Ба ҳамдигар диққат кунед ва якдигарро рӯҳбаланд намоед
«Диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем» (ИБР. 10:24).
1, 2. Чӣ ба 230 нафар Шоҳидони Яҳува кӯмак кард, ки дар охири Ҷанги Дуюми Ҷаҳон марши марговарро паси сар намоянд?
ҶАНГИ ДУЮМИ ҶАҲОН ба охир мерасид. Армияи Гитлер дар ҷанг мағлуб мешуд. Ба фашистон фармон дода шуд, ки ҳазорон касони ҳанӯз дар лагерҳои консентратсионӣ бударо ба қатл расонанд. Маҳбусони лагери Заксенхаузенро бояд то соҳили баҳр пиёда бурда, онҳоро ба киштиҳо бор мекарданд ва сипас дар баҳр ғарқ менамуданд. Ин қисми амалиёти фашистон баъдтар чун марши марговар маълум гашт.
2 Сиву се ҳазор нафар маҳбусони лагери Заксенхаузен маҷбур карда шуданд, ки то шаҳри бандарии Любек (Олмон) 250 км роҳро пиёда тай кунанд. Дар байни ин маҳбусон 230 нафар Шоҳидони Яҳува аз шаш давлатҳои гуногун буданд. Ва ба онҳо фармон дода шуда буд, ки якҷоя роҳ раванд. Ҳамаи маҳбусон аз гуруснагӣ ва беморӣ сусту заиф шуда буданд. Чӣ тавр бародарони мо тавонистанд, ки дар он марш зинда монанд? Яке аз онҳо гуфт: «Мо пайваста якдигарро дастгирӣ карда бармеангехтем, ки аз саф қафо намонем». Дар баробари қуввати зиёдатие, ки Худо медод, ба онҳо боз муҳаббат ба якдигар кӯмак кард, ки он озмоиши хеле сахтро паси сар кунанд (2 Қӯр. 4:7).
3. Чаро ба мо лозим аст, ки якдигарро рӯҳбаланд кунем?
3 Имрӯзҳо мо дар чунин марши марговар қарор надорем, лекин мо бо бисёр душвориҳо рӯ ба рӯ мешавем. Баъди он ки соли 1914 Салтанати Худо барпо гашт, Шайтон аз осмон ба замин ронда шуд ва ҳоло ӯ хеле дар ғазаб аст, зеро «медонад, ки вақташ кам мондааст» (Ваҳй 12:7–9, 12). Бо наздикшавии Ҳармиҷидӯн, Шайтон кӯшиш карда истодааст, ки душвориҳоро истифода бурда, моро рӯҳан суст кунад. Илова бар ин, мо аз ташвишу фишорҳои ҳаёти ҳаррӯза азоб мекашем (Айюб 14:1; Воиз 2:23). Баъзан мушкилиҳову проблемаҳо моро чунон хаставу монда карда метавонанд, ки барои бо ҳисси зиқиву рӯҳафтодагӣ мубориза бурдан шояд қувватамон намерасад. Масалан, як бародар тӯли солҳо ба бисёр шахсон аз ҷиҳати рӯҳонӣ кӯмак мерасонд. Лекин дар вақти пиронсолӣ ӯ ва занаш бо беморӣ дучор шуданд ва ӯ аз ин сахт рӯҳафтода гашт. Мо низ мисли ин бародар ба «бартарии қувват», ки аз ҷониби Яҳува аст, ниёз дорем ва инчунин ба рӯҳбаландкунии якдигар мӯҳтоҷем.
4. Агар мо дигаронро рӯҳбаланд кардан хоҳем, бояд аз рӯи кадом насиҳати Павлус амал кунем?
4 Агар мо хоҳем, ки барои дигарон манбаи рӯҳбаландӣ бошем, мо бояд аз рӯи насиҳати Павлуси ҳавворӣ, ки ба масеҳиёни ибрӣ дода буд, амал кунем. Ӯ гуфт: «Диққат кунем, ки якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем, ва ҷамъомади худро тарк накунем, чунон ки баъзе касонро таомул шудааст, балки якдигарро насиҳат диҳем [«рӯҳбаланд кунем», ТДН] ва бештар ба қадри он ки шумо наздик шудани он рӯзро мебинед» (Ибр. 10:24, 25). Чӣ тавр мо аз рӯи ин насиҳати муҳим амал карда метавонем?
БА ҲАМДИГАР ДИҚҚАТ КУНЕД
5. Ба ҳамдигар диққат кардан чӣ маъно дорад ва чӣ тавр мо инро карда метавонем?
5 Ба ҳамдигар диққат кардан чӣ маъно дорад? Ин маънои онро дорад, ки мо оиди ниёзҳои дигарон фикр кунем. Агар мо бо бародарону хоҳарон дар Толори Салтанат фақат тезакак саломуалейк кунем, ё бо онҳо танҳо оиди чизҳои камаҳамият гап занем, мо наметавонем дар бораи ниёзҳои онҳо аз наздик бохабар шавем. Албатта мо мехоҳем аз паи «кори худ» бошем ва ба ҳаёти шахсии дигарон дахолат накунем (1 Тас. 4:11; 1 Тим. 5:13). Лекин, ба ҳар ҳол, барои рӯҳбаланд кардани бародарону хоҳаронамон, ба мо лозим аст, ки дар бораи шароити зиндагӣ, хислатҳо, ҳолати рӯҳонӣ, қобилият ва заифиҳои онҳо фаҳмем. Онҳо бояд донанд, ки мо дӯсташон ҳастем ва дилпур бошанд, ки мо онҳоро нағз мебинем. Барои ин, мо бояд кӯшиш кунем, ки бо онҳо вақт гузаронем,— на танҳо ҳангоме, ки онҳо бо душвориҳо дучор мешаванд ва рӯҳафтода мегарданд, балки дар дигар вақтҳо низ (Рум. 12:13).
6. Чӣ ба пирон кӯмак мекунад, ки ба аъзоёни ҷамъомад диққат диҳанд?
6 Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки пирон оиди ниёзҳои «рамаи Худо» бояд «ба таври ихтиёрӣ» ва «аз сидқи дил» ғамхорӣ кунанд (1 Пет. 5:1–3). Агар пирон гӯсфандонеро, ки таҳти ғамхории онҳоянд, хуб надонанд, пас чӣ тавр онҳо кори чӯпониро самаранок ба ҷо оварда метавонанд? (Масалҳо 27:23-ро бихонед.) Вақте ки пирон ба ҳамимонон дастрас мебошанд ва бо омодагӣ бо онҳо вақт мегузаронанд, аъзоёни ҷамъомад дар вақти ба кӯмак мӯҳтоҷ буданашон бемалол ба онҳо муроҷиат хоҳанд кард. Ва онҳо ба осонӣ ҳиссиёту ташвишҳои худро ба пирон ошкор карда метавонанд. Ин ба пирон имконият медиҳад, ки ба ҳар як аъзои ҷамъомад диққат диҳанд ва ба онҳо ёрии лозимаро расонанд.
7. Ба суханони «сахт»-е, ки одамони афсурдаҳол мегӯянд, мо бояд чӣ гуна муносибат кунем?
7 Павлус ба ҷамъомади шаҳри Таслӯникӣ навишт: «Сустонро дастгирӣ намоед» (1 Таслӯникиён 5:14-ро бихонед.) Ба «сустон» шахсони рӯҳафтода ва афсурдаҳол дохил мешаванд. Дар Масалҳо 24:10 гуфта шудааст: «Агар дар рӯзи тангӣ заифдил бошӣ, қуввати ту кам аст». Онҳое, ки хеле рӯҳафтода мебошанд, баъзан суханони «сахт» гуфта метавонанд (Айюб 6:2, 3). Барои ҳамин, дар вақти дилбардорӣ кардани чунин шахсон, мо бояд дар хотир дорем, ки онҳо метавонанд чизеро гӯянд, ки дар асл онро дар назар надоранд. Рашел, ки модараш ба афсурдаҳолии (депрессия) сахт гирифтор шуда буд, инро аз таҷрибаи худ фаҳмид. Рашел мегӯяд: «Модарам бисёр вақт суханони хеле сахт мегуфт. Аксар вақт дар чунин ҳолатҳо ман мекӯшидам ба худ ёдрас кунам, ки модарам дар асл одами хуб — меҳрубон, некӯкор ва дасткушод мебошад. Ман фаҳмидам, ки одамони афсурдаҳол бисёр чизҳоеро мегӯянд, ки дар асл дар назар надоранд. Ва дар ҷавоб ба онҳо суханони бад гуфтан ё муомилаи бад кардан, корро аз будаш ҳам бадтар карда метавонад». Дар Масалҳо 19:11 қайд шудааст: «Ақли одам хашми ӯро бозмедорад, ва аз бадкорӣ чашм пӯшида гузаштан ҷалолати ӯст».
8. Хусусан кӣ ба муҳаббату ғамхории мо ниёз дорад ва чаро?
8 Чӣ тавр мо нисбати шахсе, ки аз боиси гуноҳи дар гузашта кардаи худ рӯҳафтода аст, диққат карда метавонем? Ҳарчанд ӯ аллакай хатогиашро ислоҳ карда бошад ҳам, шояд то ҳол аз кори кардааш шарм дорад ва худро ногувор ҳис кунад. Павлус оиди гунаҳкори тавбакардае, ки дар ҷамъомади шаҳри Қӯринт буд, ба бародарон чунин гуфт: «Шумо ӯро афв намоед ва тасалло диҳед, то ки ғуссаи аз ҳад зиёд ӯро фурӯ набарад. Бинобар ин аз шумо хоҳишмандам, ки ба ӯ муҳаббати худро зоҳир намоед» (2 Қӯр. 2:7, 8). Агар мо муҳаббати худро бо суханон ва корҳоямон нишон надиҳем, шахс худ аз худ намефаҳмад, ки мо ӯро дӯст медорем.
ЯКДИГАРРО БА МУҲАББАТ ВА КОРҲОИ НЕК БАРАНГЕЗЕД
9. «Ба муҳаббат ва аъмоли нек» барангехтан чӣ маъно дорад?
9 Павлус навишт: «Якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезонем». Ин маънои онро дорад, ки ба ҳамимонон барои зоҳир намудани муҳаббат ва кардани корҳои нек кӯмак расонем. Масалан, барои даргирондани алови хомӯшшудаистода, мо бояд лахчаҳоро ҷунбонем ва онро шамол диҳем. Ба ҳамин монанд, мо метавонем бо муҳаббат бародаронамонро барангезем, ки дар хизмати Яҳува доимо боғайрат бошанд. Яке аз роҳҳои беҳтарин ин аст, ки ҳамимононро барои корҳои хуб таъриф кунем.
Дар хизмат дигаронро ҳамроҳӣ кунед
10, 11. а) Киҳо ба таъриф ниёз доранд? б) Мисол оред, ки чӣ тавр ба шахси хатокарда таъриф кӯмак карда метавонад.
10 Ҳамаи мо, новобаста аз он ки рӯҳафтодаем ё не, ба таъриф ниёз дорем. Як бародар, ки пири ҷамъомад аст, навишт: «Падари ман боре ҳам нагуфтааст, ки ман ягон кори хуб кардаам. Аз ин сабаб ман тавре ба камол расидам, ки ба худ эҳтиром надоштам... Ҳарчанд ман ҳозир ба синни 50 даромадаам, то ҳол суханони дӯстонам оиди он ки ман чун пир хизмат карда, кори хуберо иҷро мекунам, барои ман хурсандибахш аст... Аз таҷрибаи ҳаётии худ дарс гирифта, ман фаҳмидам, ки дигаронро рӯҳбаланд кардан то чӣ андоза муҳим аст ва ман аз тарафи худ ҳамеша мекӯшам, ки дигаронро таъриф кунам». Аз таъриф ҳама, аз он ҷумла пешравон, пиронсолон ва касони рӯҳафтода болу пар мекушоянд (Рум. 12:10).
