ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • wp20 № 2 саҳ. 4-5
  • Чаро мо ба Подшоҳии Худо мӯҳтоҷем?

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Чаро мо ба Подшоҳии Худо мӯҳтоҷем?
  • Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2020
  • Зерсарлавҳаҳо
  • Маводи монанд
  • ҲУКМРОНИИ ОДАМӢ ПАЙДО МЕШАВАД
  • МО БА ҲУКМРОНИИ ХУДО МӮҲТОҶЕМ
  • Ҳақ будани ҳокимияти Яҳува исбот шуд!
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — 2010
  • Чаро дунё пур аз бадӣ ва ранҷу азоб аст?
    То абад зинда бошед! Омӯзиши Китоби Муқаддас
  • Барои чӣ Худо ба бадӣ ва ранҷу азоб роҳ медиҳад?
    Худо барои мо хабарҳои нағз дорад!
  • Худо барои мо чӣ ният дорад?
    Китоби Муқаддас ба мо чиро таълим медиҳад?
Бурҷи дидбонӣ Подшоҳии Яҳуваро эълон мекунад (нашри оммавӣ)—2020
wp20 № 2 саҳ. 4-5
Одаму Ҳавво дар боғи Адан шаршараеро тамошо карда истодаанд.

Зери роҳбарии Худо ҳамаи офаридаҳо дар сулҳу ягонагӣ мезистанд

Чаро мо ба Подшоҳии Худо мӯҳтоҷем?

Вақте Худованд, ки номаш Яҳува аст, аввалин одамонро офарид, танҳо Худаш Ҳоким буд ва аз муҳаббат ҳукмронӣ мекард. Ӯ барои одамизод хонаи зебо — боғи Аданро сохт ва онҳоро бо хӯроки фаровон таъмин кард. Ғайр аз ин Яҳува ба одамон кори шавқовареро супориш дод (Ҳастӣ 1:28, 29; 2:8, 15). Агар одамон ба Худои меҳрубон итоаткор мемонданд, онҳо дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ мекарданд.

Одам меваи манъшударо, ки Ҳавво ба ӯ пешниҳод кард, дар дасташ дошта истодааст.

Ҷуфти аввалини инсонӣ нахостанд, ки Худо Ҳокими онҳо бошад

Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки фариштае, ки баъдтар Шайтон Иблис ном гирифт, бар зидди Худо баромад. Вай арз кард, ки Худо ҳокими хуб нест, барои ҳамин ҳуқуқ надорад, ки бар одамон ҳукмронӣ кунад. Ӯ ба он ишора кард, ки одамизод бе роҳнамоӣ ва ҳукмронии Худо хушбахттар мешавад. Сад афсӯс, ки ба ин дурӯғи Шайтон нахустволидони мо Одаму Ҳавво бовар карда онҳо низ ба муқобили Худо баромаданд (Ҳастӣ 3:1–6; Ваҳй 12:9).

Азбаски Одаму Ҳавво зери роҳбарии Яҳува зиндагӣ кардан нахостанд, онҳо аз хонаи худ — биҳишт ронда шуданд ва дигар имконият надоштанд, ки абадӣ зиндагӣ карда саломатии комил дошта бошанд (Ҳастӣ 3:17–19). Қарори онҳо ба насли ояндаашон низ зарари калон расонд. Китоби Муқаддас мегӯяд, ки аз сабаби беитоатии Одам «гуноҳ ба ҷаҳон дохил шуд ва ба воситаи гуноҳ марг омад» (Румиён 5:12). Боз як оқибати даҳшатовари гуноҳ ин аст, ки имрӯз «одам бар одам ба зарари вай ҳукмронӣ мекунад» (Воиз 8:9). Яъне ҳукмронии одамӣ хоҳу нохоҳ душвориҳои зиёдро ба миён меорад.

ҲУКМРОНИИ ОДАМӢ ПАЙДО МЕШАВАД

Нимрӯд ба таври ҳавобаландона истодааст. Дар қафои расм одамон биное сохта истодаанд.

Нимрӯд ба муқобили Яҳува баромад

Китоби Муқаддас нақл мекунад, ки якумин ҳокими одамӣ Нимрӯд буд. Ӯ бар зидди ҳокимияти Яҳува баромад. Аз замони Нимрӯд сар карда одамони ҳокимиятдор қудрати худро барои ба дигарон зарар расондан истифода мебурданд. Қариб 3000 сол пеш шоҳ Сулаймон навишта буд: «Ман боз назар андохта, ҳамаи ситамҳоеро, ки дар таҳти офтоб карда мешавад, дидам; ва инак ашкҳои ситамкашон, вале барои онҳо тасаллидиҳандае нест; ва қувват дар дасти ситамкунандагони онҳост, вале барои онҳо тасаллидиҳандае нест» (Воиз 4:1).

Дар рӯзҳои мо низ чунин аст. Соли 2009 Созмони Миллали Муттаҳид дар як нашрияаш қайд кард, ки яке аз сабабҳои асосии бадкорӣ дар ҷомеа ҳукмронии бад аст.

МО БА ҲУКМРОНИИ ХУДО МӮҲТОҶЕМ

Ҷаҳон ба ҳокимони хубтар ва тарзи беҳтари ҳукмронӣ ниёз дорад. Офаридгорамон ваъда медиҳад, ки ҳамин хел мешавад.

Расмҳо: Оқибати ҳокимияти одамӣ. 1. Зане аз Осиё дар кӯчаи чиркин кӯдаки гирёнашро дар даст дошта нишастааст. 2. Марди пиронсоле дар беморхона хоб аст. 3. Аскарон дар майдони ҷанг тирпарронӣ карда истодаанд. 4. Шӯришгарони ба қаҳромада дар даст плакатҳо доранд ва дод мезананд. 5. Зане бо духтараш ҳангоми дар беруни хонаашон будан, мебинанд, ки шишаи дарашон шикастааст. 6. Шаҳри сердуде бо қубурҳои дудбаро ва симҳои баландшиддат.

Ҳатто ҳокимиятҳои беҳтарини одамӣ душвориҳои ҷиддии инсониятро ҳал карда натавонистанд

Худо дар осмон Подшоҳӣ, яъне ҳокимияте барпо кардааст, ки он ба ҷойи ҳамаи ҳокимиятҳои одамӣ худаш ҳукмронӣ хоҳад кард ва «то абад хоҳад истод» (Дониёл 2:44). Ин ҳамон Подшоҳиест, ки миллионҳо одамон дар борааш доимо дуо мегӯянд (Матто 6:9, 10). Лекин Худи Яҳува бар он ҳукмронӣ намекунад. Ӯ шахсеро Шоҳи он таъйин намудааст, ки ӯ чун инсон дар замин зиндагӣ карда буд. Ин кист?

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан