Якдигарро ғаюрона ба аъмоли нек барангезед
Ояти Ибриён 10:24 моро барои «якдигарро ба муҳаббат ва аъмоли нек» барангехтан, водор мекунад. Мо бародарон ва хоҳаронро ба воситаи намунаи худ ва зоҳир кардани имонамон, ба аъмоли нек барангехта метавонем. Он воқеаҳои рӯҳбаланкунандаеро, ки бо шумо рӯй доданд, ба дигарон дар ҷамъомад нақл кунед. Бигзор онҳо он хурсандиеро, ки шумо дар хизмати Яҳува ҳис мекунед, бубинанд. Ҳамзамон барои дар ҳолати ногувор нагузоштан, онҳоро бо худатон ё бо дигарон муқоиса накунед (Ғал. 6:4). Тамоми қуввати худро сарф намоед, то дигаронро ба «муҳаббат ва аъмоли нек» барангезед, на ба ҳисси гунаҳгорӣ. (Нигаред ба китоби «Мактаби таълими мавъиза» (рус.), саҳ. 158, сарх. 4.) Агар мо дигаронро ба муҳаббат барангезем, пас амалҳо — мисли ба дигарон кӯмаки моддӣ расондан ё мавъиза кардан худ ба миён хоҳанд омад (2 Қӯр. 1:24).