САРГУЗАШТ
Дарсҳои ҳаётӣ аз Муаллими бузург
Гузаргоҳҳои мусаллаҳ, сангарҳои оташин, тӯфонҳо, ҷангҳои шаҳрвандӣ ва ба ҷойи бехавф гурехтан танҳо баъзе хатарҳои ҳаёти пешравӣ ва миссионерии ману ҳамсарам буд. Лекин мо аз ин ягон майда пушаймон нестем, чунки дар ҳамаи ин мушкилиҳо Яҳува дасти ёриву баракаташро аз мо намегирифт. Ғайр аз кумаку дастгирӣ, Муаллими бузургамон ба мо дарсҳои ҳаётӣ ёд дод (Айюб 36:22; Иш. 30:20).
НАМУНАИ ВОЛИДОНАМ
Тақрибан дар охирҳои солҳои 1950-ум волидонам аз Итолиё ба шаҳри Киндерсли, минтақаи Саскачевани Канада кӯчиданд. Каме баъд онҳо ростиро фаҳмиданду ростӣ мағзи зиндагии мо гашт. Дар ёдам ҳаст, дар кӯдакӣ бо аҳли оилаам рӯзи дароз дар хизмат мегаштам. Барои ҳамин ман баъзан шӯхӣ карда мегуфтам, ки аз 8-солагӣ боз «пешрави ёвар» ҳастам.
Бо оилаам, тақрибан соли 1966
Падару модари ман камбағал буданд, лекин барои Яҳува бисёр фидокориҳо мекарданд. Барои мисол, соли 1963 онҳо чизу чораи зиёдашонро фурӯхтанд, то ба анҷумани байналхалқӣ дар шаҳри Пасадена, иёлати Калифорнияи ИМА рафта тавонанд. Соли 1972 мо қариб 1000 километр роҳро тай карда, ба шаҳри Трейл, вилояти Колумбияи Бритониё (Канада) кӯчидем, то дар минтақаи итолиёвизабон хизмат кунем. Падарам фаррош кор мекард, чунки барои хизмати Яҳува ӯ аз баҳри корҳои сермаош баромада буд.
Падару модарам барои ман, акаву хоҳаронам намунаи хуб буданд. Барои ин ман аз онҳо хеле миннатдорам. Намунаи онҳо маро ба пешрафти рӯҳониям тайёр кард. Ман барои худ дарси муҳиме гирифтам: агар кори Подшоҳиро дар ҷойи аввал монам, Яҳува маро бе ризқу рӯзӣ намемонад. (Мат. 6:33).
ХИЗМАТИ ПУРРАВАҚТРО МЕЧАШАМ
Соли 1980 ман бо Дебби, хоҳари зебою рӯҳан баркамол, оиладор шудам. Мо мехостем хизмати пурравақтро сар кунем. Барои ҳамин баъди 3 моҳи тӯямон Дебби хизмати пешравиро сар кард. Баъд аз як соли оиладор шуданамон мо ба ҷамоати воизталаб кӯчидем ва ман дар хизмати пешравӣ ба занам ҳамроҳ шудам.
Дар рӯзи тӯямон, соли 1980
Бо гузашти вақт хизматамон рангу мазаашро гум кард ва қарор кардем, ки аз он ҷой меравем. Лекин дар аввал бо нозири ноҳиявӣ гап задем. Ӯ бо мо меҳрубон буду ҳамзамон рӯирост гап зада, чунин гуфт: «Ин ҷо айби шумо ҳам ҳаст. Шумо танҳо мушкилиҳоятонро мебинед, вале, агар чизҳои хубро кобед, онҳоро меёбед». Ин маслиҳати саривақтӣ буд (Заб. 141:5). Мо даррав маслиҳати нозирро ба кор бурда, фаҳмидем, ки ҳақ бар ҷониби ӯст. Дар ҷамоат баъзеҳо, аз он ҷумла, ҷавонон ва хоҳароне, ки шавҳарашон хизматгори Худо набуд, мехостанд ба Яҳува бисёртар хизмат кунанд. Ин барои мо дарси қувватбахш буд. Мо фаҳмидем, ки чӣ тавр дар мушкилиҳо некандеш бошем ва дасти ислоҳгари Яҳуваро интизор шавем (Мико 7:7). Диламон аз нав пури шодӣ шуду вазъиятамон ҳам беҳтар гашт.
Вақте ки бори аввал дар Мактаби пешравон мехондем, моро муаллимоне дарс медоданд, ки дар дигар давлатҳо хизмат карда буданд. Онҳо ба мо расмҳоро нишон медоданду аз мушкилиҳо ва баракатҳои ҳаёташон сухан мекарданд. Ҳамаи инро дидаю шунида, ҳаваси хизмати миссионерӣ дар диламон ҷӯш заду мо ҳам қарор кардем, ки чунин тарзи хизматро сар кунем.
Дар назди Ибодатгоҳи Колумбияи Бритониё, соли 1983
Барои ба мақсадамон расидан соли 1984 мо ба вилояти Квебеки фаронсизабон кӯчидем. Он 4000 километр дур аз вилояти Колумбияи Бритониё буд. Моро фарҳангу забони нав интизор буд. Душвории дигар он буд, ки мо пули кам доштем. Як муддат мо боқимондаи картошкаро аз киштзор ҷамъ мекардем. Дебби бошад, эҷодкорӣ карда, аз картошка хӯрокҳои гуногун мепухт. Бо вуҷуди ҳамаи мушкилиҳо мо бо хурсандӣ хизматамонро давом медодем. Боз мо дасти ёрии Яҳуваро медидем (Заб. 64:10).
Як рӯз ногаҳон ба мо занг зада, моро ба хизмат дар Байт-Или Канада таклиф карданд. Аз ин пеш мо варақаро барои таҳсил дар Мактаби Ҷилъод пур карда будем, барои ҳамин вақте инро шунидем, сарамон гаранг шуд. Лекин мо он таклифро қабул кардем. Баъдтар, вақте ки ба он ҷо расидем, аз бародар Кеннет Литл, узви Кумитаи филиал пурсидем: «Мактаби Ҷилъод чӣ мешавад?» Ӯ ба мо чунин ҷавоб дод: «Ба ҳамон рӯз расем, мефаҳмем».
Як ҳафта пас ҳамон рӯз расид. Ману Деббиро ба Мактаби Ҷилъод таклиф карданд. Мо бояд қарор мекардем, ки дар Байт-Ил меистем ё ба Ҷилъод меравем. Бародар Литл ба мо чунин гуфт: «Чӣ қароре набароред, як рӯз не, як рӯз, мегӯед: “Кошки дигар қарор мекардем”. Як қарор аз дигар қарор беҳтар нест. Яҳува ҳар дуи онро баракат медиҳад». Мо Мактаби Ҷилъодро интихоб кардем. Тӯли солҳо мо ҳақ будани маслиҳати бародар Литлро медидем. Мо бисёр вақт ба касоне, ки дар интихоби таъйинот душворӣ мекашиданд, суханони ӯро иқтибос меовардем.
ҲАЁТИ МИССИОНЕРӢ
(Чап) Юлиссис Гласс
(Рост) Ҷек Редфорд
Апрели соли 1987 мо, 24 донишҷӯ, дар синфи 83-юми Мактаби Ҷилъод дар Бруклини Ню-Йорк таҳсилро сар кардем. Бародарон Юлиссис Гласс ва Ҷек Редфорд муаллимони асосии мо буданд. Панҷ моҳ дар як мижа задан гузашт ва 6-уми сентябри соли 1987 мо Мактаби Ҷилъодро хатм кардем. Моро ҳамроҳи Ҷону Мэри Гуд ба Ҳаити таъйин карданд.
Дар Ҳаити, соли 1988
Аз соли 1962, баъди пеш кардани миссионерон аз Ҳаити, дигар ба он ҷо Ҷилъод миссионер намефиристод. Се ҳафта пас аз хатми Мактаби Ҷилъод мо ба Ҳаити, ба минтақаи кӯҳистон, рафтем. Дар он ҷо ҷамоати хурде буд, ки 35 воиз дошт. Мо ҷавону камтаҷриба будем ва дар хонаи миссионерон худамон танҳо мезистем. Мардуми Ҳаити қашшоқ буданду аксарашон хонда наметавонистанд. Дар вақтҳои аввали миссионериямон мо бетартибиҳои шаҳрвандӣ, инқилоби сиёсӣ, сангарҳои сӯзон ва тӯфонҳоро дида будем.
Аз устуворию хурсандии ҳамимононамон дар Ҳаити мо бисёр чизҳоро омӯхтем. Бисёре аз онҳо ҳаёти мушкил доштанд, лекин онҳо Яҳува ва хизматашро бениҳоят дӯст медоштанд. Як хоҳари пиронсол хонда наметавонист, лекин 150 оят аз ёд медонист. Душвориҳои ҳаррӯзаро дида азми мо ба расонидани хабари Подшоҳӣ қавӣ мегашт, зеро он ягона роҳи ҳалли душвориҳои одамизод аст. Вақте медидем, ки аввалин омӯзандаҳоямон пешрави доимӣ, пешрави махсус ва пири ҷамоат мешаванд, диламон лабрези шодӣ мегашт.
Дар Ҳаити ман Тревор ном миссионери ҷавонро аз калисои мормонҳо вохӯрдам. Мо бо ӯ якчанд бор дар бораи Китоби Муқаддас суҳбат карда будем. Солҳо баъд ман аз ӯ номае гирифта, ҳайрон шудам. Ӯ чунин менавишт: «Дар анҷумани меомадагӣ ман таъмид мегирам. Мехоҳам ба Ҳаити баргашта, дар ҷое, ки ҳамчун миссионери мормонӣ хизмат мекардам, пешрави махсус шуда, хизмат кунам». Ӯ ба Ҳаити баргашта, бо занаш солҳои зиёд дар он ҷо хизмат кард.
АВРУПО, БАЪД АФРИҚО
Хизмат дар Словения, соли 1994
Моро ба як минтақаи Аврупо таъйин карданд, ки дар он ҷо маҳдудиятҳоро аз кори мавъиза якта-якта мебардоштанд. Соли 1992 мо ба шаҳри Люблянаи Словения рафтем. Падару модарам, пеш аз кӯчидан ба Итолиё, дар наздикиҳои ҳамон ҷо калон шуда буданд. Дар минтақаҳои собиқ Югославия ҷанг ҳанӯз дар авҷ буд. Фаъолияти мо он ҷо бар дӯши филиали Венаи Австрия, офисҳои шаҳри Загреби Хорватия ва шаҳри Белгради Сербия буд. Акнун ҳар як давлати мустақил бояд Байт-Или худро медошт.
Мо бояд ба забону фарҳанги нав одат мекардем. Мардуми маҳаллӣ мегуфтанд, ки «йезик йе тежек», ки маънояш «забон душвор аст» мебошад. Ин суханон ҳақ буданд. Вале мо аз дидани вафодории бародару хоҳарон ба Яҳува ба ҳайрат меомадем: онҳо бо дилу ҷон дигаргуниҳои ташкилотро қабул мекарданд ва Яҳува онҳоро барои ин корашон баракат медод. Як бори дигар боварамон қавӣ шуд, ки Яҳува доимо масъаларо аз рӯйи муҳаббат ҳал мекунад. Тӯли чанд сол дар Словения мо дарсҳои навро омӯхтему дарсҳои куҳнаро беҳтар аз худ кардем.
Дигаргуниҳои зиёдтар моро дар пеш буд. Соли 2000-ум моро ба Кот-д’Ивуар, Африқои Ғарбӣ таъйин карданд. Лекин ноябри соли 2002 аз сабаби ҷанги шаҳрвандӣ моро ба Сиера-Леоне кӯчонданд. Дар он ҷо бошад, ҷанги шаҳрвандии 11-сола навакак ба охир расида буд. Ногаҳон Кот-д’Ивуарро тарк кардан бароямон осон набуд, лекин дарсҳое, ки мо дар ин ҷо омӯхтем, барои нигоҳ доштани хурсандӣ сабаб гаштанд.
Мо диққатамонро ба минтақаи серҳосил ва бародару хоҳарони азизамон, ки дар солҳои ҷанг устувор буданд, равона мекардем. Бо вуҷуди он ки онҳо зиндагии камбағалона доштанд, хеле дасткушод буданд. Як хоҳар ба Дебби либос дод, лекин Дебби ба гирифтани он ҷуръат накард. Он гоҳ он хоҳар чунин гуфт: «Дар вақти ҷанг бародарони дигар ҷойҳо ба мо кумак мекарданд. Ҳоло бошад, навбати мо аст». Мо мақсад мондем, ки ба намунаи онҳо пайравӣ мекунем.
Охиру оқибат мо ба Кот-д’Ивуар баргаштем, лекин дар он ҷо бесарусомониҳо аз нав сар заданд. Барои ҳамин ноябри соли 2004 моро бо чархбол ба ҷойи бехатар кӯчонданд ва ҳар кадоми мо 10-килоӣ бор гирифтему халос. Мо дар пойгоҳи низомии Фаронса дар рӯйи замин шабро рӯз кардему ба Швейтсария парвоз кардем. Вақте ба филиал расидем, қариб нисфи шаб шуда буд. Кумитаи филиал ва омӯзгорони Мактаб барои хизматгузорон моро гарм пешвоз гирифтанд. Он бародарон ҳамроҳи ҳамсаронашон буданд. Онҳо моро ба оғӯш гирифтанд, хӯроки гарм оварданду бисёр шоколадҳои швейтсарӣ доданд. Ҳамаи инро дида, диламон об шуд.
Суханронӣ барои гурезагон дар Кот-д’Ивуар, соли 2005
Моро муваққатан ба Гана таъйин карданд ва вақте дар Кот-д’Ивуар бетартибиҳои шаҳрвандӣ ором шуданд, мо ба он ҷо баргаштем. Меҳрубонии бародарии умумиҷаҳонӣ дар ин вақтҳои ноором ва таъйинотҳои муваққатӣ моро устувор гардонданд. Ману Дебби медонем, ки бародардӯстӣ дар ташкилоти Яҳува фаровон аст. Вале мо намехоҳем, ки арзиши ин неъмати илоҳӣ дар чашми мо кам шавад. Ҳатто дар он вақтҳои душвору пурталотум мо дарсҳои бисёре гирифтем.
БА ШАРҚИ НАЗДИК
Дар Шарқи Миёна, соли 2007
Соли 2006 аз идораи марказӣ ба мо мактуб омад. Мо фаҳмидем, ки моро ба Шарқи Наздик таъйин карданд. Моро бори дигар ҳаёти нав, мушкилиҳо, забону фарҳанги нав дар пеш буд. Аз муҳити сахти сиёсию динии ин ҷо бисёр чизро омӯхтан мумкин буд. Дидани забону маданиятҳои гуногун дар ҷамоати масеҳӣ ба мо маъқул буд. Бо вуҷуди ин рангорангӣ, вақте мо ба дастуротҳо гӯш медодем, ягонагиро нигоҳ медоштем. Бародару хоҳарони он ҷо барои мо намуна буданд, зеро дар баробари зиддияти аъзои оила, ҳамсинфон, ҳамкорон ва ҳамсоягон онҳо далерона истодагӣ мекарданд.
Соли 2012 мо ба анҷумани махсус ба шаҳри Тел-Авив (Исроил) рафтем. Дар ин минтақа баъди Пантикости соли 33-юми милодӣ аввалин бор шумораи зиёди халқи Яҳува ҷамъ омада буд. Ин дар ҳақиқат воқеаи хотирмон буд!
Дар он солҳо мо бояд давлатеро хабар мегирифтем, ки фаъолиятамон дар он ҷо маҳдуд буд. Мо ба он ҷо баъзе адабиётамонро бурдем, дар кори мавъиза иштирок кардему ба анҷуманҳои хурд рафтем. Дар ҳама ҷо сарбозони силоҳбадасту нуқтаҳои назоратӣ буданд. Лекин дили мо тинҷ буд, чунки мо бо гурӯҳҳои хурд гашта, сахт эҳтиёт мекардем.
БОЗ БА АФРИҚО
Дар Конго суханронӣ тайёр мекунам, соли 2014
Соли 2013 мо таъйиноти тамоман дигар гирифтем. Мо бояд дар филиали шаҳри Киншаса (Конго) хизматамонро давом медодем. Конго давлати калон буду табиати бою зебо дошт, лекин мардуми он ҷо хеле камбағал буданд ва дар он ҷо тез-тез ҷангҳо сар мезаданд. Дар аввал мо ба худ гуфтем: «Мо Африқоро медонем. Мо тайёрем, ки ба он ҷо равем». Бо вуҷуди ин мо бояд бисёр чизҳоро ёд мегирифтем, махсусан, ба ҷойҳои нообод сафар карданро. Мо кӯшиш мекардем некбин бошем. Бародару хоҳарони он ҷо мушкилиҳои иқтисодӣ доштанд, вале устувору хурсанд буданд, хизматро дӯст медоштанд ва кӯшиш мекарданд, ки дар вохӯриҳову анҷуманҳо иштирок кунанд. Мо бо чашмони худамон медидем, ки чӣ хел кори Подшоҳӣ пеш меравад, чунки худи Яҳува моро дастгирӣ мекарду баракат медод. Солҳои хизмати пурравақтамон дар Конго моро бисёр дарсҳои муҳим ёд доду соҳиби дӯстони зиёд гардонд.
Дар Африқои Ҷанубӣ мавъиза мекунем, соли 2023
Дар охири соли 2017 моро ба Африқои Ҷануби таъйин карданд. Мо аввалин бор дар ин хел филиали калон хизмат мекардем. Корамон ҳам дар Байт-Ил тамоман дигар буд. Мо бояд боз бисёр чизҳоро меомӯхтем, лекин дарсҳои пештараамон ҳам ба мо даркор шуд. Мо бародару хоҳарони он ҷоро, ки даҳсолаҳо боз ба Яҳува вафодоранд, дӯст медорем. Ягонагиро дар миёни оилаи гуногунфарҳангу гуногуннажоди Байт-Ил дида, кас ба ҳайрат меояд. Маълум аст, ки Яҳува кӯшишҳои халқашро баракат медиҳад, зеро онҳо одами навро ба бар мекунанду принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор мебаранд.
Дар давоми солҳо ману Дебби таъйинотҳои ҳаяҷонангез гирифтем, ба фарҳангу маданиятҳои нав одат кардему забонҳои нав омӯхтем. Ин кор на ҳама вақт осон буд. Лекин мо меҳру вафои Яҳуваро ба воситаи ташкилоташ ва бародарии умумиҷаҳонӣ медидем (Заб. 144:2). Мо дар хизмати пурравақтамон бисёр чизҳоро ёд гирифтему дар хизмати Яҳува беҳтар гаштем.
Ман ба волидонам барои тарбияи хуб, ба зани азизам, Дебби, барои дастгирияш ва ба бародару хоҳаронамон дар саросари ҷаҳон барои намунаи беҳтаринашон миннатдорам. Дар оянда ҳам ману занам азм дорем, ки аз Муаллими бузургамон, Яҳува, таълим гирифтан гирем.