ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ Бурҷи дидбонӣ
ОНЛАЙН-КИТОБХОНАИ
Бурҷи дидбонӣ
тоҷикӣ
ӯ
  • ғ
  • ӣ
  • қ
  • ӯ
  • ҳ
  • ҷ
  • КИТОБИ МУҚАДДАС
  • АДАБИЁТ
  • ВОХӮРИҲО
  • km 11.09 саҳ. 3-5
  • Мавъиза дар минтақаи ғайрзабон

Видеонавор вуҷуд надорад.

Бубахшед, видеонавор боргирӣ нашуд.

  • Мавъиза дар минтақаи ғайрзабон
  • Хизмат ба Салтанати Худо 2009
  • Маводи монанд
  • Агар шахс ба дигар забон сухан гӯяд
    Хизмат ба Салтанати Худо 2008
  • Маҳорати таълимдиҳии худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Шаҳодат додан ба шахсоне ки ба дигар забон гап мезананд
    Хизмат ба Салтанати Худо 2015
  • «Ғарибон», ба фарзандони худ ёрӣ диҳед
    Бурҷи дидбонӣ Салтанати Яҳуваро эълон мекунад — (нашри омӯзишӣ) 2017
  • Худо халқашро ба тартиб даровард, то ба ҳама хушхабарро расонад
    Ҳаёт ва хизмати мо. Дафтари вохӯрӣ (2021)
Маълумоти бештар
Хизмат ба Салтанати Худо 2009
km 11.09 саҳ. 3-5

Мавъиза дар минтақаи ғайрзабон

1. Дар минтақаи таъиншудаамон боз ба киҳо мавъиза карда метавонем?

1 Чуноне ки Исои Масеҳ пешгӯӣ карда буд, ин хушхабар дар тамоми олам «барои ҳамаи халқҳо» мавъиза хоҳад шуд. Ин суханон ба ҳар яки онҳое ки дар мавъиза ва таълимдиҳӣ иштирок мекунанд, хуб шинос мебошанд (Мат. 24:14; 28:19, 20). Ҳангоми мавъиза ва шогирдсозӣ мо бисёр вақт бо одамоне, ки миллаташон гуногун аст ва ба забони худ гап мезананд вомехӯрем. Мисли дигар одамон онҳо низ бояд хушхабари Салтанатро шунаванд, то ин ки то омадани рӯзи даҳшатангези Яҳува тарафдори ҳақиқат гарданд (Мал. 3:18). Чӣ тавр мо дар мавъизаи минтақаи ғайрзабон, ки ба ҷамъомадамон тааллуқ дорад, саҳми худро гузошта метавонем?

2. Чӣ тавр мо ба онҳое ки забонашон дигар аст, мавъиза карда ба Яҳува пайравӣ мекунем?

2 Нисбати онҳое ки забонашон дигар аст, назари Яҳуваро дошта бошед. Муҳаббати Яҳува рӯйбинӣ надорад. Барои чунин муҳаббатро ба ҳамаи одамони минтақаамон, ки ба забони дигар гап мезананд зоҳир намудан, мо бояд аз таҳти дил хоҳиши кӯмак карданро дошта бошем, то ин ки онҳо дар бораи Худои ҳақиқӣ, Яҳува дониши дақиқ гиранд (Заб. 82:19; Аъм. 10:34, 35). Гарчанд мақсади асосии мо — мавъиза кардан ба он забоне мебошад, ки вохӯрии ҷамъомадамон мегузарад, мо бояд нисбати онҳое ки забонашон дигар аст, ғамхор ва бодиққат бошем. Инчунин имкониятҳоро истифода бурда, ба онҳо хушхабар оиди Салтанатро мавъиза кунем. Ҳамин тавр, мо дар иҷрошавии иродаи Яҳува иштирок мекунем, яъне ба ҳамаи халқҳо шаҳодат медиҳем. Чӣ тавр барои фаҳмидани ҳақиқат ба одамоне, ки ба забони дигар гап мезананд, кӯмак расонда метавонем?

3. Мо кадом адабиёти бебаҳое дорем ва чӣ гуна онро моҳирона истифода барем?

3 Брошураи «Хушхабар барои ҳамаи халқҳо»-ро истифода баред. Ин брошура бо мақсади шаҳодат додан ба онҳое ки забонашон дигар мебошад, чоп шудааст. Бо хусусиятҳои он хуб шинос шавед, онро ҳамеша бо худ гиред, то ки дар вақти муносиб шаҳодат диҳед. Барои қулай будан, дар брошура забонҳоеро қайд кунед, ки одамон дар минтақаатон ба он гап мезананд. Агар дар ҷамъомадатон ба ин забонҳо адабиёт бошад, хуб мебуд, ки якчанде аз онҳоро бо худ гиред, то ки ба шахс пас аз хондани хушхабар аз брошура, пешниҳод кунед.

4. Чӣ тавр мо брошураи «Халқҳо»-ро дар хизмат истифода бурда метавонем?

4 Агар шумо дар хизмат шахсеро вохӯред, ки ба забони бароятон ношинос гап мезанад, дар аввал метавонед ба ӯ муқоваи брошураро нишон диҳед. Сипас харитаи ҷаҳонро, ки дар даруни муқова ҷой дорад, кушоед ва ба худатон ишора карда мамлакатеро нишон диҳед, ки дар он ҷо зиндагӣ мекунед. Баъд фаҳмонед, ки шумо донистан мехоҳед, ки ӯ ба кадом забон гап мезанад ва аз куҷо омадааст. Ба кадом забон гап задани ӯро муайян намуда, аз мундариҷаи брошура саҳифаи мувофиқро ёфта, ба шахс сарлавҳаро, ки бо ҳарфҳои сиёҳ навишта шудааст, нишон диҳед. Сипас хондани матнро ба ӯ пешниҳод кунед. Баъд аз ин рисоларо ба забони ӯ пешкаш намоед ё диққаташро ба ҷумлае равона созед, ки бо ранги хокистарранг қайд шудааст ва дар он гуфта мешавад, ки баъдтар адабиётро ба забони ӯ хоҳед овард. Ба ибораи «номи худро» ишора кунед, ки бо ҳарфҳои сиёҳ чоп шудаанд ва номи худро фаҳмову равшан гӯед. Сипас ба ибораи «номи шумо» ишора кунед, ки бо ҳарфҳои сиёҳ чоп шудаанд ва ҷавоби шахсро интизор шавед. Барои боздид гапзанон кунед.

5. Нисбати рағбатдороне, ки забонашон дигар аст, чӣ гуна бояд ғамхорӣ кард?

5 Мавъиза ба онҳое ки забонашон дигар аст. Мо бояд ҳамаи шахсонеро, ки ба хушхабари Салтанат шавқ зоҳир кардаанд ва новобаста аз он ки онҳо ба кадом забон гап мезананд, хабар гирем. Вақте мебинем, ки шахс ба Худо имон дорад ва ба Каломи Ӯ, Китоби Муқаддас шавқ дорад ба мо зарур аст, ки варақаи «Лутфан бо ин шахс боздид кунед» (S-43) (рус.)-ро пур карда, ҳар чӣ зудтар ба котиби ҷамъомад диҳем. Ӯ дар навбати худ варақаро ба филиал мефиристад ва аз он ҷо варақа ба гурӯҳ ё ҷамъомаде, ки ба ин забон гап мезанад фиристода мешавад, то воизе, ки ба он забон гап мезанад шахси рағбатдорро хабар гирифта тавонад. Баробари гирифтани ин варақа, воиз бояд зуд шахсро хабар гирад. Котиби ҷамъомад метавонад нусхаи ин варақаро ба нозири хидматӣ диҳад, то ки ӯро оиди ин шахси рағбатдор, ки забонаш дигар аст, хабардор кунад. Ин варақа танҳо дар он вақт пур карда мешавад, ки агар шахс шавқи самимӣ зоҳир карда бошад.

6. Агар шахси забонаш дигар рағбат зоҳир кунад, мо бояд чӣ кор кунем?

6 Пас аз додани варақаи S-43 ва пеш аз рағбатдорро хабар гирифтани воизи таъиншудае, ки ба забони ӯ гап мезанад, шояд якчанд вақт гузарад. Барои ҳамин, воизе ки варақаи S-43-ро пур карда буд, то шахсро хабар гирифтани воизи таъиншуда, ӯ метавонад рағбати зоҳиркардаи шахсро дастгирӣ кунад. Дар баъзе мавридҳо бо рағбатдор омӯзиши Китоби Муқаддас сар кардан мумкин аст. Аммо чӣ тавр дар тӯли ин вақт воиз метавонад ба забони рағбатдор адабиёт дастрас кунад?

7. Боз чӣ тавр мо адабиётҳоро ба забони дигар дастрас карда метавонем?

7 Адабиёт ба забонҳои дигар. Дар ҷамъомадҳо набояд адабиёти зиёд ба забонҳои дигар нигоҳ дошта шаванд. Агар одамони забонашон дигар ба ҳақиқат рағбати зиёд пайдо кунанд, нозири хидматӣ бояд ғамхорӣ кунад, ки ба забони онҳо дар ҷамъомад каме адабиёт захира бошад. Агар дар ҷамъомад ба забонҳои дигар адабиёт набошад, онро дархост кардан мумкин аст. То омадани он шояд якчанд вақт гузарад. Барои ҳамин аз веб–сайти www.watchtower.org, барои воизон ва рағбатдорон адабиётҳои зиёд, ки ба садҳо забон дастрас мебошад, имконияти чоп кардан вуҷуд дорад. Бешубҳа, бо ёрии ин адабиётҳои электронӣ шавқи зоҳиркардаи онҳое ки забонашон дигар мебошад, зиёд гардондан мумкин аст.

8. Барои инкишоф додани шавқи шахсе, ки забонаш дигар аст, ҷамъомад чӣ кор карда метавонад?

8 Нақши ҷамъомад. Дар баъзе ҷойҳо бисёр одамоне зиндагӣ мекунанд, ки забонашон дигар аст, вале дар наздикӣ ба забони онҳо ҷамъомад нест. Шумо онҳоро ба вохӯриҳои ҷамъомадатон таклиф карда метавонед. Муомилаи хуб ва бодиққатии воизон дар ҷамъомад, метавонад онҳоро барангезад, ки мунтазам ба ҷамъомад ташриф оваранд. Дар аввал гуногунии маданияту забон дар муошират баъзе мушкилиҳо оварда метавонад, лекин муҳаббати самимие, ки дар бародарияти умумиҷаҳонии Шоҳидони Яҳува ҷой дорад, одамонро ба ҳам наздик карда, муттаҳид месозад (Саф. 3:9; Юҳ. 13:35). Агар шумо ба забони дигар озодона гап занед ва хоҳиши ба ин забон мавъиза карданро дошта бошед, дар ин бора ба котиби ҷамъомади худ гӯед ва ӯ дар навбати худ ба филиал муроҷиат мекунад. Ҳамин тавр ба филиал барои ёфтани воизоне, ки рағбатдорро хабар гирифта метавонанд, осон мешавад.

9. Дарси омӯзиши забонҳо барои воизон кай ва чӣ гуна ташкил карда мешавад?

9 Омӯзиши забон. Ҳангоми боздид бо шахси забонаш дигар, хуб мебуд, ки ӯро барои ташриф овардан ба ҷамъомаде, ки ба забони ӯ дар наздикӣ қарор дорад, барангезед. Агар дар наздикӣ ҷамъомад набошад, баъзе воизон метавоананд, ин забонро омӯзанд, то ки ба рағбатдор кӯмак расонанд. Агар дар он ҷойҳое ки одамони бисёре зиндагӣ кунанд, ки забонашон дигар аст, ҷамъомад набошад, филиал метавонад дарсҳои омӯзиши ин забонро ташкил кунад. Дар ин маврид филиал бояд ба ҷамъомадҳое, ки дар наздикӣ қарор доранд, дар бораи ниёзҳои вуҷуддошта хабар диҳад ва ғамхорӣ намояд, ки оиди ташкили чунин дарсҳо дар ҷамъомадҳо эълон карда шавад. Дарси омӯзиши забонро бо мақсади ҳамкории минбаъда бо гурӯҳ, ё ҷамъомади забони дигар бояд гузашт.

10. Гурӯҳи ғайрзабонро кай бояд ташкил кард ва кадом шартҳоро бояд ба назар гирифт?

10 Ташкилёбии гурӯҳ. Ҳангоми ба ягон забони муайян ташкил кардани гурӯҳ, бояд чор шартро ба инобат гирифт. 1) Одамоне, ки ба ин забон гап мезананд ба ҳақиқат шавқӣ самимӣ доранд ва рӯҳан меафзоянд. 2) Якчанд воизоне ҳастанд, ки ин забонро медонанд ё онро омӯхта истодаанд. 3) Пири ҷамъомад ё ходими ёваре ҳаст, ки ақаллан як вохӯрии ҳарҳафтаинаро ба ин забон гузаронида метавонад. 4) Ҳайати пирон тайёр аст, ки ба ин гурӯҳ ғамхорӣ кунад. Агар ин шартҳо иҷро карда шаванд, пирон бояд ба филиал дар бораи ин гурӯҳ хабар диҳанд, то ин ки онро чун гурӯҳи ғайрзабон дар ҷамъомадашон расман қайд кунанд. (Ба «Созмоншудагон» (рус.) саҳ. 106, 107 нигаред). Пири ҷамъомад ё ходими ёвар барои ғамхорӣ кардан ба ин гурӯҳ таъин карда мешавад. Ӯ чун «нозири гурӯҳ» ё «ходими гурӯҳ» мешавад, ки роҳбариро ба дӯши худ мегирад.

11. Чаро мо ба одамоне, ки забонашон дигар аст ва дар минтақаи мо зиндагӣ мекунанд, имконияти мавъиза карданро қадр мекунем?

11 Маъвиза ба онҳое ки забонашон дигар аст ва дар минтақаи мо зиндагӣ мекунанд — қисми муҳими мавъизаи умумиҷаҳонӣ мебошад, ки Исои Масеҳ сар карда буд. Бо дидани он ки чӣ гуна Яҳува ҳамаи халқҳоро ба ларза оварда истодааст ва неъматҳои ҳамаи халқҳо ба назди Ӯ меоянд, мо бо ҷидду ҷаҳд дар ин кор иштирок хоҳем кард (Ҳаҷ. 2:7). Мо хеле хурсандем, ки дар ин кор саҳми худро мегузорем! Бигзор Яҳува кӯшиши тарафайни моро дар мавъиза ба шахсоне, ки забонашон дигар аст ва дар минтақаи мо зиндагӣ мекунанд, баракат диҳад. Мо боварӣ дорем, ки нигоҳ накарда ба гуногунии забон, Худо тухми ҳақиқатро дар дили чунин шахсон месабзонад! (1 Қӯр. 3:6–9).

    Адабиёт дар забони тоҷикӣ (2000–2025)
    Баромадан
    Даромадан
    • тоҷикӣ
    • Фиристодан
    • Ҷӯркунӣ
    • Copyright © 2025 Watch Tower Bible and Tract Society of Pennsylvania
    • Шарти истифодабарӣ
    • Сиёсати ҳифзи асрор
    • Танзимоти ҳифзи асрор
    • JW.ORG
    • Даромадан
    Фиристодан