ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 12.12 саҳ. 1
  • «Осоиштагиро бо ҳама пеша кунед»

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • «Осоиштагиро бо ҳама пеша кунед»
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2012
  • Маводи монанд
  • Маҳорати таълимдиҳии худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Ҷавоб додан ба соҳибхонаи бағазабомада
    Хизмат ба Салтанати Худо 2015
  • Далеру ҷасур ва ҳамзамон сулҳдӯстем
    Хизмат ба Салтанати Худо 2010
  • Ба соҳибхона кӯмак кунед, ки мулоҳиза ронад
    Хизмат ба Салтанати Худо 2011
  • Дар хизмати худ мувофиқи Қоидаи тиллоӣ рафтор кунед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2014
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2012
km 12.12 саҳ. 1

«Осоиштагиро бо ҳама пеша кунед»

1. Вақте ки соҳибхона норозигӣ баён мекунад, мо кадом маслиҳати Китоби Муқаддасро бояд ба кор барем?

1 Халқи Яҳува шахсони сулҳҷӯ буда, дар хизмат ба одамон оиди сулҳу осоишатагӣ шаҳодат медиҳанд (Иш. 52:7). Лекин баъзан аз сабаби он ки мо барои расондани хушхабар оиди Салтанат ба хонаи одамон меоем, онҳо норозигӣ баён мекунанд. Дар чунин вазъиятҳо барои нигоҳ доштани сулҳу осоиштагӣ, чӣ ба мо кӯмак мерасонад? (Ибр. 12:14).

2. Чаро вазъияти одамонро ба назар гирифтан муҳим аст?

2 Вазъияти одамонро ба назар гиред. Гарчанд сабаби ба хашм омадани баъзе одамон айнан паёми Салтанат мебошад, лекин норозигии дигарон сабабҳои дигар дошта метавонад. Масалан, шояд мо дар вақти номувофиқ ба наздаш омадем. Ё шояд соҳибхона аз сабаби проблемаҳои шахсиаш зиқ мебошад. Ҳатто агар соҳибхона маҳз аз шунидани хушхабар ба хашм ояд ҳам, мо бояд дар хотир дошта бошем, ки эҳтимол чунин муносибати вай аз доштани маълумоти нодуруст аст (2 Қӯр. 4:4). Ба назар гирифтани вазъияти одамон ба мо кӯмак мерасонад, то ором бимонем ва дарк кунем, ки хашми онҳо шахсан ба мо равона нашудааст (Мас. 19:11).

3. Чӣ тавр мо нисбати соҳибхона эҳтиром зоҳир карда метавонем?

3 Эҳтиром зоҳир кунед. Дар маҳалламон бисёриҳо ба таълимотҳои диниашон сахт боварӣ доранд (2 Қӯр. 10:4). Ва онҳо ҳақ доранд, ки моро гӯш кунанд ё не. Албатта мо намехоҳем, ки эътиқоди одамонро паст занем ё тавре рафтор кунем, ки гӯё мо назар ба онҳо дар бораи Худо дониши зиёдтар дорем. Агар шахс хоҳиш кунад, ки аз наздаш равем, мо бояд аз рӯи эҳтиром ин талабашро иҷро кунем.

4. Бо меҳрубонӣ сухан гуфтан чӣ маъно дорад?

4 Бигзор суханони шумо меҳрубонона бошад. Ҳатто агар нисбати мо суханони дағалона гӯянд ҳам, ҷавоби мо бояд мулоим ва меҳрубонона бошад (Қӯл. 4:6; 1 Пет. 2:23). Ба ҷои баҳс кардан, беҳтараш кӯшиш намоед, ки мавзӯи умумие ёбед. Шояд бо меҳрубонӣ сабаби норозигии соҳибхонаро пурсида метавонем. Лекин, баъзан барои он ки хашми соҳибхона зиёд нашавад, беҳтараш сӯҳбатро давом надиҳем (Мас. 9:7; 17:14).

5. Дар хизмат сулҳҷӯ будан чӣ гуна манфиатҳо меорад?

5 Агар мо дар хизмат сулҳҷӯӣ зоҳир намоем, шояд ин дар хотири соҳибхона нақш бандад ва дафъаи дигар вақте ки ягон кас ба вай мавъиза мекунад, ӯ гӯш хоҳад кард (Рум. 12:20, 21). Ҳатто агар ба назар чунин расад, ки вай сахт зид аст, шояд рӯзе мешавад, ки ӯ яке аз ҳамимононамон мегардад (Ғал. 1:13, 14). Ва новобаста аз он ки ӯ нисбати ҳақиқат шавқ зоҳир мекунад ё не, агар мо худдорӣ ва сулҳҷӯӣ зоҳир намоем, бо ин таълимоти худро оро ва Яҳуваро ҷалол хоҳем дод (2 Қӯр. 6:3).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан