Имконияти хизмат карданро баланд қадр кунед
1. Бисёр одамони ин ҷаҳон ба кори мавъизаи мо чӣ тавр менигаранд?
1 Бисёр одамони ҷаҳони Шайтон ба кори мавъизаи мо чун ба як кори паст назар мекунанд (1 Қӯр. 1:18–21). Агар мо эҳтиёт набошем, чунин назари нодуруст метавонад моро рӯҳафтода кунад ва ғайратамонро суст гардонад (Мас. 24:10; Иш. 5:20). Аз кадом сабабҳо мо Шоҳидони Яҳува буданро барои худ шараф меҳисобем? (Иш. 43:10).
2. Чаро хизмати мавъизаро кори муқаддас гуфтан мумкин аст?
2 Кори муқаддас. Павлуси ҳавворӣ ба кори «башорати Худо» чун ба «каҳонат», яъне чун ба як чизи муқаддас ишора кард (Рум. 15:15, 16). Чаро хизмати мавъиза кори муқаддас аст? Зеро ки дар он иштирок карда, мо бо Яҳува, Худои «муқаддас», ҳамкорӣ мекунем ва дар муқаддас гардонидани номи Ӯ саҳм мегузорем (1 Пет. 1:15; 1 Қӯр. 3:6, 9). Яҳува ба мавъизаи мо чун ба «қурбонии шукрона» назар мекунад, барои ҳамин хизмати мавъиза як ҷониби ҳатмии ибодати мо аст (Ибр. 13:15).
3. Чаро кори мавъиза барои мо шарафи бузург аст?
3 Мавъизаи хушхабар шарафи бузургест, ки на ба ҳама дода шудааст. Агар ин кор ба фариштагон супорида мешуд онҳо инро бо омодагӣ қабул мекарданд ва бешубҳа онро ба дараҷаи аъло иҷро карда метавонистанд (1 Пет. 1:12). Лекин Яҳува барои додани ин имконияти беҳамто мо, одамони нокомил ва «зарфҳои гилин»–ро интихоб кард! (2 Қӯр. 4:7).
4. Чӣ тавр мо нишон дода метавонем, ки хизматро қадр мекунем?
4 Чизи аввалиндараҷа. Азбаски мо имконияти мавъиза карданро дар ҳақиқат қадр мекунем, мо ба он чун ба яке аз корҳои дар ҳаётамон «муҳимтар» назар мекунем (Фил. 1:10, ТДН). Аз ин рӯ, мо вақтамонро тавре ба нақша мегирем, ки ҳар ҳафта дар он иштирок намоем. Масалан, навозандае, ки имконияти дар гурӯҳи машҳури ҷаҳон мусиқинавоз буданашро қадр мекунад, ба ҳар як баромад тайёрӣ мебинад ва дар инкишоф додани қобилияташ кӯшиш мекунад. Ба ҳамин монанд, мо барои «каломи ростиро дуруст мавъиза» карда тавонистан, пеш аз ба хизмат рафтан тайёрӣ мебинем. Ҳамчунин мо мекӯшем, ки қобилияти таълимдиҳии худро инкишоф диҳем (1 Тим. 4:16; 2 Тим. 2:15).
5. Кӣ хизмати моро қадр мекунад?
5 Бигзор нуқтаи назари аксари одамон шуморо рӯҳафтода насозад. Дар ёд доред, ки дар маҳалли мо то ҳол одамоне, ки ташрифи моро қадр мекунанд, бисёранд. Лекин мақсади мо ба даст овардани илтифоти одамон нест. Чизи аз ҳама муҳимтар барои мо фикри Яҳува аст ва Ӯ кӯшишҳои боғайратонаи моро хеле қадр мекунад (Иш. 52:7).