БА МАСЕҲ ПАЙРАВӢ КУНЕД
Оё шумо тайёред?
Оё шумо ба офатҳои табиӣ тайёред? Заминҷунбӣ, тӯфон, сӯхтор ва обхезиҳо ногаҳон рӯй дода зарари калон расонида метавонанд. Ғайр аз ин, дар ҳар гӯшаи дунё нохост бесарусомониҳо, ҳамлаи террористон ё ягон вабо сар заданаш мумкин (Вз 9:11). Мо набояд фикр кунем, ки дар ҷойи мо ҳеҷ гоҳ чунин воқеаҳо рӯй нахоҳанд дод.
Ҳар яки мо бояд чораҳои лозима андешида ба ҳолатҳои фавқулода тайёрӣ бинем (Мс 22:3). Ҳарчанд ташкилоти Яҳува ҳаракат мекунад, ки ҳангоми офатҳои табиӣ ба мо кӯмак расонад, ҳар яки мо масъулият дорем, ки ба офатҳои табиӣ тайёрӣ бинем (Ғл 6:5, эзоҳ).
ВИДЕОНАВОРИ «ОЁ ШУМО БА ОФАТҲОИ ТАБИӢ ТАЙЁРЕД?»-РО ТАМОШО КУНЕД ВА БАЪД БА САВОЛҲОИ ЗЕРИН ҶАВОБ ДИҲЕД:
Чӣ тавр бо Яҳува муносибати наздик доштан дар вақти офатҳои табиӣ ба мо кӯмак карда метавонад?
Чаро муҳим аст, ки...
• пеш аз офатҳои табиӣ, дар вақти рӯй додани онҳо ва баъди гузаштани онҳо бо пирони ҷамъомад дар тамос бошем?
• чизҳои аввалиндараҷаро тайёр кунем? (g-U 17.5 саҳ. 6)
• пешакӣ фикр кунем, ки дар маҳалли мо кадом офатҳои табиӣ рӯй доданаш мумкин ва дар ҳар як вазъият чӣ тавр бояд амал кард?
Бо кадом се роҳ ба касоне, ки аз офатҳои табиӣ зарар дидаанд, кӯмак кардан мумкин аст?