ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp19 № 2 саҳ. 6-7
  • Вақте шахси наздик мемирад

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Вақте шахси наздик мемирад
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2019
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ЧӢ КУМАК МЕКУНАД, КИ ИСТОДАГӢ НАМОЕД?
  • Акнун бо ғаму андӯҳи худ чӣ тавр зиндагӣ кунам?
    Вақте ки шахси наздике мемирад
  • Оё чунин эҳсоси ғаму андӯҳ табиист?
    Вақте ки шахси наздике мемирад
  • «Бо гирякунандагон гиря кунед»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Душвориҳое, ки рӯ ба рӯ шуда метавонед
    Бедор шавед!—2018
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2019
wp19 № 2 саҳ. 6-7
Ҳамсароне, ки дарду ғам доранд, дар соҳил истода ба дурӣ менигаранд

Вақте шахси наздик мемирад

«Вақте бародарам ногоҳ аз дунё гузашт, ман худро ночору беилоҷ ҳис кардам. Баъди маргаш чанд моҳ гузашта бошад ҳам, ӯ ба ёдам меомаду ҳис мекардам, ки гӯё ба дилам корд заданд. Рӯзҳое буданд, ки ғазабам ҷӯш зада мегуфтам: “Чаро маҳз бародари ман мурд?” Ман худро гунаҳкор ҳис мекардам, ки барои чӣ бо ӯ бештар вақт нагузарондам» (Ванесса, Австралия).

АГАР шумо низ шахси наздикатонро аз даст дода бошед, шояд ҳар гуна эҳсосот доред, аз ҷумла дарду ғам, танҳоӣ ва ноумедӣ. Эҳтимол, шуморо низ тарс фаро гирифтааст, дар ғазабед ва худро гунаҳкор ҳис мекунед. Мумкин ҳатто фикр кунед, ки акнун зиндагӣ чӣ маъное дорад.

Дар ёд доред, ки мотам гирифтан нишонаи сустӣ нест. Аз он маълум мешавад, ки шахси марҳум бароятон азиз буд. Лекин магар барои сабук кардани дарди дилатон давое ҳаст?

ЧӢ КУМАК МЕКУНАД, КИ ИСТОДАГӢ НАМОЕД?

Агар дардатон бедаво тобад, ба кор бурдани маслиҳатҳои зерин шуморо тасаллӣ дода метавонад:

ДАРДУ ҒАМРО ДАР ДИЛ ГИРИФТА НАГАРДЕД

Ҳар кас ҳар хел мотам мегирад, давомнокии ин ҳолат низ барои ҳар кас гуногун аст. Лекин ҷолиб аст, ки гиря дарди шахсро сабук гардонда метавонад. Ванесса, ки дар боло ёдовар шудем, мегӯяд: «Ман гиря мекардам, бояд дардамро сабук мекардам». София, ки хоҳарашро ногаҳон аз даст дод, қайд мекунад: «Дар ин бора фикр кардан бениҳоят дардовар аст, мисли он ки захми зардобкардаро кушода тоза мекунанд. Дарди он тоқатшикан аст, вале ба туфайли ин захм шифо меёбад».

ДИЛАТОНРО БА ДИГАРОН ХОЛӢ КУНЕД

Фаҳмост, ки баъзан шумо шояд танҳо будан хоҳед. Лекин мотам беҳад бори гарон аст ва онро худат танҳо бардошта наметавонӣ. Ҷериди ҳабдаҳсола, ки падарашро аз даст дод, ба ёд меорад: «Ман ба дигарон диламро холӣ мекардам. Шояд ман ҳиссиётамро фаҳмо баён намекардам, лекин хурсанд будам, ки ба касе рози дил карда метавонистам». Ҷенис, ки оидаш дар мақолаи аввал гуфтем, қайд мекунад: «Бо дигарон суҳбат кардан бениҳоят тасаллибахш буд. Ман ҳис мекардам, ки маро мефаҳманд, аз ин рӯ танҳоӣ намекашидам».

КУМАКИ ДИГАРОНРО РАД НАКУНЕД

Як духтур мегӯяд: «Агар азодор дарҳол кумаки дӯстон ва хешовандонашро қабул кунад, одатан дарду ғамро сабуктар мегузаронад». Пас, ба дӯстонатон гӯед, ки чӣ хел кумак карда метавонанд; албатта, онҳо кумак кардан мехоҳанд, вале шояд намедонанд, ки чӣ тавр (Панднома 17:17).

БА ХУДО НАЗДИК ШАВЕД

Тина мегӯяд: «Вақте ҳамсарам ногаҳон аз саратон вафот кард, ҳамрозамро гум кардам, аз ин рӯ суфраи диламро ба Худо мекушодам. Барои истодагарӣ ҳар рӯз аз ӯ қувват мепурсидам. Худо аз чизи пурсидаам, бисёртар медод». Тарша, ки дар 22-солагӣ модарашро аз даст дод, мегӯяд: «Ҳар рӯз хондани Калом бароям сарчашмаи тасаллӣ буд. Он барои андешаронӣ дар ақлам фикрҳои дилгармкунанда мекошт».

ЗИНДАШАВИРО ПЕШИ НАЗАР ОРЕД

Тина илова мекунад: «Дар аввал умеди зиндашавӣ маро тасаллӣ намедод. Зеро ҳамон вақт ба ман ҳамсарам, ба писаронам бошад, падарашон даркор буд. Вале имрӯз, баъд аз чор сол, умеди зиндашавӣ бароям мисли қаиқи наҷот аст. Ман тасаввур мекунам, ки чӣ тавр боз ҳамсарамро вомехӯрам. Ин ба дилам осудагиву хурсандӣ меорад».

Шояд дардатон дарҳол шифо наёбад. Валекин гуфтаҳои Ванесса қувватбахшанд. Ӯ мегӯяд: «Ту фикр мекунӣ, ки ҳеҷ гоҳ аз ин дард халос намешавӣ, вале бо гузашти вақт аҳволат беҳтар мешавад».

Дар ёд доред, ки ҳарчанд шахси наздикатонро ёд мекунед, зиндагӣ кардан ҳоло ҳам меарзад. Бо кумаки Худои ғамхор шумо дӯстони хуб ва ҳаёти пурмаъно дошта метавонед. Ба наздикӣ бошад, Худо ҳатман мурдагонро зинда мекунад. Ӯ мехоҳад, ки шумо шахси наздики худро боз ба оғӯш гиред. Он гоҳ захми дилатон пурра шифо хоҳад ёфт!

Оятҳои тасаллибахш аз Китоби Муқаддас

Худо ғаму ашкҳоятонро мебинад.

Як нависандаи Китоби Муқаддас ба Худо гуфт: «Ашкҳоямро дар машки худ ҷамъ ор. Магар онҳо дар дафтарат навишта нашудаанд?» (Забур 56:8).

Шумо метавонед ба Худо дарди дил кунед.

«Ба [Худо] диламро холӣ мекунам... сӯйи ту мехонам, эй Яҳуваa, мадад кун» (Забур 142:2, 5).

Умед ҳаст!

«Ҳам росткорон ва ҳам бадкорон дар оянда зинда мешаванд» (Корнома 24:15).

Худо ваъда медиҳад, ки мардуми бешуморро зинда мекунад ва ӯ бесаброна он рӯзро интизор астb (Айюб 14:14, 15).

a Мувофиқи Китоби Муқаддас Яҳува номи Худо аст.

b Барои гирифтани маълумоти бештар ба дарси 30-юми китоби «То абад зинда бошед» нигаред. Он аз тарафи Шоҳидони Яҳува нашр шудааст ва дар сомонаи www.jw.org дастрас аст.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан