Далеру ҷасур ва ҳамзамон сулҳдӯстем
1. Ҳангоми далерона мавъиза карданамон, мо боз бояд чиро дар ёд дошта бошем?
1 Ба бисёр одамоне, ки мо мавъиза мекунем, ақидаашон ба ҳақиқати Китоби Муқаддас мувофиқат намекунад. Ҳангоме ки «бо камоли ҷасорат» мавъиза менамоем, мо ҳамчунин мехоҳем, ки «бо ҳамаи одамон мувосо кунем [дар сулҳ бошем]» (Рум. 12:18; Аъм. 4:29). Пас, чӣ гуна бо ҷасорат хушхабарро паҳн карда, ҳамзамон сулҳдӯст монем?
2. Ҳангоми сӯҳбат бо шахс, чӣ гуна мо баҳсро пешгирӣ карда метавонем?
2 Мавзӯи умумие ёбед. Одами сулҳдӯст баҳс намекунад. Агар мо безарурият ақидаи ҳамсӯҳбатамонро зери шубҳа гузорем, дар вай майли моро гӯш кардан мегурезад. Агар ӯ ягон ақидаи нодурусте гӯяд, мо шояд оҳиста сӯҳбатро ба мавзӯе барем, ки ҳар дуи мо бо он розием. Вақте ки мо ба шахс нишон медиҳем, ки нуқтаи назарамон дар ягон чиз бо ӯ монанд аст, мо ӯро ба худ моил месозем ва дилашро меёбем.
3. Оё роҳ додан мумкин аст, ки шахс ақидаи нодурусташро баён кунад? Фаҳмонед.
3 Агар мо ба шахс роҳ диҳем, ки ӯ ақидаи нодурусташро баён кунад, оё мо аз ҳақиқат рӯй намегардонем ё онро омехта намесозем? Не, зеро ба мо чун ба хизматгорони Худо вазифаи мавъиза кардани хушхабари Салтанат дода шудааст, на ин ки ислоҳ кардани ҳар гуна ақидаҳои нодуруст (Мат. 24:14). Ба ҷои он ки ақидаи нодурусти шахсро ба дил гиред, беҳтараш ба он чун ба имконияти фаҳмидани тарзи фикрронии шахс нигоҳ кунед.
4. Чун одамони сулҳдӯст, мо бояд кадом рӯҳияро инкишоф диҳем ва аз кадом рӯҳия даргурез бошем?
4 Қадру қимати одамонро ҳурмат намоед. Баъзан лозим меояд, ки ҷасурона таълимоти бардурӯғро ислоҳ кунем. Лекин мо чун одамони сулҳдӯст ҳеҷ гоҳ ба ҳоли онҳое, ки ба таълимоти дурӯғ боварӣ доранду онро паҳн мекунанд, намехандем ва қадру қиматашонро паст намезанем. Гуфтори ҳавобаландона одамонро аз худ дур месозад, вале суханони мулоиму нек, баръакс ақлу фикри дӯстдорандагони ҳақиқатро ба худ ҷалб мекунад. Вақте ки мо ба одамон ва эътиқодашон эҳтиром зоҳир мекунем, мо қадру қимати онҳоро ҳурмат мекунем. Ҳамин тавр, ба онҳо қабул кардани ҳақиқат осонтар мегардад.
5. Барои сулҳдӯст будан, Павлус ба мо чӣ намунае гузошт?
5 Павлуси расул эътиқоди одамонро ба назар мегирифт ва кӯшиш мекард, ки хушхабарро ба онҳо тавре пешкаш кунад, то ки он ба дили онҳо таъсир расонад (Аъм. 17:22–31). Ӯ бо тайёрӣ «барои ҳама кас... ҳама чиз» шуд, то ки «бо ҳар роҳ баъзе касонро наҷот» диҳад (1 Қӯр. 9:22). Мо низ метавонем мисли Павлус далерона мавъиза кунему ҳамзамон сулҳдӯст бошем.