Кай бояд боздид кард?
1. Шогирдсозӣ чиро дар бар мегирад?
1 Шогирдсозӣ — боздиди ҳамаи хоҳишмандонеро дар бар мегирад, ки дар бораи Салтанати Яҳува фаҳмидан мехоҳанд (Мат. 28:19, 20). Барои дар кадом вақт ба назди онҳо омадан, мо бояд нақшаҳои онҳо ва нақшаҳои худро ба назар гирем. Чаро мо бояд баъд аз боздиди якум ба назди одамон тезтар баргардем?
2, 3. Чаро мо бояд ҳар чӣ тезтар шахсро боздид кунем?
2 Чаро набояд таъхир кард? Чуноне ки анҷоми ин тартиботи шарирона аллакай наздик шуда истодааст, мавъизаи «Инҷили Малакут» ба қарибӣ хотима меёбад (Мат. 24:14; 1 Пет. 4:7). Ҳол он ки «рӯзи наҷот» хотима наёфтааст ва рағбатдорон имконияти наҷот ёфтанро доранд, бояд аз рӯи даъвати зерин амал кард: «Каломро мавъиза кун, дар ин кор бетаъхир бош». Ин ҳамчунин маънои онро дорад, ки барои инкишоф додани шавқи зоҳиркардаи одамон, бояд тезтар боздид кунем (2 Қӯр. 6:1, 2; 2 Тим. 4:2, ТДН).
3 Шайтон кӯшиш мекунад, ки аз дили рағбатдорон каломи кошташудаи Салтанатро гирифта барад (Марқ. 4:14, 15). Барои ҳамин, онҳо бисёр вақт аз тарафи хешовандон, ҳамкорон ва дигар одамон масхара карда мешаванд. Дар мавриди боздид таъхир накарда, мо шавқи зоҳиршударо дастгирӣ менамоем ва бо ин ба ҳеҷ кас роҳ намедиҳем, ки онро суст гардонад. Он гоҳ ба мо осон мешавад, ки сӯҳбати гузаштаро давом диҳем.
4. Чӣ гуна ҳангоми сӯҳбати аввалин дар бораи вохӯрии навбатӣ гапзанон кунем?
4 Дарҳол гапзанон кунед. Аллакай ҳангоми сӯҳбати аввалин дар бораи вохӯрии навбатӣ гапзанон кунед. Масалан, саволеро диҳед, ки дафъаи оянда онро муҳокима хоҳед кард. Ба дафтарчаатон муфассал қайд карданро фаромӯш накунед. Нақшаи худро ба инобат гирифта, шумо метавонед бо ӯ гапзанон кунед, ки рӯзи дигар ё ба наздикӣ вомехӯред. Агар якум бор шумо бо шахс дар рӯзи истироҳатӣ сӯҳбат карда бошед ва агар ӯ дар миёни ҳафта кор кунад, шояд шумо сӯҳбатро дар рӯзи истироҳатии навбатӣ давом диҳед. Муҳим аст, ки ба ваъдаи худ вафо карда, дар вақти муайяншуда биёед (Мат. 5:37).
5. Чӣ тавр мо ба боздид таъхир накарда, метавонем супориши додаи Исоро дар шогирдсозӣ иҷро кунем?
5 Барои бетаъхир боздид кардан мо сабабҳои муҳим дорем. Вақти боқимонда танг аст, аз ин рӯ барои боздид гапзанон кунед ва кӯшиш намоед, ки тезтар онро иҷро кунед (1 Қӯр. 7:29). Агар ҳар чӣ тезтар ба назди шахсе, ки ба хушхабари Салтанат шавқ пайдо кардааст, баргардем, ҳамон қадар боздидамон самарабахш хоҳад буд.