ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w18 апрел саҳ. 30-саҳ. 31 сарх. 3
  • Саволҳои хонандагон

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Саволҳои хонандагон
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
  • Маводи монанд
  • Вебсайти расмии мо. Он ба манфиати мо ва дигарон омода гардидааст
    Хизмат ба Салтанати Худо 2012
  • Маслиҳатҳо барои омӯзиш
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2023
  • Кӯмаки ба ҳама дастрас
    Бедор шавед!—2020
  • Маслиҳатҳои хирадмандонаю ҳаётӣ дар сомонаи JW.ORG
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2022)
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
w18 апрел саҳ. 30-саҳ. 31 сарх. 3
Адабиёти Шоҳидони Яҳуваро, ки ҳуқуқи муаллифиро доранд, дар вебсайтҳои шахсӣ мондан мумкин нест

Саволҳои хонандагон

Чаро адабиёти Шоҳидони Яҳуваро дар вебсайти шахсӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мондан мумкин нест?

Азбаски адабиётҳои мо бепуланд, бисёриҳо фикр мекунанд, ки онро дар дигар вебсайтҳо ё шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштан мумкин аст. Аммо чунин рафтор «Шарти истифодабарӣ»a-и вебсайтҳоямонро вайрон мекунад ва сабаби душвориҳои ҷиддӣ мегардад. Дар «Шарти истифодабарӣ» аниқу равшан гуфта шудааст, ки ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки «расм, адабиётҳои электронӣ, тамғаҳои молӣ, мусиқӣ, суратҳо, видеоҳо ё мақолаҳои ин сайтро дар интернет (дигар сайт, дар сайте, ки файлҳову видеоҳоро доду гирифт мекунанд ё шабакаҳои иҷтимоӣ) гузорад». Чаро чунин маҳдудиятҳо гузошта шудаанд?

Адабиёти Шоҳидони Яҳуваро, ки ҳуқуқи муаллифиро доранд, дар вебсайтҳои шахсӣ мондан мумкин нест

Ҳеҷ кас ҳақ надорад, ки ҳуқуқи муаллифиро вайрон карда адабиётҳои моро ба дигар сайтҳо гузорад

Ҳама маводҳое, ки дар сайтҳоямон дастрас аст, ҳуқуқи муаллифӣ дорад. Осиён ва дигар одамоне, ки ба мо муқобиланд, кӯшиш мекунанд, ки адабиёти моро дар вебсайтҳои худ истифода бурда, Шоҳидони Яҳува ва дигаронро ба доми фиреб афтонанд. Мақсади ин гуна сайтҳо ба воситаи ҳар гуна маълумот дар дили хонандагон шубҳа андохтан аст (Заб. 25:4; Мас. 22:5). Баъзеҳо бошанд, маводҳои адабиётамон ё тамғаи молии jw.org-ро барои реклама, маҳсулоти фурӯш ва барномаҳои таҷҳизоти электронӣ истифода мебаранд. Ҳимояи ҳуқуқи муаллиф ва тамғаи молӣ ба мо имконият медиҳад, ки пеши роҳи ин гуна истифодабарии нодурустро гирем (Мас. 27:12). Мо намехоҳем, ки шахсони ба мо муқобил ва корхонаҳои тиҷоратӣ аз маводҳо ё тамғаи молии мо истифода баранд, аммо, агар мо дидаю дониста ба одамон, ҳатто ба бародару хоҳарони худ иҷозат диҳем, ки маводҳои сайтамонро дар дигар сайтҳо монанд ё тамғаи молии jw.org-ро барои фурӯши ягон маҳсулот истифода баранд, он гоҳ қонун моро аз ин гуна одамон ва корхонаҳо муҳофизат карда наметавонад.

Вебсайтҳо ва барномаҳои расмии Шоҳидони Яҳува

Ба ғайр аз jw.org аз дигар ҷо адабиётамонро боргирӣ кардан хатарнок аст. Яҳува паҳн кардани ғизои рӯҳониро танҳо ба «ғуломи бовариноку боандеша» супоридааст (Мат. 24:45). Ин «ғулом» барои паҳн кардани ғизои рӯҳонӣ танҳо вебсайтҳои расмии www.jw.org, tv.jw.org ва wol.jw.org-ро истифода мебарад. Инчунин мо барои таҷҳизоти электронӣ танҳо се барномаи расмӣ сохтаем: JW Language®, JW Library® ва JW Library Sign Language®. Мо боварӣ дорем, ки ин маводҳо ҳеҷ гуна реклама надоранд ва бо чизҳои зараровари ҷаҳони Шайтон олуда нестанд. Агар хӯроки рӯҳонӣ ба воситаи ягон вебсайтҳо ё барномаҳои дигар паҳн гардад, он гоҳ мо дилпурона гуфта наметавонем, ки он тағйир наёфтааст ё зараровар нест (Заб. 17:27; 18:9).

Ғайр аз ин, вақте мо адабиётҳоямонро дар вебсайтҳо мегузорем, ба осиён ва дигар бадхоҳон роҳ мекушоем, ки фикрҳояшонро дар бораи ин ё он адабиётамон нависанд ва дар диламон нисбати ташкилоти Яҳува шубҳа андозанд. Баъзе бародару хоҳаронамон бо ин гуна одамон дар вебсайтҳо баҳсу мунозира карда ба номи Яҳува доғ оварданд. Онлайн-форумҳо барои «касони саркашро бо мулоимӣ насиҳат» додан ҷойи мувофиқ нест (2 Тим. 2:23–25; 1 Тим. 6:3–5). Инчунин баъзе фиребгарон аз номи ташкилот, Ҳайати роҳбарикунанда ё ягон аъзояш аккаунт ва вебсайтҳо кушодаанд. Лекин, дар асл, ягон аъзои Ҳайати роҳбарикунанда вебсаҳифаи шахсии худро надорад ва дар ягон шабакаи иҷтимоӣ аккаунт накушодааст, яъне аъзо нашудааст.

Одамонро бо вебсайти jw.org шинос карда ба паҳн кардани «хушхабар» мусоидат менамоем (Мат. 24:14). Маводҳое, ки мо дар хизмат истифода мебарем, доимо беҳтар мешаванд. Мо мехоҳем, ки ҳар як шахс аз онҳо фоида гирад. Аз ин рӯ, чи тавре ки дар «Шарти истифодабарӣ» гуфта шудааст, шумо метавонед, нусхаи адабиётамонро ба воситаи почтаи электронӣ ба дигарон фиристед ё пайвандҳои (линкҳои) ин ё он маводи jw.org-ро ба шахс равон кунед. Вақте мо диққати шавқмандонро ба вебсайтҳои расмиамон равона мекунем, онҳоро ба сӯйи сарчашмаи хӯроки рӯҳонӣ, ки онро «ғуломи бовариноку боандеша» тайёр мекунад, равона месозем.

a Шумо «Шарти истифодабарӣ»-ро дар поёни саҳифаи асосии сайти jw.org ёфта метавонед. Шартҳое, ки дар ин ҷо оварда шудаанд, ба ҳама чизҳое, ки дар вебсайтҳоямон ҳаст, дахл дорад.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан