ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp22 № 1 саҳ. 10-11
  • 3 | Нафратро аз ақли худ берун кунед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • 3 | Нафратро аз ақли худ берун кунед
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • Каломи Худо чӣ мегӯяд?
  • Ин чӣ маъно дорад?
  • Шумо чӣ кор карда метавонед?
  • Истефанус «аз некуӣ ва қуввати Худо пур буд»
    Як ба як дар бораи Подшоҳии Худо шаҳодат диҳед
  • Истефанусро сангсор мекунанд
    Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас
  • Чӣ тавр занҷири нафратро кандан мумкин?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
  • Мо бар нафрат ғолиб омада метавонем!
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
Маълумоти бештар
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2022
wp22 № 1 саҳ. 10-11
Марде тасаввур мекунад, ки чӣ тавр бо шахси дигар нажод салом мекунад. Дар соя бошад, бо ҳам ҷанг мекунанд.

ЧӢ ТАВР ЗАНҶИРИ НАФРАТРО КАНДАН МУМКИН?

3 | Нафратро аз ақли худ берун кунед

Каломи Худо чӣ мегӯяд?

«Фикрронии худро дигаргун кунед, то бифаҳмед, ки хости неку, писандида ва комили Худо чист» (РУМИЁН 12:2).

Ин чӣ маъно дорад?

Худо ба тарзи фикрронии мо диққати ҷиддӣ медиҳад (Ирмиё 17:10). Барои ҳамин танҳо суханони нешдор нагуфтан ё рафтори бад надоштан кифоя нест. Мо бояд фаромӯш накунем, ки нафрат аввал дар ақлу дили инсон пайдо мешавад. Бинобар ин, ҳамин ки заррае ҳисси нафратро дар худ пай бурдем, бояд дарҳол онро решакан кунем. Танҳо дар ин сурат мо дигаргун шуда занҷири нафратро канда метавонем.

Шумо чӣ кор карда метавонед?

Бодиққат дар бораи фикр ва ҳиссиётатон нисбати дигарон андеша ронед, махсусан нисбати онҳое, ки нажод ё миллаташон дигар аст. Аз худ пурсед: «Ман дар бораи онҳо чӣ ақида дорам? Оё ақидаи ман дар асоси донишест, ки шахсан дар бораи онҳо дорам ё ман рӯйбинӣ мекунам?» Барои ҳамин дар интернет маълумотеро, ки ҳисси нафратро бармеангезад, тамошо накунед ва нахонед.

Каломи Худо кумак карда метавонад, то мо нафратро аз ақлу диламон берун кунем

Ба фикрронӣ ва ҳиссиётамон дуруст баҳо додан на ҳама вақт осон аст. Лекин Китоби Муқаддас ба мо кумак мекунад, ки «фикру ниятҳои дилро» бисанҷем (Ибриён 4:12). Аз ин рӯ Китоби Муқаддасро минбаъд низ омӯзед. Фикрронии худро бо таълимоти он муқоиса кунед, сипас ҷадал намуда худро аз рӯйи он шакл диҳед. Бо ёрии Каломи Худо мо метавонем, нафратро, ки дар ақлу диламон «мустаҳкаму устувор» аст, бартараф намоем (2 Қӯринтиён 10:4, 5).

Воқеа аз ҳаёт. СТЕФЕН

Фикррониашро дигар кард

Стефен.

Стефен ва аъзои оилааш қурбони нафрат шуда буданд. Дар натиҷа ба ӯ ақидаҳои гурӯҳи сиёсие, ки ҳуқуқҳои одамонро ҳимоя мекард, таъсир расонд. Рӯзҳое буданд, ки худи Стефен аз сабаби нафраташ ба ҷинояткорӣ даст мезад. Ӯ ба ёд меорад: «Боре ману дӯстонам дар кинотеатр филмеро тамошо кардем, ки дар бораи азоби ғуломони африқоӣ дар Амрико буд. Аз беадолатие, ки дар он филм нишон дода шуд, мо сахт ба ғазаб омада сафедпӯстонеро, ки ҳамроҳамон буданд, латукӯб кардем. Сипас ба кӯчаҳои ҳамсоя рафта сафедпӯстонро кофтем, то онҳоро низ шаташап кунем».

Вақте Стефен бо Шоҳидони Яҳува омӯзишро сар кард, фикррониаш ба куллӣ тағйир ёфт. Ӯ мегӯяд: «Азбаски ман дар ҳаёт бисёр вақт қурбони рӯйбинӣ шуда будам, вақте дидам, ки чӣ тавр Шоҳидони Яҳува бо ҳам муносибат мекунанд, ба ҳайрат омадам. Масалан, вақте ягон Шоҳиди Яҳува, ки сафедпӯст аст, бо кору бораш ба дигар ҷо сафар мекард, фарзандонашро оилаи сиёҳпӯсте нигоҳубин мекард. Ба ин монанд, як оилаи сафедпӯст ҷавони сиёҳпӯстеро, ки хона надошт, ба оилаи худ гирифта, тарбия кард». Стефен боварӣ ҳосил кард, ки дар байни Шоҳидони Яҳува муҳаббат пойдор аст — муҳаббате, ки мувофиқи пешгӯйии Исо дар байни масеҳиёни ҳақиқӣ дида мешуд (Юҳанно 13:35).

Чӣ ба Стефен ёрдам дод, ки зӯровариро бас кунаду нафратро аз дилаш решакан гардонад? Фикре, ки дар Румиён 12:2 оварда шудааст. Стефен мегӯяд: «Ман дарк кардам, ки бояд фикррониамро дигар кунам. Бояд дигар ба зӯроварӣ даст намезадам ва боварӣ ҳосил мекардам, ки сулҳҷӯ будан беҳтарин тарзи ҳаёт аст». Имрӯз бошад, 40-сол мешавад, ки Стефен аз ҳиссиёти нафратангез халос аст.

Саргузашти Стефенро аз «Бурҷи дидбонӣ»-и 1-уми июли соли 2015 саҳ. 10, 11 (рус.) хонда метавонед.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан