Ту чӣ тавр маслиҳат медиҳӣ?
Оё ягон бор касе аз ту маслиҳат пурсидааст? Масалан, ба ту ягон кас боре чунин саволҳоро дода буд: «Ман чӣ кор кунам? Оё ба он вохӯрӣ равам? Ба ин кор дароям ё не? Оё бо ин шахс ба мулоқот равам?»
Касе метавонад аз ту пурсад, ки барои қабули қарор — қароре, ки ба муносибати ӯ бо дӯстонаш, оилааш ё ҳатто бо Яҳува таъсир мекунад — ба вай кӯмак кунӣ. Ту дар ин сурат дар асоси фикри худат ҷавоб медиҳӣ ё дар асоси Китоби Муқаддас? Дар мавриди ба дигарон маслиҳат додан ту чӣ гуна одат дорӣ? Новобаста аз он ки саволи шахс осон метобад ё ҷиддӣ, «дили одил барои ҷавоб додан фикру хаёл мекунад»,— гуфта мешавад дар Масалҳо 15:28. Дида мебароем, ки чӣ тавр бакорбарии панҷ принсипи Китоби Муқаддас дар мавриди маслиҳатдиҳӣ кӯмак карда метавонанд.
1 Вазъиятро ба назар гир.
«Касе ки ношунида ҷавоб гардонад, беақл аст, ва ин барои ӯ нанг аст» (МАС. 18:13).
Барои маслиҳати хуб додан, мо бояд вазъият ва нуқтаи назари худи шахсеро, ки аз мо маслиҳат мепурсад, бифаҳмем. Мисоле меорем. Агар шахсе ба ту занг зада пурсад, ки чӣ тавр ба хонаат омада метавонад, барои ба ӯ кӯмак кардан ба ту чиро донистан лозим мебуд? Оё ту метавонистӣ ба ӯ маслиҳат диҳӣ, бе он ки аввал дар куҷо будани шахсро бифаҳмӣ? Албатта не! Мисли ин, барои ба касе роҳнамоии дуруст додан, ту бояд вазъият ва нуқтаи назари шахсро донӣ. Шояд чизе бошад, ки ту аз он бехабарӣ ва ин ба маслиҳати ту таъсир карда метавонад. Агар мо вазъияти шахсро хуб нафаҳмем, мо метавонем маслиҳате диҳем, ки ӯро боз ҳам бештар ба ташвиш оварда метавонад (Луқо 6:39).
Фаҳм, ки вай то дами ба ту муроҷиат карданаш чӣ қадар таҳқиқ гузарондааст. Ҳамчунин шояд аз рӯи хирад мебуд, ки аз шахсе, ки маслиҳат меҷӯяд чунин чизҳоро пурсӣ: «Ба фикрат, кадом принсипҳои Китоби Муқаддас дар ин маврид ба ту ёрдам дода метавонанд? Он вариантҳое, ки ҳоло дар пеши ту ҳастанд, чӣ тарафи мусбӣ ва чӣ тарафи манфӣ доранд? То ин дам ту аллакай чӣ гуна таҳқиқ гузарондӣ? Дигарон, масалан пирони ҷамъомад, волидонат ё шахсе, ки бо ту Китоби Муқаддас меомӯзад, дар ин бобат ба ту чӣ гуфтанд?»
Ҷавоби шахс ба ин саволҳо нишон медиҳад, ки ӯ аз тарафи худ барои ёфтани ҷавоб аллакай чӣ қадар кӯшиш кардааст. Ҳамчунин мо мефаҳмем, ки оё ӯ аз дигар одамон аллакай маслиҳат пурсидааст ё не. Мо ҳамчунин метавонем пай барем, ки шояд шахс фақат маслиҳатчиеро меҷӯяд, ки суханонаш «ба гӯшҳо хуш» меоянд (2 Тим. 4:3).
2 Аз зуд ҷавоб додан канорагирӣ кун.
«Ҳар кас дар шунидан бошитоб, дар гуфтан оҳиста... бошад» (ЯЪҚ. 1:19).
Бо ниятҳои нек мо шояд зуд ҷавоб диҳем. Лекин оё зуд ҷавоб додан аз рӯи хирад мебуд, хусусан он вақте ки мо саволи шахсро хуб таҳқиқ накарда бошем? Масалҳо 29:20 мегӯяд: «Оё шахсеро дидаӣ, ки дар сухан гуфтан шитоб мекунад? Умед аз аблаҳ, назар ба вай, бештар аст».
Аввал боварӣ ҳосил кун, ки маслиҳати ту пурра бар хиради илоҳӣ асос ёфтааст. Аз худ бипурс: «Оё тарзи фикрронӣ ва “рӯҳияи ин ҷаҳон” ба фикрронии ман таъсир накардааст?» (1 Қӯр. 2:12, 13). Дар хотир дор, ки танҳо ниятҳои хуб доштан кофӣ нест. Петруси ҳавворӣ баъди он ки дар бораи супориши душвори Исо фаҳмид, ба ӯ маслиҳат дода гуфт: «Ин ба Ту ҳаргиз рӯй нахоҳад дод!» Мо аз муносибати Петрус чӣ гуна дарс мегирем? Агар мо эҳтиёткор набошем, маслиҳатамон метавонад на дар асоси фикрҳои рӯҳонӣ, балки дар асоси «чизҳои инсонӣ» бошад (Мат. 16:21–23). То чӣ андоза муҳим аст, ки пеш аз чизе гуфтан, аввал андеша кунем! Мо бояд дар хотир дорем, ки хиради Худо аз таҷрибаи шахсии мо чӣ қадар бузургтар аст (Айюб 38:1–4; Мас. 11:2).
3 Фурӯтанона Каломи Худоро ба кор бар.
«Ман... ҳеҷ амалро аз Худам намекунам, балки он чиро, ки Падарам ба Ман таълим дод, мегӯям» (ЮҲ. 8:28).
Оё ту чунин мегӯӣ: «Агар ба ҷои ту мебудам, ман... мекардам»? Ҳатто агар ҷавоби савол осон тобад ҳам, хуб мебуд, ки ба намунаи фурӯтанӣ ва хоксории Исо пайравӣ кунӣ. Ӯ назар ба ҳар инсони дигар хиради бузургтаре дошт, лекин ӯ гуфт: «Ман аз Худ нагуфтаам, балки Падар... ба ман ҳукм дод, ки чӣ бигӯям ва чӣ гуна сухан ронам» (Юҳ. 12:49, 50). Таълимот ва маслиҳатҳои Исо ҳамеша бар иродаи Падараш асос меёфт.
Масалан, мо дар Луқо 22:49 мехонем, ки шогирдонаш аз Исо роҳнамоӣ пурсиданд, ки оё вақти дастгир шудани ӯ ба онҳо ҷанг кардан лозим аст ё не. Як шогирдаш барои ҳимоя кардани Исо шамшерро истифода бурд. Ба оятҳои Матто 26:52–54, ки он ҷо ҳам оиди ин воқеа нақл мешавад, аҳамият деҳ. Он ҷо мо мехонем, ки ҳатто дар он вазъият Исо вақт ҷудо карда ба шогирдон барои фаҳмидани иродаи Падараш кӯмак намуд. Исо принсипҳои дар Ҳастӣ 9:6 навишташуда ва пешгӯиҳои Забур 21 ва Ишаъё 53–ро медонист, аз ин рӯ вай тавонист, ки маслиҳати хирадмандонае диҳад, ки он ҳаёти одамонро наҷот дод ва Яҳуваро хурсанд намуд.
4 Аз адабиётҳо истифода бар.
«Он ғуломи мӯътамад ва доно кист, ки оғояш вайро бар хизматгорони худ таъин карда бошад, то ки ба онҳо дар сари вақт хӯрок диҳад?» (МАТ. 24:45).
Исо синфи ғуломи мӯътамад ва доноро таъин кард, ки ба мо ғизои рӯҳонии ҳаётан муҳимро диҳад. Оё пеш аз он ки ба касе дар мавриди мавзӯъҳои муҳим маслиҳат диҳӣ, ту вақт ҷудо карда бо ёрии адабиётҳои бар Китоби Муқаддас асосёфта ҳаматарафа таҳқиқ мегузаронӣ?
«Индекси мавзӯъҳо», ки дар охири ҳар як шумораи моҳи декабрии «Бурҷи дидбонӣ» чоп мешавад, бисёр мақолаҳоро дорад, ки барои маслиҳат ёфтан ба ту кӯмак мекунанд. Ҳамчунин ту аз ягон кас хоҳиш карда метавонӣ, ки барои аз «Китобхонаи электронии Бурҷи дидбонӣ»a маълумоти муфид ёфтан ба ту ёрдам кунад. Чӣ хатое мебуд, агар мо ин маълумоти бебаҳоро нодида мегирифтем! Ҳазорҳо мавзӯъҳо бо мақолаҳои зиёд ба касе, ки маслиҳат меҷӯяд, кӯмак мекунанд. Оё ту метавонӣ ба дигарон ёрӣ диҳӣ, ки аз ин воситаҳо истифода бурда принсипҳои Китоби Муқаддасро таҳқиқ кунанд ва қарори дуруст қабул намоянд? Чӣ тавре ки харита ба шахс кӯмак мекунад, ки бо кадом роҳ ба манзил рафтанашро интихоб кунад, ҳамин тавр бо ёрии адабиётҳо шахс метавонад қарорҳое қабул кунад, ки барои ба мақсади ҳаёти ҷовидонӣ расиданаш ба ӯ кӯмак мекунанд.
Бисёри пирон бо истифодаи индекси солонаи мавзӯъҳо ё «Китобхонаи электронии Бурҷи дидбонӣ» ба воизон барои кофтани мақолаҳо ёрдам медиҳанд ва ба хоҳару бародарон кӯмак мекунанд, ки дар асоси Навиштаҳо мулоҳиза кунанд. Ба туфайли ин воизон метавонанд на танҳо ҳангоми пайдо шудани ягон мушкилӣ ба он воситаҳо рӯ оранд, балки дар онҳо одат пайдо мешавад, ки дар ҳаёти ҳаррӯза низ ба онҳо такя кунанд. Бо ин роҳ «ҳиссиёташон ба василаи малака ба фарқ кардани неку бад омӯхта» мешавад (Ибр. 5:14).
5 Ба ҷои дигарон қарор қабул накун.
«Ҳар кас бори худро хоҳад бардошт» (ҒАЛ. 6:5).
Дар охир ҳар як шахс бояд худаш интихоб кунад, ки аз рӯи кадом маслиҳат амал мекунад. Яҳува ба ҳамаи мо иродаи озод додааст, то худамон интихоб кунем, ки аз рӯи принсипҳои Ӯ амал мекунем ё не (Такр. Ш. 30:19, 20). Дар баъзе вазъиятҳо шояд ба кас лозим аст, ки якчанд принсипҳои Китоби Муқаддасро ба кор барад, вале танҳо ӯ бояд қарори охиринро қабул кунад. Агар касе аз мо маслиҳат ҷӯяд, мо ҳамчунин бояд аз худ пурсем: «Оё дар асл ман ҳақ дорам, ки ба ин савол ҷавоб диҳам?» Оиди баъзе масъалаҳо ба пирон муроҷиат кардан беҳтар аст ё агар шахси маслиҳатҷӯ ҷавон бошад, хуб мебуд, ки ӯ аз волидонаш кӯмак пурсад.
[Эзоҳ]
a «Китобхонаи электронии Бурҷи дидбонӣ» ҳоло ба 39 забонҳо дастрас аст.
[Чорчӯба/Тасвир дар саҳифаи 31]
Барномаи ибодати оилавӣ
Ҳангоми омӯзиш ту метавонӣ саволеро, ки ба қарибӣ касе ба ту дода буд, таҳқиқ кунӣ. Кадом мақола ва кадом принсипҳои Китоби Муқаддасро, ки ба шахс барои ба саволаш ҷавоб ёфтан кӯмак мекунанд, ту ёфта метавонӣ? Масалан, шояд бародар ё хоҳаре аз ту дар бораи касе пурсад, ки бо мақсади издивоҷ бо ӯ мулоқот карданӣ аст. Дар вақти истифодаи индекси солонаи мавзӯъҳо, ки дар саҳифаи охирони «Бурҷи дидбонӣ»–и моҳи декабр аст, сарлавҳаҳои «Мақолаҳои омӯзишӣ» ва «Ҳаёти масеҳӣ ва хислатҳо»–ро ҷустуҷӯ кун. Ту ҳамчунин метавонӣ аз китобхонаи электронӣ, аз мавзӯи «Мулоқот» ё «Издивоҷ» маълумоти фоиданок ёбӣ. Сипас аз зермавзӯъ бин, ки кадом маълумотро дар мавриди шахс истифода бурдан мумкин аст. Вақте ки сарлавҳаро аз назар мегузаронӣ, инчунин ба қисми «Ҳамчунин нигаред» аҳамият деҳ, зеро аз он сарчашмаеро ёфтан мумкин аст, ки он ҷо оиди мавзӯи таҳқиқ кардаистодаат маълумоти зиёдтар оварда шудааст.
[Чорчӯба дар саҳифаи 32]
Мо аз Яҳува миннатдорем, ки ба воситаи ташкилоташ ба мо ҳам барои гирифтан ва ҳам барои додани маслиҳати беҳтарин кӯмак мекунад. Дар Воиз 12:11 омадааст: «Суханони хирадмандон мисли халачӯбҳост ва мисли мехҳоест, ки сахт кӯфта шуда бошад; муаллифони маҷмӯаҳо аз ҷониби як чӯпонанд». Мисли он ки «халачӯбҳо», яъне чӯбҳои нӯгтез, барои идора кардани ҳайвонот истифода бурда мешаванд, маслиҳати хуб ва муҳаббатомез шахсони самимиро ба роҳи дуруст роҳнамоӣ мекунад. Ва чӣ тавре ки «мехҳо» барои мустаҳкаму устувор кардани девори бино «кӯфта» мешаванд, маслиҳати хуб ба шахс кӯмак мекунад, ки қарорҳои хуб ва устувор қабул намояд. Шахсони хирадманд хурсандона аз рӯи «маҷмӯаҳо» ё суханони хирадмандона, ки «аз ҷониби як чӯпон», Яҳува, мебошанд, амал мекунанд.
Мо бояд дар мавриди маслиҳатдиҳӣ ба Чӯпони худ, Яҳува, пайравӣ кунем. Мо онҳоеро, ки аз мо маслиҳат мепурсанд, хурсандона гӯш мекунем ва чӣ қадаре ки аз дастамон ояд, кӯмак мерасонем. Агар маслиҳатҳои мо бар принсипҳои Китоби Муқаддас асос ёбанд, ин ба манфиати дигарон хоҳад буд ва ба онҳо барои ба даст овардани ҳаёти ҷовидонӣ кӯмак хоҳанд кард.