Вебсайти расмии мо. Он ба манфиати мо ва дигарон омода гардидааст
Исо ба мо супориш додааст, ки паёми Салтанатро «дар тамоми олам» мавъиза кунем, то ки «барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад» (Мат. 24:14). Барои он ки мо хизматамонро пурра ба ҷо оварем, сайтҳои watchtower.org, jw-media.org ва jw.org-ро якҷоя карда, вебсайти намуди навдоштаи jw.org-ро ташкил намуданд (2 Тим. 4:5).
«Дар тамоми олам». Тақрибан сеяки аҳолии замин Интернетро истифода мебарад. Он барои бисёриҳо, махсусан ҷавонон, манбаи асосии маълумот гаштааст. Дар сайти мо истифодабарандагони Интернет ба саволҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта ҷавобҳои аниқ ёфта метавонанд. Ба воситаи ин сайт онҳо метавонанд бо ташкилоти Яҳува шинос шаванд ва ба осонӣ омӯзиши бепули Китоби Муқаддасро дархост кунанд. Ба туфайли ин, хушхабар дар ҷойҳое, ки ба одамон имконияти шунидани паёми Салтанат қариб дастрас нест, паҳн мегардад.
«Барои ҳамаи халқҳо». Барои он ки ба «ҳамаи халқҳо» шаҳодат дода шавад, мо бояд ҳақиқати Китоби Муқаддасро ба забонҳои гуногун пешкаш кунем. Шахсоне ки ба сайти jw.org медароянд, ба осонӣ маълумотро қариб ба 400 забон ёфта метавонанд, ки дар ин сайт шумораи забонҳо назар ба дигар вебсайтҳо зиёдтар аст.
Аз он манфиат гиред. Вебсайти намуди навдоштаи jw.org на фақат бо мақсади ба одамон шаҳодат додан, балки барои истифодаи худи Шоҳидони Яҳува низ омода гаштааст. Агар ба шумо Интернет дастрас бошад, хуб мебуд, ки бо jw.org шинос шавед. Дар поён тарзи истифода бурдани сайт нишон дода шудааст.
[Tасвир дар саҳифаи 3]
(барои пурра дидани матн дар нашри чопӣ нигаред)
Аз сайт истифода баред
1Дар интернет–браузер дар он ҷое, ки суроғаи сайтҳоро менависанд, www.jw.org нависед.
2Ба сарлавҳаҳо, зерсарлавҳаҳо ва ба ишораҳо даромада, бо сайт аз наздик шинос шавед.
3Ба воситаи таҷҳизоти электронии худ, ки дар он Интернет дастрас аст, масалан, смартфонҳо, планшетҳо ва ғайра аз jw.org истифода баред. Намуди саҳифаи сайт дар экрани хурд каме дигар мешавад, лекин маълумоташ тағйир намеёбад.