ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp19 № 2 саҳ. 8-9
  • Вақте ҳамсар хиёнат мекунад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Вақте ҳамсар хиёнат мекунад
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2019
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ОЯТҲОЕ, КИ КУМАК КАРДА МЕТАВОНАНД
  • 3 Чӣ тавр ба душвориҳо тоб орем?
    Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2018
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2019
wp19 № 2 саҳ. 8-9
Зане дуо гуфта истодааст

Вақте ҳамсар хиёнат мекунад

«Вақте шавҳарам гуфт, ки маро партофта зани ҷавонтаре мегирад, мурдан хостам. Ин ба назарам беинсофӣ менамуд, охир, ман ба хотири ӯ шуда аз баҳри чӣ қадар чиз баромада будам» (Мария, Испания).

«Вақте занам баногоҳ маро партофта рафт, банди дилам канда шуд. Ҳамаи умеду орзу ва нақшаҳоямон барбод рафт. Баъзан фикр мекардам, ки ташвишу ошуфтагиям гум шуд, вале баъдтар боз ба доми афсурдаҳолӣ меафтидам» (Билл, Испания).

ХИЁНАТИ ҳамсар дарди ҷонгудоз меорад. Албатта, баъзеҳо қарор мекунанд, ки ҳамсари тавбакардаи худро мебахшанд ва оилаашонро барқарор мекунандa. Лекин вазъият чӣ хеле ранг нагирад, шахсе, ки бо хиёнати ҳамсараш рӯ ба рӯ шудааст, сахт азоб мекашад. Ба чунин дарди ҷонкоҳ чӣ хел тоб овардан мумкин?

ОЯТҲОЕ, КИ КУМАК КАРДА МЕТАВОНАНД

Новобаста ба дарди дил, бисёр ҳамсароне, ки нисбаташон хиёнат карданд, аз Китоби Муқаддас тасаллӣ ёфтанд. Онҳо фаҳмиданд, ки Худо ашкҳояшонро мебинад ва ба онҳо ҳамдард аст (Малокӣ 2:13–16).

«Вақте ғаму ташвиш дарунамро фаро мегирифт, ту маро тасаллӣ медодӣ ва ором мекардӣ» (Забур 94:19).

«Ин оятро хонда, тасаввур кардам, ки чӣ хел Яҳува мисли падари меҳрубону дилсӯз дардамро ором мекунад»,— ба ёд меорад Билл.

«Ба вафодор ту вафо мекунӣ» (Забур 18:25).

Кармен, ки шавҳараш ба ӯ тӯли моҳҳо хиёнат мекард, мегӯяд: «Шавҳарам нисбатам бевафоӣ кард, лекин ман ба вафодории Яҳува ҳеҷ гоҳ шубҳа намекардам. Ӯ доим дар барам буд».

«Ғами чизеро нахӯред, балки ҳама вақт бо дуову илтиҷо... хоҳишҳои худро ба Худо баён кунед, он гоҳ осоиштагии Худо, ки аз ҳар фикр болотар аст, ақлу дили шуморо... нигаҳбонӣ мекунад» (Филиппиён 4:6, 7).

Саша мегӯяд: «Ман ин оятро гаштаву баргашта мехондам. Чи қадаре дуо мегуфтам, ҳамон қадар Худо ба дилам оромиву осудагӣ мебахшид».

Касоне, ки дар боло суханонашон иқтибос оварда шуд, замоне ҳис карданд, ки дигар бардошт карда наметавонанд. Лекин онҳо ба Яҳува таваккал намуда, аз Каломаш қувват гирифтанд. Билл дар ин бора мегӯяд: «Вақте ба назар менамуд, ки ҳама чиз барбод рафтааст, имон ҳаётамро пурмаъно мегардонд. Ҳарчанд баъзан дар “водии зулмот” мерафтам, Яҳува доим дар барам буд» (Забур 23:4).

a Масъалаи бахшидан ё набахшидани хиёнат дар маҷаллаи «Бедор шавед» аз 22-юми апрели соли 1999, силсиламақолаи «Супружеская измена» муҳокима мешавад.

Чӣ кумак мекунад, ки истодагӣ кунед?

Дар бораи оятҳои тасаллибахш андеша ронед.

Билл мегӯяд: «Ман китоби Айюб ва Забурро мехондам. Ҳар ҷоеро ки ба вазъияти ман мувофиқ буд, қайд мекардам. Нависандагони ин китобҳо низ дарду ошуфтагии маро аз сар гузаронда буданд».

Аз мусиқӣ осудагӣ ёбед.

«Вақте шабҳо бехобӣ мекашидам, ягон мусиқӣ мемондам. Он ба ман оромӣ мебахшид»,— ба ёд меорад Кармен. Дениел мегӯяд: «Ман навохтани гитараро ёд гирифтам. Мусиқӣ диламро ором мегардонд».

Дар бораи ҳиссиёти худ гап занед.

«Ба ман дар бораи ҳиссиётам гап задан хос набуд. Лекин ман дӯстони хуб доштам ва ҳар рӯз ба онҳо, хоҳ тавассути мактуб, хоҳ ҳангоми муошират, дарди дил мекардам. Ин дар ҳақиқат ёрдам дод»,— мегӯяд Дениел. Саша қайд мекунад: «Кумаки аҳли хонаводаам аҳамият дошт. Модарам ҳама вақт ба мададам мерасид. Вақте суҳбат кардан лозим мешуд, ӯ доимо дар барам буд. Падарам инчунин ба ман ғамхорӣ карда оромӣ мебахшид. Ӯ фишор оварда намегуфт: “Бас акнун, худро ба даст гир”».

Пайваста дуо гӯед.

«Ман мунтазам дуо мегуфтам. Ҳис мекардам, ки Яҳува дар барам аст, маро мешунавад ва кумак мекунад. Он рӯзҳои тираву торро аз сар гузаронда, ман ба Худо наздиктар шудам»,— мегӯяд Кармен.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан