ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 4.08 саҳ. 8
  • Мотамзадагонро тасаллӣ диҳед

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мотамзадагонро тасаллӣ диҳед
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2008
  • Маводи монанд
  • «Бо гирякунандагон гиря кунед»
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Чӣ ёрӣ медиҳад, ки ба марги наздиконамон тоб орем?
    Мавзуъҳои гуногун
  • Ҳамаи андӯҳгинонро тасаллӣ бахшед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2011
  • Шикастадилонро тасаллӣ диҳед
    Хизмат ба Салтанати Худо 2007
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2008
km 4.08 саҳ. 8

Мотамзадагонро тасаллӣ диҳед

1. Чаро шахсони мотамзада ба тасаллӣ мӯҳтоҷанд?

1 Марги яке аз наздикон ҳодисаи хеле ғамангез аст, алалхусус барои онҳое, ки бар Салтанат умед надоранд (1 Тас. 4:13). Бисёриҳоро аксаран саволҳои зерин ором намегузоранд: “Чаро одамон мемиранд? Баъди марг бо онҳо чӣ мешавад? Оё наздикони фавтидаамонро аз нав хоҳем дид?” Вақте ки мо дар мавъиза касонеро вомехӯрем, ки аз марги наздикон ё дӯстон андӯҳгинанд, бояд онҳоро тасаллӣ диҳем. Барои ин дар поён чанд маслиҳат оварда шудааст — Иш. 61:2.

2. Оё ба шахси мотамзада ҳамеша шаҳодати дуру дароз бояд дод?

2 Ҳангоми хидмати хона ба хона. Соҳибхона шояд бигӯяд, ки ба наздикӣ дар оилааш касе мурдааст. Ӯ сахт андӯҳгин метобад? Оё хона пур аз хешовандони мотамзада аст? Дар чунин ҳолатҳо додани шаҳодати кӯтоҳ хуб мебуд (Воиз 3:1, 7). Метавонем нисбати ин мусибат ҳамдардӣ баён намоем, рисола ё маҷаллаи муносибро дода, хайрухуш кунем. Чанде пас мо дар вақти барои соҳибхона қулай омада, бо ёрии Китоби Муқаддас метавонем ба ӯ тасаллии бештар бахшем.

3. Агар вазъият имконият диҳад, кадом оятҳои Китоби Муқаддасро ба шахси андӯҳгин хондан мумкин аст?

3 Дар мавридҳои дигар ҳангоми ташрифи аввал бештар сӯҳбат кардан мумкин аст. Ҳарчанд он фурсате нест, ки ақидаҳои нодурусти соҳибхонаро ислоҳ кунем, мо метавонем ваъдаҳои Худоро оиди эҳёшавии мурдагон аз Китоби Муқаддас хонем (Юҳ. 5:28, 29). Ё метавонем аз ин китоб нишон диҳем, ки он дар бораи ҳолати мурдагон чӣ мегӯяд (Воиз 9:5, 10). Шояд яке аз рӯйдодҳои эҳёшавии Китоби Муқаддас ба ӯ тасаллӣ бахшанд (Юҳ. 11:39—44). Ҳамчунин аз Навиштаҳо суханони Айюби содиқро хондан мумкин аст, ки ӯ дар онҳо умедашро ба Яҳува зоҳир мекунад (Айюб 14:14, 15). Пеш аз рафтан брошураи Вақте ки шахси наздике мемирад..., брошура ё рисолаи дигари муносибро пешниҳод намудан мумкин аст. Ё метавонед “Таълимоти Китоби Муқаддас”-ро ба соҳибхона дода, ба боби 6–уми он диққати соҳибхонаро равон кунед ва дафъаи оянда муҳокима намудани онро пешкаш намоед.

4. Мавридҳои дигаре, ки барои тасаллӣ бахшидан имконият медиҳанд, кадоманд?

4 Дар мавридҳои дигар. Агар дар Толори Салтанат нутқи ба дафни касе бахшидашуда гуфта шавад ва ба он шахсоне, ки Шоҳиди Яҳува нестанд, омада бошанд, ба онҳо адабиёти тасаллибахшро пешкаш намудан мумкин аст. Гоҳ–гоҳ дар рӯзномаҳо таъзияҳо чоп мешаванд, ки ин барои ба хешовандони марҳум навиштани мактуби кӯтоҳи тасаллибахш имконият медиҳад. Боре, баъди гирифтани чунин мактуб, ки дар он чанд рисола низ буд, марди ҳамсараш вафоткарда бо духтараш ба хонаи хоҳарамон омада, пурсид: ”Оё шумо, ин номаро ба ман фиристодед? Хуб, ман дар бораи Китоби Муқаддас бисёртар фаҳмидан мехоҳам”. Он мард ва духтараш ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ шуданд ва ба вохӯриҳои ҷамъомад ташриф оварданро сар карданд.

5. Чаро мо бояд барои тасаллии шахсони мотамзада имконияти муносиб ҷӯем?

5 Дар Воиз 7:2 гуфта мешавад: «Рафтан ба азохона беҳ аз рафтан ба шаробхона». Нисбат ба касе, ки хушу хурсандӣ мекунад, шахси мотамзада одатан ба шунидани Каломи Худо бештар майл дорад. Ҳар яки мо бояд имкониятҳои муносибро аз даст надиҳем, то касонеро, ки аз марги наздикон андӯҳгинанд, тасаллӣ бахшем.

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан