Оё шумо ба офатҳои табиӣ тайёред?
1. Барои чӣ ба офатҳо тайёр будан оқилона аст?
1 Ҳар сол дар тамоми дунё миллионҳо одамон, аз он ҷумла бисёри бародарону хоҳарони мо аз заминҷунбиҳо, сунами (зилзилаҳои зериобӣ), селҳо, тӯфонҳо, гирдбод ва обхезиҳо осеб мебинанд. Азбаски офатҳои табиӣ ногаҳон рӯй медиҳанд ва ба ҳар яки мо таъсир карда метавонанд, аз рӯи хирад мебуд, ки мо ба онҳо пешакӣ тайёрӣ бинем (Мас. 21:5).
2. Чаро суроға ва рақами телефони ҳозираи худро ба пирон хабар додан лозим аст?
2 Пешакӣ. Баъзан ҳукуматдорон аз офати наздикшудаистода огоҳӣ медиҳанд. Ба он огоҳиҳо гӯш додан зарур аст (Мас. 22:3). Дар чунин ҳолатҳо пирон мекӯшанд, ки бо ҳамаи аъзоёни ҷамъомад робита карда дар тайёр кардани чизҳои зарурӣ кӯмак расонанд. Баъд аз рӯй додани офати табиӣ пирон боз бо ҳамаи аъзоёни ҷамъомад алоқа карда аниқ мекунанд, ки оё онҳо дар ҷои бехавфанд ва кадом ёрӣ ба онҳо лозим аст. Агар пирон ҷои истиқомат ва рақами телефони шуморо надонанд, вақти пурқиммат аз даст рафтанаш мумкин аст. Аз ин рӯ ба воизон зарур аст, ки суроға ва рақами телефони ҳозираашонро ба котиби ҷамъомад ё нозири гурӯҳ хабар диҳанд.
3. Агар мо дар ҷое, ки офатҳои табиӣ тез–тез рух медиҳанд, зиндагӣ кунем, чӣ тавр бо пирон ҳамкорӣ карда метавонем?
3 Агар маҳалли ҷамъомад дар ҷое, ки офатҳои табиӣ тез–тез рух медиҳанд, қарор дошта бошад, пирон метавонанд аз воизон хоҳиш кунанд, ки ном ва рақами телефони дӯст ё хешашонро, ки дар ҷои дигар зиндагӣ мекунад, диҳанд, то ки дар ҳолати ба амал омадани вазъияти фавқуллода ба онҳо занг зананд. Ин ба пирон ёрӣ медиҳад, ки ҷои шахсони кӯчонидашударо донанд. Пирон ҳамчунин метавонанд барои ҷамъомад чораҳои эҳтиётӣ андешанд. Ба ин корҳои зерин дохил мешаванд: тартиб додани номгӯи ашёҳои зарурӣ, ки захира кардан лозим аст, сохтани нақшаи кӯчидан ва нақшаи расонидани ёрӣ ба шахсони эҳтиёҷи махсусдошта. Дар ин корҳо бо пирони ғамхор ҳамкорӣ кардан муҳим аст (Ибр. 13:17).
4. Агар офат дар маҳалли мо рӯй диҳад, мо бояд чӣ кор кунем?
4 Баъд аз офат. Чӣ бояд кард, агар офат дар маҳалли шумо рӯй диҳад? Пеш аз ҳама, оилаи худро бо чизҳои моддии зарурӣ таъмин кунед. Баъд ба дигар касоне, ки осеб дидаанд, ёрии лозимаро расонед. Ҳар чӣ зудтар бо нозири гурӯҳатон ё пирони дигар робита кунед, гарчанде ки сиҳат саломатед ва ба кӯмак ниёз надоред. Агар шумо ба кӯмак мӯҳтоҷ бошед, дилпур бошед, ки бародарон барои расонидани ёрӣ ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд (1 Қӯр. 13:4, 7). Дар ёд доред, ки Яҳува аз аҳволи шумо бохабар аст; пурра ба Ӯ такя кунед (Заб. 36:39; 61:9). Бикӯшед, ки дигаронро дилбардорӣ кунед ва аз ҷиҳати рӯҳонӣ кӯмак расонед (2 Қӯр. 1:3, 4). Ҳар чӣ зудтар реҷаи рӯҳонии худро барқарор намоед (Мат. 6:33).
5. Хатари офатҳои табиӣ ба ҳаёти масеҳиён чӣ гуна таъсир мекунад?
5 Хатари офатҳои табиӣ ташвишу хавотириҳои зиёдро ба миён меорад, вале мо метавонем ба оянда бо боварӣ нигарем. Ба наздикӣ ҳамаи офатҳо хотима меёбанд (Ваҳй 21:4). Ҳоло бошад, биёед ба офатҳо ва мушкилиҳое, ки эҳтимол рӯй медиҳанд, ба таври оқилона тайёрӣ бинем ва ҳамзамон дар кори мавъиза ғайратамонро нигоҳ дорем.