Пешниҳодот барои мавъиза
“Ба фикри шумо, оё Худо ба ҳамаи дуоҳо гӯш медиҳад? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Диққат кунед, ки Исо–пайғамбар дар ин бора чӣ мегӯяд. [Матто 6:7-ро хонед.] Китоби Муқаддас ба ин савол ва ба дигар саволҳо оиди дуо ҷавоб медиҳад”.
“Бисёр одамон фикр мекунанд, ки тақдирашон пешакӣ муайян карда шудааст. Аммо шумо дар ин бора чӣ фикр мекунед? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Дар ин ояти Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки одамон имконияти интихоб карданро доранд. [Такрори Шариат 30:19-ро хонед ва фаҳмонед, ки дар Китоби Муқаддас оиди тақдир чӣ гуфта шудааст.]”
“Ба фикри шумо, оё ҳама чизе ки дар ҳаёти мо рӯй медиҳад, пешакӣ муайян карда шудааст?” [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Диққат диҳед, ки дар ин бора Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд [Воиз 9:11-ро хонед.] Гарчанд Худо ояндаи хушбахтонаро барои замин муайян карда бошад ҳам, Ӯ ба ҳар яки мо имконият медиҳад, ки роҳи ҳаётамонро интихоб кунем. Ба фикри шумо чӣ тавр мо интихобамонро аз рӯи хирад карда метавонем?”
“Бисёр одамон бахусус дар бӯҳрони иқтисодии замони мо аз барои пул дар ташвишанд. Оё шумо бо ин розиед? [Ба ҷавоб гӯш диҳед.] Ба ин маслиҳати фоиданок диққат диҳед. [1 Тимотиюс 6:8, 10-ро хонед.] Принсипҳое, ки дар Китоби Муқаддас оварда шудаанд, барои дуруст истифода бурдани пул ва нигоҳ доштани осудагии хотир кӯмак мерасонанд”.