Се роҳи беҳтар кардани тарзи таълимдиҳӣ
1. Барои чӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки тарзи таълимдиҳиамонро беҳтар гардонем?
1 Ҳамаи воизони Салтанат ба маъное устоданд. Новобаста аз он ки бори аввал бо шахс сӯҳбат мекунем, такроран меоем ё омӯзиши Китоби Муқаддас мегузаронем, мо ба одамон донишу маълумот медиҳем. Маълумоте, ки мо мерасонем, хеле муҳим мебошад, чунки он ба Навиштаҳои Муқаддас равшанӣ андохта, «барои наҷот ёфтан» ҳикмат меомӯзонад (2 Тим. 3:15). Ин чӣ кори пуршарафест! Бинобар ин, биёед се роҳи беҳтар кардани тарзи таълимдиҳиамонро дида бароем.
2. Чӣ тавр мо метавонем соддаву оддӣ таълим диҳем?
2 Содда карда фаҳмонед. Вақте ки мо мавзӯеро нағз медонем, фаромӯш кардан мумкин аст, ки то чӣ андоза ин маълумот барои шахси дигар душвор буда метавонад. Аз ин рӯ, ҳангоми гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас мо шояд дар баробари фаҳмондани фикрҳои асосӣ, маълумоти иловагии бисёреро меорем, ки на он қадар зарур аст. Бисёр гап задан на ҳама вақт маънои хуб таълим доданро дорад (Мас. 10:19). Одатан роҳи беҳтарин ин аст, ки танҳо оятҳои асосиро хонем. Пас аз хондани оят бошад, диққатро танҳо ба қисми зарурии он равона бояд кард. Дар Мавъизаи болои кӯҳ, ки дар бобҳои аз 5 то 7–и китоби Матто нависонда шудааст, Исо ҳақиқатҳоеро, ки маънои хеле чуқур доранд, ба таври содда фаҳмонд ва барои ин аз калимаҳои начандон зиёду таъсирбахш истифода бурд.
3. Чаро овардани мисолҳо фоиданок аст ва кадом мисолҳо аксар вақт хубанд?
3 Мисолҳо биёред. Мисолҳо дар шахс фикру эҳсосоти муайянеро бедор карда, дар хотира нақш мебанданд. Барои мисолҳои хуб овардан, нависандаи қиссаву ҳикояҳо будан шарт нест. Исо аксар вақт мисолҳои кӯтоҳ ва оддӣ меовард (Мат. 7:3–5; 18:24). Ҳамчунин барои фаҳмондани фикр кашидани расмҳои оддӣ хеле фоиданок буда метавонад. Агар мо пешакӣ каме тайёрӣ бинем, он гоҳ мисолҳои таъсирбахш оварда метавонем.
4. Чӣ тавр мо саволҳоро самаранок истифода бурда метавонем?
4 Савол диҳед. Саволҳо бояд ба фикру мулоҳиза рондан барангезанд. Бинобар ин, вақте ки ба омӯзишкунанда савол медиҳем, сабру худдорӣ кардан лозим аст, ки ба ҷои ӯ худамон зуд ҷавоб надиҳем. Агар ин тавр кунем, мо намефаҳмем, ки ӯ чиро аз худ кардаасту чиро не. Дар ҳолате ки омӯзишкунанда ба савол нодуруст ҷавоб медиҳад, дарҳол ӯро ислоҳ кардан лозим нест. Беҳтар аст, ки ба ӯ саволҳои иловагӣ диҳем, то ӯ худаш ба хулосаи дуруст ояд (Мат. 17:24–27). Азбаски ҳеҷ кадоми мо устоди комил нестем, Китоби Муқаддас моро даъват менамояд, ки ба тарзи таълимдиҳии худ доимо аҳамият диҳем, зеро ин ҳам ба мо ва ҳам ба шунавандагонамон манфиатҳои бардавом хоҳад овард (1 Тим. 4:16).