Хирадмандона қарор қабул кунед!
«Бо имон талаб кунед ва ҳеҷ шакку шубҳа надошта бошед» (ЯЪҚ. 1:6).
1. Барои чӣ Қобил қарори нодуруст қабул кард ва оқибат чӣ шуд?
ҚОБИЛ бояд қарор қабул мекард, ки фикру ҳиссиёти гунаҳкоронаашро идора кунад ё не. Аз чӣ хел қарор қабул кардани ӯ ояндааш вобаста буд, чунки вай бояд тамоми умр бо оқибати он зиндагӣ мекард. Мо медонем, ки Қобил нодуруст қарор қабул кард. Ва оқибат бародараш Ҳобилро аз ҳаёт ва худашро бошад, аз дӯстӣ бо Яҳува маҳрум сохт (Ҳас. 4:3–16).
2. Чаро хирадмандона қарор қабул кардан муҳим аст?
2 Мо низ дар ҳаёт интихоб дорем ва бояд қарор қабул кунем. Албатта, на аз ҳамаи қарорҳоямон ҳаётамон вобастагӣ дорад. Вале, бисёри қарорҳоямон ба ҳаёти мо сахт таъсир расонда метавонанд. Барои ҳамин қобилияти дуруст қарор қабул кардан ба мо кӯмак мекунад, ки ҳаётамон осоишта бошад (Мас. 14:8).
3. а) Ҳангоми қарор қабул кардан мо бояд ба чӣ имон дошта бошем? б) Мо кадом саволҳоро дида мебароем?
3 Имон ба Худо ба мо кӯмак мекунад, ки қарори хирадмандона қабул кунем. Мо бояд боварӣ дошта бошем, ки Яҳува қудрат дорад ва тайёр аст ба мо кӯмак кунад, то ки хирадманд шавем. Ҳамчунин бояд ба Каломи Яҳува бовар карда маслиҳати Ӯро ба кор барем. (Яъқуб 1:5–8-ро хонед.) Вақте мо ба Худо наздик мешавем ва муҳаббатамонро нисбат ба Каломаш инкишоф медиҳем, ба одилона будани довариҳои Ӯ бовар мекунем. Ҳамин тавр ба мо одат мешавад, ки пеш аз қарор қабул кардан ба гуфтаҳои Каломи Худо гӯш диҳем. Лекин чӣ тавр қобилияти қарорқабулкуниамонро беҳтар карда метавонем? Оё мо қарори аллакай қабулкардаамонро иваз карда метавонем? Дар ин мақола мо ба ин саволҳо ҷавоб меёбем.
ЗИНДАГӢ БЕ ҚАРОРҚАБУЛКУНӢ НАМЕШАВАД
4. Одами аввалин чӣ гуна интихоб дошт ва оқибат чӣ шуд?
4 Аз аввали таърихи одамизод одамон бояд қарорҳои муҳим қабул мекарданд. Масалан, Одам бояд интихоб мекард, ки Яҳуваро ё занашро гӯш кунад. Вале ӯ чӣ гуна қарор баровард? Одам ба таъсири зани фирефташудаи худ дода шуда қарори бехирадона қабул кард ва дар натиҷа ӯ аз Биҳишт ва ҳаёташ маҳрум шуд. Вале ин саршавии оқибати гуноҳаш буд. Мо то ҳол аз оқибати қарори нодурусти Одам азоб кашида истодаем.
5. Мо бояд ба қарорқабулкунӣ чӣ хел муносибат кунем?
5 Баъзеҳо фикр мекунанд, ки агар мо дар ҳаёт умуман қарор намебаровардем, зиндагӣ беҳтар мешуд. Шумо чӣ фикр доред? Дар ёд дошта бошед, ки Яҳува одамонро чун робот наофаридааст, ки онҳо на фикру на интихоб доранд. Баръакс, Яҳува ба мо Китоби Муқаддасро додааст, то қарорҳои бохирадона барорем. Аз ин бармеояд, ки Яҳува барои беҳбудии мо мехоҳад, ки мо худамон қарор қабул кунем. Биёед якчанд мисолро дида бароем.
6, 7. Исроилиён чӣ гуна интихоб доштанд ва барои чӣ қарори дуруст қабул кардан барояшон душвор буд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
6 Ҳамин ки исроилиён ба Замини ваъдашуда даромаданд, бояд қарори ҳаётан муҳим мебароварданд, ки Яҳуваро ибодат кунанд ё худоёни дигарро. (Еҳушаъ ибни Нун 24:15-ро хонед.) Шояд ин қарор ба назар қарори одӣ метофт. Лекин аз интихоби онҳо ҳаёту марг вобаста буд. Исроилиён гаштаву баргашта дар давраҳои ҳукмронии доварон қарори нодуруст мебароварданд. Онҳо аз Яҳува рӯ гардонда бутҳоро парастиш мекарданд (Дов. 2:3, 11–23). Масалан, Илёс-пайғамбар аниқу равшан ба халқи Худо гуфт, ки ё ба Яҳува хизмат кунанд ё ба Баал (3 Подш. 18:21). Шояд шумо фикр кунед, ки барои онҳо интихоб кардан осон буд, зеро ба Яҳува хизмат кардан ҳамавақт хирадмандона ва манфиатовар аст. Одами боақл мефаҳмад, ки бути беҷонро парастиш кардан фоида надорад. Лекин халқи Исроил «дар миёни ду ақида» мекалавид. Барои ҳамин пайғамбар Илёс онҳоро барангехт, ки қарори дуруст бароранд, яъне Яҳуваро ибодат кунанд.
7 Чаро ба исроилиён дуруст қарор қабул кардан ин қадар мушкил буд? Якум, онҳо имонашонро ба Яҳува гум карданд ва ба овози Ӯ гӯш намедоданд. Дониши онҳо оиди Яҳува ва хиради Ӯ таҳкурсӣ надошт ва Яҳува барояшон дигар Такягоҳ набуд. Агар онҳо барои аз Яҳува дониш гирифтан вақт ҷудо мекарданд, қарорҳояшон хирадмандона мебуд (Заб. 24:12). Дуюм, исроилиён ба таъсири дигарон дода шуданд ва гузоштанд, ки онҳо ба ҷояшон қарор қабул кунанд. Халқҳои бегона ба фикрронии исроилиён таъсир карда онҳоро барангехтанд, ки бутҳоро ибодат кунанд. Ҳол он ки Яҳува хело пеш аз ин онҳоро дар ин бора огоҳ карда буд (Хур. 23:2).
ОЁ ДИГАРОН ҲАҚ ДОРАНД, КИ БА ҶОИ МО ҚАРОР ҚАБУЛ КУНАНД?
8. Мо аз исроилиён чӣ дарс гирифта метавонем?
8 Аз мисоли исроилиён мо мефаҳмем, ки агар қарори хирадмандона бароварданӣ бошем, бояд аз Каломи Худо роҳнамоӣ ҷӯем. Дар Ғалотиён 6:5 гуфта шудааст: «Зеро ҳар кас бори худро хоҳад бардошт». Мо набояд масъулияти қарор қабул карданро ба гардани дигар кас бор кунем. Баръакс, бояд худамон фаҳмем, ки чӣ дар назари Яҳува дуруст аст ва сипас чӣ хел амал карданамонро интихоб кунем.
9. Чаро агар дигарон ба ҷойи мо қарор бароранд, хатарнок аст?
9 Баъзан мо ба фишори атрофиён дода шуда мегузорем, ки онҳо ба ҷои мо қарор қабул кунанд (Мас. 1:10, 15). Ин хатарнок аст. Мо бояд ба овози виҷдонамон, ки он дар асоси Навиштаҳо таълим ёфтааст, гӯш диҳем. Агар роҳ диҳем, ки дигарон ба ҷойи мо қарор бароранд, он гоҳ аз пайи онҳо равона мешавем. Ин ҳам интихоб аст, вале он ба бадбахтӣ оварда мерасонад.
10. Павлус ғалотиёнро аз чӣ огоҳ кард?
10 Павлуси ҳавворӣ дар номааш ғалотиёнро огоҳ кард, ки эҳтиёт шаванд, то дигарон ба ҷояшон қарор набароранд. (Ғалотиён 4:17-ро хонед.) Чунки баъзе бародарони Ғалотия ба ҷои дигарон қарор мебароварданд. Бо чӣ мақсад? Ин масеҳиёни худпараст мехостанд, ки бародару хоҳарон аз рӯи гуфти онҳо амал кунанд, на аз рӯи гуфти ҳаввориён. Онҳо ҳавобаланд буданд ва ҳуқуқи ҳамимононашонро оиди қарор баровардан ҳурмат намекарданд.
11. Чӣ тавр мо ба дигарон барои баровардани қарори шахсӣ кӯмак карда метавонем?
11 Павлуси ҳавворӣ барои мо намунаи ибрат аст, чунки вай ҳуқуқи ҳамимононро ҳурмат карда мегузошт, ки худашон қарор қабул кунанд. (2 Қӯринтиён 1:24-ро хонед.) Имрӯз низ пирони ҷамъомад мисли Павлус ҳангоми маслиҳатдиҳӣ бояд озодии интихоби дигаронро ҳурмат кунанд. Онҳо бо омодагӣ дар асоси Китоби Муқаддас ба бародару хоҳарон оиди ягон масъала маълумот медиҳанд. Лекин пирон эҳтиёт мешаванд, ки ба ҷойи онҳо қарор қабул накунанд ва инро ба зиммаи худи ин бародар ё хоҳар мегузоранд. Ин рафтори онҳо мантиқан дуруст аст, чунки ба ҳамон шахсе ки қарор мебарорад, лозим мешавад, ки бо оқибати он зиндагӣ кунад. Мо аз ин барои худ як дарси муҳим мегирем: мо ҳам бояд нисбати дигарон таваҷҷӯҳ зоҳир карда, диққати онҳоро ба принсипҳо ё маслиҳати Китоби Муқаддас равона созем. Ба ҳар ҳол ҳар як шахс бояд худаш қарор қабул кунад. Зеро одам ҳамон вақт аз қарори кардааш баҳра мебарад, агар ки он хирадмандона бошад. Мо ҳақ надорем, ки ба ҷои дигарон қарор қабул кунем.
Пирони меҳрубон ба дигарон кӯмак мекунанд, ки худашон қарорбарориро ёд гиранд (Ба сархати 11 нигаред.)
БА ҲИССИЁТ ДОДА НАШАВЕД
12, 13. Чаро ҳангоми ғазаболуд ва рӯҳафтода буданамон қарор баровардан хатарнок аст?
12 Имрӯз дар байни мардум чунин ақида паҳн шудааст: «Хости дилатро кун». Лекин ин ақида бар зидди Каломи Худо мебошад. Китоби Муқаддас моро огоҳ мекунад, ки ҳангоми қарорқабулкунӣ ба майлу хоҳиши дили гунаҳкорамон дода нашавем (Мас. 28:26). Воқеаҳои дар он овардашуда нишон медиҳанд, ки бо хости дил амал кардан оқибати хуб надорад. Чунки дили одами нокомил «аз ҳама чиз маккортар аст, ва он шифонопазир аст» (Ирм. 3:17; 13:10; 17:9; 3 Подш. 11:9). Агар мо бо хости диламон қарор барорем, чӣ мешавад?
13 Яҳува ба мо амр додааст, ки Ӯро бо тамоми дил дӯст дорем ва одамонро мисли худамон нағз бинем (Мат. 22:37–39). Оятҳои сархати боло нишон медиҳанд, ки аз рӯи ҳиссиёт амал намудан хатарнок аст. Масалан, барои одами ғазаболуд қарори дуруст баровардан на он қадар осон мебошад (Мас. 14:17; 29:22). Ҳамчунин барои шахсони рӯҳафтода интихоби дуруст кардан душвор аст (Ад. 32:6–12; Мас. 24:10). Дар хотир доред, ки «шариати Худоро бандагӣ» кардан рафтори хирадмандона аст (Рум. 7:25). Агар мо ҳангоми қарорқабулкунӣ ба майлу ҳиссиётамон дода шавем, бо осонӣ гумроҳ шуда метавонем.
ВАҚТЕ КИ ҚАРОРАМОНРО ДИГАР КАРДАН ЛОЗИМ МЕОЯД
14. Чаро дар дигар кардани қарор ягон бадие нест?
14 Мо бояд хирадмандона қарор қабул кунем, лекин ин маънои онро надорад, ки мо қарори худро дигар карда наметавонем. Ҳолатҳое мешаванд, ки мо бояд қарорамонро аз сари нав дида бароем ва шояд онро тағйир диҳем. Биёед муносибати Яҳуваро нисбати мардуми Нинве дида бароем. «Худо аъмоли онҳоро дид, ки аз роҳи бади худ тавба кардаанд; ва Худо аз он офате ки гуфта буд ба онҳо бирасонад, пушаймон шуд, ва нарасонд» (Юнус 3:10). Баъд аз он ки мардуми Нинве тавба карда рафторашонро ислоҳ намуданд, Яҳува қарорашро нисбати онҳо дигар кард. Бо ин Яҳува хирадмандӣ, фурӯтанӣ ва ҳамдардиашро нишон дод. Баръакси одамон Худо сари қаҳр амал намекунад.
15. Аз чӣ сабаб мо қарорамонро дигар карда метавонем?
15 Баъзан ба мо лозим меояд, ки қарорамонро дигар кунем. Масалан, ҳангоми дигар шудани вазъият. Яҳува низ вақте вазъият тағйир меёфт, қарорашро иваз мекард (3 Подш. 21:20, 21, 27–29; 4 Подш. 20:1–5). Ҳамчунин аз сабаби пайдо шудани маълумоти нав ба мо лозим меояд, ки қарорамонро дигар кунем. Масалан, ба шоҳ Довуд дар бораи набераи Шоул — Мефибӯшет маълумоти дурӯғ доданд. Ва Довуд тамоми чизу чораи Мефибӯшетро ба дигар кас дод. Аммо вақте ки ӯ ҳақиқати ҳолро фаҳмид, қарорашро дигар кард (2 Подш. 16:3, 4; 19:24–29). Бинобар ин баъзан қарорамонро иваз кардан аз рӯи хирад мебуд.
16. а) Мо бо ёрии чӣ қарори хирадмандона бароварда метавонем? б) Чаро ва чӣ тавр бояд қарорамонро аз нав дида бароем?
16 Каломи Худо маслиҳат медиҳад, ки ҳангоми баровардани қарори муҳим саросема нашавем (Мас. 21:5). Агар мо ҳама ҷонибҳои қарорамонро пешакӣ дида бароем, эҳтимол он вақт муваффақ мешавем (1 Тас. 5:21). Сардори оила пеш аз қарор баровардан, бояд дар асоси Китоби Муқаддас ва адабиётамон тадқиқот кунад ва инчунин фикру хоҳиши дигар аъзоёни оиларо ба инобат гирад. Агар дар ёд дошта бошед, Яҳува ба Иброҳим гуфт, ки ба гапи занаш гӯш диҳад (Ҳас. 21:9–12). Пирони ҷамъомад ҳам бояд барои тадқиқот кардан вақт ҷудо кунанд. Вақте пирон аз адабиётамон маълумоти бештарро мефаҳманд, онҳо аз дигар кардани қарори пештараашон наметарсанд. Ё хавотир намешаванд, ки баъди иваз кардани қарорашон иззату ҳурмати дигаронро аз даст медиҳанд. Пирони хоксору бомулоҳиза бояд дар вақти даркорӣ бо омодагӣ фикру қарорашонро дигар кунанд. Агар мо ҳам мисли онҳо рафтор кунем, ин ба сулҳу ягонагӣ дар ҷамъомад мусоидат мекунад (Аъм. 6:1–4).
МУВОФИҚИ ҚАРОРАТОН АМАЛ КУНЕД
17. Чӣ кор кунем, то ки қарорамон бомуваффақ бошад?
17 Баъзе қарорҳо аз қарорҳои дигар дида муҳимтаранд. Чи қадаре ки қарор муҳим бошад, ҳамон қадар бо дуо мулоҳиза ронданро талаб мекунад, ки барои ин вақт лозим аст. Баъзе бародарону хоҳарон дар бораи барпо кардан ё накардани оила ва бо кӣ оиладор шудан фикр мекунанд. Дигарон бошанд, пешрав шудан мехоҳанд, ки он баракатҳои зиёд меорад. Онҳо дар бораи кай ва чӣ хел хизмат карданашон фикр мекунанд. Дар ин мавридҳо ба Яҳува такя кардан хеле муҳим аст. Боварӣ доштан лозим аст, ки Ӯ роҳнамоии хирадмандона медиҳад (Мас. 1:5). Хулоса, зарур аст, ки ба манбаи беҳтарин — Китоби Муқаддас муроҷиат намоем ва аз Яҳува дар дуо роҳнамоӣ пурсем. Дар хотир доред, ки Яҳува ба мо хислатҳои даркориро медиҳад, то мувофиқи иродаи Ӯ қарор барорем. Хуб мебуд, ки ҳангоми қарор баровардан ба худамон саволҳои зеринро диҳем: «Оё ин қарори ман дар бораи муҳаббатам ба Яҳува шаҳодат медиҳад? Оё он ба оилаам хурсандиву осоиштагӣ меорад? Оё он нишон медиҳад, ки ман пуртоқату меҳрубонам?»
18. Чаро Яҳува мехоҳад, ки мо худамон қарор барорем?
18 Яҳува моро маҷбур намекунад, ки Ӯро дӯст дорем ва ба Ӯ хизмат кунем. Ин интихоби мост. Азбаски Ӯ ба мо озодӣ додааст, мо худамон интихоб мекунем, ки ба Ӯ хизмат кунем ё накунем ва Яҳува ин ҳуқуқи моро ҳурмат мекунад (Еҳ. 24:15; Воиз 5:4). Ӯ мехоҳад, ки мо дар асоси Каломаш мулоҳиза ронда қарор барорем. Агар ба роҳнамоии Яҳува боварӣ дошта бошем ва принсипҳои Ӯро ба кор барем, мо қарорҳои хирадмандона қабул карда метавонем. Ва бо ин исбот мекунем, ки дар ҳамаи роҳҳоямон устуворем (Яъқ. 1:5–8; 4:8).