Барои рӯҳан рушд кардани омӯзандагони Китоби Муқаддас ёрӣ мерасонем
Қисми 2. Тайёрӣ ба омӯзиш
1 Бомаҳорат гузарондани омӯзиши Китоби Муқаддас ин на танҳо мавзӯъро муҳокима карда, оятҳои овардашударо кушодан аст. Ин чизи бештареро дар бар мегирад. Мо бояд донишро тавре таълим диҳем, ки ба дили омӯзанда таъсир расонад. Барои ин ба мо лозим аст, ки тайёрии хуб бинем ва қобилияти ҳар яки омӯзандагонро ба назар гирем (Мас. 15:28).
2 Чӣ тавр бояд тайёрӣ дид. Сараввал, дар ҳаққи омӯзанда ва он чизе ки ба ӯ барои ба Яҳува наздик шудан кӯмак мерасонад, дуо бояд гуфт. Аз Яҳува хоҳиш кунед, то Ӯ ба шумо барои ба дили омӯзанда таъсир расондан, кӯмак кунад (Қӯл. 1:9, 10). Барои хушрӯ фаҳмондани мавзӯъ бояд оиди номи боб ё дарс, зерсарлавҳа ва расмҳо мулоҳиза ронед. Аз худ бипурсед: «Мақсади ин мавзӯъ дар чист?» Он гоҳ шумо дар вақти омӯзиш диққати ӯро ба фикрҳои асосӣ равона карда метавонед.
3 Сархатҳоро бодиққат як ба як дида бароед. Ҳангоми ёфтани ҷавобҳо калима ва ибораҳои асосиро қайд кунед. Дар бораи он мулоҳиза ронед, ки чӣ тавр оятҳои овардашуда бо фикрҳои сархат алоқаманданд ва муайян намоед, ки кадоми онҳоро дар вақти омӯзиш хондан лозим аст. Агар зарур бошад, дар ҷойҳои холии саҳифаи адабиёт қайдҳои кӯтоҳ нависта метавонед. Омӯзанда бояд ба таври аниқу равшан бинад, ки маводи дар дасташбуда, бар Китоби Муқаддас асос ёфтааст (1 Тас. 2:13).
4 Таваҷҷӯҳ. Сипас ниёзи омӯзандаатонро ба назар гирифта, мавзӯъро дида бароед. Пешакӣ тахмин кунед, ки омӯзандаатон чӣ гуна саволҳоро доданаш мумкин, фаҳмидани кадом фикр барояш душвор буда метавонад ва ё бо кадом чиз розӣ шуданаш душвор мешавад. Аз худ бипурсед: «Барои ба Яҳува наздик шуданаш ӯ бояд чиро дарк кунад ва ё аз болои чӣ бояд кор кунад? Ба дили ӯ чӣ тавр таъсир кардан мумкин аст?» Баъд аз ин хулосаҳои худро дар амал истифода баред. Баъзан барои ба омӯзанда фаҳмондани ягон фикр ё оят, лозим мешавад, ки мисолҳои ба дилаш наздик ва шиносро ҷустуҷӯ кунед, нағзтар фаҳмонед ва ё якчанд савол тайёр кунед (Наҳ. 8:8). Ҳамзамон кӯшиш намоед, то ба мавзӯъ ягон маълумоти иловагие ки барои фаҳмондани мавзӯъ халал мерасонад, дохил накунед. Дар охири омӯзиш ба таври кӯтоҳ такрор кардани мавзӯъ ба омӯзанда кӯмак мекунад, то фикрҳои асосиро аз худ кунад.
5 Дидани он ки омӯзандагон барои ҷалол додани Яҳува самари адолат меоранд, хурсандибахш аст (Флп. 1:11). Барои ин, ба ҳар як омӯзиш тайёрии хуб бинед.