Маҳорати таълимдиҳии худро дар хизмат беҳтар мегардонем. Шаҳодат додан ба шахсоне ки ба дигар забон гап мезананд
Чаро ин муҳим аст. Яҳува нисбати беҳбудии рӯҳонии «ҳар қавм» бепарво нест (Аъм. 10:34, 35). Аз ин рӯ, Исо гуфта буд, ки хушхабар дар «тамоми олам» ба «ҳамаи халқҳо» мавъиза хоҳад шуд (Мат. 24:14). Закарё низ пешгӯӣ карда буд, ки «ҳамаи забонҳо ва халқҳо» ба ҳақиқат ҷалб карда мешаванд (Зак. 8:23). Мувофиқи рӯъёи Юҳаннои ҳавворӣ, онҳое ки аз мусибати бузург мегузаранд, аз «ҳамаи қабилаҳо ва сибтҳо ва қавмҳо ва забонҳо» хоҳанд буд (Ваҳй 7:9, 13, 14). Аз суханони дар боло гуфташуда бармеояд, ки агар мо дар минтақаамон бо шахсе ки ба дигар забон гап мезанад рӯ ба рӯ шавем, бояд кӯшиш кунем, ки ба ӯ шаҳодат диҳем.
Дар давоми моҳ инро санҷида бинед:
Дар шоми ибодати оилавии навбатиатон, дарси амалиеро гузаронед, ки дар он шумо ба шахсе ки ба дигар забон гап мезанад, шаҳодат медиҳед.