Нагузоред, ки ҳисси нобоварӣ ба шумо монеъ шавад
1. Чӣ баъзеҳоро аз пешниҳод кардани омӯзиши Китоби Муқаддас бозмедорад?
1 Оё нобоварӣ ба қобилиятҳоятон шуморо аз пешниҳод кардани омӯзиши Китоби Муқаддас бозмедорад? Баъзан хизматгорони содиқи замони пеш, ба монанди Мусо ва Ирмиё дар иҷрои супоришҳояшон худро ҳамин тавр нотавон ҳис мекарданд (Хур. 3:10, 11; 4:10; Ирм. 1:4–6). Аз ин бармеояд, ки шумо танҳо нестед. Чӣ тавр шумо ба ин ҳиссиётатон ғолиб омада метавонед?
2. Чаро мо набояд танҳо бо мавъизаи хона ба хона машғул шуда омӯзиши Китоби Муқаддасро ба зиммаи дигарон гузорем?
2 Мо бояд дар хотир дорем, ки Яҳува ҳеҷ гоҳ кори берун аз қувватамонро аз мо талаб намекунад (Заб. 102:14). Модоме ки ба мо гуфта шудааст, ки «шогирд созед» ва онҳоро «таълим диҳед», пас мо аз ӯҳдаи ин кор баромада метавонем (Мат. 28:19, 20). Яҳува ин кори пуршарафро танҳо ба шахсони пуртаҷриба ва қобилиятнок насупоридааст (1 Қӯр. 1:26, 27). Барои ҳамин, мо набояд фақат бо мавъизаи хона ба хона машғул шуда гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддасро ба зиммаи дигарон гузорем.
3. Яҳува моро барои гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас чӣ тавр қобилият мебахшад?
3 Яҳува ба мо қобилият мебахшад. Маҳорату қобилияте, ки мо дар кори шогирдсозӣ дорем, аз Яҳува мебошанд (2 Қӯр. 3:5). Ба воситаи ташкилоташ Ӯ ба мо ҳақиқатҳоеро таълим додааст, ки ҳатто одамони аз ҳама донишманди ин ҷаҳон намедонанд (1 Қӯр. 2:7, 8). Худо тарзҳои таълимдиҳии Устоди Бузург, Исоро, ҳамчун намуна дар Каломаш навиштааст ва моро доимо тавассути ҷамъомад таълим медиҳад. Илова бар ин, Яҳува барои таълим додани Китоби Муқаддас ба мо воситаҳои ёрирасонро фароҳам меорад. Масалан, мо китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас»–ро дорем, ки он ҳақиқатро пайдарҳам ва ба таври осон таълим медиҳад. Барои ҳамин, фикр накунед, ки гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас аз ҳад душвор аст.
4. Чаро мо дилпур буда метавонем, ки Яҳува ба мо кӯмак мекунад?
4 Мусо ва Ирмиё бо ёрии Яҳува тавонистанд, ки супоришҳои худро иҷро кунанд (Хур. 4:11, 12; Ирм. 1:7, 8). Мо ҳам метавонем аз Яҳува ёрдам пурсем. Охир, омӯзиши Китоби Муқаддас гузаронида мо ба шахс ҳақиқатро дар бораи Яҳува таълим медиҳем, ки ин ба Ӯ маъқул аст (1 Юҳ. 3:22). Аз ин рӯ, дар назди худ мақсад монед, ки дар гузарондани омӯзиши Китоби Муқаддас, ки қисми аз ҳама хурсандиовар ва қонеъкунандаи хизмати мо мебошад, иштирок кунед.