Замима
Барои чӣ китобхонаи шахсӣ доштан муҳим аст?
Сабаби асосӣ ин ки барои Шоҳидони Яҳува омӯзиши шахсӣ муҳим аст (Юҳ. 17:3). Дар хона доштани китобхона барои таҳқиқот гузарондан, ба саволҳо ҷавоб ёфтан ва тайёрӣ дидан ба вохӯриҳои масеҳӣ қулай аст. Мо бояд арзиши дастрас будани маълумоти рӯҳонии боваринокро кам наҳисобем.
Сабаби дигар ин ки дар хона доштани китобхона бо он алоқаманд аст, ки «ҳар кас бори худро хоҳад бардошт» (Ғал. 6:5). Вақте саволҳо пайдо мешаванд, хуб мебуд, ки одат дошта бошем, ки аввал худамон таҳқиқот гузаронем ва танҳо баъд аз ин, агар лозим бошад, аз дигарон пурсем. Агар мо таҳқиқотчиёни бодиққати Каломи Худо шавем ва китобхонаи хонагиро хуб истифода барем, он гоҳ метавонем қобилияти дурандешӣ ва фикронии худро инкишоф диҳем (Ибр. 5:11–14). Баъзе волидон талаботи ҳозира ва ояндаи кӯдаконашонро ба назар гирифта, ба онҳо кӯмак расонданд, ки китобхонаи шахсии худро ташкил диҳанд. Бешубҳа, дар хонаи масеҳиён вуҷуд доштани китобхонаи шахсии хуб ин як дороии пурарзиш аст!