ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 8.08 саҳ. 6
  • Савол–оят–боб

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Савол–оят–боб
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2008
  • Маводи монанд
  • Пешниҳодот барои мавъиза
    Хизмат ба Салтанати Худо 2009
  • Чӣ тавр метавон китоби «Таълимот»-ро пешниҳод кард?
    Хизмат ба Салтанати Худо 2008
  • Пешниҳодот барои мавъиза
    Хизмат ба Салтанати Худо 2009
  • Сӯҳбат дар асоси Китоби Муқаддас
    Хизмат ба Салтанати Худо 2010
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2008
km 8.08 саҳ. 6

Савол–оят–боб

Тарзи оддии пешниҳод намудани «Таълимоти Китоби Муқаддас» чунин аст: 1) пурсидани нуқтаи назар, 2) хондани ояти мувофиқ ва 3) равона кардани диққат ба бобе, ки дар он мавзӯи мазкур муҳокима карда мешавад ва хондани саволҳои муқаддимавие, ки дар зери боб омадаанд. Агар шахс шавқ пайдо кунад, шумо метавонед аз сархатҳои аввали он боб истифода бурда, ба ӯ омӯзиши Китоби Муқаддасро нишон диҳед. Ҳангоми ташрифи аввал ё боздид метавон аз ин тарз барои сар кардани омӯзиш истифода бурд.

◼ «Ба фикри шумо аз рӯи ин оят оё одамони оддӣ дар бораи Офаридгори бузург дониш гирифта метавонанд?» Аъмол 17:26, 27-ро хонда, ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас боби 1-ро нишон диҳед.

◼ «Имрӯзҳо мо бо душвориҳо рӯ ба рӯ мегардем. Ба назари шумо оё мо умед ва тасаллиеро, ки дар ин ҷо тасвир шудааст, ёфта метавонем?» Румиён 15:4-ро хонда, ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас боби 2-ро нишон диҳед.

◼ «Агар шумо чунин қудрат медоштед, оё ин гуна тағйиротро ба амал меовардед?» Ваҳй 21:4-ро хонда, ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас боби 3-ро нишон диҳед.

◼ «Ба фикри шумо оё фарзандони мо ягон вақт аз шароите, ки дар ин китоби қадимӣ навишта шудааст, баҳра хоҳанд бурд?» Забур 36:10-ро хонда, ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас боби 3-ро нишон диҳед.

◼ «Ба фикри шумо оё рӯзе фаро хоҳад расид, ки дар он ин суханон иҷро хоҳанд шуд?» Ишаъё 33:24-ро хонда, ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас боби 3-ро нишон диҳед.

◼ «Ба назари шумо оё мурдагон медонанд, ки зиндаҳо чӣ кор карда истодаанд?» Ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас Воиз 9:5-ро хонда, боби 6-ро нишон диҳед.

◼ «Ба фикри шумо оё мо ягон рӯз наздикони фавтидаамонро боз аз нав хоҳем дид, чуноне ки Исо–пайғамбар инро ваъда медиҳад?» Юҳанно 5:28, 29-ро хонда, ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас боби 7-ро нишон диҳед.

◼ «Ба фикри шумо чӣ гуна иродаи Худо, чуноне ки дар осмон аст дар замин низ ба амал хоҳад омад, тавре ки дар ин дуо омадааст?» Матто 6:9, 10-ро хонда ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас боби 8-ро нишон диҳед.

◼ «Ба андешаи шумо оё мо дар замоне, ки дар ин пешгӯӣ тасвир шудааст, зиндагӣ дорем?» 2 Тимотиюс 3:1–4-ро хонда, ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас боби 9-ро нишон диҳед.

◼ «Бисёр одамон ба ҳайрат меоянд, ки чаро проблемаҳои инсоният рӯз аз рӯз афзуда истодаанд. Шояд ин оят ҷавоби он бошад?» Ваҳй 12:9-ро хонда ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас боби 10-ро нишон диҳед.

◼ «Оё шумо ягон вақт мехостед ба ин савол ҷавоб ёбед?» Айюб 21:7-ро хонда, ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас боби 11-ро нишон диҳед.

◼ «Ба фикри шумо оё аз рӯи ин маслиҳати Китоби Муқаддас амал кардан, ба хушбахтии оила мусоидат хоҳад кард?» Эфсӯсиён 5:33-ро хонда, ба ҷавоб гӯш диҳед. Сипас боби 14-ро нишон диҳед.

Омӯзишро он вақт метавон ба ҳисобот ворид намуд, агар баъд аз нишон додани тарзи омӯзиш, он ду маротибаи дигар гузаронда шавад ва боварӣ дошта бошед, ки омӯзиш давом хоҳад ёфт.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан