои ба ин саволи муҳим ҷавоб ёфтан, биёед мисоли ду подшоҳ — Довуд ва Менашшеро, ки аз тарафи Яҳува бахшида шуда буданд, дида бароем.
ГУНОҲҲОИ ҶИДДИИ ДОВУД
3–5. Довуд кадом гуноҳҳои ҷиддӣ содир намуд?
3 Гарчанд Довуд марди худотарс буд, ӯ гуноҳҳои ҷиддӣ содир кард. Ду гуноҳи ӯ ба ҳаёти ҷуфти ҳамсарон — Уриё ва Батшобаъ таъсир расонд. Оқибати ин гуноҳҳо ба ҳар сеи онҳо дардовар буд. Вале тарзи Довудро ислоҳ кардани Худо ба мо чизҳои зиёдро оиди бахшидани Яҳува ошкор мекунад. Биёед дида бароем, ки чӣ воқеа рӯй дод.
4 Довуд лашкари Исроилро ба муҳосира кардани шаҳри Рабба, пойтахти Аммӯн, фиристод. Он тақрибан 80 км дуртар аз тарафи шарқии шаҳри Ерусалим, дар паси дарёи Ӯрдун ҷойгир буд. Вале Довуд, ки он вақт дар Ерусалим буд, оббозӣ кардани Батшобаъро аз болои боми қасри худ тамошо мекард. Шавҳари Батшобаъ бошад, дар ҷанг буд. Довуд он занро тамошо карда, то дараҷае ба хоҳишҳои нодуруст дода шуд, ки вайро ба қасри худ гирифта овард ва бо ӯ зино кард (2 Подш. 11:1–4).
5 Вақте Довуд фаҳмид, ки Батшобаъ ҳомиладор шудааст, ӯ шавҳари Батшобаъ, Уриёро ба Ерусалим даъват кард, бо умеде, ки ӯ бо занаш ҳамхоба мешавад. Аммо Уриё ба кӯшишҳои Довуд нигоҳ накарда, ба хонаи худ нарафт. Аз ин рӯ подшоҳ ба сарлашкараш, Юоб, номаи махфӣ навишт, ки Уриёро «дар мавқеи ҳарбу зарби сахт» гузоранд ва ҳамроҳонаш худро ақиб гирифта, ӯро танҳо монанд. Аз рӯи нақшаи кашидаи Довуд Уриё ба осонӣ аз тарафи душманон ҳалок шуд (2 Подш. 11:12–17). Ҳамин тавр, ғайр аз он ки подшоҳ зино кард, ӯ боз сабаби марги шахси бегуноҳ гашт.
ИСЛОҲШАВИИ ДОВУД
6. Худо ба гуноҳҳои Довуд чӣ гуна муносибат кард ва ин дар бораи Яҳува чиро ошкор намуд?
6 Албатта Яҳува ҳамаи корҳои кардаи Довудро дид. Ҳеҷ чиз аз назари Ӯ пинҳон намонд (Мас. 15:3). Гарчанд подшоҳ дертар Батшобаъро ба занӣ гирифт, «коре ки Довуд кард, ба назари Худованд бад намуд» (2 Подш. 11:27). Чӣ тавр Худо ба гуноҳҳои ҷиддии Довуд муносибат кард? Ӯ пайғамбар Нотонро ба назди Довуд фиристод. Азбаски Яҳува Худои бахшанда аст, Ӯ аз афташ барои зоҳир намудани марҳамат асос ёфтан мехост. Магар чунин амал кардани Яҳува рӯҳбаландкунанда нест?! Худо Довудро ба иқрор шудан маҷбур накард, балки Нотонро ба наздаш фиристода, ба воситаи мисоле нишон дод, ки то чӣ андоза гуноҳҳояш бад аст. (2 Подшоҳон 12:1–4-ро бихонед.) Чӣ гуна таъсирбахш буд ин гуна амал кардани Яҳува!
7. Муносибати Довуд ба мисоли овардаи Нотон чӣ гуна буд?
7 Мисоли овардаи Нотон дар Довуд ҳисси адолатро бедор кард. Довуд аз рафтори марди сарватманди дар мисол овардашуда ба хашм омад ва ба Нотон гуфт: «Қасам ба ҳаёти Худованд, ки марде ки чунин амал кардааст, сазовори қатл аст!» Ғайр аз ин, Довуд гуфт, ки ӯ бояд зарари ба марди камбағал расондаашро рӯпӯш кунад. Вале баъд ӯ суханонеро шунид, ки барояш мисли зарбаи сахт буданд. «Он мард ту ҳастӣ!» — эълон кард Нотон. Ӯ инчунин гуфт, ки дар натиҷаи чунин корҳояш «шамшер» аз хонаи ӯ то абад дур намешавад ва дар хонадонаш нохушиҳо сар мезананд. Ӯ инчунин барои гуноҳҳои кардааш дар назди ҳама шарманда хоҳад шуд. Довуд дарк намуд, ки то чӣ андоза гуноҳҳояш вазнин буданд ва бо пушаймонӣ иқрор шуд: «Ман пеши Худованд гуноҳ кардаам» (2 Подш. 12:5–14).
ДУОИ ДОВУД ВА БАХШИДАНИ ХУДО
8, 9. Чӣ тавр дар таронаи 50-уми китоби Забур андешаҳои чуқури Довуд нишон дода шудаанд ва мо аз он дар бораи Яҳува чӣ мефаҳмем?
8 Суханоне, ки баъдтар шоҳ Довуд навишт, пушаймонии самимии ӯро нишон медиҳанд. Муроҷиати пурэҳсоси ӯ ба Яҳува дар таронаи 50-уми китоби Забур навишта шудааст ва аз он аён аст, ки ӯ на танҳо дар гуноҳҳояш иқрор шуд, балки тавба низ кард. Довуд пеш аз ҳама дар бораи муносибатҳои бо Худо доштааш фикр мекард. «Ба Ту ва танҳо ба Ту хато кардаам,— иқрор мешавад ӯ ва ҳамчунин зориву илтиҷо мекунад.— Худоё, дили поке дар ман биофарин, ва рӯҳи дурусте дар ботинам нав бикун. ... Шодии наҷоти Худро ба ман баргардон, ва бо рӯҳи олиҳимматӣ маро дастгирӣ намо» (Заб. 50:3–6, 9–14). Оё шумо ҳангоми ба Яҳува дар бораи хатоҳоятон гап задан мисли Довуд самимӣ ва ошкоро дуо мегӯед?
9 Яҳува оқибатҳои дардовари гуноҳҳои Довудро бартараф накард. Дар тӯли ҳаёташ Довуд натиҷаи гуноҳҳояшро мечашид. Вале Яҳува «дили шикаста ва залил», яъне рӯҳияи пушаймонии вайро ба назар гирифта, ӯро бахшид. (Забур 31:5–ро бихонед; Заб. 50:19.) Худои Қодир андеша ва ниятҳои аслиеро, ки сабаби гуноҳ кардани шахс мегарданд, медонад. Барои ҳамин Худо нагузошт, ки доварони инсонӣ аз рӯи қонуни Мусо Довуду Батшобаъро ба марг маҳкум кунанд (Ибд. 20:10). Ба ҷои ин Яҳува шахсан худаш онҳоро доварӣ кард ва ба онҳо марҳамат зоҳир намуд. Худо ҳатто писари онҳо, Сулаймонро баъдан бар Исроил подшоҳ таъин кард (1 Вақ. 22:9, 10).
10. а) Боз аз кадом сабаб Яҳува Довудро бахшид? б) Аз рӯи кадом сабабҳо Яҳува бахшида метавонад?
10 Як сабаби дигари Довудро бахшидани Яҳува шояд он буд, ки худи Довуд нисбати Шоул марҳамат зоҳир карда буд (1 Подш. 24:4–7). Мувофиқи суханони Исо, чӣ тавре ки мо ба дигарон муносибат мекунем, Яҳува низ ба мо ҳамон тавр муносибат мекунад. «Ҳукм накунед, то ки ҳукм карда нашавед,— гуфта буд Исо,— зеро ба ҳар тариқ, ки ҳукм кунед, ба ҳамон тариқ шумо ҳукм карда хоҳед шуд; ва ба ҳар андоза, ки чен кунед, ба ҳамон андоза ба шумо чен карда хоҳад шуд» (Мат. 7:1, 2). Чӣ гуна тасаллибахш аст донистани он ки Яҳува гуноҳҳои моро мебахшад, ҳатто чунин гуноҳҳои сахтро ба монанди зино ё куштор! Ӯ моро мебахшад, ба шарте ки мо худамон дигаронро бахшем, ба Ӯ дар гуноҳҳоямон иқрор шавем ва нисбати корҳои бади худ муносибатамонро дигар кунем. Вақте ки шахси гуноҳкарда самимона тавба мекунад, «айёми фароғат» аз ҷониби Яҳува фаро мерасад, яъне Ӯ ёрӣ медиҳад, ки шахс виҷдони пок дошта бошад. (Аъмол 3:19, 20–ро бихонед.)
ГУНОҲҲОИ ВАЗНИНИ МЕНАШШЕ ВА ТАВБАИ Ӯ
11. Подшоҳ Менашше кадом корҳоро, ки дар назари Яҳува бад буданд, ба амал овард?
11 Ҳамчунин як воқеаи дигаре аз Навиштаҳо нишон медиҳад, ки Яҳува бо омодагӣ мебахшад. Баъд аз ба тахт нишастани Довуд, тақрибан 360 сол пас, Менашше подшоҳи Яҳудо гашт ва 55 сол ҳукм ронд. Дар замони ҳукмрониаш ӯ корҳои зиштеро ба амал меовард, ки аз тарафи Яҳува маҳкум карда мешуданд. Дар қатори дигар корҳо Менашше ба бути Баал қурбонгоҳҳо сохт, «ба тамоми лашкари осмон саҷда мебурд», писаронашро ба оташ партофта ба қурбонӣ меовард ва ҷодугариро дастгирӣ мекард. Бале, ӯ «бисёр чизҳоро, ки дар назари Худованд бад буд, ба амал меовард» (2 Вақ. 33:1–6).
12. Чӣ тавр Менашше сӯи Яҳува баргашт?
12 Оқибат Менашше асир гашт ва дар Бобил ба зиндон партофта шуд. Дар он ҷо ӯ суханони ба исроилиён гуфтаи Мусоро ба хотир овард: «Вақте ки ба тангӣ афтӣ, ва тамоми ин ҳодисот ба сарат ояд, дар охири айём, сӯи Худованд Худои худ баргашта, ба овози Ӯ гӯш хоҳӣ дод» (Такр. Ш. 4:30). Менашше сӯи Худованд баргашт. Чӣ тавр? Ӯ «бағоят гардан фуровард» ва сӯи Худо «дуо гуфт» (чӣ тавре ки дар саҳифаи 21 тасвир шудааст) (2 Вақ. 33:12, 13). Мо аниқ намедонем, ки Менашше дар дуоҳояш чӣ гуфт, вале аз эҳтимол дур нест, ки дуоҳои ӯ ба суханони шоҳ Довуд, ки дар Забур 50 навишта шудаанд, монанд буданд. Чӣ хеле ки набошад, Менашше тарзи фикрронии худро пурра тағйир дод.
13. Чаро Яҳува Менашшеро бахшид?
13 Чӣ тавр Яҳува ба дуоҳои Менашше ҷавоб дод? «Ӯ истиғосаи варо шунида, иҷобат намуд». Мисли Довуд Менашше ҷиддияти гуноҳҳояшро дарк намуд ва аз таҳти дил тавба кард. Барои ҳамин Худо Менашшеро бахшид ва ӯро ба Ерусалим ба тахти подшоҳиаш баргардонид. Дар натиҷа «Менашше донист, ки Яҳува Худо аст» (2 Вақ. 33:13, ТФ). Чӣ рӯҳбаландкунанда аст, боз як бор аз ин мисол фаҳмидани он ки Худои раҳмдили мо онҳоеро, ки самимона тавба мекунанд, мебахшад!
ОЁ ЯҲУВА ҲАМА ВАҚТ МЕБАХШАД?
14. Чӣ муайян месозад, ки Яҳува шахси гуноҳкорро мебахшад ё не?
14 Ба аксарияти мо имрӯз лозим наомадааст, ки барои чунин гуноҳҳои ҷиддие, ки Довуд ва Менашше содир карда буданд, бахшиш пурсем. Вале аз мисоли ин ду подшоҳ мо фаҳмида метавонем, ки агар шахси гунаҳкор аз таҳти дил тавба кунад, Худои мо тайёр аст, ки ҳатто гуноҳҳои вазнинро бахшад.
15. Аз куҷо мо медонем, ки Яҳува на ҳама вақт гуноҳҳоро мебахшад?
15 Албатта, чунин хулоса баровардан нодуруст мебуд, ки Яҳува новобаста аз он ки одамон чӣ хел рафтор мекунанд, гуноҳҳояшонро мебахшад. Ин фикрро ба назар гирифта, биёед тарзи рафтори Довуд ва Менашшеро бо беитоатии халқи Исроил ва Яҳудо муқоиса кунем. Худо Нотонро пеши Довуд фиристод, то гуноҳи ӯро фош кунад ва ба ӯ имконият дод, ки ислоҳ шавад. Довуд ин мазаммати Худоро бо ҷону дил қабул кард. Менашше низ вақте ки дар тангӣ афтид, самимона тавба кард. Вале сокинони Исроил ва Яҳудо бошанд, аксар вақт тавба намекарданд. Бинобар ин Яҳува онҳоро намебахшид. Баръакс Ӯ боз ва боз пайғамбаронашро назди онҳо мефиристод, то эълон намоянд, ки Худо ба беитоатии онҳо чӣ хел нигоҳ мекунад. (Наҳемё 9:30–ро бихонед.) Ҳатто баъд аз асирии Бобил баргаштани исроилиён, Яҳува ходимони содиқаш, аз он ҷумла Эзрои коҳин ва пайғамбар Малокиро ба назди онҳо мефиристод. Вақте ки исроилиён мувофиқи иродаи Яҳува амал менамуданд, онҳо шодии бузург ҳис мекарданд (Наҳ. 12:43–47).
16. а) Тавба накардани халқи Исроил ба чӣ оварда расонд? б) Ба баъзе исроилиёни қадим чӣ имконият дода шуд?
16 Баъд аз он ки Исо ба замин фиристода шуд ва ҳаёти комили худро қурбон кард, Яҳува дигар қурбонии ҳайвонҳоро, ки исроилиён меоварданд, қабул намекард (1 Юҳ. 4:9, 10). Ҳангоми дар замин буданаш Исо нуқтаи назари Падари худро нишон дода, бо таассуф чунин гуфт: «Ерусалим, Ерусалим, ки анбиёро мекушӣ ва онҳоеро, ки назди ту фиристода шудаанд, сангсор мекунӣ! Чанд бор хостам фарзандони туро ҷамъ кунам, монанди мокиёне ки чӯҷаҳои худро зери болаш ҷамъ мекунад ва шумо нахостед!» Баъд аз ин Исо нидо кард: «Инак, хонаи шумо ба шумо вайрон гузошта мешавад» (Мат. 23:37, 38). Ҳамин тавр қавми пургуноҳ ва тавбанакарда бо Исроили рӯҳонӣ иваз карда шуд (Мат. 21:43; Ғал. 6:16). Аммо дар бораи исроилиёни алоҳида чӣ гуфтан мумкин аст? Онҳо ба Худо ва қурбонии Исои Масеҳ имон оварда, аз бахшандагӣ ва марҳамати Яҳува баҳраманд гаштанд. Ин имконият инчунин ба одамоне, ки дар гуноҳҳои худ тавба накарда мурданд, вале дар рӯи замини покшуда эҳё мегарданд, дода мешавад (Юҳ. 5:28, 29; Аъм. 24:15).
АЗ БАХШИДАНИ ЯҲУВА МАНФИАТ ГИРЕД
17, 18. Чӣ тавр мо бахшиши Яҳуваро соҳиб шуда метавонем?
17 Бо омодагӣ бахшидани Яҳуваро дониста, мо бояд чӣ гуна рафтор кунем? Албатта ба мо лозим аст, ки мисли Довуд ва Менашше амал намоем. Мо бояд гуноҳкор будани худро ба гардан гирем, аз корҳои нодурусти худ тавба кунем, бо зорию тавалло аз Яҳува бахшиш пурсем ва аз Ӯ хоҳиш кунем, ки дар мо дили поке биофарад (Заб. 50:12). Агар мо гуноҳи ҷиддӣ содир кунем, инчунин зарур аст, ки аз пирони ҷамъомад кӯмаки рӯҳонӣ пурсем (Яъқ. 5:14, 15). Новобаста аз он ки гуноҳҳоямон то чӣ андоза вазнинанд, дар ёд доштани суханони Яҳува, ки ба Мусо дар бораи худ гуфта буд, хеле тасаллибахш аст. Яҳува гуфт, ки Ӯ «Худои раҳим ва карим, собир ва пур аз эҳсону вафо [аст], ки марҳаматро барои ҳазорон насл нигоҳ медорад, гуноҳ ва маъсият ва хаторо меомурзад» (Хур. 34:6, 7).
18 Яҳува ба исроилиёни тавбакарда ваъда дод, ки доғи гуноҳҳои онҳоро пурра тоза мекунад, он чизеро ки суп–сурх аст, мисли «барф» сафед менамояд. (Ишаъё 1:18–ро бихонед.) Пас, бахшанда будани Яҳува барои мо чӣ маъно дорад? Агар мо миннатдорӣ ва тавбаамонро зоҳир кунем, гуноҳҳову хатоҳои мо пурра бахшида мешаванд.
19. Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?
19 Чӣ тавр мо ба Яҳува, ки моро мебахшад, пайравӣ намуда, якдигарро бахшида метавонем? Чӣ тавр мо нисбати онҳое ки гуноҳи ҷиддӣ мекунанд, вале баъд аз таҳти дил пушаймон мешаванд, бахшанда буда метавонем? Мақолаи навбатӣ ба мо ёрӣ медиҳад, ки дилҳои худро тафтиш намоем ва ҳар чӣ бештар ба Падари худ — Яҳува, ки «некӯ ва омурзгор» аст, монанд шавем (Заб. 85:5).
[Тасвир дар саҳифаи 24]
Азбаски Яҳува бахшанда аст, Менашше ба Ерусалим ба тахти подшоҳияш баргардонда шуд