Замимаи саволҳо
◼ Оё баъди ҳар бахши барномаи Мактаби таълими мавъиза ва вохӯрии хидматӣ кафкӯбӣ кардан ҷоиз аст?
Вақте ки Яҳува — Офаридгор бунёди заминро мениҳод, «ситорагони субҳ якҷоя тараннум мекарданд ва ҳамаи фарзандони Худо нидоҳои шодӣ медоданд» (Айюб 38:7). Бо «нидоҳои шодӣ» фариштаҳо Яҳуваро барои ин корҳои бузургаш, ки дар онҳо хирад, некӯӣ ва қудрати Ӯ ба тарзи нав зоҳир гардиданд, ситоиш додан мехостанд.
Барои кӯшишҳои бародарон ва маълумоти пешкаш намудаи онҳо миннатдории самимӣ изҳор кардан хуб аст. Масалан, мо дар вохӯриҳои махсус, мисли анҷуманҳо, баъди нутқу баромадҳо одатан кафкӯбӣ мекунем. Тайёр намудани бахшҳои барномаи ин вохӯриҳо вақту кӯшиши иловагӣ талаб мекунад. Бо кафкӯбӣ мо миннатдориамонро на танҳо ба баромадкунандагон барои меҳнати вазнинашон, балки ба Яҳува барои ҳидояте, ки Ӯ тавассути Калом ва созмонаш медиҳад, изҳор менамоем — Иш. 48:17; Мат. 24:45–47.
Аммо дар бобати кафкӯбӣ баъди бахшҳои барномаи Мактаби таълими мавъиза ва вохӯрии хидматӣ чӣ гуфтан мумкин аст? Умуман қарсакзанӣ манъ карда нашудааст, агар он изҳори самимии миннатдорӣ бошад, масалан ҳангоми иҷрои супориши нахустини таҳсилкунанда. Лекин кафкӯбӣ метавонад ба осонӣ рӯякӣ гардад ва аҳамияти худро гум кунад. Аз ин рӯ, мо одатан баъди ҳар баромад дар ин вохӯриҳо қарсак намезанем.
Ҳарчанд баъди бахшҳои зиёди барномаи Мактаби таълими мавъиза ва вохӯриҳои хидматӣ кафкӯбӣ накунем ҳам, ҳамаи мо бо роҳҳои дигар метавонем миннатдории худро барои кӯшиши баромадкунанда ва фикрҳои муфиди пешкашкардаи ӯ изҳор намоем. Масалан, бо он ки баромадкунандаро бодиққат гӯш мекунем ва баъди вохӯрӣ ба наздаш рафта, шахсан ба ӯ барои кӯшишҳояш миннатдориамонро баён менамоем — Эфс. 1:15, 16.