Ҳатто бо онҳое ки шавқи кам зоҳир мекунанд, боздид кунед
1. Чаро мо бояд боинсофона бо одамон боздид кунем?
1 Имрӯз бисёрии мо ба туфайли он ҳақиқатро медонем, ки воизе шавқи моро пай бурда, бо мо босаброна, шояд зиёда аз як бор боздид мекард, то ки шавқи моро зиёд гардонад. Барои ҳамин, ба мо низ зарур аст, ки ҳамаи онҳоеро ки каме шавқ зоҳир мекунанд, боинсофона боздид кунем. Дар ҳақиқат, бо шахс боздид кардан — қисми супориши шогирдсозӣ мебошад (Мат. 28:19, 20).
2. Чӣ тавр фаҳмидан мумкин аст, ки шахс ба хабари Салтанат шавқ зоҳир кардааст?
2 Шавқи шахсро муайян кунед. Муносибати шахсро нисбати хабари Салтанат аз чеҳраи рӯй, оҳанги гапзанӣ ва интихоби калимаҳои ӯ муайян кардан мумкин аст. Ин ба мо нишон медиҳад, ки шахсро боздид кардан мумкин аст ё не.
3. Барои чӣ муҳим аст, ки ҳар чӣ тезтар боздид кунем?
3 Агар шумо шавқи шахсро пай баред, ҳар чӣ тезтар, шояд пас аз як ду рӯз бо ӯ боздид кунед. Ба «иблис» роҳ надиҳед, ки он чизеро ки шумо дар дили ӯ коридед, дуздад (Мат. 13:19). Агар шумо ваъда диҳед, ки дар вақти муайян ба назди шахс меоед ба ваъдаатон вафо кунед (Мат. 5:37).
4. Чӣ тавр мо ҳангоми дар кӯча мавъиза кардан ё додани шаҳодати ғайрирасмӣ шавқи одамонро инкишоф дода метавонем?
4 Хизмат дар кӯча. Оё шумо ҳангоми дар кӯча мавъиза кардан ё додани шаҳодати ғайрирасмӣ кӯшиш мекунед, ки шавқи шахсро инкишоф диҳед? Дар охири сӯҳбат шумо метавонед чунин гӯед: «Ба ман бо шумо сӯҳбат кардан хеле маъқул шуд. Барои сӯҳбатамонро давом додан мо боз дар куҷо вохӯрда метавонем?». Агар ба маврид бошад, баъзе воизон метавонанд ба шавқмандон рақами телефони худро диҳанд ё рақами телефони онҳоро гиранд. Агар дар ҳамон як кӯча мунтазам мавъиза кардан бехатар бошад ва одамон бинанд, ки шумо дар як ҷои муайян доимо мавъиза мекунед, шояд онҳо рақами телефон ё суроғаашонро ба шумо медиҳанд. Агар онҳо ин маълумотро надиҳанд, шумо метавонед шавқи ин шахсонро дафъаи дигар, вақте ки бо онҳо дар кӯча вомехӯред, инкишоф диҳед.
5. Боздид карда, мо дар натиҷа кадом баракатро соҳиб мешавем?
5 Вақте ки мо ба растаниҳо нигоҳубин карда, онҳоро об медиҳем онҳо нашъунамо мекунанд ва мо аз ин хурсандӣ мегирем. Ба ин монанд, вақте ки мо бо одамон боздид мекунем ва барои рӯҳан инкишоф ёфтани онҳо кӯмак мерасонем, мо хурсандии бисёр ба даст меорем (1 Қӯр. 3:6). Аз ин рӯ, мақсад гузоред, ки бо ҳамаи онҳое ки ҳатто шавқи кам зоҳир мекунанд, боздид кунед.