Мо афзалиятҳои доштаамонро қадр мекунем!
1 Тӯли таърихи инсоният Яҳува ба ходимони худ масъулияту афзалиятҳои гуногуне медод. Ӯ ба онҳо афзалиятҳоро қатъи назар аз ҷинс, синну сол ё мавқеи дар зиндагӣ доштаашон медод (Луқ. 1:41, 42; Аъм. 7:46; Фил. 1:29). Чӣ афзалиятҳоеро Худо ба мо имрӯз медиҳад?
2 Баъзе аз афзалиятҳои мо. Мо афзалияти аз Яҳува таълим гирифтан дорем (Мат. 13:11, 15). Имконияти бо сухан ҳамд кардани Худо дар ҷамъомад афзалияти дигари мост (Заб. 34:18). Агар имконияти дар ҷамъомад шарҳ гуфтан дошта бошем, боғайратона аз он истифода мекунем. Мисли ин, агар мо ҳар таъинотро дар ҷамъомад афзалият ҳисобем, онро бо беҳтарин қобилиятҳоямон иҷро хоҳем намуд. Оё мо дар афзалияти Толори Салтанатро поку ботартиб нигоҳ доштан мунтазам ширкат меварзем?
3 Гарчанде ки миллионҳо намедонанд, ки оё дуоҳояшон ба гӯши Худо мерасад ё не, мо аз афзалияти аз ҷониби муҳимтарин Шахсияти Даҳр шунида шудани дуоҳоямон баҳра мебарем (Мас. 15:29). Яҳува худ шахсан ба дуоҳои ходимонаш гӯш медиҳад (1 Пет. 3:12). Худо ба миқдори муроҷиат кардани мо ба Ӯ, маҳдудият нагузоштааст. Чӣ атои гаронбаҳое дорем мо,— имконияти «ҳамеша» дуо гуфтан! — Эфс. 6:18.
4 Ҳамкорони Худо. Яке аз беҳтарин афзалиятҳои мо мавъизаи Салтанати Худо аст, «зеро ки мо хизматгорони Худо ҳастем» (1 Қӯр. 3:9). Ин корест, ки қаноатмандиву фараҳ мебахшад (Юҳ. 4:34). Яҳува маҷбур набуд, ки ин корро ба одамон супорад, аммо аз рӯи муҳаббат ин масъулиятро ба мо дод (Луқ. 19:39, 40). Ва ин корро Яҳува ба ҳар кас насупорид. Онҳое ки дар кори мавъиза иштирок мекунанд, бояд хусусиятҳои муайяни рӯҳонӣ дошта бошанд (Иш. 52:11). Оё бо иштироки ҳарҳафтаина дар чунин хидмат, мо нишон медиҳем, ки ин афзалиятро қадр мекунем?
5 Афзалиятҳо аз Яҳува зиндагии моро бой мегардонанд (Мас. 10:22). Ҳеҷ гоҳ онҳоро чун як чизи муқаррарӣ наҳисобед! Бо зоҳир кардани он ки афзалиятҳои дар хидмат доштаамонро қадр мекунем, мо писанди Падари осмонӣ мегардем, ки «ҳар як инъоми нек ва ҳар як бахшоиши комил» аз ҷониби Ӯст — Яъқ. 1:17.