ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • w18 октябр саҳ. 32
  • Оё шумо медонед?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Оё шумо медонед?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
  • Маводи монанд
  • Истефанус «аз некуӣ ва қуввати Худо пур буд»
    Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
  • Истефанусро сангсор мекунанд
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • 3 | Нафратро аз ақли худ берун кунед
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
  • Оё онҳое, ки корҳои бад мекунанд, ислоҳ шуда метавонанд?
    Устоди Бузургро гӯш кун
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2018
w18 октябр саҳ. 32

Оё шумо медонед?

Чаро Истефанус ба таъқибот нигоҳ накарда ором монд?

Истефанус ҳарчанд дар назди Шӯрои олӣ меистод, ором монд

ИСТЕФАНУС аз тарафи одамони бадхоҳ ба муқобилият дучор шуд. Онҳо 71 нафар аъзои Шӯрои олии яҳудиён — шахсони дар байни мардум обрӯманд буданд, ки онҳоро саркоҳин, Қаёфо, ҷамъ кард. Чанд моҳ пеш бо сардории ӯ, Шӯрои олӣ Исоро ба марг маҳкум карда буд (Мат. 26:57, 59; Аъм. 6:8–12). Ин дафъа он мардон паи ҳам якчанд шоҳидони бардурӯғро оварда, Истефанусро айбдор мекарданд, вале ба чеҳраи ӯ нигариста, як чизи ғайриоддиеро пай бурданд. Аъзоёни Шӯрои олӣ диданд, ки «рӯйи ӯ мисли рӯйи фаришта» медурахшад (Аъм. 6:13–15).

Чӣ тавр Истефанус тавонист дар ин вазъияти тарсовару душвор орому сокит монад? Пеш аз он ки Истефанусро кашола карда, назди Шӯрои олӣ баранд, ӯ зери таъсири пурзӯри рӯҳи Худо бо ҷидду ҷаҳд хизмат мекард (Аъм. 6:3–7). Дар вақти озмоиш низ ҳамон рӯҳ дар ӯ амал карда, ба вай тасаллӣ мебахшид ва Навиштаҳоро ба ёдаш меовард (Юҳ. 14:16, эзоҳ). Чуноне ки дар боби ҳафтуми китоби Аъмол мехонем, Истефанус бо кӯмаки рӯҳи муқаддас имони худро далерона ҳимоя кард ва тахминан 20 порчаи Навиштаҳои Иброниро ба хотир оварда, нотарсона шаҳодат дод (Юҳ. 14:26). Ҳамчунин Истефанус дар рӯъё дид, ки Исо дар тарафи рости Худо истодааст. Аз дидани ин рӯъё имони ӯ боз ҳам қавитар шуд (Аъм. 7:54–56, 59, 60).

Рӯзе мо ҳам бо таъқибот ва таҳдиди душманон дучор шуда метавонем (Юҳ. 15:20). Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки мисли Истефанус нотарс ва ором монем? Мо бояд аллакай ҳозир худро бо мунтазам хондан ва омӯхтани Каломи Худо ғизо диҳем ва дар хизмат фаъолона иштирок кунем. Он гоҳ рӯҳи муқаддас дар мо ҳам амал карда, ба мо ёрӣ медиҳад, то дар таъқибот истодагарӣ кунем ва орому осуда монем (1 Пет. 4:12–14).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан