Замимаи саволҳо
◼ Кадом ду адабиёт бояд барои гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас бо шахсони рағбатдор истифода шавад?
— Таълимоти Китоби Муқаддас асбоби асосии мо барои оғоз кардану гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас бо касе мебошад. Ҳарчанд дар истифодаи адабиёти дигар, масалан рисолаи муносибе барои оғоз намудани омӯзиши Китоби Муқаддас бо касе нодурустие нест, кӯшиш бояд кард, ки ҳарчи зудтар ба Таълимоти Китоби Муқаддас гузаред. Бо истифодаи Таълимоти Китоби Муқаддас барои оғоз намудани омӯзиш бо касе, натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд.
Баъди гузашта шудани Таълимоти Китоби Муқаддас ва рӯҳан рушд кардани омӯзанда китоби Худои ягонаи ҳақиқиро ибодат намоед (рус.) бояд омӯхта шавад (Қӯл. 2:7). Дар саҳифаи 2–юми ин китоб дар бораи мақсади нашри он гуфта мешавад: “Китоби Муқаддас ҳамаи дӯстдорони Худоро ташвиқ мекунад, ки «умқу баландии» ҳақиқати пурарзиши Ӯро дарк намоянд (Эфсӯсиён 3:18). Маҳз бо ҳамин мақсад китоби мазкур таҳия гаштааст. Умедворем, ки он барои рӯҳан рушд намуданатон ва рафтан бо роҳи танге, ки ба сӯи ҳаёт дар дунёи нави одилонаи Худо мебарад, шуморо беҳтар омода хоҳад кард”.
Агар омӯзанда то тамом кардани ҳар ду китоб ба талаботи таъмид мувофиқат кунад, омӯзиш бояд то охири китоби дуюм идома ёбад. Ҳатто агар омӯзанда таъмидгирифта бошад, воизи омӯзишро гузаранда метавонад вақт, шумораи боздид ва омӯзиши Китоби Муқаддасро дар ҳисобот қайд кунад. Воизе, ки ҳамкори ӯст ва дар гузаронидани омӯзиш иштирок кардааст, низ метавонад вақтро дар ҳисобот нависад.