ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w15 15.1. саҳ. 28-32
  • Оё муҳаббати пойдор имконпазир аст?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оё муҳаббати пойдор имконпазир аст?
  • Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • МУҲАББАТИ ҲАҚИҚӢ ИМКОНПАЗИР АСТ!
  • «ЧӢ ХУБТАР АСТ ИШҚБОЗИҲОИ ТУ АЗ ШАРОБ»
  • «МУҲАББАТРО, ТО ХУДАШ ПАЙДО НАШАВАД, БЕДОР НАКУНЕД»
  • АРӮСИ МАН МИСЛИ «БОҒИ ДАРБАСТА АСТ»
  • Шарҳи мухтасари Шоҳсуруд
    Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав
  • Оё шумо издивоҷро, ки атои Худост, дар ҳақиқат қадр мекунед?
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2012
  • Аз духтари шулемӣ ибрат гиред
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2016)
Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2015
w15 15.1. саҳ. 28-32
1. Ҳамсарони пиронсол дар издивоҷ хушбахтанд; 2. Ҳамон ҷуфт вақти бо кору бор машғул шуданашон, ҳангоми солгарди издивоҷашон, лаҳзаи махсуси ҳаёташон ва ҳангоме ки ҳамроҳ роҳ мераванд

Оё муҳаббати пойдор имконпазир аст?

«Муҳаббат... алангаи илоҳист» (С. СУР. 8:6).

ШУМО ЧӢ ГУНА ҶАВОБ МЕДОДЕД?

  • Чаро гуфтан мумкин аст, ки муҳаббати ҳақиқӣ байни марду зан имконпазир аст?

  • Масеҳиёни оиладор аз китоби Суруди сурудҳо барои худ чӣ дарс гирифта метавонанд?

  • Масеҳиёни муҷаррад дар бораи мулоқоту шиносоӣ ва интихоби ҳамсар чӣ меомӯзанд?

1, 2. Кӣ аз дида баромадани китоби Суруди сурудҳо фоида гирифта метавонад ва чаро? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

«АЗ НИГОҲИ гарму саршори муҳаббати онҳо, аз он ки бо як меҳру дилбастагӣ дасти якдигарро доштаанд, аён аст, ки онҳо якдигарро хеле дӯст медоранд»,–– фикр мекард бародаре ки навакак тӯи арӯсиро гузаронида буд. Ӯ ба худ чунин саволҳоро медод: «Оё издивоҷи ин ҷуфт ба имтиҳони зиндагӣ тоб меоварда бошад? Оё бо гузашти солҳо муҳаббати онҳо нисбати якдигар зиёд мешавад? Ё дилашон аз якдигар хунук шуда, қиссаи ишқи онҳо хотима меёбад?» Вақте ки зану шавҳар дар ҳақиқат якдигарро дӯст медоранд, муҳаббати онҳо ба душвориҳои сахттарин тоб оварда метавонад. Барои ҳамин додани чунин савол бемаврид нест: оё муҳаббати пойдор имконпазир аст?

2 Муҳаббати ҳақиқӣ ҳатто дар рӯзҳои шоҳ Сулаймон камёфт буд. Дар бораи хулқу табиати мардуми он замон сухан ронда ӯ чунин гуфт: «Як мард [-и росткор]-ро аз байни ҳазор нафар ёфтам, вале зане аз байни ҳамаи онҳо наёфтам. Аммо, бубин, фақат ҳаминро ёфтам, ки Худо одамизодро росткор офарид, валекин онҳо аз дунболи каҷкориҳои бисёр рафтанд» (Воиз 7:26–29). Бо сабаби таъсири заноне ки Баалро парастиш мекарданд, дар рӯзҳои Сулаймон ахлоқи поку шоиста қариб ки намонда будa. Барои ҳамин ёфтани шахси росткор барои ӯ душвор буд. Лекин достоне ки Сулаймон қариб 20 сол пеш навишта буд, нишон медиҳад, ки муҳаббати ҳақиқӣ ва устувор байни марду зан вуҷуд дорад. Дар он фаҳмонда шудааст, ки муҳаббат чист ва чӣ тавр онро бояд зоҳир кард. Хоҳ мо муҷаррад бошем, хоҳ оиладор, аз дида баромадани китоби Суруди сурудҳо барои худ манфиат гирифта метавонем.

МУҲАББАТИ ҲАҚИҚӢ ИМКОНПАЗИР АСТ!

3. Чаро гуфтан мумкин аст, ки муҳаббати ҳақиқӣ байни марду зан имконпазир аст?

3 Суруди сурудҳо 8:6-ро бихонед. Дар ин китоб гуфта шудааст, ки муҳаббат «алангаи илоҳист». Чаро? Чунки хислати бузургтарини Яҳува муҳаббат аст ва Ӯ моро тарзе офаридааст, ки ба муҳаббати Ӯ пайравӣ карда тавонем (Ҳас. 1:26, 27). Вақте ки Худо зани аввалин, Ҳавворо, офарид ва назди Одам овард, ӯ илҳом гирифта суханони шоирона ба забон овард. Бешубҳа, Ҳавво низ нисбати шавҳараш муҳаббат ҳис мекард, чунки ӯ аз Одам гирифта шуда буд (Ҳас. 2:21–23). Азбаски Яҳува ба одамон қобилияти зоҳир кардани муҳаббатро додааст, муҳаббати ҳақиқӣ ва пойдор байни марду зан бешакк имконпазир аст.

4, 5. Мазмуни Суруди сурудҳои Сулаймонро кӯтоҳакак гуфта диҳед.

4 Издивоҷ, ба ғайр аз пойдору бардавом буданаш, боз дорои хосиятҳои дигар ҳам ҳаст. Баъзеи онҳо дар китоби Суруди сурудҳо тасвир ёфтаанд. Он дар шакли шеър навишта шуда дар бораи муҳаббати байни духтаре аз деҳоти Шунем ё Шулем ва чӯпонбачае нақл мекунад. Ин нақл чунин сар мешавад: рӯзе подшоҳ Сулаймон назди токзоре хайма мезанад, ки дар он ҷо духтараки шулемӣ кор мекард. Мафтуни ҳусни ӯ гашта, шоҳ духтарро ба хаймаи худ меорад. Шоҳ Сулаймон бо суханон ва ҳадияҳои қиматбаҳо кӯшиш мекунад, ки дили ӯро ба даст орад, аммо духтар мегӯяд, ки ӯ дилдода дорад ва танҳо бо ӯ будан мехоҳад (С. Сур. 1:4–14). Вақте чӯпон ба он ҷо меояд, онҳо аз дидори ҳам шод шуда ба якдигар изҳори муҳаббат мекунанд (С. Сур. 1:15–17).

5 Сулаймон ба Ерусалим баргашта духтарро ҳамроҳи худ мебарад. Чӯпон бошад, аз паи онҳо равон мешавад (С. Сур. 4:1–5, 8, 9). Ҳарчанд Сулаймон кӯшиш кард, ки дили ӯро ба даст орад, ӯ ин корро карда натавонист (С. Сур. 6:4–7; 7:1–10). Оқибат подшоҳ ба духтар иҷозат медиҳад, ки ба хонааш биравад. Баъд духтар ба дӯстдоштааш мегӯяд, ки мисли оҳу ба наздаш бишитобад ва бо ҳамин суруд ба анҷом мерасад (С. Сур. 8:14).

6. Чаро муайян кардани шахси гӯянда дар Суруди сурудҳо душвор аст?

6 Ин суруд ба тарзи зебо ва пурмазмун навишта шудааст ва аз ин рӯ он Суруди сурудҳо номида шудааст (С. Сур. 1:1). Лекин дар он номҳои гӯяндагон оварда нашудаанд ва муайян кардани он ки кадом шахс чиро мегӯяд осон нест. Номҳои гӯяндагон дар суруд барои он оварда нашудаанд, то ба маънии баланд ва зебогии қофия зарар нарасад. Лекин мазмуни худи суруд барои фаҳмидани он ки гӯяндаи ин ё он суханон кист, ёрӣ мерасонад.

«ЧӢ ХУБТАР АСТ ИШҚБОЗИҲОИ ТУ АЗ ШАРОБ»

7, 8. Дар бораи «ишқбозиҳо»-и чӯпонбачаву духтари шулемӣ чӣ гуфтан мумкин аст?

7 Дар Суруди сурудҳо оиди «ишқбозиҳо»-и байни чӯпонбача ва духтари ҷавон нақл карда мешавад. Азбаски суханони ошиқонаи онҳо 3000 сол пеш навишта шудаанд, шояд баъзеашон ба назари мо аҷиб намоянд. Ҳарчанд маданияти онҳо аз мо фарқ мекунад, ба ҳар ҳол фаҳмидани ҳиссиёти онҳо бароямон он қадар душвор нест. Масалан, чӯпонбача чашмони духтарро тасвир карда мегӯяд, ки онҳо «мисли чашмони кабӯтар» ҳастанд (С. Сур. 1:15). Духтар бошад, зебогии чашмони чӯпонро ба кабӯтарони кабудчатобе монанд мекунад, ки дар шир ғӯта мезананд. (Суруди сурудҳо 5:12-ро бихонед.)

8 На ҳама суханони ин китоб дар бораи зебогии зоҳирии инсон навишта шудаанд. Суханони зерини чӯпонро дида мебароем. (Суруди сурудҳо 4:7, 11-ро бихонед.) Ӯ ба дӯстдоштааш чунин мегӯяд: «Аз лабҳоят шаҳд мечакад, эй арӯс! Асал ва шир дар таҳти забони туст». Ӯ чиро дар назар дошт? Барои чӯпон суханони духтар чун шир софу чун шаҳду асал ширин буданд. Вақте чӯпонбача ба дӯстдоштааш мегӯяд, ки «ту сар то по нозанин ҳастӣ, эй ёри ман! Ва нуқсоне дар ту нест», ӯ на танҳо ба зоҳири ӯ ишора мекунад, балки ба хислатҳои зебои духтар низ.

9. а) Муҳаббат байни ҳамсарон чиро дар бар мегирад? б) Чаро ҳамсарон бояд нисбати якдигар меҳру навозиш зоҳир кунанд?

9 Издивоҷ ин аҳдномаи холӣ аз меҳру муҳаббат нест. Дар асл муҳаббат хусусияти фарқкунандаи масеҳиён мебошад. Лекин ин чӣ гуна муҳаббат аст? Оё ҳамон муҳаббате ки барои доштани он Китоби Муқаддас моро ташвиқ мекунад? (1 Юҳ. 4:8). Оё чунин намуди муҳаббат меҳреро, ки аъзоёни оила нисбати якдигар доранд, дар бар мегирад? Ё он мисли муҳаббати дӯстона аст? (Юҳ. 11:3). Ё он ишқу ошиқист? (Мас. 5:15–20). Дар асл, муҳаббати ҳақиқиву пойдор ҳамаи онҳоро дар бар мегирад. Муҳаббатро бояд бо сухан ва рафтори худ зоҳир кард. Ҳамсарон набояд гузоранд, ки машғулиятҳои ҳаррӯза онҳоро аз зоҳир кардани муҳаббати худ ба якдигар боздорад. Ин ба мустаҳкам шудани оила ва хушбахтии он мусоидат мекунад. Дар баъзе маданиятҳо навхонадорон бо хоҳиши худ оила барпо намекунанд, балки дигарон ба ҷои онҳо ҳамсар интихоб мекунанд. Аз ин рӯ дар аввали ҳаёти оилавӣ ҳамсарон қариб ки якдигарро намешиносанд. Дар чунин мавридҳо барои пойдору мустаҳкам шудани издивоҷашон онҳо набояд аз изҳор кардани муҳаббат ба якдигар худдорӣ кунанд.

10. Изҳори меҳру муҳаббат боз чӣ гуна натиҷаи хуб оварда метавонад?

10 Зоҳир кардани меҳру навозиш боз як манфиати дигар дорад. Шоҳ Сулаймон ба духтар «шилшилаҳои тилло бо пулакчаҳои нуқра» тақдим намуд. Сулаймон ҳусну ҷамоли ӯро васф намуда гуфт, ки ӯ «мисли моҳ нозанин аст, мисли офтоб тобон аст» (С. Сур. 1:9–11; 6:10). Лекин ҷавондухтар ба дӯстдоштааш вафодор монда ба суханони дилфиреби Сулаймон дода нашуд. Чӣ ба ӯ дар вақти ҷудоӣ бо маҳбубаш қувват бахшид? Ӯ худаш ба ин савол ҷавоб медиҳад. (Суруди сурудҳо 1:2, 3-ро бихонед.) Ба ӯ ёди суханони меҳрубононаи чӯпонбача қувват мебахшиданд. Барои ӯ меҳру навозиши чӯпон «аз шароб хубтар» буданд ва дилашро шод мегардонданд. Номи дӯстдоштааш барои ӯ мисли равғани атрафшон буд (Заб. 22:5; 103:15). Аз ин ҷо маълум мешавад, ки бо суханони меҳрубон ба якдигар муҳаббат зоҳир кардан барои ҳамсарон хеле муҳим аст. Дар натиҷаи ин, издивоҷи онҳо мустаҳкам ва ба душвориҳо тобовар мешавад.

«МУҲАББАТРО, ТО ХУДАШ ПАЙДО НАШАВАД, БЕДОР НАКУНЕД»

11. Масеҳиёни муҷаррад аз суханоне ки ҷавондухтари шулемӣ ба духтарони Ерусалим гуфт, чӣ дарс мегиранд?

11 Шахсоне ки оиладор шудан мехоҳанд, аз намунаи ҷавондухтари шулемӣ чӣ омӯхта метавонанд? Ҷавондухтари шулемӣ нисбати Сулаймон ягон зарра муҳаббат надошт, барои ҳамин духтарони дарборро қасам дода ба онҳо гуфт: «Муҳаббатро, то худаш пайдо нашавад, бедор накунед» (С. Сур. 2:7; 3:5, ТДН). Чаро ӯ чунин гуфт? Чунки ҷавондухтар дарк мекард, ки аз булҳавасӣ ба ҳар як каси шиносу ношинос дил бастан аз рӯи хирад нест. Хуб мебуд, то масеҳиёне ки оиладор шудан мехоҳанд, шахси табъи дилашонро, ки ӯро дар ҳақиқат дӯст дошта метавонанд, интизор шаванд.

12. Барои чӣ духтари шулемӣ чӯпонро дӯст медошт?

12 Барои чӣ ҷавондухтари шулемӣ чӯпонро дӯст медошт? Чӯпон «мисли оҳу» зебо буд, дастҳояш мисли «лӯлаи тилло» ва пойҳояш мисли «сутунҳои мармар» зебо ва бақувват буданд. Лекин чӯпон на фақат аз сабаби хушрӯгии зоҳириаш ба ҷавондухтар маъқул буд. Духтар медонист, ки чӯпон Яҳуваро дӯст медошт ва дорои хислатҳои рӯҳонӣ буд. Маҳз барои ҳамин, духтарак чӯпонро чун «дарахти себ дар миёни дарахтони ҷангал» тасвир кард (С. Сур. 2:3, 9; 5:14, 15).

13. Барои чӣ чӯпонбача духтари шулемиро дӯст медошт?

13 Духтари шулемӣ бениҳоят зебо буд. Аз ин рӯ ҳатто шоҳ Сулаймон нигоҳ накарда ба он ки аллакай соҳиби «шаст нафар маликаҳо ва ҳаштод нафар сурриягон» ва бокираҳои бешумор буд, ба ӯ дил баст. Илова бар ҳусну ҷамолаш ҷавондухтар Яҳуваро дӯст медошт ва дорои хислатҳои зебои рӯҳонӣ буд. Худи духтар ба худаш назари хоксорона дошт. Ӯ худро ба «савсани водиҳо», гули оддии саҳро монанд мекард. Лекин дӯстдоштаи ӯ, чӯпон, дигар хел ақида дошт. Дар назари чӯпон ӯ мисли «савсан дар миёни хорҳо» ягонаву беҳамто буд (С. Сур. 2:1, 2; 6:8).

14. Касоне ки хоҳиши оиладор шуданро доранд, аз намунаи чӯпонбача ва ҷавондухтари шулемӣ чӣ омӯхта метавонанд?

14 Дар Навиштаҳо ба масеҳиён амр дода шудааст, ки «фақат дар Худованд» издивоҷ кунанд (1 Қӯр. 7:39). Ин маънои онро дорад, ки мо бояд танҳо бо хизматгорони таъмидёфтаи Яҳува мулоқот кунем ва хонадор шавем. Масеҳиён бояд дар хотир дошта бошанд, ки барои паси сар кардани душвориҳои издивоҷ ҳамсари ояндаашон бояд дорои хислатҳои ба Худо писанд бошад. Барои ҳамин, агар шумо мақсади оиладор шуданро дошта бошед, ба намунаи чӯпонбача ва ҷавондухтари шулемӣ пайравӣ кунед ва касеро ҷӯед, ки дорои хислатҳои рӯҳонӣ асту Яҳуваро аз таҳти дил дӯст медорад.

Зани масеҳӣ нисбати шахси ҳамимоннабуда дилбастагӣ нишон медиҳад

Масеҳиён бояд аз инкишоф додани ҳиссиёт бо шахсони ҳамимоннабуда дурӣ ҷӯянд (Ба сархати 14 нигаред.)

АРӮСИ МАН МИСЛИ «БОҒИ ДАРБАСТА АСТ»

15. Масеҳиёни ҷавон аз вафодории духтари шулемӣ барои худ чӣ гуна дарс гирифта метавонанд?

15 Суруди сурудҳо 4:12-ро бихонед. Барои чӣ чӯпон арӯсашро чун «боғи дарбаста» тасвир мекунад? Боғи девордор барои одамони ғайр пӯшида аст. Ба он танҳо ба воситаи дари қулфзада роҳ ёфтан мумкин аст. Духтари шулемӣ барои он ба чунин боғ монанд карда шудааст, чунки меҳру муҳаббати ӯ танҳо барои шавҳаршавандааш дастрас буд. Ба суханони ширину дилфиреби подшоҳ Сулаймон дода нашуда, духтар нишон дод, ки ӯ мисли «ҳисор» аст, на мисли «дарвоза»-е ки ба он каси дилхоҳ даромада метавонад (С. Сур. 8:8–10). Ба ҳамин монанд, занону мардони муҷаррад меҳру муҳаббаташонро танҳо барои шахсе нигоҳ медоранд, ки дар оянда ҳамсарашон мешавад.

16. Масеҳиёне ки бо касе бо мақсади издивоҷ вомехӯранд, аз китоби Суруди сурудҳо чӣ манфиат гирифта метавонанд?

16 Вақте ки чӯпонбача духтарро барои ҳамроҳаш сайру гашт кардан даъват кард, бародарони духтарак ӯро ҷавоб надоданд. Ба ҷои ин, онҳо ба духтарак кор супурданд. Ӯ бояд токҳои ангурро нигаҳбонӣ мекард. Чаро онҳо ба ӯ иҷозат надоданд, ки ҳамроҳи чӯпон равад? Оё онҳо ба хоҳарашон бовар намекарданд? Оё онҳо фикр мекарданд, ки духтарак дилу нияти пок надорад? Дар асл, онҳо эҳтиёткорӣ зоҳир карданд, то ки хоҳарашон ба вазъияти васвасанок наафтад (С. Сур. 1:6; 2:10–15). Масеҳиёни ҷавон низ аз ин ҷо барои худ дарси муҳиме гирифта метавонанд: ҳангоми мулоқоту шиносоӣ кӯшиш кунед, ки муносибатҳои шумо поку тоза бошанд. Аз рӯи хирад мебуд, ки бо якдигар танҳо намонед. Ҳарчанд ба таври поку шоиста изҳор кардани муҳаббати худ равост, аз вазъиятҳое ки шуморо ба васваса андохта метавонанд, даргурез бошед.

17, 18. Аз дида баромадани китоби Суруди сурудҳо шумо чӣ манфиат гирифтед?

17 Дар аввали ҳаёти оилавӣ ҳамсарони масеҳӣ нисбати якдигар муҳаббати зиёд доранд. Яҳува аҳди издивоҷро тавре барпо кардааст, ки он пойдору бардавом буда метавонад. Ӯ алангаи муҳаббатро барафрӯхтааст ва вазифаи ҳамсарон ин аст, ки он оташро фурӯзон нигоҳ доранд (Марқ. 10:6–9).

18 Агар шумо мақсади оиладор шуданро дошта бошед, бо касе издивоҷ кунед, ки ӯро дар ҳақиқат дӯст дошта тавонед. Вақте ки шумо чунин шахсро ёфтед, якҷоя кӯшиш ба харҷ диҳед, то муҳаббататон рӯз аз рӯз афзун гардад. Ин мақола нишон дод, ки муҳаббати пойдор имконпазир аст, зеро ки он «алангаи илоҳист» (С. Сур. 8:6).

a Ба «Бурҷи дидбонӣ» (рус.) аз 15 январи соли 2007, саҳ. 31 нигаред.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан