Оё шумо мисли Яҳува аз рӯи адолат амал мекунед?
«Исми Худовандро ба забон хоҳам ронд... Ӯ Худои амин аст ва ноинсофӣ надорад» (ТАКР. Ш. 32:3, 4).
1, 2. а) Бо Нобӯт ва писаронаш чӣ шуд? б) Мо дар ин мақола кадом ду хислатро дида мебароем?
ТАСАВВУР кунед, ки мардеро дар ҷинояти ҷиддӣ бардурӯғ айбдор карданд. Ӯро дар асоси тӯҳмати мардони нобакор ҳукм намуданд. Барои оилаи ӯ ин як зарбаи сахт буд. Ҳамаи онҳое ки адолатро дӯст медоштанд, аз шунидани ин хабар зиқ шуданд. Ин афсона нест. Он дар асл бо ходими Яҳува, Нобӯт, дар вақти ҳукмронии подшоҳи Исроил, Аҳъоб, рӯй дода буд (3 Подш. 21:11–13; 4 Подш. 9:26).
2 Дар ин мақола мо мисоли Нобӯт ва пири ҷамъомадеро дида мебароем, ки дар асри як хизмат мекарду қарори нодуруст баровард. Ин мисолҳоро муҳокима карда мо мефаҳмем, ки агар мисли Яҳува аз рӯи адолат амал кардан хоҳем, фурӯтанӣ муҳим аст. Ҳамчунин мефаҳмем, ки чӣ тавр рафтори беадолатонаи ҳамимонамонро бахшида, мо нуқтаи назари Яҳуваро ба адолат инъикос мекунем.
АМАЛИ БЕАДОЛАТОНА
3, 4. Нобӯт чӣ гуна шахс буд ва чаро токзорашро ба шоҳ нафурӯхт?
3 Ҳарчанд аксарияти исроилиён ба намунаи бади шоҳ Аҳъоб ва занаш, маликаи Изобал, пайравӣ мекарданд, Нобӯт ба Яҳува содиқ буд. Исроилиён ба меъёрҳои Яҳува хунукназарӣ карда Баалро ибодат менамуданд. Нобӯт бошад, муносибати бо Яҳува доштаашро аз ҳаёт дида бештар қадр мекард.
4 3 Подшоҳон 21:1–3-ро хонед. Вақте ки Аҳъоб ба Нобӯт пешниҳод кард, ки токзорашро ба ӯ фурӯшад, Нобӯт розӣ нашуд. Чаро? Ӯ бо эҳтиром фаҳмонд: «Ҳошо аз тарси Худованд, ки ман мероси падаронамро ба ту бидиҳам». Розӣ нашудани Нобӯт бар Қонуни Яҳува, ки ба халқи Исроил дода буд, асос меёфт. Ин қонун фурӯхтани замини меросиро манъ мекард (Ибд. 25:23; Ад. 36:7). Аз ин маълум мегардад, ки Нобӯт ба ин масъала бо чашми Яҳува менигарист.
5. Изобал барои куштани Нобӯт чӣ кор кард?
5 Вақте Нобӯт ба фурӯхтани заминаш розӣ нашуд, шоҳ Аҳъоб ва занаш онро бо макру ҳила гирифтанӣ шуданд. Барои ҳамин Изобал мардони нобакорро фиристод, то ки Нобӯтро тӯҳмат кунанд. Дар натиҷа ҳам Нобӯт ва ҳам писаронаш беайб кушта шуданд. Яҳува ба ин беадолатӣ чӣ хел муносибат кард?
ҚАРОРИ ОДИЛОНАИ ЯҲУВА
6, 7. Чӣ тавр Яҳува нишон дод, ки адолатро дӯст медорад ва чӣ наздикони Нобӯтро тасаллӣ медод?
6 Яҳува дарҳол Илёсро ба назди Аҳъоб фиристод. Илёс ӯро дар куштани шахси бегуноҳ ва кашида гирифтани заминаш айбдор кард. Яҳува оиди ин масъала чӣ ҳукм баровард? Ӯ гуфт, ки он чизе ки бо Нобӯт ва писаронаш рӯй дод, бо Аҳъоб, занаш ва писаронаш низ рӯй медиҳад (3 Подш. 21:17–25).
7 Албатта, оила ва рафиқони Нобӯт ғамгин буданд. Вале онҳо медонистанд, ки Яҳува дар бораи ин масъала ҳама чизро медонад ва зуд ин беадолатиро бартараф мекунад. Бешубҳа, ин онҳоро тасаллӣ медод. Лекин баъдтар чизе ки онҳо интизор набуданд, рӯй дод. Ва ин шояд фурӯтанӣ ва боварии онҳоро ба Яҳува озмуд.
8. Аҳъоб ба ҳукми Худо чӣ хел муносибат кард ва ин чӣ натиҷа овард?
8 Вақте ки Аҳъоб дар бораи ҳукми Яҳува фаҳмид, вай «либосҳояшро дарронид, ва палосе дар бар кард, ва рӯза дошт, ва дар палос мехобид, ва ғамгинона роҳ мерафт». Аҳъоб худро фурӯтан сохт! Барои ҳамин Яҳува Илёсро боз ба назди ӯ фиристод, лекин бо дигар хабар. Ин дафъа вай гуфт, ки азбаски Аҳъоб худро дар назди Худованд фурӯтан сохт, Яҳува намегузорад, ки ин бадбахтӣ дар рӯзҳои ӯ рӯй диҳад (3 Подш. 21:27–29). Яҳува, ки дили одамро медонад, ба Аҳъоб раҳм кард (Мас. 17:3).
ФУРӮТАНӢ МУҲОФИЗАТ МЕКУНАД
9. Чӣ, эҳтимол, наздикони Нобӯтро аз хатари рӯҳонӣ муҳофизат кард?
9 Чӣ тавр ин қарори Яҳува ба онҳое ки дар бораи кори нодурусти Аҳъоб медонистанд, таъсир кард? Вақте Яҳува қарорашро нисбати Аҳъоб дигар кард, ин шояд имони наздикону дӯстони Нобӯтро озмуд. Агар ин хел шуда бошад, шояд фурӯтанӣ онҳоро муҳофизат кард ва барангехт, ки минбаъд низ Яҳуваро содиқона ибодат кунанд ва боварӣ дошта бошанд, ки Худои онҳо ҳамеша аз рӯи адолат амал мекунад. (Такрори Шариат 32:3, 4-ро хонед.) Дар оянда Яҳува одилонро эҳё карда, нисбати Нобӯт, писаронаш ва хешу таборашон адолати ҳақиқӣ нишон медиҳад (Айюб 14:14, 15; Юҳ. 5:28, 29). Ғайр аз ин, одамони фурӯтан бояд дар ёд доранд, ки «ҳар амалро Худо ба доварӣ хоҳад овард, ҳар амали ниҳониро низ, хоҳ нек бошад, хоҳ бад» (Воиз 12:14). Дар ҳақиқат, ҳангоми қарор баровардан Яҳува чизҳоеро ба назар мегирад, ки ба мо маълум нестанд. Барои ҳамин фурӯтанӣ одамони бегуноҳро аз хатари рӯҳонӣ муҳофизат мекунад.
10, 11. а) Дар кадом мавридҳо имони мо озмуда мешавад? б) Чӣ тавр фурӯтанӣ моро муҳофизат карда метавонад?
10 Агар пирони ҷамъомад ягон қароре бароранд, ки шумо намефаҳмед ё бо он розӣ нестед, чӣ кор мекунед? Масалан, агар пирон қарор кунанд, ки шумо ё ягон шахси наздикатон дигар дар таъйиноти худ хизмат карда наметавонед, он гоҳ чӣ кор мекунед? Ё агар ҳамсар, писар, духтар ё дӯсти наздикатонро аз ҷамъомад хориҷ кунанд ва шумо бо ин қарор розӣ набошед-чӣ? Агар шумо фаҳмед, ки ба шахси гунаҳкор бесабаб раҳмдилӣ зоҳир карданд, чӣ кор мекунед? Дар ин вазъиятҳо боварии мо ба Яҳува ва ташкилоташ озмуда мешавад. Агар шумо бо чунин озмоиш рӯ ба рӯ шавед, чӣ тавр фурӯтанӣ шуморо муҳофизат карда метавонад? Биёед ду ҷиҳатро дида бароем.
Агар пирон қароре бароранд, ки шумо бо он розӣ нестед, чӣ кор мекунед? (Ба сархатҳои 10 ва 11 нигаред.)
11 Якум, фурӯтанӣ моро бармеангезад, то иқрор шавем, ки мо ҳама чизро дониста наметавонем. Ҳатто агар мо бисёр чизро донем ҳам, танҳо Яҳува дили одамро мебинад (1 Подш. 16:7). Донистани ин моро бармеангезад, ки фурӯтан бошем, маҳдудиятҳои худро донем ва нуқтаи назарамонро ба ин масъала дигар кунем. Дуюм, фурӯтанӣ ба мо кӯмак мерасонад, ки итоаткор бошем ва пурсаброна Яҳуваро интизор шавем, то Ӯ беадолатиро Худаш ҳал кунад. Марди хирадманде навишт: «Некӯӣ фақат барои тарсгорони Худо хоҳад буд... валекин барои шарир некӯӣ нахоҳад буд, ва ӯ... умри дароз нахоҳад дид» (Воиз 8:12, 13). Бешубҳа, дар чунин ҳолатҳо зоҳир кардани фурӯтанӣ роҳи беҳтарин аст. (1 Петрус 5:5-ро хонед.)
БЕАДОЛАТӢ ДАР ҶАМЪОМАДИ АСРИ ЯК
12. Мо кадом вазъиятро дида мебароем ва чаро?
12 Масеҳиёни асри як, ки дар Антиёхияи арамӣ зиндагӣ мекарданд, бо вазъияте рӯ ба рӯ шуданд, ки на танҳо фурӯтанӣ, балки бо омодагӣ бахшидани онҳоро низ озмуд. Биёед ҳангоми дида баромадани ин вазъият худро санҷем ва фаҳмем, ки то чӣ андоза бахшидан бо нуқтаи назари Яҳува нисбати адолат вобаста аст.
13, 14. Петрус кӣ буд ва чӣ хел далерӣ нишон дод?
13 Петруси ҳавворӣ чун пири ҷамъомад хизмат мекард. Ӯ дӯсти Исо буд ва Исо бисёр чизро ба ӯ боварӣ мекард (Мат. 16:19). Масалан, соли 36-уми милодӣ, ба Петрус вазифа дода шуд, ки хушхабарро ба Корнилюс ва аҳли хонаводааш расонад. Ин ҷолиби диққат аст, чунки Корнилюс ғайрияҳудии номахтун буд. Вақте Корнилюс бо хонаводааш бо рӯҳи муқаддас тадҳин шуданд, Петрус гуфт: «Оё касе метавонад ба онҳое ки Рӯҳулқудсро мисли мо низ ёфтаанд, бо об таъмид гирифтанро манъ кунад?» (Аъм. 10:47).
14 Соли 49-уми милодӣ ҳаввориён ва пирони Ерусалим ҷамъ омаданд, то аниқ кунанд, ки масеҳиёни ғайрияҳудӣ бояд хатна кунанд ё не. Дар ин вохӯрӣ Петрус баромад карда ба бародарон ёдрас кард, ки чанд сол пеш ғайрияҳудиёни хатнанашуда бо рӯҳи муқаддас тадҳин шуда буданд ва худи Петрус шоҳиди он буд. Ин нақли ӯ ба ҳайати роҳбарикунандаи асри як ёрдам кард, ки қарор бароранд (Аъм. 15:6–11, 13, 14, 28, 29). Аз афташ, ҳам масеҳиёни яҳудӣ ва ҳам ғайрияҳудӣ аз Петрус миннатдор буданд, ки дар бораи ин далерона гап зад. Дар ҳақиқат, ҳеҷ кас фикр намекард, ки ин марди рӯҳан баркамол беадолатона рафтор мекунад (Ибр. 13:7).
15. Петрус чӣ хатогӣ кард? (Ба расми аввали мақола нигаред.)
15 Чанде пас аз вохӯрии соли 49-уми милодӣ Петрус ба Антиёхияи арамӣ рафт. Дар он ҷо вай бо бародарони ғайрияҳудӣ озодона муошират мекард. Ин бародарон аз дониш ва таҷрибаи Петрус баҳра мебурданд. Боре вай бо онҳо якҷоя сӯҳбат карда хӯрок мехӯрд, вале ногаҳон бас кард. Тасаввур кунед, ки чӣ хел он бародарон аз ин рафтори Петрус ҳайрон монда зиқ шуданд. Дигар бародарони яҳудӣ, ҳатто Барнаббо, мисли Петрус амал карданд. Барои чӣ Петруси рӯҳан баркамол бо рафтораш ягонагии ҷамъомадро вайрон кард? Баъзан мо низ аз ягон гап ё рафтори пири ҷамъомад хафа шуда метавонем. Дар ин ҳолат мо аз хатогии Петрус чӣ дарс гирифта метавонем?