11 Вақте ки пирон ба шахси хатокарда кӯмак расониданӣ мешаванд, маслиҳати меҳрубонона ва таърифи бамаврид метавонад он шахсро барангезад, ки тарзи фикррониашро ислоҳ намояд ва роҳи дурустро пеш гирад (Ғал. 6:1). Инро мисоли хоҳаре, ки Мириам ном дорад, исбот мекунад. Ӯ навишт: «Вақте ки баъзе дӯстони наздикам ҳақиқатро тарк карданд ва ба болои ин, падарам аз кафидани раги майна азоб мекашид, барои ман давраи хеле вазнине буд. Ман хеле рӯҳафтода будам. Барои аз ҳолати зиқӣ баромадан ман бо як ҷавоне, ки Шоҳиди Яҳува набуд, муносибати ошиқона пайдо кардам». Ин хоҳар ба ҷои сабукӣ ҳис кардан, акнун худро ба муҳаббати Яҳува носазовор меҳисобид ва оиди он фикр мекард, ки ҳақиқатро тарк кунад. Вале як пири ҷамъомад дар сӯҳбат ба вай ёдрас намуд, ки чӣ тавр ӯ пештар содиқона хизмат мекард ва ӯро боварӣ бахшид, ки Яҳува то ҳол ӯро дӯст медорад. Дар натиҷа муҳаббати Мириам ба Яҳува аз нав бедор шуд. Ӯ бо шахси ҳамимоннабуда муносибаташро қатъ кард ва ба Яҳува хизмат карданро давом дод.
Ба муҳаббат ва аъмоли нек барангезед
12. Дар бораи муқоиса кардан, танқид намудан ё айбдор сохтани дигарон чӣ гуфтан мумкин аст?
12 Вақте мо ҳамимононро барангехтанӣ мешавем, ки дар хизмати Худо боғайрат бошанд, мо набояд онҳоро бо дигарон муқоиса карда, онҳоро дар ҳолати ногувор гузорем. Ҳамчунин набояд барои риоя накардани ин ё он қоидаҳое, ки худамон муқаррар кардаем, онҳоро танқид кунем ё барои бисёртар хизмат накарданашон айбдор созем. Ин чизҳо шояд онҳоро барангезад, ки бештар хизмат кунанд, лекин натиҷааш танҳо муваққатӣ аст. Роҳи беҳтарини барангехтан ин аст, ки мо ҳамимононро самимона таъриф кунем ва ба онҳо кӯмак расонем, то фаҳманд, ки аз муҳаббат ба Худо дар хизмати Ӯ ҳар кори аз даст меомадаро кардан лозим аст. (Филиппиён 2:1–4-ро бихонед.)
ЯКДИГАРРО РӮҲБАЛАНД КУНЕД
13. Дигаронро рӯҳбаланд кардан чӣ маъно дорад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
13 Чӣ қадаре ки рӯзи Яҳува наздиктар шавад, мо ҳамон қадар бештар ба рӯҳбаланд кардани якдигар ниёз дорем. Рӯҳбаланд кардани дигарон маънои онро дорад, ки мо онҳоро барои давом додани хизмат бармеангезем. Дар боло, «ба муҳаббат ва аъмоли нек» барангехтанро мо ба даргирондани алов монанд карда будем. Рӯҳбаландкуниро бошад, ба он монанд кардан мумкин аст, ки мо ба алови даргирифтаистода, барои минбаъд низ фурӯзон монданаш ё баландтар даргирифтанаш ҳезум мепартоем. Ба ин монанд, вақте ки мо ҳамимононамонро қувват мебахшем ва онҳоро тасаллӣ медиҳем, онҳо рӯҳбаланд мешаванд. Ин онҳоро бармеангезад, ки ба Худо хизмат карданро давом диҳанд. Вақте ки мо шахсони рӯҳафтодаро дастгирӣ карданӣ мешавем, бояд бо нармӣ ва меҳрубонӣ сухан гӯем (Мас. 12:18). Инчунин мо бояд «дар шунидан бошитоб» ва «дар гуфтан оҳиста» бошем (Яъқ. 1:19). Агар мо ҳамимонеро бо дилсӯзӣ гӯш кунем, мо метавонем сабабҳои рӯҳафтода будани ӯро фаҳмем ва сипас сухане гӯем, ки дар вазъияташ ба ӯ кӯмак карда тавонад.
Аз муоширати хуб хурсандӣ гиред
14. Чӣ тавр ба як бародаре, ки рӯҳафтода буд, пири ҷамъомад кӯмак расонд?
14 Биёед, дида бароем, ки чӣ тавр як пири дилсӯзу меҳрубон ба бародаре, ки тӯли якчанд сол ғайрифаъол буд, кӯмак карда тавонист. Вақте ки пири ҷамъомад бародарро гӯш кард, маълум шуд, ки ӯ то ҳол ба Яҳува муҳаббати чуқур дорад. Аз нақли вай аён шуд, ки ӯ ҳар як шумораи «Бурҷи дидбонӣ»-ро бодиққат меомӯхтааст ва мунтазам барои ба ҷамъомадҳо рафтан кӯшиш мекардааст. Лекин рафтори баъзе аъзоёни ҷамъомад ӯро рӯҳафтода ва хафа кардааст. Пири ҷамъомад ӯро танқид накарда, бо дилсӯзӣ гӯш кард ва ӯро боварӣ бахшид, ки ҳамимонон ӯ ва оилаашро дӯст медоранд. Бо гузашти вақт бародар фаҳмид, ки воқеаи манфии дар гузашта рӯйдода вайро аз хизмат ба Худое, ки ӯро дӯст медорад, боздоштааст. Пир ин бародарро ба хизмат таклиф кард. Бо ёрдами пири ҷамъомад бародар хизматашро барқарор намуд ва баъдтар аз нав чун пир хизмат мекардагӣ шуд.
Шахсеро, ки ба рӯҳбаландкунӣ ниёз дорад, пурсаброна гӯш кунед (Ба сархати 14, 15 нигаред)
15. Аз муносибати Яҳува нисбати шахсони рӯҳафтода мо чиро меомӯзем?
15 Шояд шахси рӯҳафтода даррав худро беҳтар ҳис накунад ё кӯмаки моро ба зудӣ қабул накунад. Лекин ба мо лозим аст, ки минбаъд низ ӯро дастгирӣ кунем. Дар як тарҷумаи Китоби Муқаддас ояти 1 Таслӯникиён 5:14 чунин омадааст: «Сустонро пайваста дастгирӣ намоед, бо ҳар кас пурсабр бошед» («An American Translation»). Ба ҷои он ки зуд аз баҳри дастгирӣ кардани шахсони рӯҳафтода бароем, биёед «пайваста» онҳоро дастгирӣ намоем. Дар гузашта Яҳува бо хизматгорони рӯҳафтодааш пурсаброна муносибат мекард. Масалан, Худо бо Илёс хеле меҳрубон буд ва ҳиссиёти ӯро ба назар мегирифт. Яҳува он пайғамбарро бо чизи ба ӯ лозима таъмин кард, то ки вай хизматашро давом диҳад (3 Подш. 19:1–18). Азбаски Довуд самимона тавба кард, Яҳува ӯро бо меҳрубонӣ бахшид (Заб. 50:9, 19). Худо ҳамчунин ба нависандаи боби 72-юми китоби Забур, ки ба Ӯ хизмат карданро қариб бас карда буд, кӯмак расонд (Заб. 72:13, 16, 17). Яҳува нисбати мо раҳмдилу меҳрубон аст, хусусан вақте ки мо рӯҳафтодаем (Хур. 34:6). Марҳамати Ӯ «ҳар субҳ аз нав зоҳир мешавад» ва «беинтиҳост» (Нав. Ирм. 3:22, 23). Яҳува аз мо интизор аст, ки ба Ӯ пайравӣ намоем ва бо шахсони рӯҳафтода бо мулоимӣ муносибат кунем.
БАРОИ ДАР РОҲИ ҲАЁТ УСТУВОР МОНДАН ЯКДИГАРРО РӮҲБАЛАНД НАМОЕД
16, 17. Азбаски анҷоми тартиботи Шайтон наздик шуда истодааст, мо бояд чӣ кор кунем ва чаро?
16 Аз 33 000 маҳбусоне, ки дар лагери Заксенхаузен буданд, ҳазорҳо нафар вафот карданд. Вале ҳамаи 230 нафар Шоҳидон, ки маҳбасро тарк карданд, озмоиши сахтро паси сар намуданд. Рӯҳбаландӣ ва дастгирие, ки онҳо аз якдигар мегирифтанд, барои дар ин марши марговар зинда мондан нақши асосӣ бозид.
17 Имрӯз, мо дар «роҳе ки сӯи ҳаёт мебарад», қарор дорем (Мат. 7:14). Ба наздикӣ ҳамаи ходимони Яҳува якҷоя дар дунёи наве, ки адолат ҳукмфармо мешавад, зиндагӣ хоҳанд кард (2 Пет. 3:13). Азбаски анҷоми тартиботи Шайтон наздик шуда истодааст, биёед, ба якдигар кӯмак расонем, то дар роҳи ҳаёт устувор бимонем.