Шумо метавонед таълимдиҳандаи Каломи Худо бошед!
1. Мақсади асосии ҳар як воизи Салтанат дар чист?
1 Яке аз ҷиҳатҳои хурсандибахши хидмат ин ба шахс таълим додани ҳақиқат аст. Вақте мебинем, ки шахс хабари Салтанатро мепазирад ва бо Худои Қодир муносибати наздик пайдо мекунад, мо инро хеле қадр мекунем. (Яъқ. 4:8). Ҳар як воизи Салтанат бояд кӯшиш кунад, то одамонеро, ки ташнаи ҳақиқатанд таълим диҳад ва онҳоро барангезад, то ки ба таври куллӣ шахсият, нуқтаи назар ва рафтори худро тағйир диҳанд (Мат. 28:19, 20).
2. Чаро баъзеҳо барои гузарондани омӯзиши Китоби Муқаддас ҷуръат намекунанд ва барои чунин душвориро бартараф намудан ба онҳо чӣ кӯмак мерасонад?
2 Ба Яҳува таваккал намоед. Дар замонҳои пеш, баъзе ходимони содиқи Худо дар иҷрои вазифае, ки Худо ба онҳо месупорид, худро ноӯҳдабаро меҳисобиданд. Вале Мусо, Ирмиё, Омӯс ва дигар одамони оддӣ ба Яҳува таваккал карда, тавонистанд, ки шубҳаву нобовариашонро бартараф кунанд ва супориши муҳимро иҷро намоянд (Хур. 4:10–12; Ирм. 1:6, 7; Омӯс 7:14, 15). Павлуси расул ҳам «қавӣ» гардид. Чӣ тавр? Ӯ худ эътироф намуд, ки бо кӯмаки «Худои худ» (1 Тас. 2:2). Бале, ҳамаи мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува моро дастгирӣ мекунад ва барои гузарондани омӯзишҳои босамари Китоби Муқаддас хирад ва қувват хоҳад бахшид (Иш. 41:10; 1 Қӯр. 1:26, 27; 1 Пет. 4:11).
3, 4. Кадом таълимот ба мо барои таълимдиҳандаи Каломи Худо шудан кӯмак мерасонад?
3 Таълим гиред. Муаллими Бузургамон, Яҳува Худо мунтазам таълимоти рӯҳониро бароямон фароҳам меоварад, то ки мо тавонем ба ҳар амали нек омода бошем (Иш. 54:13; 2 Тим. 3:16, 17). Чунин таълим гирифта, кӯшиш ба харҷ диҳед, ки донишатонро дар бораи Навиштаҳо зиёд гардонед ва қобилияти таълимдиҳиатонро аз Китоби Муқаддас беҳтар намоед. Асосан, мо инро дар Мактаби таълими мавъиза ва вохӯрии хидматӣ меомӯзем ва дигар вохӯриҳои ҷамъомад низ ба мо кӯмак мерасонанд, то ки таълимдиҳандагони Каломи Худо гардем.
4 Ҳатто вақте ки ҳақиқатҳои чуқури Китоби Муқаддасро мефаҳмонед, ба таври оддӣ таълим доданро ёд гиред. Дар китоби «Мактаби таълими мавъиза», саҳифаи 227 (рус) гуфта мешавад: «Агар шумо хоҳед ки дигарон мавзӯъро фаҳманд, бояд аввал онро худатон хуб аз худ кунед». Шарҳ додан дар вохӯриҳо, ба мо кӯмак мерасонад, ки фикрҳои асосиро дар хотир нигоҳ дорем ва онҳоро дар оянда истифода барем. Пас тайёрии хуб бубинед ва он гоҳ боварии шумо дар таълимдиҳӣ хоҳад афзуд. Ба шарофати тайёрии хуб маҳорати таълимдиҳиамон беҳтар мегардад, ки ин ба мо дар таълимдиҳӣ боварӣ мебахшад.
5. Чӣ гуна аъзоёни ҷамъомад ба мо барои инкишоф додани маҳорати таълимдиҳиамон кӯмак расонда метавонанд?
5 Масеҳиёни аввал, бешубҳа ҳангоми шогирдтайёркунӣ аз ҳамдигар таълим мегирифтанд (Луқ. 10:1). Аз рӯи имкон бо воизони пуртаҷриба, пешравони доимӣ, пирон ва нозирони сайёр мавъиза кунед ва аз онҳо тарзи гузарондани омӯзиши Китоби Муқаддасро таълим гиред. Диққат диҳед, ки чӣ гуна онҳо аз мисолҳои осон ва дигар маводи таълимие, ки дар нашриётамон барои фаҳмондани ҳақиқатҳои Китоби Муқаддас омода шудаанд, истифода мебаранд. Барои таълимдиҳандаи бомаҳорат гаштан шумо метавонед аз онҳо маслиҳат пурсед (Мас. 1:5; 27:17). Имконияти аз онҳо таълим гирифтанро қадр намуда, чунин таълимотро аз ҷониби Яҳува шуморед (2 Қӯр. 3:5).
6. Барои таълимдиҳандаи Каломи Худо шудан, чӣ зарур аст?
6 Ба Яҳува таваккал намоед ва аз таълимоте, ки Ӯ фароҳам меоварад манфиат гиред. Ба Яҳува дуо гӯед, то комёбиатон аён шавад (Заб. 24:4, 5). Бешубҳа, вақте ки ба дигарон барои таълимдиҳандаи Каломи Худо гардидан кӯмак мерасонед, шумо низ хурсандии зиёдеро эҳсос хоҳед кард!