16. Петрус чӣ хел ислоҳ карда шуд ва кадом саволҳо ба миён меоянд?
16 Ғалотиён 2:11–14-ро хонед. Петрус ба доми одамтарсӣ афтод (Мас. 29:25). Ба ҷои ба ин масъала бо чашми Яҳува нигаристан Петрус аз тарс нуқтаи назари бародарони яҳудиро дар ҷои аввал монд. Павлуси ҳавворӣ, ки дар ин вохӯрӣ иштирок дошт, рафтори Петрусро дастгирӣ накарда дар пеши ҳама дурӯягии ӯро ошкор кард (Аъм. 15:12; Ғал. 2:13). Бародарони ғайрияҳудӣ ба ин беадолатӣ чӣ хел муносибат карданд? Оё онҳо гузоштанд, ки ин рафтори Петрус муносибаташонро бо Яҳува вайрон кунад? Оё Петрус аз пушти ин кораш таъйиноташро аз даст дод?
БО ОМОДАГӢ БАХШЕД
17. Аз чӣ маълум аст, ки Яҳува Петрусро бахшид?
17 Петрус насиҳати Павлусро қабул карда ислоҳ шуд. Дар Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки Петрус таъйиноти худро аз даст дод. Вай баъдтар зери илҳоми Худо ду номаеро навишт, ки қисми Китоби Муқаддас гаштанд. Дар номаи дуюмаш Петрус Павлусро «бародари маҳбуби мо» номид (2 Пет. 3:15). Албатта, хатогии Петрус барои бародарони ғайрияҳудӣ дардовар буд, лекин Исо чун Сарвари ҷамъомад истифода бурдани Петрусро давом медод (Эфс. 1:22). Бародарону хоҳарони ҷамъомади асри як имконият доштанд, ки ба намунаи Исо ва Яҳува пайравӣ намуда бо омодагӣ бахшанд. Хушбахтона, онҳо нагузоштанд, ки хатогии одами нокомил муносибати онҳоро бо Яҳува вайрон кунад.
18. Дар кадом мавридҳо мо мисли Яҳува аз рӯи адолат амал карда метавонем?
18 Чи хеле ки дар асри як буд, пирони ҷамъомад ҳоло ҳам нокомиланд ва хатогӣ мекунанд (Яъқ. 3:2). Мо инро мефаҳмем, лекин вақте ки нокомилии бародарон шахсан ба мо таъсир мерасонад, сафед кардани онҳо бароямон душвор мешавад. Дар ин ҳолат оё мо мисли Яҳува аз рӯи адолат амал мекунем? Масалан, агар пири ҷамъомад ягон миллатро паст занад, шумо чӣ кор мекунед? Ё агар ӯ фикр накарда бо ягон гапаш шуморо хафа кунад, оё шумо мегузоред, ки ин муносибататонро бо Яҳува вайрон созад? Ба ҷои тез хулоса кардан, ки ин ё он пири ҷамъомад сазовори таъйиноташ нест, оё шумо пурсаброна Исоро, ки Сарвари ҷамъомад аст, интизор мешавед? Оё шумо кӯшиш мекунед, ки дар бораи солҳои зиёди содиқона хизмат кардани ин бародар фикр кунед ва ба ин масъала аз дигар тараф нигаред? Агар бародаре, ки шуморо хафа кардааст, чун пир хизматашро давом диҳад ё ҳатто соҳиби таъйиноти нав шавад, оё шумо ҳамроҳи ӯ хурсандӣ мекунед? Бо омодагӣ бахшидани касе нишон медиҳад, ки шумо назари Яҳуваро нисбати адолат дастгирӣ мекунед. (Матто 6:14, 15-ро хонед.)
19. То пурра бартараф шудани беадолатӣ мо бояд чӣ кор кунем?
19 Дӯстдорони адолат бесаброна рӯзеро интизоранд, ки Яҳува ҳамаи беадолатиеро, ки ба одамон дарду азоб меорад, нест мекунад (Иш. 65:17). Биёед то он дам мисли Яҳува аз рӯи адолат амал намуда бо омодагӣ дигаронро бахшем ва фурӯтанона иқрор шавем, ки мо ҳама чизро дониста наметавонем.