Ба таври оддӣ таълим диҳед
1. Қисми асосии самаранок таълим додан кадом аст?
1 Маънои самаранок таълим додан — ба таври оддӣ таълим додан аст. Ба мо барои беҳтар намудани маҳорати таълимдиҳӣ, дида баромадани тарзи таълимдиҳии Устоди бузург, Исои Масеҳ, кӯмак мерасонад (2 Тим. 4:2; Юҳ. 13:13).
2. Таълимдиҳии оддӣ чиро дар бар мегирад ва он чӣ гуна натиҷаҳо меорад?
2 Ба таври оддӣ сухан ронед. Гарчанд Мавъизаи Болоикӯҳӣ бо суханони оддӣ гуфта шудааст, он ҳақиқатҳои барҷастатаринеро, ки ҳаргиз инсон ба забон наовардааст, дар бар мегирад (Мат. бобҳои 5–7). Тӯдаи одамоне, ки Исоро гӯш мекарданд «аз таълими Ӯ дар ҳайрат монданд». Суханони Исо ба аскароне, ки барои ба ҳабс гирифтани ӯ фиристода шуда буданд, то ба дараҷае таъсир карданд, ки онҳо чунин гуфтанд: «Касе ҳаргиз монанди Ин Шахс сухан нагуфтааст» (Мат. 7:28, 29; Юҳ. 7:46). Бароямон зарур нест, ки суханони дабдабанок, ибораҳои мураккаб ё мисолҳои муфассалро истифода барем, то ки ҳақиқатро боварибахш созем. Барои ҳақиқатро равшан фаҳмондан мо метавонем аз калимаҳои ба ҳама шинос истифода барем.
3. Чаро баъзеҳо майл доранд, ки ба шунавандагони худ маълумоти аз ҳад зиёд диҳанд ва чӣ гуна метавон аз ин канорагирӣ намуд?
3 Қобилияти шахсро ба назар гиред. Исо қобилияти шунавандагонашро ба назар гирифта, муайян намуд, ки чӣ қадар маълумотро ҳар дафъа ба онҳо хоҳад дод (Юҳ. 16:12). Мо низ бояд дар ин маврид бодиққат ва тағйирпазир бошем, хусусан, вақте ки ба хешовандон, рағбатдорон ё кӯдакон шаҳодат медиҳем. Бояд эҳтиёт бошем, ки ба онҳо маълумоти аз ҳад зиёд надиҳем, ҳатто агар чунин тобад, ки онҳо моро бодиққат гӯш карда истодаанд. Одамони самимӣ дар бораи Худои ягонаи ҳақиқӣ, Яҳува, дониш гирифтанро давом хоҳанд дод (Юҳ. 17:3; 1 Қӯр. 3:6).
4. Чаро муҳим аст, ки диққатро на ба маълумоти иловагӣ, балки ба фикрҳои асосӣ ҷалб намоем?
4 Диққатро ба фикри асосӣ равона созед. Исо таълимоти худро бо овардани маълумоти барзиёд мураккаб намекард. Вақте Исо гуфт, ки «ҳамаи онҳое ки дар қабр мебошанд, берун хоҳанд омад», ӯ дар бораи, он ки эҳёшудагони шариру одилро чӣ интизор аст, маълумоти зиёд наовард (Юҳ. 5:28, 29). Дар вақти гузарондани омӯзиши Китоби Муқаддас, диққати омӯзандаро ба фикрҳои асосӣ ҷалб намоед ва ҳангоми муҳокима маълумоти иловагӣ наоред.
5. Агар мо ба таври оддӣ таълим диҳем соҳиби кадом баракат шуда метавонем?
5 То чӣ ҳад мо миннатдорем, ки Яҳува ба мо дониши заруриро ба таври оддӣ таълим додааст! (Мат. 11:25). Бигзор ҳар яки мо ба таври оддӣ таълим диҳем ва аз хидмати босамар хурсандӣ гирем!