ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w13 15.6. саҳ. 17-21
  • Вафодор ва бахшанда будани Яҳуваро қадр кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Вафодор ва бахшанда будани Яҳуваро қадр кунед
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЯҲУВА ВАФОДОР АСТ
  • БА ВАФОДОРИИ ЯҲУВА ПАЙРАВӢ КУНЕД
  • ЯҲУВА БАХШАНДА АСТ
  • МИСЛИ ЯҲУВА БАХШАНДА БОШЕД
  • ҲАМЕША ХИСЛАТҲОИ ЯҲУВАРО ҚАДР КУНЕД
  • Яҳува — бузургтарин бахшанда!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2022
  • Маънои бахшоиши Яҳува
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2025
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2013
w13 15.6. саҳ. 17-21

Вафодор ва бахшанда будани Яҳуваро қадр кунед

«Ту, эй Худованд, некӯ ва омурзгор ҳастӣ, ва пур аз эҳсон ба ҳамаи онҳое ки Туро мехонанд» (ЗАБ. 85:5).

ОЁ ФАҲМОНДА МЕТАВОНЕД?

  • Бо кадом роҳҳо мо ба вафодории Яҳува пайравӣ карда метавонем?

  • Чӣ тавр мо мисли Яҳува бахшанда буда метавонем?

  • Чаро шумо мехоҳед минбаъд низ дар бораи хислатҳои Яҳува фаҳмед ва ба онҳо пайравӣ намоед?

1, 2. а) Барои чӣ мо дӯстони бовафо ва бахшандаро қадр мекунем? б) Мо кадом саволҳоро дида мебароем?

ДӮСТИ ҳақиқиро шумо чӣ тавр тасвир мекардед? «Ба фикри ман, дӯсти ҳақиқӣ ин касест, ки ҳамеша шуморо дастгирӣ мекунад ва агар хатогӣ кунед, шуморо мебахшад»,— мегӯяд хоҳарамон Ашли. Бале, ҳар яки мо дӯстони вафодор ва бахшандаро қадр мекунем. Бо онҳо мо худро дилпур ва дӯстдошта ҳис мекунем (Мас. 17:17).

2 Яҳува барои мо Дӯсти аз ҳама вафодор ва бахшанда мебошад. Ин фикрро забурнавис чунин баён кард: «Ту, эй Худованд, некӯ ва омурзгор ҳастӣ, ва пур аз эҳсон [ё «муҳаббати содиқона», ТДН] ба ҳамаи онҳое ки Туро мехонанд» (Заб. 85:5). Вафодор ва бахшанда будан чӣ маъно дорад? Чӣ тавр Яҳува ин хислатҳои олиҷанобро зоҳир мекунад? Ва чӣ тавр мо метавонем ба намунаи Ӯ пайравӣ кунем? Ҷавоби ин саволҳо ба мо кӯмак мекунад, ки муҳаббатамонро ба Дӯсти беҳтаринамон, Яҳува, инкишоф диҳем ва ҳамчунин дӯстиамонро бо дигарон мустаҳкам гардонем (1 Юҳ. 4:7, 8).

ЯҲУВА ВАФОДОР АСТ

3. Вафодор будан чӣ маъно дорад?

3 Вафодорӣ хислати ҷолибест, ки содиқ будан, дилбастагӣ доштан ва дар дӯстию муҳаббат устувор монданро дар бар мегирад. Шахси вафодор боваринок аст. Вай ҳатто дар ҳолатҳои душвор дигаронро содиқона дастгирӣ мекунад. Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Яҳува «пур аз эҳсону вафо» аст (Хур. 34:6).

4, 5. а) Чӣ тавр Яҳува вафодорӣ нишон медиҳад? б) Мулоҳиза оиди амалҳои содиқонаи Яҳува ба мо чӣ манфиат меорад?

4 Чӣ тавр Яҳува вафодорӣ нишон медиҳад? Ӯ ҳеҷ гоҳ ходимони содиқашро тарк намекунад. Яке аз чунин хизматгорони содиқ шоҳ Довуд буд, ки дар бораи вафодороии Яҳува шаҳодат дод. Дар тарҷумаи форсии дарӣ, дар ояти 2 Подшоҳон 22:26, суханони Довуд чунин тарҷума шудаанд: «[Ту] бо шахси вафодор, вафодор ҳастӣ». Яҳува Довудро дар вақти озмоишҳояш содиқона роҳнамоӣ мекард, ҳимоя менамуд ва наҷот медод (2 Подш. 22:1). Довуд медонист, ки Яҳува на танҳо дар сухан, балки дар амал низ вафодор аст. Чаро Яҳува нисбати Довуд вафодор буд? Чунки Довуд худаш ба Худо содиқ буд. Яҳува вафодории ходимонашро қадр мекунад ва худаш низ нисбати шахсони содиқ вафодор аст (Мас. 2:6–8).

5 Вақте ки мо оиди корҳои содиқонаи Яҳува мулоҳиза меронем, мо қувват мегирем. Бародари содиқе мегӯяд: «Вақте ки ман дар бораи он ки чӣ тавр Яҳува дар лаҳзаҳои тангӣ бо Довуд муносибат мекард, мехонам, ин дар ҳақиқат ба ман кӯмак мекунад. Ҳатто вақте ки Довуд гуреза буд ва гоҳ дар як ғор ва гоҳ дар дигараш пинҳон мешуд, Яҳува ҳамеша такягоҳи ӯ буд. Ман аз ин хеле рӯҳбаландӣ мегирам! Ин ба ман хотиррасон мекунад, ки кадом вазъияте, ки рӯй надиҳад ва то чӣ андоза он бад натобад ҳам, Яҳува маро то даме ки ба Ӯ содиқам, дастгирӣ хоҳад кард». Оё шумо низ чунин ҳиссиёт доред? (Рум. 8:38, 39).

6. Бо кадом роҳҳои дигар Яҳува вафодории худро нишон медиҳад ва ин ба ходимони содиқаш чӣ манфиат меорад?

6 Боз бо кадом роҳҳо Яҳува вафодории худро нишон медиҳад? Худо ба меъёрҳои худ содиқ аст. Ӯ моро боварӣ бахшида мегӯяд: «То пирии шумо Ман ҳамон ҳастам» (Иш. 46:4). Яҳува ҳамеша дар асоси меъёрҳои худ, қарор қабул мекунад ва меъёрҳои Ӯ оиди некиву бадӣ ҳеҷ гоҳ дигар намешаванд (Мал. 3:6). Ғайр аз ин, Яҳува вафодории худро бо он нишон медиҳад, ки ба ваъдаҳои худ содиқ мемонад (Иш. 55:11). Вафодории Яҳува ба ҳамаи ходимони содиқаш манфиат меорад. Чӣ тавр? Вақте ки мо барои риояи меъёрҳои Яҳува ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, мо боварии комил дошта метавонем, ки Ӯ ба ваъдааш вафо карда, моро баракат медиҳад (Иш. 48:17, 18).

БА ВАФОДОРИИ ЯҲУВА ПАЙРАВӢ КУНЕД

7. Яке аз роҳҳое, ки мо ба вафодории Худо пайравӣ карда метавонем, кадом аст?

7 Чӣ тавр мо ба вафодории Яҳува пайравӣ карда метавонем? Яке аз роҳҳо ин ғамхорӣ нисбати онҳое мебошад, ки бо вазъиятҳои душвор рӯ ба рӯ мешаванд (Мас. 3:27). Масалан, оё шумо ҳамимонеро медонед, ки шояд аз сабаби бад будани саломатӣ, муқобилият дар оила ё камбудиҳои шахсӣ рӯҳафтода аст? Хуб мебуд, ки он шахсро бо якчанд «суханони хуб, бо суханони тасаллибахш» рӯҳбаланд кунед (Зак. 1:13)a. Бо ин шумо чун дӯсти ҳақиқӣ ва вафодор, ки «аз бародар маҳкамтар мечаспад», рафтор мекунед (Мас. 18:24).

8. Чӣ тавр мо дар издивоҷ ба вафодории Яҳува пайравӣ карда метавонем?

8 Ҳамчунин ба шахсони наздикамон содиқ монда, мо ба вафодории Яҳува пайравӣ карда метавонем. Масалан, агар мо оиладор бошем, мо медонем, ки бояд ба ҳамсарамон содиқу вафодор монем (Мас. 5:15–18). Барои ҳамин, мо сӯи чизе, ки ба зино оварда мерасонад, ҳатто қадаме ҳам намемонем (Мат. 5:28). Ҳамчунин, мо ба бародарону хоҳаронамон вафодорӣ зоҳир мекунем, агар аз ғайбат, тӯҳмат, паҳн кардани овозаҳои манфӣ ё ҳатто гӯш кардани онҳо канорагирӣ намоем (Мас. 12:18).

9, 10. а) Хусусан ба кӣ мо содиқ мондан мехоҳем? б) Чаро ба амрҳои Яҳува итоат кардан на ҳамеша осон аст?

9 Пеш аз ҳама, мо ба Яҳува вафодор мондан мехоҳем. Чӣ тавр мо инро карда метавонем? Агар кӯшиш кунем, ки ба ҳама чиз аз нуқтаи назари Яҳува нигоҳ кунем — чизеро ки Ӯ дӯст медорад, дӯст дорем ва аз чизе, ки Ӯ бад мебинад, нафрат кунем. (Забур 96:10-ро бихонед.) Чӣ қадаре ки мо фикру ҳиссиёти худро ба фикру ҳиссиёти Яҳува монанд кунем, ҳамон қадар бештар итоат кардан ба амрҳои Ӯ ба мо осон мегардад (Заб. 118:104).

10 Албатта ба амрҳои Яҳува итоат кардан на ҳамеша осон аст. Барои ба Ӯ содиқ мондан шояд ба мо лозим ояд, ки бисёр ҷидду ҷаҳд кунем. Масалан, баъзе масеҳиёни муҷаррад шояд оиладор шудан мехоҳанд, аммо онҳо ҳоло аз байни хизматгорони Яҳува ҳамсари мувофиқ наёфтаанд (1 Қӯр. 7:39). Шояд ягон хоҳари муҷаррадро ҳамкоронаш, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, доим бо марде шинос карданӣ мешаванд. Бар замми ин, худи хоҳар эҳтимол бо ҳиссиёти танҳоӣ мубориза мебарад. Ба ин нигоҳ накарда, ӯ бо иродаи қатъӣ мекӯшад, ки ба Яҳува содиқ монад. Оё мо ин гуна ходимони содиқро қадр намекунем? Албатта, Яҳува ҳамаи онҳоеро, ки ба душвориҳо нигоҳ накарда содиқ мемонанд, баракат хоҳад дод (Ибр. 11:6).

«Дӯсте ҳаст, ки аз бародар маҳкамтар мечаспад» (Мас. 18:24).(Ба сархати 7 нигаред)

«Якдигарро афв намоед» (Эфс. 4:32).(Ба сархати 16 нигаред)

ЯҲУВА БАХШАНДА АСТ

11. Бахшанда будан чӣ маъно дорад?

11 Боз як хислати олиҷаноби Яҳува ин бо омодагӣ бахшидани Ӯ мебошад. Бахшанда будан чӣ маъно дорад? Шахси бахшанда аз гуноҳи дигарон гузашт мекунад, агар барои ин сабабҳои асоснок бошанд. Ин маънои онро надорад, ки шахси бахшанда ба хатогии гунаҳкор чашм мепӯшад ё онро инкор мекунад. Аниқтараш, ӯ мекӯшад, ки нисбати он шахс ҳисси хафагиро дар худ нигоҳ надорад. Навиштаҳо таълим медиҳанд, ки Яҳува касеро, ки дар ҳақиқат тавба мекунад, меомурзад, яъне мебахшад (Заб. 85:5).

12. а) Яҳува чӣ тавр мебахшад? б) Гуноҳро «маҳв» кардан чӣ маъно дорад?

12 Яҳува чӣ тавр мебахшад? Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки Яҳува «бисёр меомурзад». Ин маънои онро дорад, ки Ӯ ба таври пурра ва ҳамешагӣ мебахшад (Иш. 55:7). Мо аз куҷо медонем, ки Яҳува ба таври пурра мебахшад? Дар бораи ваъдае, ки дар Аъмол 3:19 навишта шудааст, фикр кунед. (Оятро бихонед.) Петруси ҳавворӣ чунин гуфт: «Тавба кунед ва руҷӯъ намоед [ислоҳ шавед]». Вақте ки гунаҳкор самимона тавба мекунад, вай аз кори нодурусташ сахт пушаймон мешавад. Ӯ инчунин қарор медиҳад, ки дигар ин корро такрор намекунад (2 Қӯр. 7:10, 11). Ғайр аз ин, тавбаи самимонаи гунаҳкор ӯро водор мекунад, ки «руҷӯъ» намояд, яъне аз роҳи бади худ гардад ва роҳеро интихоб кунад, ки писанди Худо аст. Он гоҳ Худо метавонад гуноҳҳои ӯро «маҳв» кунад. Ибораи «маҳв кардан» аз феъли юнонӣ гирифта шуда, маънояш тоза кардан ё шустан аст. Барои ҳамин, вақте ки Яҳува мебахшад, ин гӯё мисли он аст, ки Ӯ гуноҳҳои моро мешӯяд. Хулоса, Ӯ моро пурра мебахшад (Ибр. 10:22; 1 Юҳ. 1:7).

13. Суханони «гуноҳи онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард» моро ба чӣ боварӣ мебахшанд?

13 Аз куҷо мо медонем, ки Яҳува ба таври ҳамешагӣ мебахшад? Пешгӯии Ирмиёро оиди аҳди наве, ки бо масеҳиёни тадҳиншуда баста шудааст, дида мебароем. Ба туфайли ин аҳд онҳое, ки ба фидия имон меоранд, бахшоиши ҳақиқии гуноҳҳоро ба даст меоранд. (Ирмиё 31:34-ро бихонед.) Яҳува мегӯяд: «Ман маъсияти онҳоро хоҳам омурзид ва гуноҳи онҳоро дигар ба ёд нахоҳам овард». Яъне Яҳува моро бовар мекунонад, ки агар Ӯ гуноҳҳои моро бахшад, дигар ҳеҷ гоҳ онҳоро ба хотираш намеорад ва аз боиси он гуноҳҳоямон моро айбдор карда, гаштаву баргашта ҷазо намедиҳад. Баръакс, Яҳува он гуноҳҳоро мебахшад ва ба таври ҳамешагӣ ба пушти худ мепартояд (Рум. 4:7, 8).

14. Чаро оиди бахшанда будани Яҳува мулоҳиза кардан моро тасаллӣ бахшида метавонад? Мисол оред.

14 Мулоҳиза оиди бахшанда будани Яҳува моро тасаллӣ бахшида метавонад. Биёед мисоли як хоҳареро, ки Элейн меномем, дида мебароем. Бисёр сол пеш, ӯ аз ҷамъомад хориҷ шуда буд. Чанде пас ӯ аз нав барқарор шуд. Элейн нақл мекунад, ки ҳатто баъди ба ҷамъомад баргаштан, ба вай бовар кардан душвор буд, ки Яҳува ӯро бахшидааст. Вай ҳис мекард, ки Яҳува дигаронро назар ба вай бештар дӯст медорад. Вале вақте ки Элейн Китоби Муқаддасро хонда, дар бораи бахшанда будани Яҳува мулоҳиза ронд, вай тасаллӣ ёфт. Масалан, вай хонд, ки вақте Яҳува мебахшад, Ӯ гуноҳҳои моро гӯё мешӯяд ва ба мо лозим нест, ки тамоми ҳаёт худро айбдор ҳис кунемb. Ӯ илова менамояд: «Ман бовар намекардам, ки Яҳува маро пурра мебахшад ва фикр мекардам, ки ин бори гарон тамоми умр бар дӯши ман хоҳад буд. Ман медонам, ки ба ман вақт даркор аст, аммо аллакай ҳозир ман ҳис карда истодаам, ки дар ҳақиқат ба Яҳува наздик шуда метавонам ва гӯё бори вазнине аз китфи ман ғалтид». Дар ҳақиқат, Яҳува Худои пурмуҳаббат ва бахшанда аст (Заб. 102:9).

МИСЛИ ЯҲУВА БАХШАНДА БОШЕД

15. Чӣ тавр мо мисли Яҳува бахшанда буда метавонем?

15 Чӣ тавр мо мисли Яҳува бахшанда буда метавонем? — Агар мо низ якдигарро бахшем. (Луқо 17:3, 4-ро бихонед.) Ба ёд оред, ки вақте Яҳува мебахшад, Ӯ гуноҳҳои моро фаромӯш мекунад, яъне гаштаву баргашта онҳоро ба хотир намеорад ва аз нав моро айбдор намесозад. Вақте ки мо дигаронро мебахшем, мо низ метавонем хатогии онҳоро фаромӯш кунем ва онро гаштаву баргашта ба ёдашон наорем.

16. а) Оё бахшанда будан маънои онро дорад, ки мо кирдори нодурустро сафед мекунем ё муносибати беадолатона ба мо маъқул аст? Фаҳмонед. б) Барои он ки Худо моро бахшад, мо бояд чӣ кор кунем?

16 Бахшанда будан маънои онро надорад, ки мо кирдори нодурустро сафед мекунем ё муносибати беадолатона ба мо маъқул аст. Чӣ хеле ки дар боло гуфтем, ин маънои аз ҳисси хафагӣ озод шуданро дорад. Мо бояд як чизи муҳимро фаромӯш накунем: агар мо хоҳем, ки Худо моро бахшад, мо бояд дигаронро бахшем (Мат. 6:14, 15). Яҳува «дар хотир дорад, ки мо хок ҳастем». Ӯ нокомилии моро мефаҳмад (Заб. 102:14). Пас, вақте ки дигарон бар муқобили мо чизе мегӯянд ё гуноҳе мекунанд, мо бояд дар хотир дорем, ки онҳо монанди мо нокомил ҳастанд ва бояд онҳоро бахшем (Эфс. 4:32; Қӯл. 3:13).

Дар ҳаққи касе, ки шуморо ранҷондааст, самимона дуо гӯед (Ба сархати 17 нигаред)

17. Агар ҳамимоне моро ранҷонда бошад, чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки ӯро бахшем?

17 Албатта, бахшидан на ҳама вақт осон аст. Ҳатто барои баъзе масеҳиёни тадҳиншудаи замони Павлус ҳал кардани якдигарнофаҳмиҳо мушкил буд (Фил. 4:2). Агар бародар ё хоҳаре моро ранҷонад, чӣ ба мо кӯмак карда метавонад, ки ӯро бахшем? Дар бораи воқеаи бо Айюб рӯйдода фикр кунед. «Дӯстонаш» — Алифоз, Билдод ва Сӯфор бо айбдоркуниҳои беасосашон ӯро сахт озор доданд (Айюб 10:1; 19:2). Дар натиҷа, Яҳува он даъвогарони бардурӯғро маҳкум кард. Худо ба онҳо амр дод, ки ба назди Айюб рафта, барои гуноҳҳояшон қурбонӣ оранд (Айюб 42:7–9). Вале Яҳува аз Айюб низ чизеро талаб кард. Чиро? Яҳува ба Айюб гуфт, ки дар ҳаққи он мардон, ки ӯро ранҷонда буданд, дуо гӯяд. Айюб гуфти Яҳуваро иҷро кард ва Яҳува ӯро барои бо омодагӣ бахшиданаш баракат дод. (Айюб 42:10, 12, 16, 17-ро бихонед.) Мо аз ин чӣ дарс гирифта метавонем? Дуои самимӣ дар ҳаққи касе, ки моро ранҷондааст, метавонад ба мо кӯмак кунад, ки аз ҳисси хафагӣ халос шавем.

ҲАМЕША ХИСЛАТҲОИ ЯҲУВАРО ҚАДР КУНЕД

18, 19. Чӣ тавр мо метавонем ҳамеша хислатҳои олии Яҳуваро қадр кунем?

18 Бешубҳа, омӯхтани хислатҳои гуногуни Худои пурмуҳаббати мо, Яҳува, бароямон тароватбахш аст. Мо фаҳмидем, ки Ӯ дастрас аст, рӯйбинӣ надорад, саховатманд, бомулоҳиза ва бахшанда мебошад. Албатта, чизе ки мо фаҳмидем, ин танҳо сухани андаке дар ҳаққи Ӯ аст. Дар давоми тамоми абадият бисёртар фаҳмидани хислатҳои Яҳува ба мо хурсандӣ хоҳад овард (Воиз 3:11). Павлуси ҳавворӣ қайд кард, ки сарват, хирад ва дониши Худо хеле чуқур аст. Мо низ дар бораи муҳаббат ва шаш хислати дигари Ӯ, ки дар ин мақолаҳо дида баромадем, чунин гуфта метавонем (Рум. 11:33).

19 Биёед, минбаъд низ хислатҳои ҷолиби Яҳуваро қадр кунем. Мо инро ҳамон вақт карда метавонем, агар бо он хислатҳо хуб шинос шавем, дар бораашон мулоҳиза ронем ва сипас дар ҳаётамон онҳоро зоҳир кунем (Эфс. 5:1). Он гоҳ мо ҳар чӣ бештар хоҳиш пайдо мекунем, ки мисли забурнавис ба Яҳува наздик шавем. Ӯ месуруд: «Барои ман ба Худо наздик шуданам некӯст» (Заб. 72:28).

a Дар ин бобат аз мақолаҳои зерини «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) маслиҳатҳои фоиданок ёфта метавонед: «Оё вақтҳои охир шумо касеро рӯҳбаланд карда будед?» (15 январи с. 1995) ва «Чӣ тавр мо ба муҳаббат ва аъмоли нек барангехта метавонем?» (1 апрели с. 1995).

b Ба китоби «Ба Яҳува наздик шавед» (рус.), боби 26, сархати 10 нигоҳ кунед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан