ТАРҶУМАИ ҲОЛ
Яҳува маро чунон баракат дод, ки ҳеҷ интизор набудам
МАН мефаҳмидам, ки пешрав шудан лозим аст, вале дудила будам, зеро боварӣ надоштам, ки ин намуди хизмат шавқовар аст. Кореро ки ман дар Олмон доштам, хеле дӯст медоштам. Мо ба бисёр шаҳрҳои Африқо, аз он ҷумла ба Дар-эс-Салам, Элизабетвиле ва Асмара маҳсулоти хӯрока мефиристодем. Ҳеҷ фикр накарда будам, ки баъди солҳои зиёд дар он шаҳрҳо ва дигар қисмҳои Африқо ман чун ходими пурравақти Яҳува хизмат мекунам.
Вақте ки ниҳоят бар дудилагиам ғолиб омада пешрав шудам, ҳаётам чунон тағйир ёфт, ки ҳеҷ гоҳ тасаввур намекардам (Эфс. 3:20). Вале шояд шумо ҳайрон шавед, ки ин чӣ тавр рӯй дод. Биёед, беҳтараш аз аввал нақл кунам.
Ман дар шаҳри Берлини Германия, чанд моҳ пас аз сар шудани Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ (соли 1939) таваллуд ёфтам. Соли 1945 қарибиҳои ба охир расидани ҷанг, ҳавопаймоҳои ҷангӣ дар болои Берлин парвоз карда бисёр онро бомбаборон мекарданд. Боре кӯчаи мо низ зери бомба монд ва падару модарам моро гирифта ба паноҳгоҳе гурехтанд. Баъдтар барои ҳаётамонро аз хатар наҷот додан мо ба шаҳри Эрфурт, зодгоҳи модарам, кӯчидем.
Бо волидонам ва хоҳарам дар Германия (с. 1950)
Модарам ташнаи ҳақиқат буд ва онро ҷустуҷӯ мекард. Вай китобҳои фалсафавиро мехонд ва динҳои гуногунро таҳқиқ мекард, вале қонеъ намешуд. Тахминан соли 1948 ду Шоҳиди Яҳува ба хонаи мо омаданд. Модарам онҳоро ба хона таклиф карда саволборон кард. Баъди қариб як соати бо онҳо сӯҳбат кардан модарам ба ману хоҳарчаам гуфт: «Ман ҳақиқатро ёфтам!» Чанде нагузашта модарам ва ману хоҳарчаам ба вохӯриҳои шаҳри Эрфурт рафтанро сар кардем.
Соли 1950 мо гашта ба Берлин кӯчидем ва он ҷо ба ҷамъомади Берлин-Крезберг мерафтем. Баъдтар мо ба дигар ҷойи Берлин кӯчидем ва ба ҷамъомади Берлин-Темпелхоф гузаштем. Чанд вақт пас модарам таъмид гирифт, вале ман ҷуръат намекардам. Чаро?
ШАРМ ВА ДУДИЛАГИРО БАРТАРАФ МЕКУНАМ
Аз сабаби шармгиниам пешравии ман суст буд. Дар ду соли бо дигарон хизмат карданам, боре ҳам худам ба ҳеҷ кас мавъиза накарда будам. Лекин баъдтар ман бо бисёр бародару хоҳароне шинос шудам, ки далерона истодагарӣ карда ба Яҳува содиқ монда буданд. Баъзеи онҳо пеш дар зиндонҳои Олмони Шарқӣ ё лагерҳои консентратсионӣ ҳабс шуда буданд. Баъзеҳо ҳаёташонро зери хатар монда ба Олмони Шарқӣ пинҳонӣ адабиёт мекашонданд. Намунаи онҳо ба ман сахт таъсир кард. Онҳо барои Яҳува ва бародарон шуда тайёр буданд, ки аз ҳаёт ва озодии худ маҳрум гарданд. Ман фикр кардам, ки агар онҳо ба ин тайёр бошанд, пас ман ақаллан бояд ба шармгинии худ ғолиб оям.
Иштирок дар маъракаи махсуси шаҳодатдиҳӣ, ки соли 1955 баргузор гардид, ба ман ёрдам дод, ки оҳиста-оҳиста ба шарм ғолиб оям. Дар як шумораи «Хабардиҳанда»a номаи бародар Нейтан Норр чоп шуда буд. Ӯ он маъракаи шаҳодатдиҳиро яке аз чорабиниҳои калонтарини ташкилот номид ва гуфт, ки «агар ҳама воизон дар он иштирок кунанд, он моҳи беҳтарин дар таърихи кори мавъиза хоҳад буд». Ва он суханон ҳақ буданд! Чанде пас ман ҳаётамро ба Яҳува бахшидам ва соли 1956 ҳамроҳи падару хоҳарам таъмид гирифтам. Вале дере нагузашта ман бояд боз як қарори ҷиддӣ қабул мекардам.
Он солҳо ман дарк мекардам, ки дар асл пешрав шудан лозим аст, вале ин корро ба қафо мепартофтам. Дар аввал ман қарор додам, ки роҳи тиҷоратро ёд гирифта аз Берлин ба давлатҳои дигар яклухт маҳсулот мефиристонам. Ман мехостам дар ин кор таҷриба пайдо карда баъд пешрав шавам. Барои ҳамин соли 1961 ман дар Гамбург (Олмон), ки бандаргоҳи калони тиҷоратӣ дошт, ба кор даромадам. Корам ба ман чунон маъқул буд, ки пешрав шуданро доим ба ақиб мепартофтам. Баъд чӣ шуд?
Ман аз Яҳува миннатдорам, зеро Ӯ ба воситаи бародарони меҳрубон ба ман фаҳмонд, ки кори аз ҳама муҳим ин хизмати Ӯ мебошад. Якчанд дӯстонам кайҳо хизмати пешравиро сар карда буданд ва бароям намунаи хуб буданд. Илова бар ин бародар Эрик Мундт, ки пеш дар лагери консентратсионӣ ҳабс шуда буд, маро ба он барангехт, ки ба Яҳува такя кунам. Ӯ гуфт, ки дар лагери консентратсионӣ он бародароне, ки ба худашон такя мекарданд, баъдтар суст шуданд. Вале онҳое, ки пурра ба Яҳува таваккал мекарданд, содиқ монданд ва ташкилоти Яҳуваро бисёр дастгирӣ карданд.
Вақте ки ман хизмати пешравиро сар кардам (с. 1963)
Ҳамчунин бародар Мартин Пётсингер, ки баъдтар дар Ҳайати роҳбарикунанда хизмат карда буд, доимо бародаронро рӯҳбаланд карда мегуфт: «Сарвати шумо далерии шумост!» Ман дар бораи ин суханони ӯ мулоҳиза кардам ва оқибат аз корам баромадам ва моҳи июни соли 1963 хизмати пешравиро сар кардам. Ин қарори беҳтарини ҳаётам буд! Баъди ду моҳ, пеш аз он ки ман кори наве ёбам, маро даъват карданд, ки чун пешрави махсус хизмат кунам. Чанд сол пас Яҳува маро чунон баракат дод, ки он ба гӯшаю хаёлам ҳам наомада буд. Ман барои хондан ба синфи 44-уми Мактаби Ҷилъод таклиф шудам.
ДАРСИ БЕБАҲО АЗ ҶИЛЪОД
«Аз таъйиноти худ даррав даст накашед». Ин буд яке аз чизҳои муҳиме, ки ман дар Ҷилъод омӯхтам. Ман хусусан аз бародарон Нейтан Норр ва Лайман Суингл бисёр чизҳои хубро омӯхтам. Онҳо моро бармеангехтанд, ки таъйинотамон душвор бошад ҳам, аз он даст накашем. Бародар Норр гуфт: «Шумо дар хизмат диққататонро ба чӣ равона мекунед: ба роҳҳои чиркин, ҳашаротҳо ва камбағалӣ? Ё ба дарахтон, гулҳо ва чеҳраҳои хурсанди одамон? Дӯст доштани одамонро ёд гиред». Рӯзе бародар Суингл дар нутқаш фаҳмонд, ки чаро баъзе бародарон даррав аз таъйиноти худ даст кашиданд. Ҳангоми ин суханонро гуфтан ӯ сахт ба ҳаяҷон омад ва ашкҳояшро базӯр нигоҳ дошт. Ба ӯ ҳатто лозим омад, ки аз гуфтани нутқ каме бозистода ба худ ояд. Нутқи ӯ ба ман сахт таъсир кард ва ман қарор додам, ки ҳеҷ гоҳ Исо ва бародарони содиқи ӯро ноумед намекунам (Мат. 25:40).
Ман, Клауд ва Хенрих ҳангоми хизмати миссионерӣ дар Лубумбаши (Конго, с. 1967)
Баъди хатми Ҷилъод баъзе байтилчиён аз мо донишҷӯён, пурсиданд, ки ба кадом давлат таъйин шудем. Вақте ҳар кас ҷойи таъйиноташро мегуфт, онҳо дар бораи он давлат ягон чизи хуб мегуфтанд. Вақте ман гуфтам, ки ба Конго (Киншаса) таъйин шудам, онҳо фурсате хомӯш монда баъд гуфтанд: «Хайр ба Конго бошад, бигзор Яҳува туро дар паноҳаш нигоҳ дорад!» Он вақтҳо бисёр хабарҳо шунида мешуд, ки дар Конго (Киншаса) ҷанг ва кушокушӣ дар авҷ аст. Вале ман дарси аз Ҷилъод гирифтаамро дар хотир нигоҳ медоштам. Чанде пас аз хатми Ҷилъод, моҳи сентябри соли 1967 ман ва ду бародари дигар, Хенрих Данбозтал ва Клауд Линдсей, ба пойтахти Конго, шаҳри Киншаса равон шудем.
ДАРСҲОИ МУҲИМЕ, КИ МАН АЗ ХИЗМАТИ МИССИОНЕРӢ ГИРИФТАМ
Баъди ба Киншаса омадан мо се моҳ забони фаронсавиро омӯхтем. Баъд мо ба Лубумбаши (собиқ Элизабетвиле) паридем, ки он дар ҷануби Конго, дар наздикии сарҳади Замбия воқеъ буд. Ва он ҷо дар хонаи миссионерӣ, ки дар маркази шаҳр буд, ҷойгир шудем.
Қисми зиёди Лубумбаши ҳоло мавъиза нашуда буд ва мо аввалин шуда ҳақиқатро ба бисёр сокинони он мавъиза мекардем, ки ин хеле ҳаяҷоновар буд. Чанде нагузашта шумораи шавқмандон чунон зиёд гашт, ки барои бо ҳар яки онҳо омӯзиш кардан вақти мо намерасид. Мо ҳамчунин ба кормандони ҳукумат ва полис мавъиза мекардем. Бисёриҳо ба Каломи Худо ва мавъизаи мо эҳтироми зиёд нишон медоданд. Мардум асосан ба забони суаҳили гап мезад, барои ҳамин ман ва Клауд Линдсей он забонро ҳам ёд гирифтем. Каме баъд мо ба ҷамъомади суаҳили таъйин шудем.
Ҳарчанд хизмати мо шавқовар буд, мо душвориҳо низ доштем. Бисёр вақт аскарони маст бо таппонча ба мо таҳдид мекарданд ё полисҳои бадфеъл моро бардурӯғ айбдор менамуданд. Боре, вақте ки мо дар хонаи миссионерӣ ҷамъомад мегузарондем, як гурӯҳ кормандони полис зада даромаданд ва моро гирифта ба милисахонаи марказӣ бурданд. Дар он ҷо моро маҷбур карданд, ки қариб то соати даҳи шаб дар замини хунук шинем ва баъд ҷавоб доданд.
Соли 1969 ман нозири ноҳиявӣ таъйин шудам. Ҳангоми хизмат баъзан лозим меомад, ки аз байни буттаҳо ва замини лойолуду сералаф гузашта, масофаи дурударозро тай кунам. Одатан роҳҳо дар Африқо ҳамин хел буданд. Дар як қишлоқ дар хонае ки ман меистодам, шабона дар таги кати ман як мурғ бо чӯҷаҳояш мехобид. Ҳеҷ гоҳ аз хотирам намебарояд, ки чӣ тавр он мурғ ҳоло чашми рӯз накафида бо овози баланд фаро расидани рӯзи навро хабар медод. Шабҳо мо бо бародарон дар гирди гулхан ҷамъ шуда дар бораи ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас сӯҳбатҳо мекардем, ки он хотираҳои ширин бароям хеле азизанд.
Яке аз мушкилиҳои калонтарини мо бо бародарони бардурӯғ алоқаманд буд. Он шахсон худро Шоҳиди Яҳува вонамуд мекарданду дар асл аъзои равияи Китавала будандb. Баъзеи онҳо ҳатто ба ҷамъомад роҳ ёфта пирони ҷамъомад гашта буданд. Онҳо мисли «харсангҳои зериобӣ» буданд, лекин бародару хоҳарони содиқро ба доми худ афтонда натавонистанд (Яҳудо 12). Оқибат Яҳува ҷамъомадҳоро аз чунин шахсон тоза кард ва баъди ин одамони хеле зиёд ба ҳақиқат омаданд.
Соли 1971 ман барои хизмат ба филиали Киншаса таъйин шудам. Он ҷо ман дар шӯъбаи мукотиба бо хонандагон, дархости адабиёт ва инчунин дар шӯъбаи хизматӣ кор кардам. Дар Байт-Ил ман ёд гирифтам, ки чӣ тавр дар мамлакати калоне, ки намудҳои асосии хизматрасонӣ хуб ба роҳ монда нашудаанд, кори мавъизаро ташкил намудан лозим аст. Баъзан номаҳои мо баъди якчанд моҳ ба ҷамъомадҳо рафта мерасид. Чунки онҳо аввал бо ҳавопаймо то ҷойи муайян мерафтанд ва баъд бо қаиқҳо, ки аз ғафсии алафи обӣ базӯр шино мекарданд, то ҷойи даркорӣ дар якчанд ҳафта мерасид. Ба ҳар ҳол, нигоҳ накарда ба душвориҳо кор пеш мерафт.
Ман ба ҳайрат меомадам, ки чӣ тавр бародарон нигоҳ накарда ба он ки мо пули зиёд надоштем, анҷуманҳои калон ташкил мекарданд. Онҳо гирду атрофи хонаҳои теппамонанди термитро (як намуди мӯрча) бурида саҳна месохтанд ва танаи бамбукҳоро чун сутун гузошта, аз алафҳои дарозқади африқоӣ девор месохтанд. Он алафҳоро инчунин печонда барои ҳозирони анҷуман ҷойи нишаст тайёр мекарданд. Азбаски онҳо мехи оҳанин надоштанд, пӯсти дарахтро борик-борик бурида мехи чӯбин месохтанд. Боми бинои анҷуман бо қамиш пӯшонида мешуд ва аз қамиш мизҳо низ месохтанд. Чунин ихтироъкории он бародару хоҳарони зиндадил маро дар ҳақиқат қоил мекард. Онҳо бароям хеле азиз гашта буданд. Вақте маро ба дигар ҷо таъйин карданд, онҳоро хеле ёд мекардам.
ХИЗМАТ ДАР КЕНИЯ
Соли 1974 ман ба филиали Кения, шаҳри Найроби таъйин шудам. Дар он ҷо кор хеле бисёр буд, чунки филиали Кения кори мавъизаро дар даҳ давлати ҳамсоя роҳбарӣ мекард. Дар баъзеи онҳо фаъолияти мо манъ буд. Ман чун намояндаи филиал барои хабаргирӣ борҳои зиёд ба он давлатҳо, хусусан ба Эфиопия рафта будам, ки он ҷо бародарони мо таъқибот ва озмоишҳои сахтро аз сар мегузаронданд. Бисёре аз онҳо бо муносибати бераҳмона дучор шуданд ё ҳабс гаштанд; баъзеашон кушта шуданд. Вале онҳо содиқона тоб оварда тавонистанд, зеро бо Яҳува ва ҳамдигар муносибати наздик доштанд.
Соли 1980 дар ҳаёти ман дигаргунии хурсандиоваре рӯй дод. Ман бо хоҳар Гейл Матесон оиладор шудам. Ӯ, ки дар Канада таваллуд ёфтааст, дар мактаби Ҷилъод ҳамсинфи ман буд. Мо ба якдигар нома менавистем. Гейл дар Боливия миссионер шуда хизмат мекард. Баъди 12 сол мо боз дар Ню-Йорк вохӯрдем ва чанде пас дар Кения тӯй шудем. Ман аз Худо барои чунин ҳамсар хеле миннатдорам, зеро ӯ ба ҳама чиз бо назари Яҳува менигарад ва аз чизе ки дорад, хушнуд аст. То ҳол ӯ ёри вафодори ман аст ва маро бисёр дастгирӣ мекунад.
Соли 1986 маро нозири ноҳиявӣ таъйин карданд. Мо бо ҳамсарам бояд дар он давлатҳое, ки зери назорати филиали Кения буданд, ҷамъомадҳоро хабар мегирифтем. Ҳамзамон ман дар Кумитаи филиали Кения хизмат мекардам.
Ҳангоми нутқ гуфтан дар анҷуман (Асмара, с. 1992)
Дар ёдам ҳаст, ки чӣ тавр мо соли 1992 дар шаҳри Асмара (Эритрея) барои гузаронидани анҷуман тайёрӣ дида будем. Он вақтҳо фаъолияти мо дар он ҷо манъ набуд. Афсӯс, ки мо фақат як саройро ёфтем, ки аҳволаш ҳам аз берун ва ҳам аз дарун бад буд. Рӯзи анҷуман ман ба чашмонам бовар намекардам, ки чӣ тавр бародарон тавонистанд он сарои безебро ба як бинои зебо ва барои ибодати Яҳува мувофиқ гардонанд. Бисёр оилаҳо матову лавозимоти ороишӣ оварда ҷойҳои бенури саройро пӯшонида буданд. Анҷуман ба таври олиҷаноб гузашт ва ҳамаи 1279 ҳозирон шоду хурсанд буданд.
Ин намуди хизмат ҳаёти моро куллан тағйир дод, чунки ҳар ҳафта мо дар ҷойҳои тамоман гуногун меистодем. Боре мо дар як ҳавлии барҳавою бароҳате истодем, ки дар назди уқёнус буд. Дафъаи дигар бошад, дар хонаи аз металл сохташудае истодем, ки ҳоҷатхонаи он қариб 100 метр дур буд. Вале дар куҷое, ки хизмат накарда бошем, аз ҳамкорие, ки бо воизону пешравони боғайрат доштем, дар мо хотираҳои нек боқӣ мондаанд. Баъди дигар шудани таъйинотамон, мо бисёри он дӯстонамонро дигар намедидем ва онҳоро ёд мекардем.
БАРАКАТҲО ДАР ЭФИОПИЯ
Дар давоми солҳои 1987 то 1992 фаъолияти мо дар якчанд давлатҳое, ки зери назорати Кения буд, ба қайди расмӣ дароварда шуд. Ва дар натиҷа филиали Кения ба филиалҳои хурдтар ва офисҳо тақсим шуд. Соли 1993 мо ба офиси Аддис-Абебе таъйин шудем. Он ҷо фаъолияти мо даҳсолаҳо махфӣ буд ва ҳоло бошад қайди давлатӣ дорем.
Вақте ки нозири ноҳиявӣ будам (деҳае дар Эфиопия, с. 1996)
Яҳува фаъолияти моро дар Эфиопия баракат дод. Бисёр бародару хоҳарон хизмати пешравиро сар карданд. Аз соли 2012 сар карда ҳар сол 20 фоизи воизон чун пешрави доимӣ хизмат мекарданд. Инчунин воизон дар мактабҳои теократӣ хонда таълими лозима гирифтанд ва зиёда аз 120 ибодатгоҳҳо сохта шуданд. Соли 2004 оилаи Байт-Ил ба бинои наве кӯчид, ки дар наздикии он ҳамчунин Толори анҷуманҳо сохта шуд. Ин барои ҳамаи бародару хоҳарон дар ҳақиқат баракат буд.
Давоми солҳои зиёд ману Гейл бо бисёр бародару хоҳарони Эфиопия дӯсти наздик шудем. Онҳо бо самимияту меҳрубонии худ дар дилу дидаи мо ҷо шуданд. Ҳоло аз сабаби рӯй додани баъзе душвориҳои бо саломатӣ алоқаманд, бародарон моро аз нав ба филиали Аврупои Марказӣ таъйин намуданд. Он ҷо ба мо хуб ғамхорӣ мекунанд, вале мо дӯстони азизи худро аз Эфиопия сахт ёд мекунем.
ЯҲУВА ТУХМИҲОИ КОШТАШУДАРО САБЗОНИД
Мо бо чашмони худ дидем, ки чӣ тавр Яҳува тухмиҳои ҳақиқатро сабзонид (1 Қӯр. 3:6, 9). Масалан, вақте ман дар Конго, дар кони мис ба муҳоҷирони руандагӣ мавъиза мекардам, он вақт дар Руанда ягон воиз набуд. Ҳоло бошад, дар он давлат зиёда аз 30 000 бародару хоҳарон ҳастанд. Соли 1967 дар Конго (Киншаса) қариб 6000 воиз буд, ҳозир дар он ҷо қариб 230 000 воиз хизмат мекунад ва соли 2018 зиёда аз як миллион нафар ба Шоми ёдбуд омаданд. Дар ҳамаи он давлатҳое, ки як вақтҳо зери назорати филиали Кения буданд, шумораи воизон ба ҳисоби умумӣ ба 100 000 зиёд гашт.
Тақрибан 50 сол пеш, Яҳува бо воситаи бародарони гуногун ба ман кӯмак кард, ки хизмати пурравақтро сар кунам. Ҳарчанд ман шармгин будам, лекин ба Яҳува пурра такя карданро ёд гирифтам. Ҳангоми хизмат дар Африқо ман пурсабр будан ва бо чизҳои доштаам қаноат карданро ёд гирифтам. Ману ҳамсарам Гейл ба он бародару хоҳарони азиз аҳсан мегӯем. Зеро онҳо меҳмондӯстанд, ба душвориҳои калон тоб меоранд ва ба Яҳува такя мекунанд. Ман аз Яҳува барои меҳрубонии беҳамтояш хеле миннатдорам. Яҳува маро дар ҳақиқат чунон баракат дод, ки ҳеҷ интизор набудам (Заб. 36:4).
a Баъдтар он «Хизмат ба Салтанати Худо» ном гирифт ва ҳоло бошад, дафтари вохӯрии «Ҳаёт ва хизмати мо» мебошад.
b «Китавала» аз забони суаҳили гирифта шуда маънояш «ҳукмфармо будан, идора ё фармонравоӣ кардан» аст. Мақсади он равия сиёсӣ буд, яъне аъзоёни он мехостанд, ки Конго аз мустамликаи Белгия озод шуда истиқлолият ба даст орад. Онҳо барои ба мақсади худ расидан зери ниқоби дин амал мекарданд. Аъзоёни он адабиёти Шоҳидони Яҳуваро дастрас намуда меомӯхтанд ва ба дигарон паҳн мекарданд. Лекин барои талқин кардани ақидаҳои сиёсии худ онҳо таълимоти Китоби Муқаддасро ғалат маънидод мекарданд, инчунин хурофотпараст буданд ва тарзи ҳаёти бадахлоқона доштанд.