Чӣ тавр метавон китоби «Таълимот»-ро пешниҳод кард?
Дар ин варақаи иловагӣ пешниҳодоти гуногун барои китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас» оварда шудааст. Барои ба даст овардани натиҷаи беҳтарин, пешниҳодотро бо суханони худ гуфта диҳед, инчунин онро ба одамони маҳаллатон мувофиқ созед ва пешакӣ аз китоб бо маводе, ки барои сӯҳбат муносиб аст, шинос шавед. Ҳамчунин метавонед аз пешниҳодоти дигаре, ки ба маҳаллатон мувофиқанд, истифода баред. (Ба «Хидмат ба Салтанати Худо», (рус.) аз январи соли 2005 нигаред).
Ҳармиҷидӯн
◼ «Вақте ки одамон калимаи “Ҳармиҷидӯн”-ро мешунаванд, бисёриҳо онро ҳамчун нобудшавии азим тасаввур мекунанд. Оё мехостед бидонед, ки чаро Ҳармиҷидӯнро бесаброна интизор бояд шуд? [Ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас Ваҳй 16:14, 16-ро хонед.] Бубинед, ки зиндагӣ баъд аз Ҳармиҷидӯн чӣ гуна хоҳад буд». Сарх. 21-ро дар саҳ. 82–84 хонед.
Китоби Муқаддас
◼ «Бисёр одамон Китоби Муқаддасро Каломи Худо мешуморанд. Оё шумо ҳаргиз аз худ пурсидаед, ки чӣ тавр китоберо, ки одамон навиштаанд метавон Каломи Худо ҳисобид? [Ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас 2 Петрус 1:21 ва сарх. 5-ро дар саҳ. 19, 20 хонед.] Дар ин адабиёт ҷавоби Китоби Муқаддас ба ин саволҳо мавҷуданд». Саволҳои саҳ. 6-ро нишон диҳед.
◼ «Имрӯзҳо назар ба пештара одамон маълумоти бештареро дастрас карда метавонанд. Вале ба фикри шумо барои хушбахтона ва бомуваффақият зистан аз куҷо мо метавонем маслиҳатҳои хирадмандонаро биёбем? [Ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас 2 Тимотиюс 3:16, 17 ва сарх. 12-ро дар саҳ. 23 хонед.] Ин китоб мефаҳмонад, ки чӣ гуна мо метавонем тавре зиндагӣ кунем, ки ба Худо писанд оем ва дар ҳаёт комёб гардем». Замима ва тасвири дар саҳ. 122, 123-бударо нишон диҳед.
Марг/Эҳёшавӣ
◼ «Бисёр одамон мехоҳанд бифаҳманд, ки баъд аз марг чӣ рӯй медиҳад. Ба фикри шумо оё ба чунин савол ҷавобро ёфта метавонем? [Ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас Воиз 9:5 ва сарх. 5, 6-ро дар саҳ. 58, 59 хонед.] Ин китоб ҳамчунин мефаҳмонад, ки мувофиқи ваъдаи Китоби Муқаддас, эҳёшавии мурдагон ба амал хоҳад омад». Тасвири саҳ. 75-ро нишон диҳед.
◼ «Вақте ки яке аз наздиконамон мемирад, табиист, ки дар мо хоҳиши аз нав дидани ӯ пайдо мешавад». Ҳамин тавр не? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Бисёриҳоро ваъдаи Китоби Муқаддас оиди эҳёшавӣ тасаллӣ мебахшад. [Юҳанно 5:28, 29 ва сарх. 16, 17-ро дар саҳ. 71, 72 хонед.] Ин боб ҳамчунин ба ин саволҳо ҷавоб медиҳад». Саволҳои муқаддимавии саҳ. 66-ро нишон диҳед.
Ҳаёти ҷовидона
◼ «Бисёр одамон мехоҳанд, ки саломатии хуб ва умри дароз дошта бошанд. Вале агар ин имконпазир мебуд, оё шумо мехостед ҷовидона зиндагӣ кунед? [Ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас Ваҳй 21:3, 4 ва сарх. 17-ро дар саҳ. 54 хонед.] Дар ин китоб гуфта мешавад, ки чӣ тавр мо метавонем ҳаёти ҷовидонаро ба даст орем ва ҳаёт ҳангоми иҷро шудани ин ваъда чӣ гуна хоҳад буд».
Оила
◼ «Ҳамаи мо мехоҳем, ки дар ҳаёти оилавӣ хушбахт бошем. Ҳамин тавр не? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки ҳар як аъзои оила бо зоҳир намудани муҳаббати Худо метавонад ба хушбахтии оила мусоидат кунад». Эфсӯсиён 5:1, 2 ва сарх. 4-ро дар саҳ. 135 хонед.
Ҷои зист
◼ «Дар бисёр давлатҳо ёфтани манзили бароҳату ба ҳама дастрас боз ҳам душвор гардида истодааст. Ба фикри шумо оё рӯзе фаро мерасад, ки ҳама соҳиби манзили хуб хоҳанд гардид? [Ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас Ишаъё 65:21, 22 ва сарх. 20-ро дар саҳ. 34 хонед.] Дар ин китоб гуфта мешавад, ки чӣ тавр ин ваъдаи Худо ҷомаи амал хоҳад пӯшид».
Яҳува Худо
◼ «Бисёр одамони имондор мехостанд, ки бо Худо муносибати наздик дошта бошанд. Оё шумо медонед, ки Китоби Муқаддас моро барои бо Худо наздик шудан, даъват менамояд? [Ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас Яъқуб 4:8а ва сарх. 20-ро дар саҳ. 16 хонед.] Ин адабиёт кӯмак мерасонад, то ки одамон ба воситаи Китоби Муқаддас бо Худо бештар ошно гарданд». Саволҳои муқаддимавии саҳ. 8-ро нишон диҳед.
◼ «Бисёр одамон барои муқаддас гардидани исми Худо дуо мегӯянд. Оё шумо ҳаргиз аз худ пурсидаед, ки номи Худо чист? [Ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас Забур 83:18, ТФ ва сарх. 2, 3-ро дар саҳ. 195 хонед.] Ин китоб таълимоти Китоби Муқаддасро дар бораи Яҳува Худо ва нияти Ӯ нисбати инсоният мефаҳмонад».
Исо–пайғамбар
◼ «Одамони тамоми дунё дар бораи Исо–пайғамбар шунидаанд. Баъзеҳо мегӯянд, ки ӯ яке аз пайғамбарон буд. Дигарон бошад ӯро ҳамчун Худо мепарастанд. Ба фикри шумо оё барои мо дар ҳақиқат кӣ будани Исоро донистан муҳим аст?» [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Сипас Юҳанно 17:3 ва сарх. 3-ро дар саҳ. 37, 38 хонед. Диққатро ба саволҳои муқаддимавие, ки дар поёни боб мебошанд, равона созед.
Дуо
◼ «Оё шумо ҳаргиз фикр кардаед, ки Худо чӣ гуна ба дуоҳо ҷавоб медиҳад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас 1 Юҳанно 5:14, 15 ва сарх. 16–18-ро дар саҳ. 170–172 хонед.] Ин боб инчунин мефаҳмонад, ки барои чӣ мо бояд ба Худо дуо гӯем ва чӣ кор кунем, то ки Ӯ моро бишнавад».
Дин
◼ «Имрӯз бисёр одамон чунин ақида доранд, ки динҳои ҷаҳонӣ ба инсоният ба ҷои фоида зарар оварда истодаанд. Ба ақидаи шумо оё дин одамонро ба роҳи рост ҳидоят карда истодааст? [Ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас Матто 7:13, 14 ва сарх. 5-ро дар саҳ. 145, 146 хонед.] Дар ин боб шаш хусусият дида баромада мешавад, ки тавассути онҳо метавон муайян кард, ки кадом дин мақбули Худост». Хусусиятҳоро аз саҳ. 147 нишон диҳед.
Офатҳо/Ранҷу азобҳо
◼ «Вақте ки ягон офат ба миён меояд, бисёриҳо ҳайрон мешаванд, ки оё Худо одамонро дӯст медорад ва азобҳои онҳоро мебинад. Оё шумо ҳаргиз дар ин бора фикр кардаед? [Ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас 1 Петрус 5:7 ва сарх. 11-ро дар саҳ. 11 хонед.] Ин китоб мефаҳмонад, ки чӣ тавр Худо тамоми ранҷу азоби одамизодро нест хоҳад кард». Саволҳои муқаддимавии саҳ. 106-ро нишон диҳед.
Ҷанг/Сулҳ
◼ Одамони тамоми замин ташнаи сулҳу осоиштагианд. Ба андешаи шумо умед ба сулҳ дар рӯи замин ин як орзуест? [Ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас Забур 45:9, 10-ро хонед.] Дар ин китоб муҳокима карда мешавад, ки Худо чӣ тавр нияти худро ба иҷро хоҳад расонд ва чӣ тавр бар рӯи замин сулҳ барпо хоҳад кард». Тасвири саҳ. 35-ро нишон диҳед ва сарх. 17–21-ро дар саҳ. 33, 34 дида бароед.
[Замима дар саҳифаи 5]
Роҳҳои ишора намудан ба хайрия
«Агар шумо барои кори умумиҷаҳониямон хоҳиши каме хайрия карданро дошта бошед, ман бо камоли хурсандӣ онро қабул хоҳам кард».
«Гарчанде ки адабиёти мо бепул пешниҳод карда мешавад, мо хайрияи хоксоронаатонро барои фаъолияти умумиҷаҳониамон қабул хоҳем кард».
«Шояд шумо аз худ пурсида бошед, ки аз куҷо фаъолияти мо дастгирӣ меёбад. Он тавассути хайрияи ихтиёрӣ дастгирӣ меёбад. Агар шумо имрӯз хоксорона хайрия карданӣ бошед, ман бо камоли хурсандӣ онро қабул хоҳам кард.»